Марксизми ғарб – равияи мутазоди «марксизми шарқӣ»

Ибтидои асри 20 дар Аврупои ғарбӣ  «марксизми ғарб» дар симои Антонио Грамши, Дёрд Лукач, Карл Корши ва диг.  эҷод мегардад, ки дар баробари «марксизми шарқӣ»  ҳамчун равияи мутазод ҳисобида мешавад.

Антонио Грамши  (1891-1937)  асосгузори  Партияи  Коммунистии Италия, яке аз шинохтатарин марксисти Аврупои Ғарбӣ, ки ёздаҳ соли охири умри кӯтоҳашро  дар зиндони режими фашистии Муссолини гузаронида, рӯзи аввалини аз госпитали ҳабсхона ба озодӣ баромаданаш (таҳти фишори аҳли ҷамоатчигии Италия),  яъне  рӯзи аввали озодиаш оламро падрӯд гуфтааст.  Онҷо  дастнависҳои худро дар  ҳаҷми 3 ҳазор саҳифа –  дар шакли китоби 7 ҷилда бо унвони «Дафтарҳои зиндонӣ» навиштааст.  Дар маркази таълимоти фалсафии  А. Грамши  масъалаҳои ягонагии узвии  материализми таърихӣ  ва  диалектика  истода, фалсафаи марксистӣ нуқтаи баланди инкишофи афкори фалсафаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ мешавад. Методи диалектикиро дар роҳи ҳалли проблемаҳои материализми таърихӣ зикр намуда, идеализми диалектикиро,   хусусан майлони ба ифрот расонидаи онро аз ҷониби Бенедетто Кроче, ки ҷавҳари фалсафаи Гегел – мантиқ ва натурфалсафаи ӯро ба эътибор нагирифта, триадаи диалектикаи гегелӣ ва ситези мутазодҳоро эътироф намекунад, сахт танқид мекунад.  Нақши интеллигенсия ва иттифоқи онро бо синфи коргар дар ҷамъияти капиталистӣ зикр намуда, пешбарандаи асосии таърихро оммаи халқ ва  прогрессии   ҳаёти оммаро ҳамчун меъёри прогресси таърихӣ медонад.  А. Грамши   таъкид мекунад, нофаъолии оммаҳо набояд ҳамчун заифии фаъолияти инқилобии оммаҳо баҳогузорӣ шавад ва ӯ  назарияи тадриҷан ғун шудани нерӯи фаъоли оммаҳои халқро – ҳамчун фаъолиятнокии нуҳӯфтаю ботинии онҳо  ба миён мегузорад. Ӯ консепсияи буржуазии «оммаҳои ҳамеша дар сукут ва  танҳо бо таъсири лидерҳо аз хоб хезандаро» қабул надорад ва пайдо шудани ҳамин лидерҳоро натиҷаи  ҷӯш задани фишори исёнхоҳонаю  нуҳӯфтаи халқ медонад. Барпо шудани  «давлати типи нав»-ро  натиҷаи зуҳури фаъолияти бошууронаи пролетариат, ки  сарвари  тамоми оммаҳост, баҳогузорӣ мекунад.   Грамши масъалаи дар дохили надстройкаи кӯҳна ҷой кардани идеологияи навро тарҳрезӣ намуда, зикр мекунад, ки  синфи ба сӯи запт кардани ҳокимият раванда, бояд идеологияи иҷтимоию иқтисодии худро  қаблан,    дар замоне, ки ҳанӯз ҳокимиятро нагирифтааст,  бояд ба муҳити  ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мавҷуда ҷой намояд.  Дар «Дафтарҳои зиндонӣ» фасли махсусе бо унвони «Қайдҳо дар бораи Макиавелли, сиёсат ва давлати ҷадид» дорад, ки онҷо  проблемаҳои давлат, ҳуқуқ ва сохтмони ҷомеаи навро арзёбӣ мекунад. Хусусан  шароитҳои татбиқи   инқилоби фарҳангиро таҳлил намуда,  аз мавқеи танқидӣ ҷалб кардани бузургтарин дастоварҳои фарҳангии замони гузаштаро тарғиб мекунад. Ҳарчанд, ки аҳамияти ҷаҳонию таърихии Инқилоби Октябрро таъкид намояд ҳам,  дар андешаҳои  зиндониаш  ду даҳсолаи амалияи   сохтмони сотсиализмро дар Иттиҳоди Шӯравӣ  (аз рӯи       маълумотномаҳои ба ӯ расида),  хусусан самтҳои сиёсӣ ва идеявию назариявии сохтмони ҷомеаи сотсиалистиро  танқид мекунад. 

Дёрд Лукач (1885- 1971)

Дёрд Лукач (1885- 1971)- симои шинохтаи марксизми аврупои ғарбӣ, муаллифи асарҳои зиёд оид ба проблемаҳои фалсафа ва таърихи фалсафа, таърих ва назарияи эстетика,  адабиёт ва ғайра мебошад. Ин мутафаккири шинохта ду дафъа ба мансаби роҳбарикунанда дар  ҳукумати Венгрия таъин шудааст. Вале ҳар ду дафъа  ҳукуматҳое, ки ӯро ба мансаб таъин кардаанд, умри беш аз яксола ҳам надиданд. Бори аввал соли 1918-1919 дар замони ҷумҳурии кӯтоҳумри  советии Венгрия комиссари фарҳанг таъин шуд ва баъди шикасти республика ватанро тарк кард. Бори дуюм, соли 1956 вақти исёни зиддишуравӣ дар ҳукумати чандрӯзаи Имре Надя низ вазир шуд. Оқибат он шуд, ки аз партияи сотсиалистӣ – коргарии  Венгрия,  ки худ яке аз собиқадоронаш   буд,  хориҷ гардид.   

     Номи  файласуф – марксисти венгер Д. Лукач  бо   кӯшиши  таҷдиди  онтологияи марксизм ва аз  доираи таълимоти марксизм набаромада,  тавзеҳи   ғайридогматии он,  алоқаманд аст.   Дар тавзеҳи Лукач онтологияи марксистӣ  ҳастиро  ҳамчун  протсесси объективӣ  медонад.  Ҳастии иҷтимоӣ бошад  заминаҳои диалектикаи объективии табиати органикӣ ва ғайриорганикиро  соҳиб аст. Ҳар як, ҳатто оддитарин  татбиқи меҳнат  аз  ҳадафгузории бофикру  боандеша шурӯъ мешавад. Барои татбиқи мақсад робитаҳои сабабию натиҷавӣ заруранд, вале фаъолияти меҳнатӣ  ба амали қонунҳои табиат монанд набуда, дар худ ҳатман  имкониятҳою шароитҳои интихобии гуногунро фаро гирифтааст. Инсон на танҳо интихоби худро татбиқ мекунад, балки дар асоси ҳамин татбиқи интихобаш имкониятҳои навро эҷод месозад.  Алтернативаи ҳадафгузорӣ  дар меҳнат – бунёди  амалияи инсонист. Аз инҷо  Лукач дар бораи алтернативаи ҳастии ҷамъиятӣ дар ниҳоди ташкили  дохилии он хулоса мебарорад. Озодӣ, ҳамин тавр  на танҳо зарурияти маърифатшуда, балки  «майдони имкониятҳои» алтернативии интихоби он қарор мегирад. Ҳадафгузорӣ, ки одамон интихоб мекунанд, дар ҳадди охир ба натиҷаи фаъолияти пештараи одамон  алоқаманд аст. Бо вуҷуди афзоиши омили субъективӣ  дар таърих, имкони  ҳадафгузорӣ  маҳдуд хоҳад шуд,   агар фаъолияти меҳнатӣ асоси предметию моддӣ надошта бошад. Аз ҳамин мавқеъ ӯ зидди «онтологияи амалияи»  гурӯҳи «Праксис», ки онтологияи материяро иваз карданӣ мешаванд, баромад мекунад.  Интихоби   худсаронаю спонтании (худ ба худ рӯй додан) роҳҳои инкишофи иҷтимоӣ вуҷуд надорад ва интихоби алтернатива ҳамеша дар робита бо мавқею иқтидори синфҳо ва манфиати онҳо муайян мегардад. Протсесси таърихӣ- ин рафти каузалии (сабабии) ҳодисот аст, вале каузалияти механикию  якхата дар ҷамъият нест. Воқеияти иҷтимоӣ кушодаю боз ва беҳудуду  беинтиҳост. Нақши бузургро дар эҷодиёти Лукач эстетика ишғол карда, ӯ ҳамеша ба хотири ҳимояи реализм дар эстетика,  муқобили таҳлили вулгарӣ – сотсиологии осори адабӣ баромад мекунад. Робитаи мутақобилаи субъект ва объектро зикр намуда, қайд мекунад, ки дар соҳаи эстетика объект бидуни субъект нахоҳад буд ва ҳастии маҳсули санъат  аз муроқибаю фаҳмиши шууронаи он вобастагӣ дорад. Охирин китоби анҷомнаёфтаи  Лукач « Дар бораи онтологияи  ҳастии ҷамъиятӣ» ба масъалаҳои  баёни категорияҳои асосии ҳастии ҷамъиятӣ ва нақши фаъоли шуур бахшида шудааст.

 Тавсифи холисонаи фасафаи оламшумули Гегел аз ҷониби Лукач  дар асари «Гегели ҷавон ва проблемаҳои ҷамъияти капиталистӣ»  марксистони  венгерию шуравии дар қолаби марксизм-ленинизми  догматӣ қарор доштаро норозӣ месозад ва  инчунин  нақши  таърихии синфи коргарро дар нобуд  сохтани фашизм  равшан нишон надодани Лукачро   дар асари    «Фаноёбии хирад»,   ин «марксистон»    хатогии  идеявии   ӯ   баҳогузорӣ карданд. Ғайр аз ин  қарори Комитети Марказии Ҳизби сотсиалистию коргарии Венгрия  консепсияи Лукачро, ки на зиддияти сотсиализму капитализм, на муборизаи буржуазия ва коргаронро зиддияти асосии замони муосир, балки тазоди   байни  «демократизм ва ғайридемократизм» – ро зиддияти асосии замони муосир тавсиф мекунад, ҳамчун дур шудан аз муборизаи синфӣ эълон кард. Аммо  дар  доираҳои фалсафашиносии ҷаҳонӣ  мақоми Дёрд Лукач  дар нисбати марксистони дигар хело болотар аст ва аз ҳашомати назариявии ӯ ҳатто онҳое, ки дар муқобили марксизм қарор доранд, бо эҳтиром ҳарф мезананд ва ӯро ҳамчун файласуфи шинохтаи ҷаҳонӣ эътироф мекунанд. Мо инҷо маълумотро  оид ба  андешаҳои профессори Донишгоҳи Дюкеен  (И.М.А.)  Т.Рокмор дар даст дорем, ки  дар миёни марксистони зиёд  Лукачро  ҷиддан  ва хосатан ҳамчун мутафаккири нерӯманд баҳогузорӣ мекунад.  «Дар ғуруби садсолаи мо  ду чизе равшан гаштааст.  Аз як тараф, байни ҳама муаллифони зиёду боистеъдод Лукач, месазад ҳамчун файласуфи беҳтарин фарқ карда шавад. Муддати дурударози марксизми «расмӣ» дар ҳақиқат бисёр файласуфони воқеан завқманди марксисте дар Ғарб – аз қабили  Косик, Калаковскийи барвақта, Шафф, Петрович, Кожев, Альтюссер, Сартри баъдӣ, Грамши ва дигарон фаъолият доштанд. Бо сабабҳои муайяни сиёсӣ  Энгелс, Ленин, Сталин, Мао ва дигарон одатан, иштибоҳан ҳамчун мутафаккирон – файласуфони сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешуданд.  Беандозагии ин амал на танҳо аз доираи тасаввуроту хаёл  берун мебарояд, балки имкон намедиҳад, ки марксизмро ҳамчун ҳаракати интеллектуалӣ қабул фармоӣ.  Ба кӯшишҳои наве, ки метавон гуфт – Ленинро ҳамчун философ аз нав эҳё карданӣ мешаванд, нигоҳ накарда, баъдӣ (яъне Ленин) комилан маълум аст, ки ҳеҷ як муқоисаеро ба сатҳи чунин мутафаккире мисли Лукач,  истодагарӣ карда наметавонад… Дар матнҳои Лукач ҳамеша муаллифи имкониятҳои  интелектуаллии фавқулодда бузургдошта, эҳсос мешавад… Аз тарафи дигар, ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт он далелеро, ки  Лукач соли 1918 ба марксизм муроҷиат намуда, то охири умр комилан ба он вафодор мемонад»[1].

Т.Рокмор марксизми ба догма табдил додашуда ва  дар кишварҳои сотсиалистӣ ҳамчун ягона таълимоти фалсафии эътирофшударо ҳатто ба ҳувияти таълимоти Маркс муқобил арзёбӣ мекунад. Ва дар  ҷои дигар  «марксизми расмӣ» -ро ки дар робита ба фалсафаи муосири Ғарб фақат як корро раво медонист, яъне инкори бечунучарои онро,  арзёбӣ менамояд,  вале инҷо ҳам   боз аз мақоми арзишманди  Лукач  миёни  ин  марксистон   ёдовар мешавад: « Бешак, осон аст агар нуқтаи назари муайянеро ҳамчун афкори фалсафаи буржуазӣ гуфта  инкор намоӣ, дар нисбати  кӯшиши ба он ҳарбу зарб кардан; осон аст баҳонае ёфта назари муқобилро муҳокима накунӣ, дар нисбати муҳокимаи он.  Баъзе аз муаллифони марксистӣ,  бисёртар онҳое, ки ба нуқтаи назари муқобил ношиносанд,  аз рӯи принсипе, ки одамони муайяне пайрави ин ақидаанд, беҳтар медонанд  онро нодуруст ҳисобанд. Аслан ин стратегия кашфи марксизм нест ва ҳанӯз ба замонҳои Инҷил  далолат мекунад, масалан ба идеяи апостол (ёвар, ҳаворӣ) Павл, ки гумон дошт рӯҳи масеҳиятро танҳо масеҳии ҳақиқӣ метавонад сарфаҳм равад; ин муқаррарот ба эҷод  намудани доираи сарбастаи тавзеҳдиҳандагони ваколатдор оварда, ҳамаи дигаронро сарфи назар мекунад. Лукач, баръакс бо маърифати амиқи андешаҳои,  чӣ тавре мегӯянд   мутафаккирони буржуазӣ, фарқ мекард ва омода буд ба онҳо мубоҳисаҳои мазмундореро оғоз кунад.[2]


[1] Т. Рокмор. Об открытии Маркса после марксизма //Вопросы философии. 2000, №4, сањ.30 

[2] Њамон љо.сањ.31.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.