Марксизми ҷадид: «диалектикаи гуманистӣ» ва равияи «сийентизм»

Марксизми ҷадид  ё  неомарксизм истилоҳи шартии маҷмӯи ҷараёнҳои марксистӣ ва майлони марксистӣ доштаро  ифода мекунад, ки ҳам ба капитализм ва ҳам ба «сотсиализми воқеии»  солҳои  30-80 ум  ва идеологияи марксистӣ-ленинии он, назари танқидӣ дорад. Неомарксизм  аз марксизм  ба он фарқ мекунад, ки дар  консепсияи чапрадикалии намояндагони он   идеяҳои алоҳидаи психоанализ ва дигар ҷараёнҳои маҳбубият пайдокардаи фалсафаи  аврупоӣ  бо унсурҳои  марксизм омехта мешавад ва   бисёре аз «неомарксистон» ба Маркс на ба иқтисодшиносу инқилобгар, балки ҳамчун  ба  файласуфи гуманист ва пайғомовари ахлоқ назар меандозанд.

Неомарксизм («марксизми ҷадид») ба ду ҷараёни ба ҳам зид тақсим мешавад: «диалектикаи гуманистӣ» ва «сийентистӣ». Барои ҷараёни аввал осори Д. Лукач, К. Корша, А. Грамши ҳамчун бунёди назариявӣ хизмат мекунад. Ҷараёни «диалектикӣ -гуманистӣ» ба муқобили тавзеҳи объективию натуралистии материализми диалектикию таърихӣ баромад карда, кӯшиш дорад дар маркази фалсафаи марксистӣ инсонро ҳамчун субъекти амали таърихӣ бигузорад. Дар ин маврид диалектика ба робитаҳои субъект-объект алоқаманд карда шуда, ҳамаи фалсафа ба сӯи ҷамъият нигаронида шудааст, дар ҳоле, ки табиат тавассути чаҳорчӯбаи муносибати маърифатию  амалии инсон ба он,  арзёбӣ мегардад. Бисёре аз намояндагони ин ҷараён ба асарҳои барвақтаи Маркс, қабл аз ҳама ба «Дастхатҳои иқтисодӣ-фалсафии соли 1844» ишора мекунанд, ки дар онҷо проблемаи бегонашавӣ тадқиқ мегардад. Ҳамзамон намояндагони ин ҷараён идеяҳои  фалсафаи ғайримарксистиро низ истифода мебаранд, ки дар доираи ҷараёни «далектикӣ-гуманистӣ»  ба пайдо шудани равияҳои гуногун низ овард. Қабл аз ҳама ин мактаби Франкфурт аст, ки назарияи танқидии ҷамъиятро пешниҳод намуда, варианти «диалектикаи манфии»  неогегелчигиро истифода мебарад. Ба таври анъанавӣ  намояндагони  мактаби  Франкфурт, фалсафагароии далектикиро аз Гегел ба Маркс қабул намуда,  мероси Марксро ба шарҳи Лукач, ки онҷо Маркс гегелчӣ мегардад,  инкишоф медиҳанд. Ҳарчанд, ки заминаҳои идеявии хати фалсафии мактаби Франкфурт ин ба ҳам овардани ду хати мутазоди фалсафӣ- «фалсафаи ҳаёт»-и   А.Шопенгауэру  Ф.Нитсше ва  таълимоти  Гегелу Маркс аст.  Дар марҳилаи дуюми хеш баъд аз асари муштараки М. Хоркхаймер  ва Т. Адорно  «диалектикаи маориф»  франкфуртиҳо аз марксизм дур шуда, вале аз идеяи объективӣ будани қонунҳои ҷамъият  ва танқиди фетишизми молӣ даст накашиданд.   Андешаҳои таҳти таъсири Маркс баён шуда,  бештар дар осори  В. Бенямин, А. Шмидт, О.Негт ва Ю. Хабермас  мушоҳида мерасанд. Валтер Бенямин (1892-1940)  ба марксизм наздик шуда, солҳои 1925-1926 ба Москва ташриф меорад. Бенямин сотсиал-демократияро барои конформизм дар сиёсат ва иқтисодиёт танқид карда, тазодҳои марксизми вулгариро, ки моҳиятан позитивистӣ буда,  аз ҷониби ӯ ҳамчун «истисморкунандаи табиат» баҳогузорӣ мешавад, қатъиян инкор менамояд. Дар андешаҳои ӯ парвози баланди шеърият ва фаҳмиши дилсӯзона аз вазъияти пурандӯҳи табақаҳои мазлум ва муҳимияти ҳаракатҳои коргарӣ, материализм дар тамоили  мактаби маънавӣ-таърихӣ, материализми таърихӣ бо мессианизм,  тавзеҳи  иқтисодии таърихи ҷаҳонӣ  таҳти таъсири марксизм, инчунин зкзистенсиализми хоссаи ӯ, ки ҳанӯз ҳам пурра тадқиқ нашудаанд,  омезиш ёфтаанд. Ю. Хабермас, файласуфи олмонӣ, намояндаи шинохтаи «насли дуюми»  назариётчиёни  мактаби Франкфурт аз солҳои 60-ум мавкеи мӯътадили реформистиро ишғол карда, ҷиҳатҳои гуманистии либерализми анъанавиро бо идеяҳои капитализми «муташаккил», инчунин  давлати иҷтимоии ҳуқуқбунёдро дар таълимоташ   ҷой додаст. Дар  андешаҳои ӯ мавқеи сотсиал-демократия эҳсос шуда, дар таълимоташ назарияи танқидии  мактаби Франкфурт, ки онҷо   таҳлили нав дар тасвири манзараи капитализми муосир  зимни тағйирёбии муқаррароти  иҷтимоии тағйирёфтаи ҷомеаи сармоядорӣ таъкид мешавад,  мушоҳида мегардад. Ӯ  дар соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ,  соҳаи интегратсияи иҷтимоӣ, самтҳои ҳаёти шахсӣ  тамоили бегонашавию   гум  шудани маънои зиндагиро дар рӯҳия ва таъсири консепсияи бегонашавии Маркс,  арзёбӣ мекунад.

    Назарияи фрейдо-марксизм, ки  нимаи дуюми асри 20 васеъ паҳн мешавад, кӯшиши синтези проблемаи шахсияти неофрейдизмро бо проблемаи иҷтимоии марксизм ба миён мегузорад. Бунёдгузори  фрейдизм Зигмунд Фрейд ба таълимоти Маркс ошно буд ва зимни мақоми марксизм  андешаҳояшро чунин баён мекунад: « Нерӯи марксизм, ба назар мерасад, на дар фаҳмиши таърих ва дар заминаи он пешгӯии оянда, балки исботи равшану нуқтасанҷонаи он аст, ки муносибатҳои иқтисодии одамон ба муқаррароти интеллектуалӣ, этикӣ ва эстетикии онҳо таъсири ногузиру ҳатмӣ мерасонад. Ин бошад чандин робитаҳои мутақобила ва вобастагиҳоеро ифшо месозад, ки то ҳол комилан маърифат намегашт»[1] Дар он деформатсияи психикии   шахс ва ҷустучӯи роҳҳои бартараф намудани онро таҳлил мегардад.  Яке аз аввалин мунаққидони фашизм  Вилгелм Райх аст, ки таҳти унвони «Психологияи  оммавии  фашизм» (1933) асаре навишта, худро ногузир ба хатари таъқибот  аз ҷониби фашистон гирифтор сохт.   Омӯзиши  сабабҳои иҷтимоии асабоният Райхро ба марксизм овард. Ӯ кӯшиш кард дар заминаи психоанализ  робитаи мутақобилаи базиси (зербинои)  иқтисодӣ ва идеологияро таҳлилу тавзеҳ диҳад. Методологияи мазкурро зимни таҳлили фашизми олмонӣ истифода намуд. Ӯ таъкид мекунад, ки  фашизм ҳамчун типи муайяни тартиботи ҷамъиятӣ бар асари ҳолати невротикӣ таҳия шуда, дар  қишрҳои заволи рӯҳонию асабхаробгардидаи шахсиятҳо  реша гирифтааст. Мувофиқи «сотсиологияи сексуалӣ – иқтисодии» Райх деформатсияи  (тағйири шакл) шахс  аз пахш намудани иҷтимоияти табии  шахс, кӯшиши ӯ ба муҳаббат,  меҳнати ихтиёрӣ ва маърифат ба вуҷуд меояд. Ин кӯшишҳо метавонад  бо роҳи озодшавӣ  тавассути «инқилоби сексуалӣ», ки ба худтанзимёбии ахлоқии инсон меорад, ба даст ояд.  Намояндаи дигари неомарксизм Герберт Маркузе (1898-1979), яке аз бунёдгузорони мактаби Франкфурт, файласуф ва сотсиологи олмонӣ мебошад.  Ба андешаҳои фалсафии Маркузе таъсири идеяҳои Гегел, Маркс, Хайдеггер, Фрейд мушоҳида мешавад. Ӯ худро пайрави марксизм эълон карда, даъват ба амал меорад, ки бояд марксизм бо идеяҳои экзистенсиализм ва фрейдизм такмил дода шуда, озодии инсон дар меҳвари он қарор гирад. «Вазъияти инсон дар олам,  меҳнату  хушнудии ӯ ҳоло на  тавассути ким – кадом соҳибмӯътабаре, балки бо

озодии шахсӣ  ва фаъолияти хирадмандонаи ӯ  муайян мегардад…» [2]

Маркузе мафҳуми «инсони якченака»-ро пешниҳод кард ва дар алоқамандӣ ба он  зикр намуд, ки бо   тағйир ёфтани талаботҳои капитализми муосир,  афкори конформистӣ пайдо мешавад, ки ин афкор муносибати танқидиро ба воқеият гум  кардааст.  Ӯ назарияи иҷтимоии марксизмро шарҳ дода, менависад, ки дар ҷахони муосир типи  «инсони якченака» ба таври оммавӣ афзудааст ва ин оммаҳо наметавонанд пешбарандаи ташаббуси инқилобӣ бошанд – онҳо ба гурӯҳҳои  «аутсайдерҳо», бекорон, донишҷӯён, ақаллиятҳои миллӣ ва ғайра тақсим шудаанд, ки «онҳо талаботҳои худро на ба воситаи шуғли худ, балки  ба туфайли   кадом чизи бегонае  қонеъ кардан мехоҳанд. Дар заминаи қонеияти ӯ,  озодӣ аз кор нуҳуфта аст»[3]

Дар ҷаҳони муосир амалияи инқилобӣ бояд  ин  «Раддияи бузург» бошад, ки ҳам аз капитализм  ва ҳам аз сотсиализми тоталитарие, ки моҳиятан  симои иҷтимоияти  хешро таҳрифу ғалат сохтааст,  даст кашид.

       Э. Фромм  бошад бо мақсади эҷоди консепсияи  куллию  воқеии инсон ба ҳам  овардани  назарияи иҷтимоӣ   ва назарияи индивидуалӣ – психологии инсон,  мушаххасан синтези таълимоти Маркс ва Фрейдро  пешниҳод мекунад. Инро ӯ бо роҳи  «сотсиализатсияи» фрейдизм ва «гуманизатсияи» марксизм ба даст оварданӣ мешавад. Ӯ дар пайравӣ бо  Гегел ва Маркс  бегонашавии инсонро, ки ба гум  шудани   ҳувияташ  меорад, тадқиқ намуда, идеяи «психоанализи гуманистӣ» – ро эҷод мекунад,  ки ба вусъат додани потенсияи (тавоноии) ботинӣ нигаронида шуда,  ба ҳалли «тазодҳои таърихӣ»  ва эҷоди ҷомеаи гуманистии муҳаббати умум даъват мекунад.  «Соҳибият ( ба чизе. Ф.А) ва ҳастӣ   ду тарзи асосии мавҷудияти инсон  аст, ки афзалияту бартарияти яке аз онҳо фарқиятро дар характери фардии одамон ва типҳои характери иҷтимоӣ  муайян месозад»[4].    Ба ҷараёни «диалектикаи гуманистии» неомарксизм метавон  марксизми экзистенсиализмро, ки солҳои 50-60 уми асри гузашта дар Франсия бо таъсири Ж.П. Сартр, хусусан асари ӯ «Танқиди хиради диалектикӣ» таҳия шуд, дохил намуд.  Сартр интегратсияи марксизмро бо зкзистенсиализм таъкид намуда, ӯ идеяи «ворид намудани» зкзистенсиализми тағйирёфтаро  ба марксизм пешниҳод мекунад, ки моҳиятан маънои  табдил додани материализми таърихиро ба антропологияи фалсафии экзистенсиализм дорад. Вале барои Сартр ба идеологияи давлатӣ ва догма      табдил додани  марксизм (аслан майлони ленинизми он)  ва дар чаҳорчӯбаи ҳамин идеология эҷод шудани фалсафаи шуравӣ  хело ҳам  таасуфовар буд. Дар вохӯриашон бо олимони Институти фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ соли 1965 ӯ дар ин мавзӯъ рӯирост изҳор мекунад: «… дар  шумо  фалсафа характери «коллективӣ» дорад ва ақидаи ҳар як философ бояд ба доктринаи умумии марксизм-ленинизм мутобиқат дошта бошад»[5]  Вариантҳои  марксизми экзистенсиалистиро асарҳои  Мерло- Понти  «Гуманизм ва террор» (1947), «Моҷарои диалектика» (1955)  ба миён гузошт.   Ва   ӯ  назарияи материализми диалектикиро рад карданӣ мешавад, ки дар робита ба ин аз ҷониби марксисти франсавӣ Р. Гароди мавриди интиқод қарор мегирад. Файласуфоне, ки дар атрофи маҷаллаи «Socialisme ou barbarie», аз қабили  К. Касториадис, К. Лефор  ва  маҷаллаи  «Arguments»  К.Акселос, А. Лефевр, Э. Морен, Ф.Шатле, П. Фужейролла ҷамъ омаданд, бо ёрии фаҳмиши экзистенсиалии моҳияту мавҷудияти инсон, диалектикаи навгегелӣ, элементҳои феноменологӣ ва «фалсафаи ҳаёт» – субъективияти инсонӣ, бегонашавӣ, эҳё сохтани куллияти инсон ва  кӯшиши реабилитатсияи  консепсияи гуманистии «Маркси ҷавон»-ро  анҷом доданд.  Идеяҳои ба марксизми экзистенсиалистии франсавӣ наздикро Э.Фишер, Ф. Марек дар Австрия, А.Шафф дар Полша, К. Косик дар Чехословакия  ба миён  гузоштанд. Пайравони   марксизми феноменологӣ  Э.Пачи,  П.Пиконе ва пайравони онҳо кӯшиш карданд аппарати категориалиеро, ки марксизм ва феноменологияро баробар фаро мегирад, тартиб диҳанд. Ҳадафи таърих аз нигоҳи  Энсо Пачи бояд бартараф намудани «объективатсия» (истилоҳи Гуссерл) ё ин ки «бегонашавӣ» (дар фалсафаи Маркс)  дар роҳи эҷод намудани  ҷамъияти «интернатсионалистие», бошад, ки онҷо муносибатҳои  байниҳамдигарии одамон чун субъектҳо  (яъне объекти истисмор набошанд) муқаррар  гарданд.  Капитализмро ҳамчун заминаи бӯҳрони  маънавии инсоният арзёбӣ карда, чунин эътиқод баён мекунад, ки  инсоният  дар ҳадди охир ба ҷомеаи адолати иҷтимоӣ – коммунизм  хоҳад омад.   Ба равияи «диалектикӣ – гуманисти»- и  неомарксизм  намояндагони  мактаби  Будапешт А. Хелер, М. Вайда, Д. Маркуш, Ф. Фехер, А. Хегедуш ва файласуфони кишварҳои дигар, ки ба асарҳои барвақтаи Лукач майл доштанд  ( махсусан «Таърих ва шуури синфӣ». 1923)  дохил мешаванд.  

Дотсенти факултаи илмҳои сиёсӣ (штати Айёва, И.М.А.)  Вики Л. Хесли зимни таҳлили зиддиятҳои мазҳабию  миллӣ нақши дуюмдараҷа бозидани омили иқтисодиро зикр карда, нерӯманди  ҳувияту моҳият ва аслияти анъанаҳои   таърихӣ  ва  консервативиро   таъкид мекунад ва ба консепсияи  неомарксистон, ки афзалияти омили иқтисодиро аввал медонанд норозӣ аст.  «Бартарии назарияи неомарксистон дар он аст, ки муҳимияти омилҳои иқтисодиро ба хотири фаҳмиши   этносият ва миллатгароӣ нишон медиҳад. Дар айни замон, аз мавқеи сирф тавзеҳи  иқтисодии фаъолияти инсонӣ, наметавон шарҳ дод, ки чаро гурӯҳхои бузурги одамон тайёранд осӯдаҳолии иқтисодии худро қурбони чунин арзишҳое аз қабили мустақилияту мухторияти мазҳабӣ ё забониашон гардонанд»[6]

       Дар атрофии маҷаллаи Югославии «Праксис», ки дар Загреб ба нашр мерасид Г. Петрович, П. Вранитский, М.Кангрга, Р. Супек, М.Маркович, С. Стоянович дар рӯҳияи идеяҳои барвақтаи  Маркс, Лукач, Грамши, Сартр мафҳуми амалияро ҳамчун муносибати бунёдии байни субъект ва объект арзёбӣ намуда, маърифатро ҳамчун раванди фаъоли эҷодӣ   маънидод ва   назарияи инъикосро бошад «ғайридиалектикӣ» баҳогузорӣ  карданд. Назарияи ленинии инъикосро ҳамчун маҳдудсозандаи оғози эҷодии инсон ҳисобида, ба хулоса омаданд, ки  дар чаҳорчубаи  ин назария  наметавон дурнамоии ояндаи инсониятро маърифат сохт, зеро ки оянда ҳанӯз наметавонад дар ҷараёни маърифат мустақиман «инъикос» шавад. Ҳамин тавр назарияи ленинии инъикосро  ҳамчун муносибати ғайрифаъол ба воқеият арзёбӣ намуда ин марксистони ҷадид даъват оварданд, ки бояд ба осори барвақтаи Маркс рӯ овард, зеро ки маҳз дар ин асарҳо ба проблемаи гуманизм, фаъолияти инсон, озодии инсон проблемаи «бегонашавӣ» бештар таваҷҷӯҳ шудааст. Онҳо  функсияи танқидӣ- иҷтимоии фалсафаро хосатан таъкид намуда ба ҳайси объекти танқид амалияи сохтмони сотсиализмро  дар кишварҳои лагери сотсиалистӣ интихоб намуданд. Ҳадафу маънои  сотсиализм  аз нигоҳи онҳо  ин ташаккули инсони комил буда, оғози гуманистию демократӣ бояд дар меҳвари сохтмони сотсиалистӣ бошад,  на муборизаи оштинопазири  синфие, ки «сталинизм»  дар Иттиҳоди Шӯравӣ пеш мебурд. Функсияи ташкилию  хоҷагидории давлати сотсиалистӣ, принсипи сентрализми демократӣ ва банақшагирии марказонидашударо  танқид намуда, тахмин карданд, ки чунин тарзи идоракунии иқтисодиёт, хусусан ҷамъ овардани тамоми ҳокимияти сиёсӣ ва нерӯҳои иқтисодӣ ба дасти давлат ногузир ба пайдо шудани қишрҳои бюрократӣ меорад  ва он бошад ба заволи ҳамин давлат хоҳад овард. Ягона роҳи бартараф намудани  бегонашавӣ  дар давлати сотсиалистӣ аз нигоҳи онҳо ин  инкишоф додани худидоракунии ҷамъиятӣ мебошад. 

  «Фалсафаи умед»,  ки  онро  файласуфи олмонӣ  Эрнст Блох  (1885-1977) эҷод кардааст, нақши махсусро дар равияи  «диалектикӣ-гуманисти»-и марксизми ҷадид мебозад. Аз лиҳози нуқтаи назари Блох анъанаи фалсафаи томарксистӣ ба гузашта нигаронида шудааст, зеро ки олами мавҷудро ин фалсафа ҳамчун идеали комилият дар Кулл  татбиқ менамояд, дар сурате ки  хусусияти хоси марксизм ба оянда нигаронида  шудани он аст. Таълимоти Маркс  ба назари Блох  далели умед  буда,  робитаи  «назарию амалия»-и мушаххас   ва «имкониятҳои воқеӣ-объективии»  инкишофи оламро ба зътибор мегирад. Ин на танҳо илм, балки « утопияи мушаххасест», ки онҷо дониш дар бораи ояндаи умедворонаю маъталшуда  ва имконияти  эҷоду татбиқи  инқилобии   он бо ҳам  омезиш ёфтаанд. Ҳадафи ниҳоии олам  комилият, хайри олӣ, «Ҳама», Fotum, Ultimnm,  Eshaton, ҳолате хоҳад буд, ки ҷомеаи ғайрисинфӣ пайдо шуда, тантанаи коммунизм  ҳамчун  салтанати Озодӣ фаро хоҳад расид ва инсону  олам  ба як ваҳдати узвӣ ноил мегардад. Ва  дар ҳамин ҳолат  ба  воситаи  технологияи нав,    «технологияи ғайриевклидӣ»   зиддияти байни инсон ва табиат бартараф шуда, сарҳади ҷудокунандаи байни табиату таърих аз байн хохад рафт.

 Дар баробари ҷараёни «диалектикӣ-гуманистӣ», ки марксизм-ленинизмро таълимоти нопурра оид ба проблемаи инсон арзёбӣ мекунад,  дар  доираи неомарксизм  ҷараёни «сийентистӣ» ташаккул ёфт, ки  марксизм-ленинизмро чун майлони дур шудан  аз илмияти таълимоти Маркс  баҳогузорӣ  мекунад. Ба «сийентизми» неомарксистӣ  равияҳое дохил мешаванд, ки таълимоти марксизмро оид ба ҷамъият ҳамчун таълимоти  мушаххаси илмӣ тавзеҳ медиҳанд. Онҳо тақозо мекунанд, ки фалсафа ҳамчун тадқиқкунандаи проблематикаи маърифат  ва методология  бояд эътироф шавад. Вазифа мегузоранд, ки   материализми таърихиро ҳамчун   шакли комили илмӣ  муқаррар сохт.  Файласуфи марксисти франсавӣ Луи Альтюссер  ба  ҳайси роҳбари мактаби назариявии фалсафие шинохта шудааст, ки дар таълимоти хеш тамоили сийентистии марксизмро муаррифӣ мекунад ва пайравони зиёдеро дар Италия, Испания, И.М.А ва кишварҳои Америкаи Лотинӣ  пайдо намудааст. Эҷодиёти ӯро ба ду давра тақсим мекунанд. Марҳилаи аввал солҳои 60-уми асри гузашта буда, ин давра  тавзеҳи марксизм «Ҳамчун назария бо ҳарфи калон», «назарияи  таълимоти амалӣ» сурат гирифта,  кӯшидааст марксизмро дар робита ба таҷрибаи муосири маърифати илмӣ коркарду таҳия намояд.  Марҳилаи дуюми  эҷодиёти ӯ ба тадқиқи фалсафа ҳамчун асоснокунии муборизаи сиёсӣ,  бахшида шудааст.  Хусусияти тавзеҳи марксизм аз ҷониби Алтюссер чунин   аст:  ба Маркси «болиғ» ва марҳилаи эҷод шудани «Капитал»   такя  карда, дар муқобили шарҳи субъективии  Маркси «ҷавон»   мустақилияти афкори  илмиро дар баробари шуури муқаррарӣ  ҳимоя намуд,  ба функсияи  методологии фалсафа нисбати илмҳои мушаххас  таваҷҷӯҳ намуд.     

      Ба проблемаи  маърифат ҳамчун истеҳсолоти маънавие, ки объекти худро дигаргун месозад, баҳо медиҳад. Ин  муқаррароти маърифатӣ баёни худро дар консепсияи «антигуманизми назариявӣ» меёбад, ки мувофиқи он фарди мушаххас на  нуқтаи аввалаи таҳлил, балки натиҷаи ниҳоии он аст. Ҷамъбасти бисёре аз ҳукмҳою  хулосабарориҳо  ба он далолат   мекунанд, ки инсон наметавонад   принсипи  тавзеҳдиҳандае   зимни омӯзиши куллияти иҷтимоӣ бошад.  Миёни Маркси ҷавони тамоил ба антропология дошта ва Маркси «болиғ» ба ақидаи Алтюссер  «тафовути эпистемологӣ» (яъне, маърифатӣ) дида мешавад. Аз ин рӯ дар осори аввалаи Луи Алтюссер  ( « Ба хотири Маркс»- 1965,  асари бо ҳаммуалифи  Э. Балибар навишташуда  « Мутолиаи «Капитал») тавзеҳи зкзистенсиализму феноменологии  марксизм қатъиян қобили қабул нест. Пайравони Алтюссер на танҳо дар Франсия (Э.Балибар, Д. Лекур, П. Рейман),   балки дар Британияи Кабир (Б.Хиндесс, П. Хёрст)  низ марҳилаи посталтюссериро ривоҷ дода,  файласуфи юнонии  муқими Франсия Н. Пулантзас ва файласуфи олмонӣ  В. Хауг идеяҳои  Алтюсерриро бо идеяҳои Грамши омехта  мекунанд.   Ба равияи  сийентизми неомарксизм  Г. Делла Вольпе ва пайравони ӯ дар Италия  дохиланд.  Асари эътирофшуда  ва мавриди мубоҳисаҳои зиёд гаштаи   Г. Делла Вольпе «Мантиқ ҳамчун илми позитивӣ» (G.  Della Yolpe.  Logica come scienza positiya)   идеяи фарқияти сифатӣ ва   мувофиқатнопазирии  методи диалектикии  марксистӣ ва гегелиро  ба миён гузошт. Ӯ  вариантҳои  гуногуни проблемаи кулл ва ҷузъро дар таърихи фалсафа таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки абстраксияҳои (мавҳумоти) фалсафӣ  барои тадқиқотҳои мушаххаси илмӣ  корношояманд. Зарурати  «мантиқи махсуси  предмети махсус», ки мавҳумоти  «муайяни» хосеро  истифода мебарад, ба миён меояд.

  Вазифаи фалсафа – таҳияи методи ҳаракат аз конкрет ба абстракт  (аз мушаххас ба мавҳум)  ва баръакс  баҳогузорӣ шуда,  фалсафа  дар таълимоти Г. Дела  Волпе   ба методология айният дода мешавад. Инчунин ба равияи сийентистӣ  марксизми аналитикӣ  низ  дохил мешавад, ки  солҳои 70-уми асри 20 дар Британияи Кабир  ва И.М.А.  пайдо шуд ва кӯшиш дошт таълимотро оид ба ҷамъият дар заминаи методҳои илмии муосир инкишоф диҳад.  Ҷеймс Ален,    сотсиолог-марксисти америкоӣ дар адабиёти марксистӣ яке аз аввалинҳо шуда проблемаи   таъсири энергияи атомро ба авзои ҷамъият тадқиқ  кардааст. Дар асараш   «Империализми атомӣ» (1952) аз хатари ҷанги ядроӣ,  ки капитализми давлатӣ – монополистии И.М.А.  ҳар замон шурӯъ карданаш мумкин аст, ҳушдор медиҳад. Марксисти дигари америкоӣ  Герберт Аптекер  дар тадқиқотҳои илмии худ проблемаи ҳуқуқи аҳолии сиёҳпӯсти америкоиро мебардорад.  Ба неомарксизм, инчунин  ҷараёнҳое   дохил   мешаванд, ки ба ин ду равия мувофиқ нестанд. Ин гурӯҳи марксистии ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ, кишварҳои «сеюм», муҳаққиқони капитализм чун система ( С.Амин, А.Г.Франк, И.Уоллерстейн), сотсиологҳои танқидӣ (Ч.Р.Милс,  А. Гоулднер ва диг.), намояндагони марксизми феминизм, ки проблемаҳои заҳматкашон, истисмори занҳоро  дар доираи «низомҳои патриархалӣ» (Н.Э.Тевенен, К.Бюси, М.Р.делла Коста ва ғайра) меомӯзанд, ба ҳисоб мераванд.   


[1] Фрейд З. Введение в психоанализ. М., 1989.с.120.  

[2]Герберт Маркузе. Разум   и революция.  Спб, «Владимир- Даль», 2000, сањ.29.

[3] Герберт Маркузе. Њамон љо. сањ.161.  

[4] Фромм Э. Иметь и быть. М., 1986, сањ. 45.

[5] К. И. Долгов. О встрече с Жан Полем Сартром и Симоной де Бовуар // Вопросы философии. 2007, №2, сањ. 158. 

[6] Хесли В. Л. Национализм и пути разрешения межэтнических противоречий.// Полис. 1996. №6,  с.41.

test

Добавить комментарий