Акидахои философхо оиди фалсафаи марксизм

Ф.А. Степун  (1884-1965,  файласуфи дар  мусофират зистаи рус ) :

  «Тафсири сотсиализм ва роҳе, ки Ленин ҳамчун назариётчӣ ва тактик  ба он ворид сохта буд, қабл аз ҳама далели он аст, ки доҳии инқилоби ҷаҳонӣ ( Ленин  ҳамин тавр ҳам эҳсос мешавад)  на танҳо инқилобчии муқаррарии рус, балки инсони типии  (тоифаи)  русӣ буд.

Дар кишвари бидуни  буржуазия ва пролетариат ( ба маъною фаҳмиши  аврупоии ин калима)   тавзеҳи  «фаталистӣ», қонунгароию  хоҷагипарастии марксизм  баробар ба пурра  даст кашидан аз инқилоби таъҷилӣ буд. Вақте, ки   80 фоиз аҳолӣ бесавод аст, ҳизби оммавӣ дар гумон аст, ки  ба шакли дигаре сохта шавад,  ҷуз тариқи   принсипи   фармонбардорию итоат ва  иерархӣ (зинавӣ). Роҳ ба сӯи  ҳукми  ( диктати )   пролетариат дар шакли диктатура аз болои пролетариат ҳанӯз аз ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ  ба меросӣ гирифта шуда буд.  Дар болшевизм   оҳанги   динии фарҳанги русӣ    ва тариқатгароии                     мазҳабии бои русӣ  нуҳуфта аст, ки  афзалияти масоили ҷаҳонбинӣ   ва  характери  фирқагароию бидъаткории   ҷаҳонбинии болшевикро    шарҳ    медиҳад…  

Аммо, ба ҳар сурат дар  болшевизм   савти мессианизм              ( нузули   Исо-Ф.А.)  танинандоз  шуд.  Болшевизм   ҳам  дар назар дошт, ки Россия мақоми озод кардани оламро дорад. Эътиқоди славянофилҳо, ки гӯё  Москва ин  Рими  сеюм  аст, аз нав дар эътиқоди болшевикон ба Интернатсионали 3  мунгъакис гашт.

 Портрети (мусаввараи) Ленин танҳо дар оинаи амалҳои ӯ хотима меёбад.  Манзараи инқилоби болшевикӣ бо бузургии худ моро  музтариб сохта, ҳамзамон  моро ваҳм зер мекунад. Миллионҳо  маҳбус,  миллионҳо одамони аз гуруснагӣ фавтида, миллионҳо кушташудагон дар ҷанги шаҳрвандӣ. Кӯдакони бесоҳибу мубталои бемориҳои сироятӣ дар кӯчаҳои Москва. Гуруснагӣ дар мамлакат. Пахш намудани озодӣ- қариб, ки дар шакли баргаштан ба низоми крепостноӣ. Таъқиб, шиканҷаю азобу ҷабр ва таназулли тамоми фарҳанги маънавӣ. Айни замон, ба ин нигоҳ накарда, ғалаба бар урдӯи гвардиячиёни сафеди аксулинқилобӣ.  Сиёсати бузургу ҳадафноки  хориҷӣ  дар Чин,  Ҳинди Британӣ ва  дар тамоми Аврупо. Санъати аҳамияти володошта, дастовардҳои дурахшони табиатшиносӣ.  Ифтитоҳи     институтҳои нави илмие, ки на ҳамеша дар  Аврупою   Амрико  барои он имконият аст»[1].

     Б.Н.Кашников – профессори фанҳои иҷтимоию гуманитарии  Университети дар Москва будаи В.К.Д-и Россия :                                                                                                                                 

«Тезиси дигари Маркс,  ин тезис дар бораи зарари меҳнат ба коргар аст. Дар шароити давлати либералии имрӯза ин тезис  боэътимод ба назар намерасад. Ҷои шубҳа нахоҳад буд, ки меҳнати имрӯза дар шароити давлати осӯдаҳолу  некӯаҳвол  барои коргар  ҳатман зарар  дошта бошад. Шаклҳои мухталифи назорат аз болои  мундариҷаи меҳнат  мавҷуд буда,   ин меҳнат   баръакс  метавонад меҳнати пешрав ба ҳисоб рафта,  дар ҳама ҳолат хатари мустақимеро барои ҳаёт ва сиҳатӣ надошта бошад…. Боз як проблемаи дигар вобаста  ба истисмор дар раванди меҳнат аст.  Дар ҷомеаи муосир ҳоло як истисмори бадтаре вуҷуд дорад,  аз қабили он ки як нафаре мехоҳад мехнати худро бифурӯшад, вале аз ин имконият маҳрум аст. Масалан, вазъияти занон, бекорон, маъюбон  чунин  аст.  Шаклҳои гуногуни истисмори шаҳвонӣ, миллӣ  ва динию мазҳабие ҳастанд, ки  ба   моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот  ва кирояи қувваи коргарӣ  ҳеҷ умумияте надоранд.  Барои намояндагони ин гурӯҳҳо иштироки баробарашон дар меҳнати  тавлидотӣ, баръакс воситаи раҳоӣ  ёфтан аз мазлумӣ хоҳад буд.  Аз нуқтаи  назари  Ирис  Янг, истисмори марксистӣ, беҳтарин воситаест ба муқобили мазлумият.

…Моликияти  хусусӣ  ба  воситаҳои истеҳсолот дар худ ҳатмӣ истисморро фаро нагирифтааст, ё ин ки метавонад  чунон созмон дода шавад,  ки истисмор воситаи бартараф намудани офату фалокати  нисбатан зиёдтаре гардад. Дар   ҳолате, ки моликияти ҷамъиятӣ   ба воситаҳои истеҳсолот низ метавонад имконияти на камтари истисморкунӣ дошта бошад. Варианти (тариқи) бештар  яқину равшан – ин табдил ёфтани бюрократия ба синфи истисморкунанда  дар замони расман моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ё табдил додани сотсиализм  ба диктатураи аксарият, ки  аҳолии аққалиятро истисмор мекунад. Вариантҳои ба ҳамин монанди истисмор дар ҳама гуна форматсияи ҷамъиятӣ  имкон дорад.   Пас, моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот наметавонад нӯшдорӯе (панатсея) аз истисмор бошад, зеро  шаклҳои ҷиддитари истисморе  ҳастанд, ки  дар пеши он истисмор дар шароити кироя   намудани  қувваи коргарӣ,  хирратар метобад»[2].

                                                                                                                  Е.А.Самарская:

«Шиносоӣ ба идеяҳои фундаменталистҳо ( на – бозор, пул, моликияти хусусӣ, демократияи намояндагӣ, ҳа- демократияи мустақими халқӣ, моликияти ҷамъиятӣ, меҳнати умумӣ ва тақсимот мувофиқи меҳнат) ба  хулосае тела медиҳад, ки сотсиализми шӯравӣ дафъатан ин татбиқи идеяҳои Бабеф буд, на  аз  Маркс. Аз Маркс он танҳо идеяи прогрессии  илмӣ – истеҳсолӣ ва итминону умедро, ки прогресс метавонад ҳалли проблемаҳои иҷтимоиро дар рӯҳи коммунизм ҳаллу фасл созад, гирифтаасту халос»[3].

Власов А. Д:

« Баъди алоқамандию завқмандии ҷавонона ба утопияи коммунистӣ Маркс боз даҳ соли дигар дар музеи Британия нишаста, ҳамчун мутахассиси ҷиддӣ ва соҳиблаёқат дар соҳаи иқтисоди сиёсӣ ташаккул ёфт. Назарияи арзиши изофа ва «Капитал»-ӯ дастоварди бузурге барои ҳамон замон ба ҳисоб мерафт. Аммо, комилан нофаҳмо аст, ки чӣ тавр олими иқтисодшиноси баркамол аз гумроҳии ҷавонии худ даст кашад.  Ғайр аз ин даъвои ҷавононаи эҷод кардани   ким – кадом фалсафаи нав – чун бемории «нуқсони балоғатрасӣ» низ ӯро тарк накард.

Аз лиҳози ақидаҳои фалсафӣ  Маркс бештар ба материализми Томас Гоббс наздик аст.  На Кант,  на  Гегелро  Маркс  ҳаматарафа  намедонист  ва намефаҳмид. Кӯшиши ӯ ки зуҳури рӯҳро ҳамчун маҳсули шароитҳои моддии ҳаёти одамон арзёбӣ мекард, усули устокоронае буд, ки  аз  таҳлили  худи моҳияти кор халос месохт. Нависандагон, олимон, рассомон, файласуфони аз нигоҳи маънавӣ  нерӯманд ва соҳибистеъдод на мустақиман ва на ғайримустақим ба ҳеҷ  кас  ва ба ҳеҷ синфе хидмат накардаанд ва танҳо худро муаррифӣ мекунанд, дар муқоиса ба фоҳишаҳои беистеъдоди сиёсӣ, ки танҳо   метавон  онҳоро дар бистари прокрустии (кате, ки онҷо на қаддароз ва на қадкӯтоҳ ҷой мешаванд) материализми таърихӣ хобонд  ва хушбахтона онҳо таърихро эҷод намекунанд. Пайравони Маркс дар Россия беандозаю бемисл камтар маълумот дошта, аз паи Ленин ҳамаи онҳо реалистони соддалавҳ буданд, яъне ин олами зоҳирро олами воқеият меҳисобиданд. Ин ҳолати таассуфангез роҳи ниҳоиро ба сӯи фалсафаи умумиҷаҳонӣ  баст»[4].

   В. С. Библер:

«Инҷо мо ҳайратомезона  мефаҳмем, ки ҳоло дар охири асри 20, чӣ коре анҷом меёбад: танҳо на дар мо,  балки дар кишварҳои тараққикардаи капиталистие, ки онҷо ҳарчӣ бештар автоматикунонӣ пеш рафтаю, нақши коргари дар истеҳсолоту   лаборатория  ва  марказҳои компютерӣ қарордошта, меафзояд. Коргар  аз раванди истеҳсолот берун мешавад. Инро метавон бегонашавии корманд аз истеҳсолот номид, аммо дар воқеият – ин инкишофи қобилияти корманди алоҳидаи  (аллакай – на пролетариат)  куллан ба истеҳсолот таъсиррасонанда аст.   Системаи автоматикиро  қисман – қисман  тағйир дода наметавонед,  зеро ки он  як воҳидияти куллро фаро гирифтааст: онро танҳо  бо  иваз намудани  принсипҳои илмию техникии   кори он   метавон тағйир  дод. Ва ин бошад аз ҳисоби  меҳнати инфародӣ – оммавӣ, дар заминаи автоматикунонӣ, компюторикунонӣ ва ахборикунонӣ инкишоф меёбад. Албатта  ин ҳоло танҳо тамоили аввал аст.

      Бо вуҷуди ин,  инҷо  ҳам  зиддияти  амиқе пайдо мешавад:  осонии иҷрои муқаррарии он, «навохтани» ин барномаҳо ба зарурияти тағйир додани ҳамин барномаҳо рӯ ба рӯ мешавад, ки қатъиян  тамоми раванди истеҳсолот ва тафаккури худи манро   низ тағйир медиҳад. Пас, аз ин рӯ истиноди Маркс ба он ки гузариши «пролетарӣ» ба сӯи коммунизм зимни алоқаи коргарон ба истеҳсолот дар воҳидияти умум, дар мегаколлективи  воҳид  муайян мегардад, дар заминаи мушоҳидаҳои худи ӯ талаф меёбад. Ин мегаистеҳсолот, ин мегамонстр,  вақте  «корманди маҷмӯӣ»-ро, ҳар як коргари алоҳидаро  дар амалҳои хеш бо амалҳою  ҳатто ҳаракатҳои ҷисмонии коргари дигар бо ҳам печонидааст (дар  ҳудуди «масолеҳи нимтайёр»,  конвейер ва ғайра) ҳарчӣ бештар моҳияти худро гум мекунад;  аҳамияти зиёдеро  « гиребонҳои 

нилобӣ ва сафед»,  кормандони соҳаи тақсимот, меҳнати лабораторӣ    дар худ касб мекунад. Барои ҳамаи ин кормандон    «дастаҷамъӣ будан» (ва «эҳсоси  оринҷ» доштан) ба   худфаъолиятии фардӣ- умумӣ  иваз мешавад»[5]

 В.Б.Пастухов – доктори илмҳои сиёсӣ, номзади илми ҳуқуқ, профессори Донишгоҳ- мактаби олии иқтисодиёт:

«Марксизми рус – ҷаҳонбинии  хосе буд,  ки устуворию истиқрори нисбии авзои рӯҳи русиро       аз ҳисоби  қобилияти шарҳ додану таҳия сохтани  ҳадафи асосии инкишофи ҷамъиятӣ,   таъмин  мекард.   Аз лиҳози табиати  хеш  марксизми рус на ба назария, балки  ба динҳои бузурги ҷаҳон   нисбатан наздик аст ва дар як саф бо масеҳият, яҳудизм, ислом, буддоия ва конфутсионӣ  қарор дорад.

…Дар Россия ба марксизм ҳатто фотиҳа хам нахонданд. Фурсат наёфтанд, ба давуғеҷ саргардон буданд.  Таассуфангез аст,  зеро ки рӯҳи  дафн нагашта ба шабаҳе табдил  ёфта, одатан шабҳо меросхӯрони қалбакиро  нороҳату безобита месозад.  Ва,  ана дар манзари мусиқии маҳфилии либерализми аврупоӣ  ба гӯш расидани фиғони дағалу   «материалӣ»,  ноором ва диалектикии    рӯҳи русӣ   оғоз мешавад. (с.98) 

  …Аммо «марксизми рус» ногаҳон  фавтид. Радду инкор  карда нашуд, балки  суфиёна (тасаввуфона) гум шуда, дар тундбоди эклектикии «назарияҳои нав»  маҳлул гашт. Дар аввал эҳсоси хушнудонаи  озодии маънавӣ  ба вуҷуд омад. Онҷое, ки пештар монополияи идеявӣ ҳукм меронд, бозори идеявӣ пайдо шуд, ки  акнун  ҳар   кас метавонад   «моли»  дилхоҳи худашро  интихоб намояд. 

   Вале,  ба зуддӣ маълум шуд, ки ин бозор  бениҳоят  ба бозори «кайк» монанд аст…  Лоиҳаю таркиботи идеявӣ ҳарчӣ бештар истифодашудаю аз дасти дуюм меомадаанд ва ҳамон тавре муқаррар аст,  мисли ҳар як   «secondhand»  дар иқлими сахту сарди русӣ   тез  «пош  хӯрд». (с.99)

… Дар ҳадди охир, баъд аз понздаҳ соли «озодандешӣ» дар Россия  мусаввараи  идеявии  миқёсан  бузурги   эклектикӣ ба вуҷуд омад. Дар он минтақахои аз «таҳти шуур»,   фишурда баровардаи асосҳои марксизм  «блокҳои системавии» назарияҳои гуногун:  либералӣ,  православӣ, консервативӣ, монархӣ,  фашистӣ  шинонда шуданд.  Ҳар кадоми он дар алоҳидагӣ ба якдигар рақобат  карда,    инчунин  ҳамаи онҳо  дастаҷамъона бо фарҳанги миллӣ дар зиддияти амиқ қарор доранд.

Дар роҳи пирӯзӣ дар ин муборизаи идеявӣ, бояд методи нави «илмие»-ро пешниҳод намуд, ки  метавонист  «материализми диалектикиро» иваз намуда,  ҳамчун  бунёди  ниҳонии ҷаҳонбинии  инсони русии давраи посткоммунизм  хидмат намояд. Ҳоло    дар ин сатҳ мубориза оғоз нагардидааст, зеро хоҳишмандони  майдонбаро  нестанд. Дар сурате, ки мавзӯи сӯҳбат бешак  вуҷуд дорад. (саҳ.103)

Он чизе, ки  мантиқи ҳаёт  имрӯз русҳоро ба пайвастани марксизм ва масеҳият  тела медиҳад,  барои ҳама  айён аст.

Нерӯи  марксизми  русӣ  хушк шуд, аммо  ҳеҷ  як алтернативаи  (аз ду яке)  ҷиддии маънавӣ ба ҷои ӯ пайдо нашуд. Ва аз Аврупо ба ҷои тӯфон, тундбоди камтаре  омада ба замини рус борони  хоксоронаи либералиеро резонду халос.  

…На дар православия, балки дар марксизм Россия шаҳомати ҷаҳониро соҳиб шуд,  маҳз дар давраи шӯравӣ , на дар замони империя  (Россияи подшоҳӣ-.Ф.А.)  тамаддуни русӣ ба авҷу қиёми ҳаракати иҷтимоӣ-фарҳангии хеш тақаррур дошт. (саҳ.104)

    … Аз байн бурдани атеизм ҳамчун қисми асосии марксизми рус  дурнамои пайваст шудани фалсафаи марксистиро ба дину диёнати русӣ дар шакли воқеии он, на дар шакли «мубаддалгаштаи» он  дар назар дорад. Ин пайвастшавии ҷадид метавонад  «неомарксизми рус» номида шавад. Неомарксизми рус шояд  тавозуни муайянеро  бо инкишофи неомарксизми аврупоӣ дошта бошад, аммо бевосита ба он алоқаманд нест. Агар ин алоқа   рух диҳад,  сирф шакли дарёфту маърифати ватанӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд, ки ба  аслияти маънавии хеш  такя мекунад.  Дар доираи он  таркиботи ҷаҳонфаҳмию оламогоҳие боқӣ мемонад, ки онро марксизми русӣ гузошта буд».  (саҳ.106)[6]

Примаков Е.М:

 «Бо кӯшиши бисёре аз назариётчиёни ҳизб, марксизм, ки характери илмии он бебаҳс аст, ба дини махсусе мубаддал гардонда шуда,  ҳамчун ягона равияи дурусти илмӣ изҳор гардид. Ва ҳамаи чизи дигар, «бидъат» баҳогузорӣ шуд. Тасдиқ гардид, ки он универсалӣ буда, бидуни тағйироту мувофиқатёбӣ ба воқеияти ивазшаванда, ҳаққонияти файсалаҳои худро нигоҳ хоҳад дошт  ва кӯшиши мубоҳиса кардан   зимни ин андеша,  хиёнат эълон мегашт.  Дар ҳадди охир «классикони» марксизм парастиш гашта, моҳиятан ба икона     («мусаввараи муқаддас»)  табдил мегаштанд»[7].

 В. Н. Фурс – дотсенти кафедраи фалсафа ва културологияи Донишгоҳи аврупоии гуманитарӣ  ( Минск):

«Идеяи марксистии амалияи иҷтимоӣ- ҳамчун  истеҳсолкунандаи ( ва таҷдиди) ҷамъият бо кулли  таркиботаш,   бо майлу мароқи том қабул мешавад: материализми таърихӣ, зикр мекунад Гидденс  ( Giddens), барои назарияи муосир ҳамчун кӯшиши эҷод намудани назарияи умумии праксиси (амал, кор)   инсонӣ   аҳамияти худро   нигоҳ медорад.  Аммо  идеяи  марксистии  мушобеҳу   айният сохтани    амалия  бо  меҳнат қотеъона қабулу эътироф  намешавад.  Таҳлили Маркс,  ишора мекунад   Хабермас дар фазои ҷамъияти индустриалӣ маҳдуд буда, ин «парадигмаи» истеҳсолӣ хусусиятҳои тавзеҳи мафҳуми амалияро  қаблан муайян месозад. Дар натиҷа зуҳури бунёдии   универсалияти инсон аз ҷониби  Маркс,  зимни дигаргунсозии ҳамаҷонибаи табиат   баррасӣ шуда, прогресси   таърихӣ қабл аз ҳама ба инкишофи номаҳдуди нерӯҳои моддии истеҳсолӣ  пайваст карда мешавад. Хабермас ва Гидденс пайваста,    ҳам  тезиси бунёдии марксистии  нақши муайянкунандаи  тарзи истеҳсоли неъматҳои моддиро  дар фаъолияти ҳаётии ҷамъиятӣ  ва ҳам  импликатсияи   (лот.  Implico- қоим басташуда-Ф.А.)   иҷтимоӣ-назариявии он: дар бораи табиати иқтисодӣ доштани синфҳои ҷамъиятӣ, моҳияти синфӣ доштани давлат ва ҳуқуқ, шуури ҷамъиятӣ  ҳамчун инъикоси ҳастии ҷамъиятӣ ва ғайраро  танқид мекунанд.

   Метавон гуфт, ки Хабермас ва Гидденс  муттасилу пай дар пай  ва мӯътақидан  модели назариявии ҷамъият ҳамчун форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодиро  написандиданд.(саҳ.116)

…Ҳамин тавр, дар ҳоли фарқияти мундариҷавии  байни консепсияи Хабермас ва Гидденс,   ҳардуи онҳо фаҳмиши марксистии амалияро    чун бунёди эҷоду таҳияи назарияи ҳаёти иҷтимоӣ,  истифода мекунанд.

   Айни ҳол ин мафҳум,  ҷиддан аз нав маънидод  мешавад: яъне  на   фаъолияти  меҳнатии   таҳти низоми иқтисодии организми  ҷамъиятӣ  маҳдуд  буда, балки  алоқамандии мунтазам  ва  пайвасти амалҳои кӯҳна   дар  ҳаёти  рӯзмарраи одамон  дар  назар  дошта   мешавад.  Дар   натиҷа  манзараи олами иҷтимоӣ  эҷод мегардад, ки онҷо амалияи ҳаррӯзаи материяи иҷтимоиро печонида,   системаҳои ҷамъиятиро истеҳсол ва  такроран  истеҳсол  хоҳад кард. ( саҳ.118) «Ҳарф задан  дар бораи фаъолияти инсонӣ  ҳамчун праксис, зикр мекунад  Гидденс, ҳамфикрию  ҳамраъйӣ  бо Маркс дар ин нуқта,   маънои инкори ҳамагуна имконияти  тавзеҳи мавҷудоти инсонӣ ҳамчун «объектҳои   муайянгашта»  ё  ин ки ногузир   ҳамчун   «субъектҳои озод»   аст.   Ҳама гуна  фаъолияти инсонӣ  тавассути вакилу гумоштаи бомулоҳиза татбиқ мегардад, ки аз як тараф олами иҷтимоиро  ба воситаи амалҳои хеш   тартибу таҳия месозад, аз тарафи дигар – фаъолияти онҳо низ дар доираи  ҳамин оламе, ки  онҳо сохтаанд  маҳдуд ва  вобаста ба он сурат мегирад.  

 ( Giddens  A.    A Contemporary Critique  of  Historucal Materialism. London, 1981, p. 53, 54)   ( саҳ.119)

Дар заминаи таҳлили   гузаронидашуда    тезисе  комилан асоснок аст, ки чанд модели консептуалии   эҷод намудаи Маркс    ва  барои   фалсафаи иҷтимоии  ӯ муқаррар    гашта,  имрӯз   ҳам  қобил ба амал мебошад… Парадигмаи (намунаи) танқидии назарияи иҷтимоӣ,  ки бори аввал Маркс кор кардаю таҳия намудааст, дар замони муосир низ барномаи муфиди тадқиқотӣ  мебошад,  дар ҳоле ки комилияти мундариҷавию  маъноии он – бар асари  бархӯрдаш   ба воқеияти замони муосир  маълум мегардад,  амалан   ҳеҷ як умумиятеро  ба  материализми таърихӣ надорад». (cаҳ.130.)[8]

В.Д. Жукоцкийдоктори илмҳои фалсафа, профессор мудири кафедраи фалсафаи Институти иқтисодию ҳуқуқи Нижныйвартовски назди Донишгоҳи Давлатии Тюмен.   

«Ҳақиқати маълуми  кӯҳна:  ҳар як идеяи (философема) зарифу латиф   ва афзалиятёфтаю  иртифоъгашта,    ба амиқияти шуури омма  «поён»   фаромада,  мустақиман таъсиру натиҷаи баръаксро тавлид месозад. Ин идея қотеъонаю тундхоҳона гашта, ба «ларзишу таркиши бунёдӣ» иддао мекунад.      Илова бар ин,   боздоштан  ва  назорат  намудани  ин раванд  тамоман  ғайриимкон  аст. Он дар самти ногузирию қатъии раванди табиию таърихӣ амал  мекунад.  Беҳтарин ҳунару малакаи усули бархурд ба он –  рӯ ба рӯ рафтан  ва кӯшиши тассаруфи ин   раванд  аст,  на гурехтан аз он. Чунин  аст қонуни бебаҳсу эътирознопазири културологӣ, ки ҳуқуқи таърихиро ба инқилоб-ислоҳот иҷозат додаю ба тасвиб мерасонад.(саҳ.74)

Ҳамчуноне, ки модели лютерии (таълимоти Мартин Лютер дар назар аст – Ф.А) реформатсия дар заминаи масеҳияти ғарб пайдо шуда  ва  дар худ ҷисму ҷони онро ҷаббида аст, ҳамчунон модели лениниро низ наметавон бидуни заминаи табии  фарҳангӣ- таърихии масеҳияти машриқӣ, православия бо ҳувияти махсуси он зимни   масъалаи муносибаташ ба моликият  ва давлат, фаҳмид.   Нишонаи  аналоготипикии (тарзи қиёси)  мусовияти байни Лютер ва Ленин маънои  лаҳзаи рамзии айнияту  шабоҳати аввалу охир дар модели културологии деформатсия (тағйири шакл)  ҳамчун  умумияти  фарҳангӣ мебошад. Германия ин протсесси реформатсиониро оғоз  намуда,  анҷом додани он  бар дӯши Россия афтод. Бешубҳа, ҳоло ҳам наметавон тасдиқ кард, ин раванд  пурра  ба анҷом расидааст. Таркиботи асосии он  рӯ ба сӯи беинтиҳоӣ дорад. Ва ин ҷо сухан  на дар бораи  ҳар гуна   равандҳои ақибравӣ, контрреформатсия меравад. Ин ҳаракатҳои пасупешравандаи раванди фарҳангӣ – таърихӣ ногузир моро ба нуқтаи  баланду олӣ мебарад». (саҳ.80)[9]

 К.М.Кантор:

«Аввалин шуда  таҳаввули  ткачёвӣ – нечаевӣ-бакунинии андешаҳои Ленинро Г.В.Плеханов «ифшо сохт». Аз нигоҳи Плеханов, Ленин  аз марксизм ҳанӯз аз замони бунёд гузоштани асосҳои идеологию ташкилотии ҳизби «типи нав» даст кашида буд.  Дар  рисолаи худ   «Чӣ бояд кард?» Ленин ҳамон назарияи маълуми халқчигии  «Каҳрамонҳо ва издиҳом» -ро эҳё намуд, ки варианти бауэрии (идеяи гегелчии ҷадид Б.Бауэр дар назар аст-Ф.А.) онро Маркс ва Энгелс дар асари муштаракашон «Хонадони валиён» танқид намуда буданд. Плеханов ҳанӯз дар ин китобчаи Ленин тамоили диктатураи партия  аз болои синфи коргарро мушоҳида мекунад.  Г. В. Плеханов як дафъае Ленинро «Инкивизитори   ( кал. лот. Inquisitio-ҷустуҷӯ, тафтиш)  бузурги марксизм»  меномад. «Достоевский, менависад ӯ, – аз забони яке аз бародарон Карамазовҳо, кадом вақте мегӯяд, ки агар Исои Масеҳ аз нав ба замин баргардад, ӯ  такроран   таслиб (чормех) мешавад – ва ин дафъа аз ҷониби масеҳиён.  Ман бо итминони пурра тасдиқ мекунам, ки агар Маркс ва Энгелс  инкогнито (бо номи сохта) дар яке аз маҷлисҳое, ки  «болшевикони»  мо  зарофатгӯии инқилобӣ доранд,  баромад кунанд,   барои «эътидолию таҳаммулӣ» буданашон ҳуштак кашида, онҳоро «марксистони кадетмонанд» ё дар  ҳолати  қаҳру  ғазаб, ҳамин тавр  «кадетҳо» эълон мекунанд. Мутаассифона,  ба ин набояд шубҳа кард».  (Плеханов Г.В.  Рабочий класс и соц-дем. интеллигенция.//Собр. Соч.М.,Л.,1926.т.13,стр. 134,185, 250.)

Дар  мақолаи  охирин,  пешазмаргии  худ (январи соли 1919) «падари» сотсиал-демократияи рус  ( яъне Плеханов) менависад: «Диктатураи болшевикон дар худ на диктатураи аҳолии меҳнаткашро, балки диктатураи як қисми он ба қисми дигарашро муаррифӣ мекунад. Ва маҳз аз ин хотир,  онҳо ҳарчӣ бештару зиёдтар воситаҳои террористиро истифода мебаранд.  Умуман на сотсиализм, аз ҷумла на марксизм инҷо дахле надорад» (с.106) Маркс диалектикаи Гегелро аз сар ба пой гузошт, Ленин бошад материализми таърихиро аз пой ба сар гузошт- барои ӯ  сиёсат «аввал» ва иқтисодиёт «дуюм» аст»[10].(с.107)

Т.Рокмор – профессори университети Дюкенс (И.М.А):

« Ҳеҷ ба ақл рост намеояд,  вақте  ки  марксизм шаҳомати хешро гум сохт, замоне, ки дар бораи интиҳои идеология арз мекунанд, вақте ки ҳатто оид ба қать ёфтани худи таърих ҳарф мезананд, ҳангоме ки капитализм босуръат ба ҷаҳони мутамаддун паҳн мегардад, зарурати саривақтии эҷоди дубораи Маркс дар робита ба  табиати ҷамъияти индустриалии муосир ба миён меояд. Аз ин рӯ, боиси таассуф хоҳад шуд агар идеяҳои Маркс беруни талабот қарор гиранд…

      Тавассути таҳлили истеҳсолоти молӣ Маркс фаҳмиши амиқу фавқулодда муфиди таркиботи иқтисодии ҷамъияти муосири индустриалиро   таҳия месозад…

Дар таҳлили капитализм Маркс лаҳзаҳои ноаёни таҳлили гегелии хешро интиқод карда, онро амиқ сохта, паҳн намуда, шаклан тағйир дода  истифода мебарад.  Ба ин маъно Маркс ҳамчун яке аз бузургтарин шогирдони маълуми  Гегел,   гегелчӣ буд  ва  хоҳад монд,  лутфан   мебояд гуфт – то ҳол   ӯ  мутафаккирест,  ки дар маърифати  табиату аслияти   ҷаҳони имрӯза   аз ҳама  дигарон  зиёдтар қобил аст    ба  мо кӯмак намояд»[11].

 Исая Берлин:

« Чӣ тавре маълум аст, садсолаи 20 шоҳиди  авҷу  инкишофи  бемислу монанди  тадқиқотҳои таърихӣ гашт. Эҳсоси наве – эҳсосе  эҷод шуд, ки   тараққии беист  ё  инкишофу тағйироти ниҳоят муттасилеро  дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ дар назар  дошт.  Маълум аст,  мутафаккирони бузурги ин марҳила кӯшиданд  қонунҳоеро ифшо созанд, ки  ин қонунҳо ба идораи  пешрафти иҷтимоӣ  мусоидат   намоянд. Ба назар чунин мерасид, ки методҳои   нави  аллакай  қобилияти шарҳи табиат ва қонунҳои олами моддиро исбот намудаи   илмҳои табиатшиносӣ,   метавонад барои олами инсонӣ  ҳам чунин  кореро анҷом диҳад…

 Айнан ҳамин тавр, дар  гумон буд  ягон нафаре  инкор намояд, ки Карл Маркс, новобаста аз ҳамаи иштибоҳҳояш,  ӯ  нерӯи фавқулоддаю нодири дурнамоеро дошта,  як қатор омилҳои муҳими замонашро, ки барои ҳамасрони   ӯ  номаълум буданд,  кашф намояд – аз қабили робитаи мутақобилаи байни рушди технологӣ ва маданият,  ҷамъшавӣ ва  ғунгаштани  воситаҳои истеҳсолот ба дасти моликиятдорони хусусӣ, бебозгашт будани рафти индустриализатсия, афзоишу тараққӣ ва    бениҳоят васеъ доман паҳн кардани тиҷорати  калон, ки ҳанӯз фақат  дар марҳилаи аввали пайдо шудан  қарор дораду   ҳатман ба зиддиятҳои ногузири  иҷтимоӣ ва сиёсӣ  хоҳад бурд»[12]. (с.334) 

Адабиёти истифодашуда

1 Берлин Исайя. Философия свободы. Европа. М., 2001.

2 Библер В. С.  О Марксе – Всерьез.  (Размышления в конце 20 века). // Полис.  1996,  №1. 

3 Вехи. М.,  1990.

4 Власов А.Д.  Словарь по философии Гегеля. М., МИФИ, 1997.

5 Долгов. К. И.  О встрече с Жан Полем Сартром и Симоной де           

                               Бовуар // Вопросы философии. 2007. №2. 

6 Жукоцкий. В. Д.  Лютер и Ленин: две культурологиеские модели   

            Реформации. //  Общественные науки и современность. 2006. №6.

7 Кантор  К.М. Немецкая идеология  Маркса и Энгелса и русский марксизм // Вопросы философии». 1995. №2.

8 Кашников Б.Н.  Марксизм как радикальная критика  либеральной   

                                  справедливости.  //Вопросы философии.2005. №6.

9 Ленин В.И. Политический отчет ЦК  РКП(б). // П.С.С. Том. 45.

10 Ленин В.И. Заключительное слово по политическому отчету ЦК РКП(б),    

                                  28 марта 1922.//  П.С.С. Том. 45. 

11 Ленин В.И. Соч.т. 38. 

12 Маркузе  Г. Разум   и революция.  Спб. «Владимир- Даль», 2000,    

13 Маркс К. Заметки о новейшей прусской цензурной инструкции. //     

        Маркс  К., Энгельс Ф. Соч.  2-изд- том.1.

14 Маркс К. К критике гегелевской философии права. Введение.// Маркс  К., Энгельс Ф. Соч. 2-изд. –том 1.

  Маркс К.…………………………..// Маркс  К., Энгельс Ф. Соч. том. 2, с.264.

. Маркс. К К критике гегелевской философии права. // Маркс  К., Энгельс Ф. Соч. том.3.с.242.

 Маркс К. Тезисы о Фейербахе // Маркс  К., Энгельс Ф.  Соч.  том.3.  с. 4.

 Маркс К., Ф.Энгелс. Немецкая идеология. // Маркс  К., Энгельс Ф. Соч.том.3.с.18

Маркс. К   Письмо в редакцию «Отечественных записок» //К.Маркс, Ф.Энгельс. Соч. Том. 19.с.120.  

.Маркс. К  Экономическо – философские рукописи 1844 года. // Маркс  К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.163.


[1] Ф.А. Степун.  Ленин  //Вопросы философии, 2002, № 8 , с.96-97.

[2] Б.Н.Кашников.   Марксизм как радикальная критика  либеральной справедливости //Вопросы философии.2005. №6 сањ.47-49.

[3] Е.А.Самарская. Маркс, Гегель и коммунизм.// Вопросы философии. 2004, «8, с. 71-72.                                                                      

[4] Власов А.Д. Словарь по философии Гегеля. М., МИФИ. 1997. стр. 3.

[5] В. С. Библер. О Марксе – Всерьез.  (Размышления в конце 20 века) // Полис, 1996, №1, с.124. 

[6] В.Б.Пастухов. Русский неомарксизм. // Общественные науки и современность. 2004, № 4.с.97-107.

[7] Примаков Е.М. Годы в большой политике.   М.,  «Совершенно секретно», 1999, сањ. 24.

[8]  В. Н. Фурс.  Рецепция идей Маркса в современной критической теории. // Общественные науки и современность. 2002, № 5.С.115-130.

[9] В.Д. Жукоцкий. Лютер и Ленин: две культурологиеские модели реформации //  Общественные науки и современность. 2006  №6, с. 69-81.

[10] К.М.Кантор. Немецкая идеология  Маркса-Энгельса и русский марксизм. // Вопросы философии.1995, №12. с. 88-107.

[11] Т. Рокмор. Об открытии Маркса после марксизма //Вопросы философии. 2000, №4, с.28, 33,35.

[12] Исая Берлин. Философия свободы. Европа. Новое литературное обозрение. М.,2001, с. 334

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.