Маърифат ва эҷодиёти илмӣ

Нақша

  1. Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат.
  2. Ваҳдати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ.
  3. Масъалаи ҳақиқат дар фалсафа.
  4. Маърифати илмӣ ва хусусиятҳои хоси он.
  5. Зинаҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифати илмӣ.
  6. Хусусиятҳои маърифати иҷтимоӣ.
  7. Методҳои маърифати илмӣ.
  8. Мафҳуми эҷодиёти илмӣ.
  9. Мақоми интуитсия (фаросат) дар маърифат.
  1. Мафҳуми маърифат. Субъект ва объекти маърифат.

Назарияи маърифат (Гносеология) ин бахши фалсафиест, ки дар он табиати маърифат ва имконоти он, муносибати дониш ба воқеият омӯхта шуда, дурустӣ ва ҳақонияти маърифат муайян карда мешавад.

Қисмати фалсафие, ки масъалаи маърифатро меомӯзад, гносеология ном дорад (калимаи юнонии gnosis-маърифат, logos-таълимот). Дар адабиёти ғарбӣ, махсусан дар давлатҳои англисзабон ин қисмат эпистемалогия (epistema-илм) ном дорад. Сарфи назар аз он ки мафҳуми «назарияи маърифат» соли 1854 аз ҷониби файласуфи шотландӣ Ҷ. Феррер ба фалсафа ворид карда шудааст, лекин таълимот дар бораи маърифат ҳануз аз даврони Гераклит, Афлотун ва Арасту омӯхта мешавад.

Гносеология табиати маърифатии фаъолияти инсон, шаклҳо ва методҳои гузариш аз донишҳои содда ба мураккабро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Раванди маърифат аз нуқтаи назари шакл ва қонунияти инкишоф ҳадафи ба даст овардани ҳақиқатро дорад. Оиди он таълимотҳои мухталиф ақоиди худро доранд. Материалистон инъикоси оламро дар шуури инсон ҷонибдорӣ мекунанд. Чунин инъикос ба ақидаи Демокрит -намудҳо (эйдосҳо), ба ақидаи файласуфони Замони Нав сигналҳои ҳиссӣ мебошанд.

Ленин В.И. онро аз ҳиссиёти субъект, ки образи субъективии олами объективиро медиҳад, вобаста медонад.

 Идеалистон мӯътақиди онанд, ки маърифат бо воқеияти айнӣ робита надорад. Ба ақидаи Лейбнитс маърифат ин таъсири идеяи худодод дар мафҳуми зодаи инсон мебошад. Дар  таълимоти Гегел маърифат худшиносии идеяи мутлақ мебошад.

Умуман, раванди маърифат бо чунин саволҳо рӯ ба рӯ мешавд: Олам маърифатшаванда ҳаст? Ин чӣ хел ба миён меояд? Сарҳади маърифат вуҷуд дорад ё не?…

Вобаста ба ин саволҳо файласуфон якчанд нуқотро пайравӣ мекунанд: гноститсизм, скептитсизм (шаккокия), агноститсизм (лоадрия) ва ғайраҳо. Гностикҳо маърифатпазирии оламро қабул доранд. Скептикҳо ба донисташавандагии олам шак доранд. Агностикҳо донисташавандагии оламро намепазиранд.

Маърифат субъект ва объекти худро дорад.

Субъекти маърифат – фард, коллектив, ҷамъият аст, ки дорои шууру қобилияти ба таври мақсаднок ва эҷодкорона дигаргунсозандаи объект аст.

Барои идеализм субъект инсон не, балки шуур чизи аввалин, мустақил аст, ки дар шакли рӯҳи мутлақи берун аз инсон, хиради ҷаҳонӣ (идеализми айнӣ) ё дар шакли шуури инсон (идеализми зеҳнӣ) баромад мекунад.

Аз мавқеи материализм бошад, субъект дорои шуур буда, маҳсули моддӣ, воқеияти айнӣ мебошад. Аз рӯи фаҳмиши марксистӣ маҳз субъект дар рафти барқароршавии фаъолияти меҳнатӣ ташаккул ёфта, олами атрофро бо мақсад тағйир додан ва дар заминаи он донистани худ ва фаъолияту шуураш пайдо шудааст. Аз ин рӯ, ба ақидаи марксистӣ мафҳуми субъект на моҳияти биологӣ, балки моҳияти иҷтимоиро ифода менамояд. Марксизм бар он ақидааст, ки фаъолияти истеҳсолӣ ва умуман фаъолияти умумӣ ва дар асоси он шуур аз ибтидо ҷамъиятӣ буд.

Спиркин А.Г. чунин навъҳои фаъолияти маърифатиро нишон додааст:

  1. Тамоми инсоният;
  2. Халқҳои алоҳида;
  3. Гуруҳи индивидҳо;
  4. Шахсият;
  5. Дар зери субъекти маърифат дар бисёр маврид як қисмати фаъолияти ақлонии бешахс фаҳмида мешавад.

Объекти маърифат- қисми олами айниест, ки ба доираи муносибатҳои маърифатӣ-амалӣ дохил карда шуда, аз ҷониби субъект омӯхта шуда, таъсир расонида шуда, дигаргун карда мешавад.

Аз нигоҳи материализм объект воқеиятест, ки новобаста ба субъект вуҷуд дорад ва агарчи объекти тадқиқоти субъект қарор гирад ҳам, хусусияти объектиашро гум намекунад.

Дар гносеология чунин таърифҳои объект вуҷуд дорад:

а) Объект чун ҳамагуна зуҳуротҳои табию ҷамъиятӣ новобаста ба он, ки онҳо предмети омӯзиш ва азхуднамоӣ қарор мегиранд, ё не, вуҷуд дорад.

б) Объект чун предмети фаъолияти амалӣ ва назариявӣ ба сифати унсури воқеият ба вазъияти маърифаткунӣ дохил шуда, аз рӯи вазифааш ҳамчун манбаи ахборот баромад мекунад.

в) Объект новобаста ба он, ки ба чӣ фикр равона шудааст, дар худи воқеият вуҷуд дорад.

Ҳамчун чизи воқеӣ инсон баробари тамоми олами воқеӣ ба сифати объекти тадқиқ низ баромад мекунад.

Субъекту объекти маърифат бо якдигар робитаи диалектикӣ доранд.

Ваҳдати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ.

Сарчашма ва воситаҳои маърифат пеш аз ҳама ҳиссиёт, хирад ва фаросат (интуитсия)-и инсон ба ҳисоб мераванд.

Дараҷаҳои маърифатро ба донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ ҷудо мекунанд.

Файласуфоне, ки ҳиссиётро манбаи ягонаи дониш меҳисобанд, дар фалсафа равияи сенсуализм (кал. фр., лот. sensualis- эҳсос, дарккунӣ) ё эҳсосгароёнро ташкил медиҳанд (Протогор, Эпикур, Арасту, Гассендӣ, Гоббс, Локк, Берклӣ, Ламетрӣ, Голбах ва дигарон). Ба ақидаи онҳо эҳсос шакли асосии дониши ҳақиқӣ буда, танҳо тавассути он ҳақиқатро дарк кардан мумкин аст.

Донишҳои ҳиссӣ 3 шакли асосӣ доранд:

  1. Эҳсос (ощущение)  
  2. Идрок (восприятие)  
  3. Тасаввур (представление)

Дониши ҳиссӣ зинаи аввали фаъолияти донишҳосилкунии инсон аст. Ҳодисаю предметҳои олами объективӣ ба узвҳои ҳисси инсон таъсир расонида, эҳсосро ба вуҷуд меоранд.

Инсон бо олами беруна тавассути панҷ узви ҳиссаш пайваст мебошад, ки ҳар яке нақши худро дорад. Узвҳои ҳис инҳоянд:

сомеа – шунавоӣ; босира – биноӣ; шомма – бӯй; зоиқа – мазза; ломиса – ламс кардан.

Ба воситаи узвҳои ҳис инсон предметҳои мушаххасро ҳис менамояд, хосиятҳои гуногуни онҳо, монандӣ ва тафовути онҳоро муайян мекунад. Масалан, бо чашм инсон ранг, шакл ва ҳаҷми предметҳоро дарк мекунад. Аз ҳама узви фаъоли инсон чашм мебошад, ки тахминан 78% маълумотҳои инсон дар бораи олам ба туфайли чашм ҳосил мегардад.

Шакли нахустини инъикоси ҳиссии олами моддӣ эҳсос мебошад, ки он сарчашмаи ҳамагуна дониши инсон дар бораи олами беруна аст. Эҳсоси мо дар бораи олам маълумотҳои конкретии бешумор медиҳад, ки бидуни ин гуна маълумотҳо раванди ояндаи маърифат имконнопазир аст.

Характери эҳсос на фақат бо таъсири предметҳои олами атроф муайян карда мешавад, балки то андозае ба сифати шахсӣ ва инкишофи  узвҳои ҳиссии инсон вобаста мебошад.

Эҳсос ин инъикоси хосияту сифатҳои ҷудогонаи предмети олами объективиест, ки ба узвҳои ҳис бевосита таъсир расонида, амали оддитарину аз ҷиҳати психологӣ вайроннашавандаи маърифатист.

Эҳсос образи идеалии субъективии предмет буда, танҳо ба воситаи шуури инсон таъсир менамояд.

Агар эҳсос ба мо образҳою хосиятҳои алоҳида ва аломатҳои чизҳоро диҳад, идрок образи мукаммали предметро медиҳад, зеро идрок эҳсосҳои гуногунро ҷамъ оварда, аз нав кор карда, ҷамъбаст мекунад. Идрок предметҳои муайяни алоҳида ва аломатҳои онҳоро инъикос мекунад, чунки образи дар равандҳои идрок ҳосилшуда ҳамеша ба предмети муайян таалуқ доранд.

Идрок – ин инъикоси нусхаи томи ба узвҳои ҳис бевосита таъсиркунандаи ашёҳо ва хусусиятҳои онҳо мебошад.

Шакли мураккаби дониши ҳиссӣ тасаввурот мебошад, чунки он аз эҳсос ва идрок пайдо мешавад. Аммо тасаввурот монанди идрокҳои ҳиссӣ бевосита ба предметҳо вобаста нест. Тасаввурот дар асоси идроки пешинаи предметҳо, ки образи онҳо дар хотири инсон нақш бастааст, пайдо мешавад.

Тасаввур нақши ҳиссии он предмету зуҳуротест, ки мо пештар онҳоро дарк намуда будему, алҳол бевосита онҳоро дарк наменамоем.

Умуман, эҳсос, идрок ва тасаввур шаклҳои дониши ҳиссӣ буда, предметҳои мушаххас ва хосияту аломатҳои гуногуни онҳоро инъикос мекунанд.

Файласуфоне, ки хирадро асоси донишу рафтори одамон медонанд дар фалсафа чун равияи ратсионализм (кал. фр., лот. ratsionalis – хирад, ақл) ё худ ақлгароён маълум мебошанд. Намояндагони барҷастаи ратсионализм ( Декарт, Спиноза, Малбранш, Лейбнитс ва дигарон) бар хилофи сенсуализм тасдиқ менамоянд, ки донишҳои илмӣ хусусияти мантиқӣ дошта, танҳо бо роҳи хирад ба даст меоянд.

Донишҳои ақлӣ 3 шакли асосӣ доранд:

  1. Мафҳум (понятие)
  2. Ҳукм (суждение)
  3. Хулосабарорӣ (умозаключение)

Шакли тафаккуре, ки тавассути он маҷмӯи хусусиятҳо, тарафҳо ва аломатҳои муҳими предметҳо инъикос меёбанд, мафҳум номида мешавад.

Мафҳум хосияту аломатҳои предметҳоро инъикос намуда, аз хосият ва ҷиҳатҳои дуюмдараҷа дур меравад. Мафҳумҳо аз рӯи мазмун объективӣ буда, аз рӯи шакли мантиқиашон универсалӣ мебошанд, зеро онҳо на ба фард, балки ба кулл мансубанд. Масалан, мафҳумҳои «инсон», «ҷамъият»  ва ғайраҳо. Гузашта аз ин мафҳумҳо на фақат унсури куллиро инъикос менамоянд, балки шайъу хосиятҳо ва муносибатҳоро вобаста ба тафовути воқеияшон таҷзия карда, ба гуруҳҳо ҷудо мекунанду тасниф мекунанд. Масалан, мафҳуми «одам» ҳам унсури муҳими куллӣ ва ҳам тафовути ҳар одамро аз ҳамаи дигарон инъикос менамояд.

Пайдоиши мафҳумҳои илмӣ раванди мураккаб мебошад. Мафҳум натиҷаи тадқиқоти амиқ ва ҳаматарафаи предметҳои воқеӣ аст. Барои ба вуҷуд овардани мафҳум инсон муқоиса, анализ, синтез, ҷамъбаст ва абстраксиякунӣ барин усулҳои мантиқиро ба кор мебарад.

Инсон барои ба вуҷуд овардани ин ё он мафҳум маълумотҳои донишҳои ҳиссиро муқоиса мекунад, то ин ки чизҳои муҳимро аз номуҳим, ҳодисаҳои заруриро аз тасодуфӣ фарқ кунад.

Фикр кардан ин дар бораи чизе мулоҳиза рондан, робитаю муносибатҳои муайяни байни ҷиҳатҳои мухталифи предметҳо ё байни предметҳоро муайян кардан аст. Аз ин рӯ мафҳум фақат дар ҳукм маънои мантиқӣ пайдо мекунад.

Ҳукм ё муҳокима чунин шакли тафаккурест, ки робита, муносибат, ҳолат ё хусусияти ашё ва ҳодисаҳои оламро дар шакли тасдиқӣ ё инкорӣ ифода мекунад.

Ҳукм чунин шакли фикр аст, ки дар он ба воситаи робитаи мафҳумҳо чизе исбот ё инкор карда мешавад.

(Суждение – форма мысли, в которой посредством связи понятий что-либо утверждается или отрицается.)

Мисол, ибораи «сафедор растанӣ аст», муҳокимаест, ки дар он дар бораи сафедор фикре баён мешавад, ки он растанӣ аст. Муҳокима чун ҳалли масъалаи муайяни маърифатӣ амали фикрист, вале чун тарзи ҳалли ин масъала он амали мантиқист. Амали мантиқӣ тарзи муқаррар кардани чунин робитаю муносибатҳои зарурии байни фикрҳост, ки ҳаракати маърифатии тафаккурро аз надонистан ба дониш таъмин менамояд. Тафаккур бе муҳокима имкон надорад ва муҳокима бидуни мафҳум намешавад.

Одам ин ё он муҳокимаро бо роҳи мушоҳидаи бевоситаи ягон факт ё бо роҳи бавосита – бо ёрии хулоса ҳосил карданаш мумкин аст.

Хулосабарорӣ ҳукмест, ки дар рафти он аз як ё чандин ҳукм, ки қазия ном дорад, ҳукми нав бароварда мешавад, ки аз қазия мантиқан бевосита ҳосил мешавад.

Хулосабарорӣ ҷараёни муқоиса намудани ҳукмҳои пештара буда, дар натиҷаи он дониши нав бароварда мешавад ва бо ҳамин пайдо шудани назарияи нав ё радди назарияи пешин ба вуҷуд меояд.

(Умозаключение – рассуждение, в ходе которого из одного или нескольких суждений выводится новое суждение, логически следующее из первых. )

Сенсуализм чунин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ мекунад:

  1. Дар ақл ягон ягон чизе вуҷуд надорад, ки пештар дар ҳиссиёт вуҷуд надошта бошад. Ақл бевосита ба олами беруна пайваст нест. Бе таҷрибаи ҳиссӣ ақл фаъол нест.
  2. Бе узвҳои ҳиссӣ инсон умуман қобилияти маърифатиро соҳиб шуда наметавонанд.
  3. Нақши хирад танҳо аз коркарди маводҳои ҳиссӣ вобаста аст, яъне хирад дуюмдараҷа ва номустақил мебошад.
  4. Фаъолияти предметии инсон танҳо ба воситаи органҳои ҳис идора карда мешавад ва ғайра …

Ратсионализм чунин ақоидро пайрав аст:

  1. Танҳо хирад метавонад маълумотҳои бадастовардаи узвҳои ҳисро ҷамъбаст кунад ва дар онҳо аломатҳои муҳим ва ғайримуҳим, қонунӣ ва тасодуфиро ҷудо кунад.
  2. Донишҳои ҳиссӣ на ҳама вақт ба инсон маърифати дақиқро медиҳанд. Ин амал бо воситаи ақл дастрас мешавад.
  3. Меъёри ҳақонияти дониш ба воситаи хулосабарориҳои мантиқии хирад ба даст меоянд ва ғайраҳо …

Камбудии ҷиддии чӣ ратсионалистҳо ва чӣ сенсуалистҳо дар он аст, ки онҳо ақлро аз эҳсосу эҳсосро аз ақл ҷудо карда, робитаи ногусастании ҳиссу ақлро ба эътибор нагирифтаанд. Ин масъаларо ба таври васеъ таълимоти марксизм кор кардааст. Марксизм ягонагии онҳоро дар фаъолияти амалию предметии инсон нишон додааст.

3. Масъалаи ҳақиқат дар фалсафа.

Масъалаи ҳақиқат яке аз масъалаҳои асосии фалсафа ва маърифат ба ҳисоб меравад.

Дониш бояд бо қонунҳои воқеияти айнӣ мувофиқат кунад, яъне ҳақиқат бошад. Агар илм дар бораи табиат ва ҳаёти ҷамъиятӣ дониши ҳақиқӣ намедод, вай ҳеҷ гуна аҳамияти илмӣ паёдо намекард. Ҳақиқат мақсади маърифат буда, предмет ва категорияи муҳими гносеология мебошад.

Арасту зери мафҳуми ҳақиқат мувофиқати фикрро бо объект мефаҳмид. Ҳақиқат ин усули мантиқиест, ки дар шакли фикр баён шуда, ин ё он робитаро ё тасдиқ ё инкор мекунад. Ҳақиқатро объект муайян мекунад на созиш.

Физики австриягӣ Эрнст Мах ҳақиқатро чун имконпазирии робитаҳои оддӣ ва босарфи байни ҳиссиётҳо мефаҳмид. Олами беруна ба назар гирифта намешуд. Илм ба воқеияти айнӣ мувофиқат накарда, мувофиқи принсипҳои оддӣ ва босарфи тафаккур ба даст меояд.

 Ҳақиқат дар фалсафаи идеалистӣ ё ҳамчун идеяи мутлақ, ки берун аз шуури инсон дар «олами идеяҳо» вуҷуд дорад ва ё ҳамчун шакли махсуси ҳолати психикии одамон маънидод карда мешавад. Як зумра файласуфони идеалист ҳақиқатро ҳамчун созиши байни одамон маънидод мекунанд.

Материализми диалектикӣ ба ин ақидаҳо зид мебошад. Мувофиқи назарияи марксистӣ ҳақиқат инъикоси дурусти олами объективӣ дар шуури инсон аст.

Он донишҳое, ки олами моддиро дуруст инъикос намуда, ба он мувофиқат мекунанд, ҳақиқат номида мешавад.

Умуман, мувофиқати дониши мо бо воқеияти айнӣ ҳақиқат аст.

Дониш инъикоси воқеияти айнӣ дар шуури инсон аст. Ин инъикос на ҳамеша дуруст аст. Инъикоси нодуруст ва хаёлӣ ҳам вуҷуд дорад. Дар натиҷаи инъикоси нодурусти олами моддӣ дар шуури одамон ақидаҳои бардурӯғ, иллюзия ва фантазияи хушку холӣ пайдо мешавад. Дар раванди дониш ҳақиқат фақат дар шакли холис дарёфт намешавад. Ҳақиқат бо иштибоҳ омехта аст, лек ҳақиқат аз байни иштибоҳ ба худ роҳ меёбад. Дониш аз иштибоҳ ба сӯи ҳақиқат ҳаракат кардан аст. Иштибоҳ яку якбора не, балки дар раванди мураккаби дониш тадриҷан бартараф мешавад.

Мазмуни ҳақиқат аз инсону инсоният вобаста набуда, вайро воқеияти айнӣ муайян мекунад.

Ҳақиқати объективӣ гуфта чунин мазмуни тасаввурот ва мафҳумҳои инсониро меноманд, ки он ба инсону инсоният вобаста нест.

Ба гуфтаи Ленин «ҳақиқати объективӣ» ин чунин мазмуни тасаввуроти инсоният аст, ки ба субъект, инсон ва инсоният вобаста нест». Ҳақиқати объективиро Ленин бо чунин ҳолатҳо вобаста медонад:

  1. Сарчашмаи дониш-воқеияти айнӣ;
  2. Сифати субъект худ ба худ ҳаққонияти муҳокимаи тасдиқшударо муайян намекунад;
  3. Саволҳои ҳақиқат бо аксарияти арифметикӣ ҳал намешаванд. Ҳақиқат субъективӣ буда, барандаи он инсон мебошад;
  4. Категорияҳои барои ифодаи ҳақиқат аз ҷои хушку холӣ пайдо нашуда, натиҷаи таҳавулоти дурударози илм ва сотсиум мебошанд;
  5. Ҳақиқат ин раванд мебошад;
  6. Ҳақиқат ҳама вақт хислати мушаххас дорад.

Дониши илмӣ, қонунҳои илм, ки қонунияти объективии табиат ва ҷамъиятро дуруст инъикос мекунанд, донишҳои ҳақиқӣ мебошанд.

Ҳақиқатҳои илмӣ дар раванди маърифат якбора зоҳир нашуда, тадриҷан дар раванди тадқиқот ва аз тарафи насҳои одамон ҷамъ оварда шудани донишҳо муайян мегарданд. Ҳақиқат раванди таърихӣ-ҷамъиятӣ аст. Ҳақиқат ду хел мешавад:

  1. Ҳақиқати мутлақ
  2. Ҳақиқати нисбӣ

Ҳақиқатҳои нисбӣ чунин фикрҳои илмӣ, назарияҳое мебошанд, ки олами моддиро инъикос намекунанд, вале онро дуруст ва объективона инъикос мекунад. Аз донишҳои нопурра, номукаммал ҳақиқати пурраи саҳеҳ-ҳақиқати мутлақ пайдо мешавад.

Ҳақиқатҳои нисбӣ мазмуни ҳақиқии объективӣ доранд, ки дар раванди маърифатҳамеша ҳастанд ва асоси инкишофи ояндаи дониш мегарданд. Дониши илмӣ, аз ҷумла дониши саҳеҳтарину дақиқ ҳам нисбист. Нисбияти дониш аз номукаммалӣ ва характери эҳтимолии он иборат аст. Аз ин рӯ ҳақиқат нисбист, зеро он объектро пурраю яклухт ва мукаммал инъикос намекунаду ба андозаю шароит ва нисбати муайяне инъикос менамояд, ки он доимо тағйир ва инкишоф меёбад. Ҳақиқати нисбӣ дониши маҳдуди дурустест дар бораи чизе.

Ҳақиқати мутлақ чунин мундариҷаи дониш аст, ки онро инкишофи минбаъдаи илм рад накарда, балки ғанӣ мегардонад ва дар ҳаёт доимо собит мешавад.

Хусусияти аосии ҳақиқат ин объективият, яъне новобаста аз субъекти маърифат вуҷуд доштани он мебошад. Дигар хусусияти ҳақиқат субъективият, яъне вобаста будан аз субъекти маърифатшаванда мебошад. Ҳақиқат, инчунин хусусиятҳои нисбӣ, мутлақ ва мушаххасро соҳиб аст.

Ҳақиқати мутлақ ва нисбӣ лаҳзаҳои гуногуни ҳақиқати объективӣ мебошанд.

  • Маърифати илмӣ ва хусусиятҳои хоси он.

Илм ҳамчун шакли ба худ хоси маърифат – навъи истеҳсолоти маънавии махсус ва институти иҷтимоӣ дар Урупо, дар Замон Нав, дар асрҳои  XVI-XVII, дар давраи ташаккули тарзи истеҳсолоти сармоядорӣ ва тақсимоти илмҳои ягонаи пештара ба фалсафа ва илм пайдо шуд. Илм (дар ибтидо даршакли табиатшиносӣ) нисбатан мустақил рушд кардан мегирад. Лекин илм ҳама вақт бо амалия алоқаманд буда, аз он барои рушди худ такон (импульс) мегирад ва дар навбати худ ба равиши фаъолияти амалӣ таъсир расонида, онро предметӣ, моддӣ мекунонанд.

Илм – ин навъи маънавии фаъолияти одамон аст, ки ба истеҳсоли дониш оиди табиат, ҷамъият ва худи маърифат нигаронида шуда, бевосита мақсади ба даст овардани ҳақиқат ва кашфи қонунҳои объективӣ дар асоси мутаҳидкунии далелҳои воқеӣ бо робитаи тарафайни онҳоро дорад, ки барои муайян кардани тамоюли рушди воқеият ва тағйири он мусоидат мекунанд.

  • Зинаҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифати илмӣ.

Маърифати илмӣ аз ду зинаи ба ҳам алоқаманд, вале тафовутдошта иборат аст:

  1. Зинаи таҷрибавии маърифати илмӣ.
  2. Зинаи назариявии маърифати илмӣ.

Дар сатҳи таҷрибавӣ мушоҳидаи зинда (маърифати ҳиссӣ) бартарӣ дорад. Шаклҳои зеҳнӣ бошад (мафҳумҳо,муҳокимаҳо ва ғ.), нуфузи тобеъшаванда доранд. Объекти тадқиқшаванда бештар аз ҷиҳати муносибатҳо ва зуҳуроти берунаашон инъикос карда мешаванд. Мазмуни маърифати таҷрибавӣ ин ҷамъоварии далелҳо, ҷамъбастии ибтидоии онҳо, тавсифи маълумотҳои мушоҳидавӣ ва озмоиши низомигардонии онҳо, таснифот ва дигар шаклҳои фаъолият ба қайдгирии далелҳо мебошад. Тадқиқоти таҷрибавӣ объектро тавассути чунин усулу воситаҳо ба монанди: тафсир, қиёс, андозагирӣ, мушоҳида, таҷрибагузаронӣ, таҳлил, индуксия аз худ менамояд.

Методҳои маърифати илмӣ.

Фаъолияти одамон дар ҳамаи шаклҳо (илмӣ, амалӣ ва ғ.) бо як қатор омилҳо муайян карда мешаванд. Натиҷаи поёнии он на аз он, ки таъсир мерасонад (субъект) ё ба чӣ равона шудааст (объект) вобаста буда, барои иҷроиши раванди мазкур кадом тарзҳо, воситаҳо, усулҳо истифода мешаванд, вобаста мебошад. Инро методҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Метод (аз калимаи юнонӣ-усули маърифат) дар маънои васеи калима маънои «роҳ ба ягон чиз», тарзи фаъолияти субъект дар ягон шаклро ифода мекунад.

Мафҳуми методология дар ду маънӣ фаҳмида мешавад:

  1. низоми тарз ва воситаҳои муайяни дар ин ё он соҳаи фаъолият (дар илм, сиёсат, санъат ва ғ.) истифода мешуда;
  2. таълимот дар бораи ин низм, назария умумии метод, назария дар фаъолитбуда.

Таърих ва вазъияти муосири маърифат ва амалия нишон медиҳанд, ки на ҳамаи методҳо, низоми принсипҳо ва дигар воситаҳои фаъолият ҳалли мушкилотҳои назариявӣ ва амалиро таъмин мекунанд. На танҳо натиҷаи тадқиқот, инчунин роҳи ба он меоварда низ бояд ҳақонӣ бошад.

Вазифаи асосии метод ташкилии дохилӣ ва назораткунии раванди маърифат ё азнавсозии амалии ин ва ё он объект мебошад. Аз ин рӯ, метод маҷмӯи қоидаҳои муайян, воситаҳо, усулҳо, меъёрҳои маърифат ва фаъолият мебошад. Метод низоми муқаррарот, талаботҳоест, ки дар ҳалли масъалаҳои мушаххас ба инобат гирифта , натиҷаи дилхоҳро дар ин ва ё он соҳаи муайяни фаъолият соҳиб мешаванд.

Метоҳои маърифати илмиро ба ду қисм тақсим мекунанд:

  1. Методҳои тафаккури илмӣ (умумимантиқӣ);
  2. Методҳои умумии илмӣ.

Ба методҳои тафаккури илмӣ таҳлил, таркиб, абстраксиякунӣ, идеализатсия, индуксия, дедуксия, аналогия дохил мешаванд.

Таҳлил (анализ) чунин амали тафаккур аст, ки ба воситаи он предмет ва ҳодисаи тадқиқшаванда фикран ба қисматҳои таркибӣ, тамоилот тақсим карда шуда, дар навбати худ ҳар яки онҳо ба таври алоҳида, нисбатан мустақил омӯхта мешаванд.

Таркиб (синтез) амалест доир ба тафаккур, к ибо ёрии он предмет, ҳодисаҳои ба воситаи таҳлил ба қисматҳои таркиби фикран ҷудо карда шуда бо мақсади муайян кардани робитаву муносибатҳои зарурӣ ва хусусиятҳои муҳимашон фикран дар муттаҳидӣ омӯхта мешаванд.

Абстраксиякунӣ аз калимаи лотинии abstract гирифта шуда, маънояш ҷудо кардан мебошад.

Абстраксиякунӣ яке аз усулҳои асосии тафаккури илмӣ мебошад, ки ба воситаи он хусусият, муносибат ва робитаҳои муҳим ва зарурии предмети тадқиқшаванда фикран ҷудо карда шуда, нишона ва хусусиятҳои ғайримуҳим аз назар дурр карда мешаванд.

Идеализатсия амали муҳими дониш аст, ки дар натиҷаи тасаввур кардани ҳудуди муайян мо фикран ба предметҳо ин ё он хусусияти дар воқеият набударо нисбат медиҳем.

Индуксия шакли хулосабарориест, ки дар вай аз далелҳо, донишҳои ҷузъӣ хулосаи умумӣ бароварда мешавад.

Дедуксия аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш дониши хулосавӣ мебошад.

Дар хулосабарориҳои дедуктивӣ ҷараёни тафаккур аз донишҳои умумӣ, кулл ба донишҳои ҷузъӣ мегузарад.

Ба воситаи методи дедуксия дар асоси қоидаҳои махсуси мантиқӣ донишҳои зарурии хулосавӣ бароварда мешавад. Фарқияти дедуксия аз индуксия он аст, ки асоси муқадиммаҳои шаклан дуруст хулосаи ҳақ бароварда мешавад. Аз  ин рӯ, дедуксияро хулосабарории зарурӣ қонунӣ низ меноманд.

Ба воситаи индуксия сабабият ва қонунҳои умумии ҳодисот ошкор карда мешавад. Дедуксия имкон медиҳад, ки аз фарзия, донишҳои куллӣ натиҷаи эмпирикӣ бароварда, бо ин ба таври таҷрибавӣ донишҳои умуминазариявӣ асоснок ё рад карда мешаванд.

Маънии мафҳуми аналогия ё қиёс муқоисаи монандии байни предмет, ҳодисаҳо мебошад.

Аналогия (қиёс) шакли хулосабарории индуктивӣ аст, ки дар асоси монандии ду ҳодиса аз рӯи ин ва ё он хусусият ва муносибат доир ба монандии онҳо ва аз рӯи дигар хусусиятҳо хулоса бароварда мешавад.

Ба методҳои умумиилмӣ мушоҳида, тасвир ва таҷриба дохил мешаванд. Методи аввалин ва оддитарини зинаи эмпирики дониш мушоҳида ба шумор меравад.

Мушоҳида дарки фаъол ва бомақсади ҳодисоти олами воқеиест, ки дар натиҷаи он мо доир ба хусусият, муносибат ва нишонаҳои зоҳирии ашё ва падидаҳои олам тасаввур пайдо мекунем.

Аз донишҳои оддии ҳиссӣ мушоҳида бо он фарқ мекунад, ки вай ҳамеша аз рӯи мақсад ҷараён мегирад. Мушоҳида бо идея ва фарзия пешакӣ вобаста аст.

Тасвир усули маърифат аст, ки дар натиҷаи мушоҳида ба воситаи аломатҳои муайян ифода меёбад.

Натиҷа ва нишондодҳои мушоҳидавӣ бо аломатҳои забони табиӣ-гуфтугӯӣ ва сунъӣ-илмӣ ифода карда мешаванд. Маълумотҳои ҳиссӣ-мушоҳидавӣ бо ёрии мафҳум, аломат, нақша, рақам, ҷадвал ва монанди инҳо сабт меёбад.

Таҷриба унсурҳои мушоҳидаро ба худ мегирад, лекин дар таҳқиқи ҳодисаҳо нисбат ба мушоҳида фаъолтар мебошад.

Таҷриба чунин усули маърифат аст, ки дар он ашё, ҳодисаи тадқиқшаванда аз ҷиҳати шароит ба таври сунъӣ дигаргун сохта шуда, омӯхта мешавад.

Мафҳуми эҷодиёти илмӣ.

Эҷодият яке аз масъалаҳои диққатҷалкунандаи асри XX – XXI ба ҳисоб меравад. Дар давраҳои пештара эҷодиётро ба мисли имрӯза мавриди омӯзиш қарор надодаанд, чун инсоният дар бисёр ҷараёнҳои ҳаёти худ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда, зарурати идеяҳои нав ва одамони маҳсули илмии нав медода, пайдо шудааст.  

Дар асоси қобилияти маърифатии инсон ва амалияи ӯ фаъолияти эҷодии фард ба низом даромада, моҳияти эҷодии он ташаккул меёбад.

Қисматҳои эҷодӣ дар инсон ҳам дар таркиби тасаввуротҳои ҳиссӣ, ҳам дар низоми намудҳои мафҳумӣ дар маърифати таҷрибавию назариявӣ ва тафаккури зинда вуҷуд доранд, ки маҳсули тафаккури абстрактӣ буда, ояндаро инъикос мекунанд.

Эҷодиёт ва инъикос падидаҳои гуногун буда, дар навбати худ ба ҳамдигар робита доранд.

Эҷодиёт ҳамчун фаъолияти инсон олами табиӣ ва иҷтимоиро вобаста ба мақсад ва талаботи инсону инсоният дар асоси қонунҳои айнии воқеият ба вуҷуд меорад.

Дар бисёр мавридҳо зери мафҳуми эҷодиёт дастовардҳои наверо дар назар доранд, ки арзиши мусбати ҷамъиятӣ дошта, барои рушди инсоният мусоидат мекунад. Дар воқеият бошад бисёр дастовардҳои эҷодии одамон як давраи тулонӣ арзиши ҷамъиятиро соҳиб шуда натавонистанд.

Эҷодиёт – ин раванди фаъолияти инсонӣ буда, арзишҳои сифатан нави моддию маънавиро ба миён меорад.

Эҷодиётро бисёр илмҳо, ба монанди фалсафа, психология, кибернетика, педагогика ва ғайра меомӯзанд. Дар солҳои охир кӯшиши ба миён овардани илми нав бо номи «эвристика»-ро доранд, ки фаъолияти эҷодии инсонро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Фалсафа тарафи ҷаҳонбинии фаъолияти эҷодии инсонро меомӯзад, ки хислати маърифатӣ ва умумиметодологӣ доранд. Ба таркиби он эҷодиёт ва моҳияти инсон, инъикос ва эҷодиёт, бегонашавӣ ва қобилияти эҷодӣ, раванди эҷодии хоси маърифатӣ, эҷодиёт ва амалия ва ғайра дохил мешаванд.

Дар таҳлили масъалаи эҷодиёт фалсафа ба дастовардҳои дигар илмҳо такя мекунад.

Шаклҳои асосии эҷодиёт инҳоянд: истеҳсолӣ-техникӣ, илмӣ, сиёсӣ, ташкилотӣ, фалсафӣ, бадеӣ, мифологӣ, динӣ, ҳаррӯза-маишӣ, ихтироотӣ ва ғайра.

Идеалиёт ҳамчун қисмати таркибии раванди эҷодиёт дар натиҷаи таъсири мушкилотҳо ва қонеъ гардонидани талаботҳоисубъект ба вуҷуд меояд.

Эҷодиёти техникӣ чунин қисматҳоро дорост: кушодани зиддиятҳои техникӣ, ба низом даровардани мушкилотҳои техникӣ, коркарди ақидаҳои техникӣ, ба вуҷуд овардани моделҳои техникӣ, коркард ва таъсири объектҳои техники қобили ко рва рушди ояндаи он ва ғайра.

Макиннон Д. панҷ давраи эҷодиёти илмиро қайд мекунад:

  1. Андухтани дониш, истеъдод ва таҷриба барои тавсифи дурусти масъалаҳо.
  2. Давраи «кӯшиши ҳамаҷиҳата», ки дар баъзе мавридҳо масъала ҳал мешаваду дар баъзе мавридҳо ҳал намешавад.
  3. Дур шудан аз мушкилот ва гузаштан ба дигар машғулиятҳо.
  4.  
  5. Верификатсия

               АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

  1. Алексеев П.В., Панин А.В. Философия. М., 2007
  2. Введение в философию. Учебник для вузов. В 2 ч. Ч.2 / Под ред. Фролов И.Т. М., 1989
  3. Комилов Р.С., Назаров М.А. Фалсафаи илм.-Душанбе, 2008
  4. Философия. Под общ. ред. В.Л. Калашников. М., 1999
  5. Философия. Под ред. В.П. Кахановский. Ростов н/Д., 2003
  6. Философия. Под ред. В.Н. Лавриненко, В.П. Ратников. М., 2005

test

Добавить комментарий