Муаммои инсон дар фалсафа

  1. Табиат, моҳият ва таиноти инсон.
  2. Ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инсон.
  3. Инсон ва инсоният. Таносуби ҳаёт ва марг.
  1. Табиат, моҳият ва таиноти инсон.

Ба ақидаи академик Т.И. Ойзерман «… то он даме, ки инсоният вуҷуд дорад, масъалаи инсон замонавӣ ва доғи рӯз аст». Мувофиқи илми табиатшиносӣ ва антропологияи муосир инсон намояндаи типи хордадорон, зертипи муҳрадорон, синфи ширхорон, зерсинфи ҳамроҳдор, отряди приматҳо, оилаи одамон, авлоди одамӣ, намуди махсуси бохирад ва ботафаккур мебошад.

Инсон аз дигар намудҳои биологӣ бо чунин хусусиятҳои худ тафовут дорад:

  1. Инсон қодир аст барои бошуурона таъсир расонидан ва дигаргун сохтани табиат олотҳои меҳнат офарад ва онҳоро ба органҳои худ бипайвандад, неъматҳои моддӣ истеҳсол карда, талаботи худро қонеъ кунад;
  2. Инсон нисбат ба намудҳои дигари биологӣ бо қади мавзун роҳ меравад ва тамоми органҳои дохилии он мувофиқ бо сабзишу ба ду по рост роҳ гаштани он аст;
  3. Инсон мавҷудотест, ки дастони озоди қобили меҳнат дорад;
  4. Инсон мавҷудотест, ки дорои нутқи саҳеҳу буррои шифоҳӣ мебошад;
  5. Инсон майнаи инкишофёфта дорад ва бо ёрии шуур тамоми фаъолияти хешро назорат ва танзим менамояд ва ғайраҳо.

Инсон-низоми бутуни мураккабест, ки дар навбати худ маҳсули низомҳои мураккабтар-биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инсон мавҷудоти ҳам биологӣ ва ҳам иҷтимоист ва аз ин рӯ, инсон аз рӯи мавҷудияти худ ҳам ба табиат ва ҳам ба ҷамъият таалуқ дорад.

Омӯзиши васеи масъалаи антропогенез дар асри XIX шурӯъ шуд ва дастоварди асосии он назарияи эволютсионӣ (таҳаввулот) ба шумор мерафт. Фарзияи пурраи таҳаввулотии олами зиндаро табиатшиноси фаронсагӣ Ж.Б. Ламарк кор кард. Мувофиқи ин фарзия навъҳои ҳайвонот ва растаниҳо доимо тағйир ёфта, дар натиҷаи таъсири муҳити беруна ва ким-кадом кушиши дохилии тамоми организмҳо ба такомул мураккаб мешаванд. Ламарк принсипи таҳаввулотро қонуни умумитарини табиати зинда номид, лекин сабабҳои асосии онро кушода натавонист.

Соли 1859 Ч. Дарвин дар асари «Пайдоиш навъҳо бо роҳи интихоби табиӣ» дар асоси хулосаи натиҷаҳои муқоисаҳои худ ва дастовардҳои биология, инчунин таҷрибаҳои селексионӣ омилҳои асосӣ ва сабабҳои таҳаввулоти олами органикиро кушод. Соли 1871 дар асари «Пайдоиши инсон ва интихоби табиӣ» Дарвин гипотезаи пайдоиши инсонро аз аҷдодони маймунмонанд пешниҳод кард. Дарвин детерминизми ростхаттаи Ламаркро рад карда, нишон дод, ки таҳаввулот дар олами органикӣ дар натиҷаи се омили асосӣ: тағйирёбӣ, меросият ва интихоби табиӣ ба миён меояд. Тағйирёбӣ асоси ташаккули аломатҳои нав дар бунёд ва вазифаҳои организмро ташкил медиҳад. Меросият онҳоро устувор мекунад. Дар зери таъсири интихоби табиӣ дар раванди мубориза барои мавҷудият он организмҳое, ки ба шароити ҳаёт мувофиқ шуда наметавонанд аз байн бурда мешаванд. Мувофиқи ин раванди ягона организмҳо дар натиҷаи таҳаввулот аломатҳои нави мувофиқшавандаро аз худ мекунанд, ки ба пайдоиши намудҳои нав бурда мерасонад. Назарияи Дарвин рушди сабабии намудҳоро маънидод карда, ба фарзияи илмии таҳаввулот асос гузошт. Муайян шуд, ки ҳолати ҳақиқии намудҳои биологӣ, аз он ҷумла инсон, аз гузаштаи онҳо ва ояндаашон аз имрӯза вобастагӣ дорад. Дарвин нишон дод, ки дар пайдоиши инсон ягон чизи фавқултабиӣ нест.

Аз дигар тараф, назарияи табиӣ пайдоиши инсонро кор карда, барои рушди он таъсири омили иҷтимоиро ба назар нагирифтааст. Гузашта аз ин дар назарияи Дарвин тафовути сифатии мағзи сари инсон аз ҳайвон нишон дода нашудааст. Аз ин рӯ, ба нақши меҳнат дар раванди антропогенез диққат дода нашудааст.

Ба меҳнат дар назарияи меҳнати антропогенез диққат дода шудааст. Мувофиқи ақоиди намояндагони ин назария меҳнат таъсири қонунҳои биологиро рад накарда, характери фаъоляти интихоби табииро тағйир медиҳад. Дар раванди ташаккул меҳнат дар қобилияти дигаргун кардани табиатро мувофиқи андозаҳои худ инкишоф дода, ба рушди худи инсон мусоидат мекунад. Пайравони ин назария инкишофи даст, нутқ, мағзи сар, тафаккур, муоширати одамон, муттаҳидшавии одамон дар коллективҳои иҷтимоиро аз фаъолияти меҳнатӣ вобаста медонанд. Пайдоиши меҳнат ва рушди он ба раванди антропогенез таъсири амиқ расонидааст.

Назарияи Дарвин аз ҷониби назарияи таҳаввулотии мутатсионӣ ва синтетикии олими ҳоландӣ Хуго де Фриз (асри XX) мавриди танқид қарор гирифт. Мувофиқи он намудҳои нав ҷаҳишмонанд дар натиҷаи мутатсияҳои алоҳидаи бузург дар таҷҳизоти меросии генӣ ба миён меояд. Ин падида бо интихоби табиии Дарвин навишта ягон робита надорад.

Танқиди дарвинизм то охири солҳои 20-уми қарни XX давом кард, ки дар ин айём назарияи дарвинизм бо дастовардҳои навини генетика омезиш ёфта, унвони назарияи таҳаввулоти синтетикиро касб кард. Нақши бузургро дар ин генетикаи популятсионӣ (С.С. Четвериков, Н.В. Тимофеев-Ресовский) бозид, ки он равандҳои оддитарини таҳаввулотиро дар организмҳои алоҳида нею дар популятсияи ҳайвонот ва растаниҳо меомӯзад.

Барои ҳалли масъала назарияи таҳаввулоти антропогенези Теяр де Шарден низ қиммати гарон дорад, ки дар асари «Хориқаи инсон» («Феномен человека») баён шудааст. Ба ақидаи ӯ гузариш ба падидаи инсонро қувваҳои дохилии худи организми homo sapiens-и оянда муайян кард. Ба даст овардани синантроп (Т. де Шарден онро ёфтааст) бисёр норасогиҳои назарияи антропогенез ба монанди- бо кадом роҳ рушди инсон то инсони боақл сурат гирифт, калоншавӣ ва мураккабшавии мағзи сар, ростшавии пешонӣ, бадастории оташ ва олоти меҳнат ҳаллу фасл шуданд. Ба ақидаи Тейяр пайдоиши homo sapiens ҷаҳише буд дар антропогенез. Ӯ зинаҳои антропогенезро чунин нишон медиҳад: австролопитек – питекантроп – синантроп – homo sapiens.

Пайдоиши инсон аз нуқтаи назари илми табиатшиносии муосир чунин сурат мегирад. Қадимтарин аҷдоди инсон ва маймуни олӣ – рамапитек  дар ҳудуди Ҳиндустон то Африқо тахминан 14 млн. сол пештар зиндагӣ мекард. 10 млн. сол пеш аз вай авлоди орангутанга – сивапитек ҷудо шуд, ки дар Осиё монд. Аҷдоди умумии горилла, шимпанзе ва инсон мумкин дар Африқо маскун гирифт, чун қадимтарин олоти меҳнат (2,5 млн. сол пеш) ва боқимондаи ҳаёт (1,75 млн. сол пеш) ёфт шудааст. Дар Африқо боқимондаҳои инсони ҳунарманд – зинҷантроп ёфт шуд, ки таърихи 2 млн. сола дошт. Баъд аз инсони ҳунарманд робита бо мавҷудоти инсонмонанд – австралопитек дида мешавад, ки таърихи 4-2 млн. сола дорад. Баъдтар рушди инсони имрӯза – питекантроп (1,9 то 0,65 млн. сол пештар), синантроп (400 ҳазор сол пештар) ва неандерталетс (шакли аввалаи homo sapiens, ки таърихи 30-40 ҳазорсола дошт) сурат мегирад.

Табиати инсон дорои се унсур – «тан», «ман» ва «олами инсон» аст. Ин унсурҳои табиӣ-башарии инсон дар алоқамандӣ бо якдигар вуҷуд доранд.

Нисбати «ман» тани инсон ҳодисаи объективӣ аст. Вале барои «ман» он бегона ҳисоб нашуда, дар ҷараёни одамшавии фарди табиӣ он табиати субъективӣ пайдо мекунад. Тани инсон бо олами беруна пайваста мебошад. «Ман» олами ботину маънавӣ-психологии инсон, воқеияти субъективи он аст. Олами инсонӣ пеш аз худи инсон вуҷуд надошта, бо фаъолияти худи инсон бунёд мегардаду натиҷа ва заминаи ҳамин фаъолият аст.

Моҳияти инсон аз рӯи ҳам муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳам фаъолияти амалӣ-истеҳсолӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти ҷамъиятии он муайян мегардад. Моҳияти инсон сифату хусусиятҳои воқеӣ ва предметшавӣ дорад, ки дар шакли неруҳои моҳиятии он зоҳир ёфта, амалӣ мегардад.

Ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инсон.

Табиати инсон хислати духела дошта, дар ду ҷанба – ҷанбаи биологӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аз нигоҳи биологӣ инсон мавҷудоти зиндаи биологӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ бошад, инсон пеш аз ҳама шахсият, офарандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, маҳсули муҳити иҷтимоӣ мебошад.

Перомуни ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инсон саволе ба миён меояд, ки оё таҳаввулоти (эволюсия) биологии инсон баъд аз пайдоиши homo sapiens, ки таърихи 30-40 ҳазорсола дорад давом дорад ё не?. Аз дигар тараф ташаккули мадании ҳаёти одамон, аз он ҷумла тарзи истеҳсолот, рушди фаъолияти меҳнатӣ, тарзи зиндагӣ ва ғайраҳо ба таҳавулоти биологии одамон чи хел таъсир мерасонанд.

Таҳаввулоти инсоният дар тули тамоми таърих давом дорад, лекин он ба ҷанбаи иҷтимоии ҳаёти ӯ вобастс аст. Таҳаввулоти биологии инсон аз давраи ҷудо шудани ӯ аз олами ҳайвонӣ (homo sapiens) он қадар арзиш надорад. Ҳатто одамони мариз низ бо шарофатии дастовардҳои тиб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Қудрати интихоби табиӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ рӯз то рӯз заиф шуда, институтҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ таъсири тағйиротҳои фардии биологиро аз байн бурда истодаанд.

Имрӯз тағйиротҳои генетикие, ки интихобро ба миён меоранд камсуръат буда, баръакс мувофиқат дар миёни гуруҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мушоҳида мешавад. Аз дигар тараф ҳамаи дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ таҳаввулоти мадании инсониятро нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, фарҳанг дар таҳаввули homo sapiens нақши аввалиндараҷаро мебозад. Тағйиротҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар давлатҳои гуногун барои беҳбуди ҳаёти одамон ба саломатии онҳо таъсир расонида, вобастагии инсонро аз интихоби табиӣ камтар мекунад. Дар инсон мақоми интихоби табиӣ дар он аст, ки генофонд ҳифз шуда, монеаи мутатсия мешавад, ки ба саломатии инсон зарар дорад.

Биологҳо ва антропологҳои муосир ба он нуқтаи назар мӯътақиданд, ки равнди таҳаввулоти биологии инсон чун намуд аз даврони пайдоиши homo sapiens ба поён расидааст. Исботи ин гуфтаҳо он шуда метавонад, ки дар ин давра мағзи сари инсон тағйир наёфта, тағйиротҳои морфологии он ба итмом расид. Ақоиди ба ин зид он қадар далел надоранд.

Бо пайдоиши инсон ва ҷамъият ахбороти генетикӣ нақши аввалиндараҷаи худро дар фаъолияти ҳаётии намуди «инсон» аз даст дод. Ҷои онро ахбороти иҷтимоӣ гирифт.

Оиди нақши омилҳои иҷтимоӣ ва биологӣ дар рушди индувидиалии инсон ду нуқтаи назар маълум аст. Гуруҳи аввал мӯътақид бар онанд, ки рушди инсоният пурра аз генҳо вобаста аст. Онҳо нақши омили биологиро мутлақ мегардонанд ва ин равияро панбиологизм меноманд. Гуруҳи дигар мегӯянд, ки ҳамаи одамон бо қобилиятҳои генетикии якхела таваллуд мешаванд, лекин нақши муайянкунандаро дар рушди қобилияти онҳо тарбия ва маълумот мебозад ва ин равия пансотсиологизм ном дорад.

Инсон ва инсоният. Таносуби ҳаёт ва марг.

Ҳар як шахс хоҳу нохоҳ оиди фарҷоми мавҷудияти шахсиаш фикр мекунад. Инсон ягона мавҷудотест, ки фавти худро дарк мекунад ва оиди он мулоҳиза меронад. Албатта дарки марги дар пеш истодаро дар шаклҳои мухталиф қабул мекунад.

Перомуни мазмун ва мақсади ҳаёт ақоиди мухталиф вуҷуд дорад. Материалистон онро аз воқеияти айнӣ ва фаъолияти воқеии ҳаётии одамон вобаста медонанд. Идеалистон бошанд онро аз Худо, хирад, руҳ, идея ва ғайраҳо вобаста мекунанд.

Яке аз ашхосе, ки оиди ин маъала бисёртар кор кардааст Л.Н. Толстой мебошад. Ба ақидаи ӯ мазмун ва мақсади ҳаёт аз худтакмилдиҳии шахсият вобаста аст. Гузашта аз ин, мазмуни ҳаёти як шахсро дар алоҳидагӣ дидан лозим несту онро баробари ҳама дидан дуруст аст. Инсон барои чӣ зиндагӣ мекунад бепосух монд. Ӯ чунин мегӯяд: «Барои чӣ ман зиндагӣ мекунам? Барои он, ки Худо мехоҳад. Бароичӣ Худо инро мехоҳад? Ин номаълум аст».

Ба масъалаи мазмуни ҳаёт дар фалсафаи экзистенсиализм диққат додаанд.

Дар экзистенсиализми атеистӣ чун Худо нест мазмуни ҳаёт бемаънӣ мебошад. Тезиси экзистенсиалистон оиди «мавчудият пеш аз моҳият аст» исботи ин гуфта аст, чун мувофиқи он инсон фақат дар дами марг оиди мазмуни ҳастӣ ягон чиз мегӯяд.

Оиди мазмуни мутлақ ва олии ҳаёт ҷавоб додан мантиқан душвор аст. Агар мақсади аввалиндараҷаи мазмуни ҳаётро ҷуем, он гоҳ ба нуқтаи назари теологӣ бармегардем, ки мувофиқи он мақсади инсон пештар муқаррар шудааст. Дар баробари ин бисёр саволҳо вуҷуд доранд (Ин мақсадро ки муқаррар кардааст ва ғайраҳо), ки ба асосноккунии мақсади назариявии ҳаёт ҷавоби амиқ дода наметавонанд. Гузашта аз ин, ақидаи Суқрот ҳаст: «Худро бишнос», ки оиди он низ пурра ҷавоб додан душвор аст. Нитсше низ ин масъаларо омӯхта мегӯяд, ки «Инсоне, ки худро мешиносад кушандаи худ мебошад» (Познавший самого себя-собственный палач). Барои дарки мазмуни ҳаёт ҷавоб ба саволи «Барои чӣ мо зиндагӣ мекунем?» низ ба маврид аст ва аз дигар тараф саволи «Барои чӣ мо мемирем?» ба миён меояд, ки ҷавоб ба он умуман бе мазмун мемонад.

Албатта умуман ба ин савол ҷавоб нест гуфтан нодуруст аст, чун ҳар шахс оиди он тасаввуроти худро дорад. Ба ақидаи Достаевский ҳар шахс оиди барои чӣ зиндагӣ мекунад тасаввурот дорад, дар сурати дигар сарфи назар аз он, ки ҳама чиз муҳайё бошад ҳам вай зиндагӣ накарда,  худро нест мекунад. Нитсше мегӯяд, ки «Инсоне, ки дарки барои чӣ зиндагӣ карданро дорад вай чӣ хел зиндагӣ карданро медонад».

Умуман, мазмуни ҳаётро рушди инсон чун мақсади ягона ва ташаккули ҳаматарафаи он муайян мекунад.

Масъалаи дароз кардани умри инсон аз ҳисоби маҳдуд сохтану тамоман аз байн бурдани бемориҳои иҷтимоӣ ҷараёни муҳим ба ҳисоб рафта, масъалаи омӯзиши илми биология ва тиб ба шумор меравад.

Мафҳуми фалсафии инсон, образи кулл ва умумигардонидашудаионро ҳамчун мавҷудотибашарӣ ва субъекти ҷараёни таърихӣ инъикос мекунад. Мафҳуми инсон ва инсоният як нест. Мафҳуми инсоният ба ду маънӣ фаҳмида мешавад:

  1. инсоният чун мавҷудоти табиӣ-биологӣ, маҷмӯи одамони дар рӯи замин зиндагӣ мекардагӣ мебошанд.
  2. инсоният ба мафҳуми табиӣ-биологӣ не, балки мафҳуми табиӣ-таърихӣ, умумиилмӣ ва умумисотсиологӣ аст. Моҳияту қонуниятҳои инкишофи таърихӣ-иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва тамаддунии ягонагии умумибашариро ифода мекунад.

Инсоният – умумияти таърихии одамон аст, ки дар ҷараёни сурат гирифтану инкишоф ёфтани робитаҳои иқтисодӣ-техникӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мубодилаи ахбор байни халқу миллатҳои гуногуни сокини қитъаҳои курраи Замин воқеият пайдо кардаст.

test

Добавить комментарий