Ояндабинии иҷтимоӣ ва муаммоҳои куллии замони муосир

  1. Мафҳуми ояндабинии иҷтимоӣ. Меъёрҳои илмӣ ва эътимодбахши он.
  2. Усулҳои асосии ояндабинӣ.
  3. Муаммоҳои куллии замони муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо.

1.Мафҳуми ояндабинии иҷтимоӣ. Меъёрҳои илмӣ ва эътимодбахши он.

Пешгӯӣ – дониш дар бораи оянда, яъне дониш дар бораи он аст, ки ҳануз дар воқеият вуҷуд надошта, фақат дар шакли заминаҳои имконпазирии айнию зеҳнии ҷараёни инкишоф мавҷуд мебошанд.

Асоси назарияи пешгӯиро қобилияти инъикоси пешакии воқеият аз ҷониби системаи олии асаб ташкил медиҳад. Ин қобилият дар ҳайвонҳои олитарин дида мешавад, лекин фақат дар фаъолияти инсон вай сифати нав, шаклҳои нави инкишофро ҳам дар фаъолияти амалӣ ва ҳам назариявӣ соҳиб мешавад.

Дақиқӣ, саҳеҳӣ ё эҳтимолияти пешгӯии илмӣ вобаста ба он аст, ки сухан дар бораи кадом оянда: ояндаи бевосита, ояндаи мушоҳидавӣ, ояндаи дур (эҳтимолӣ) меравад.

Пешгӯии илмӣ ва пешбинии иҷтимоӣ вазифа доранд, ки на танҳо ба саволи дар оянда чӣ содир мешавад, балки ба саволҳои кай онро интизор бояд шуд ва шаклу дараҷаҳои эҳтимолии он чӣ гуна бояд бошад, ҷавоб бидиҳанд.

Марҳилаҳои инкишофи ояндаи инсониятро омӯхта, дар бораи ояндаи бевосита, ояндаи мушоҳидавӣ ва ояндаи эҳтимолӣ сухан гуфтан мумкин аст. Чунин даврабандӣ амри худсарӣ набуда, балки аз дониши мо дар бораи оянда ибтидо мегирад.

Пешгӯӣ бо фаҳмиши илми таърих робита дошта, зидди фатализм (аз лотинии fatalis – тақдир, насиб) мебошад.

Солҳои охир таҳқиқи пешгӯии ояндаи иҷтимоӣ ва ташхиси икишофи инсоният боиси пайдоиши равияҳои мустақил ва илмҳои муштарак шуд. Барои пешбиниҳо марказҳои зиёди илмӣ, аз қабили Академияи санъату илми Амрико, Клуби Рим, Донишгоҳи Гудзон, ҷамъияти «Фютюрибл» ва ғайраҳо вуҷуд доранд. Аз соли 1974 ин ҷониб Федератсияи байналмиллалии таҳқиқи оянда вуҷуд дорад.

  • Усулҳои асосии ояндабинӣ.

Дар омӯзиши оянда методҳои илмии зиёд ва гуногун, усулҳои махсус, воситаҳои мантиқию техникии маърифат вуҷуд доранд. Футурологӣ австриягӣ Ярих Янч зиёда аз 200 навъи онро қайд мекунад ва ин миқдори охирин ҳисоб намешавад. Сарфи назар аз он, ки теъдоди методҳои пешбининамоӣ зиёданд, аз онҳо 5-тояш асосӣ мебошанд:

  1. Усули экстраполятсия (имтидодӣ).
  2. Усули қиёс ё шабоҳати таърихӣ.
  3. Усули тарҳ ё намунасозии компютерӣ.
  4. Усули тарҳрезии манзараи оянда.
  5. Усули баҳодиҳии экспертӣ.

Ҳар як метод дорои бартарӣ ва камбудист. Методи имтидодӣ (экстраполятсия) ба илм такя карда, донишро ба дарки оянда равона месозад. Такягоҳи асосии дониши мантиқӣ-имтидод аз гузашта ба имрӯз ва аз он ба оянда аст. Оид ба пешгӯӣ нуқтаи назари алтернативӣ вуҷуд надорад.

Усули қиёси таърихӣ низ дар таҳқиқу пешгӯии оянда хеле маҳдуд аст.

Усули экспертӣ ҳамон вақт дуруст кор мекунад, ки агар он ба тасаввуроти амиқи илмӣ такя намуда, натаҷаҳои бадастовардаро дуруст шарҳ диҳад.

Ҳар як пешгӯии иҷтимоӣ дорои ҳам мазмуни илмӣ-маърифатӣ ва ҳам таъйиноти мафкуравӣ мебошад. Пешгӯиҳо вобаста ба моҳияту таъйиноташон ба  4  навъ тақсим мешаванд: ҷустуҷӯӣ, меъёрӣ, таҳлилӣ ва огоҳкунанда.

Пешгӯиҳои ҷустуҷӯиро (реалистӣ) фақат ба хотири он, ки оянда чӣ тавр бояд бошад, тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани онҳо дар замони мазкур тамоюли рушди риштаҳои мухталифи фаъолияти ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад.

Пешгӯиҳои меъёрӣ ба хотири дар оянда ба даст даровардани мақсадҳои муайян нигаронида шуда, тавсияҳои гуногуни амалиро барои татбиқи нақшаю барномаҳо дарбар мегирад.

Пешгӯиҳои таҳлилӣ барои муайян кардани арзишҳои маърифатии усулу воситаҳои таҳқиқи оянда истифода бурда мешаванд.

Пешгӯиҳои огоҳкунанда ба хотири таъсири бевоситаи зеҳну рафтори одамон, ки аз ояндаи дар назар дошташуда ҷилвагарӣ бояд бикунад, тартиб дода мешаванд. Тафовути асосии навъҳои пешгӯӣ нисбӣ мебошанд, зеро ки дар ҳар як пешгӯии иҷтимоӣ аломатҳои чанд пешгӯии дигарро низ метавон пайдо кард.

  • Муаммоҳои куллии замони муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо.

Дар олами муосир инсоният бо мушкилотҳои глобалие рӯ ба рӯ шудааст, ки хатари аз байн бурдани тамаддун ва инсонро ба миён овардаанд. Худи калимаи глобали аз решаи лотинии глобус гирифта шуда маънои Замин, умумиҷаҳониро дорад.

Бори аввал мафҳуми «масъалаҳои муштарак» солҳои 60-уми асри XX дар Ғарб пайдо шуд. Ба истифодаи он таъсири Клуби Рим хело зиёд аст.

Масъалаҳои муштарак ҳамчун натиҷаи инкишофи давраҳои пешини инсоният, зодаи замони муосир, натиҷаи зиддиятҳои зиёди рушди ноҳамвори иҷтимоию иқтиссодӣ, сиёсӣ, илмию техникӣ, демографӣ, экологию фарҳангӣ ва маҳсули вазъи комилан ҷадиди таърихӣ мебошанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.