Фалсафа ҳамчун илм

  1. Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ.
  2. Масъалаи асосии фалсафа ва ду паҳлуи он.
  3. Мақоми фалсафа дар низоми фарҳанг. Вазифаҳои фалсафа.
  4. Фалсафа ва илм. Мафҳуми ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ.
  1. Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ.

Фалсафа (Философия) аз калимаҳои юнонии fileo (phileo) – дӯст медорам ва sofia (sophia) – ҳикмат гирифта шуда, маънии ҳикматдӯстӣ,  муҳаббат ба муҳокимарониҳои амиқро дорад. Мафҳуми фалсафаро аввалин маротиба олим ва файласуфи юнонӣ Файсоғурис (Пифагор) истифода кардааст. Дар фалсафаи Ғарб рушди мафҳуми фалсафаро аз Афлотун вобаста медонанд. Аммо фалсафаро Арасту тобиши илмӣ додаст.  Дар аввал фалсафа дар худ тамоми донишҳоро перомуни олам касб мекард.

Фалсафаи урупоӣ дар асоси тамоми дастовардҳои давраҳои гузашта ва таълимоти масеҳият ба вуҷуд омадааст.

Фалсафа илмест, ки қонунҳои умумитарини инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккурро меомӯзад.

ФАЛСАФА низоми ақидаҳои куллӣ дар бораи олам, мақоми инсон дар он ва шарҳу эзоҳи шаклҳои гуногуни муносибати инсон ба олам аст.

Дар байни мутафаккирон оиди предмети омӯзиши фалсафа ягонагӣ вуҷуд надошта, ҳар як мактаби фалсафӣ онро аз диди худ маънидод мекунад. Махсусан, ин дар нимаи дуюми асрҳои XIX-XX дар натиҷаи пайдо шудани бисёр мактаб ва ҷараёнҳои фалсафӣ хубтар мушоҳида мешавад. Дар ин давра донишҳои фалсафӣ хислати плюралистӣ ва антидогматикиро касб кардаанд, ки онҳоро ба ягон равияи фалсафии мушаххас шабеҳ додан душвор аст.

Сарфи назар аз ҳамаи ин мактабҳои фалсафӣ байни худ ягонагӣ доранд ва аломатҳои муҳими донишҳои фалсафиро ба чунин қисматҳо тақсим кардан ба маврид мебошад:

  1. Тадқиқи масъалаҳои умумитарини ҳастӣ. Худи масъалаи ҳастӣ дар инҷо ба маънои универсалӣ фаҳмида мешавад. Таълимоти фалсафие, ки ҳастиро меомӯзад онтология (аз калимаҳои юнонии ontos-ҳастӣ ва logos-таълимот) ном дорад.
  2. Таҳлили масъалаҳои умумитарини маърифат. Олам донисташаванда ҳаст ё не? Имконоти метод ва мақсади маърифат кадомҳоянд? Моҳияти худи маърифат дар чӣ нуҳуфта аст ва ҳақиқат чист? Субъект ва объекти маърифат кадомҳоянд ва ғайра. Таълимоти фалсафие, ки масъалаи маърифатро меомӯзад гносеология (аз калимаҳои юнонии gnosis-маърифат ва logos-таълимот) номида мешавад.
  3. Омӯзиши умумитарин масъалаҳои амалишавӣ ва рушди ҷамъият. Дар маҷмӯъ ин масъала дар таълимот оиди ҳастӣ инъикос меёбад. Лекин аз оне, ки маҳз ҷомеа ба ташаккули шахсият таъсири асосӣ расонида, сифатҳои иҷтимоии инсонро ташаккул медиҳад ин масъаларо хуб аст, ки дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Қисмати фалсафие, ки ҳаёти ҷамъиятиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад фалсафаи иҷтимоӣ ном дорад.
  4. Тадқиқи саволҳои умумитарин ва муҳимтарини масъалаи инсон. Ин қисмат низ дар фалсафа дар алоҳидагӣ омӯхта мешавад, чун маҳз инсон нуқтаи ибтидоӣ ва интиҳоии донишҳои фалсафӣ мебошад. Қисмати фалсафи, ки масъалаи инсонро меомӯзад фалсафаи антропология ном дорад.
  • Масъалаи асосии фалсафа ва ду паҳлуи он.

Масъалаи асосии фалсафаро бори аввал Ф. Энгелс дар асараш «Людвиг Фейербах ва анҷоми фалсафаи классикии олмон» кор кардааст. Масъалаи асосии фалсафа «муносибати тафаккур ба ҳастӣ»мебошад, ки ду тараф дорад:

  1. Тарафи онтологӣ (онтос-ҳастӣ, логос-таълимот)
  2. Тарафи гносеологӣ (гносис-маърифат, логос-таълимот)

Тарафи онтологии масъалаи асосии фалсафа оиди «аввал шуур аст ё ҳастӣ (модда)?» баҳс мекунад. Вобаста ба ин савол дар фалсафа ду равияи асосӣ: материализм ва идеализм пайдо мешавад.

Материализм яке аз ҷараёнҳои асосии фалсафа буда – материя, табиат, ҳастиро аввал дониста, идея, рӯҳ, тафаккурро дуюм медонад.

Навъҳои таърихии материализм инҳоянд:

  1. Материализми соддалавҳона – шакли ибтидоии материализм буда, ашёҳо ва олам худ ба худ, новобаста  аз шуур ва таркибҳои ашёҳои моддӣ ва элементҳо мавриди омӯзиш қарор мегирифтанд ( Фалес, Анаксимандр, Анаксимен ва дигарон).
  2. Материализми механикӣ ва метафизикӣ – материалистони фаронсагии асри XVIII. Асоси онро омӯзиши табиат ташкил медод. Лекин ҳамаи гуногунрангии хосиятҳо ва муносибатҳои он аз ҳаракати механики материя вобаста дониста мешуд (Г. Галилей, Ф. Бэкон, Ҷ. Локк, Ж. Ламетрӣ, К. Гелветсӣ ва дигарон).
  3. Материализми вулгарӣ – идеализмро бо материализм якҷоя мекунад ва шуурро бо материя (Фогт, Молешот, Бюхнер).
  4. Материализми диалектикӣ – ягонагии динамикии материализм бо идеализм ва дар асоси он принсипи материализм дар табиат ва ҷамъят паҳн мешавад (Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин).
  5. Материализми антропологӣ – фаҳмиши материалистии табиат ва ҷамъият вуҷуд надошт (Фейербах, Чернишевский, Добролюбов).

Идеализм яке аз ҷараёнҳои асосии фалсафа буда – идея, руҳ, тафаккурро аввал дониста, материя, табиат, ҳастиро дуюм медонад. 

Навъҳои асосии идеализм инҳоянд:

  1. Идеализми объективӣ (айнӣ);
  2. Идеализми субъективӣ (зеҳнӣ).

Ба ақидаи пайравони идеализми айнӣ сабабгори ҳамаи ҳаводиси олам берун аз шуури инсон ва табиат вуҷуд дорад. Идеализми айнӣ рафта-рафта ба дин оварда мерасонад. Аз ин рӯ, идеализми айниро ҷанбаи назариявии дин мешуморанд. Асосгузори равияи идеализми айнии фалсафӣ Афлотун ҳисоб мешавад.

Ба ақидаи пайравони идеализми зеҳнӣ ҳамаи тағйироту дигаргуниҳое, ки дар олам мешаванд аз шуури инсон вобаста мебошанд. Берун аз инсон ва табиат ҳеҷ чиз вуҷуд надорад.

Тарафи гносеологии масъалаи асосии фалсафа оиди маърифатпазирӣ ва маърифатнопазирии (донисташавандагӣ ва донистанашавандагӣ) олам баҳс мекунад. Бисёр назарияҳои маърифатӣ вуҷуд доранд:

  • Монизм (аз калимаи юнонии monos – як, ягона) фарзияи фалсафиест, ки оламро аз як сарманшаъ вобаста медонад. Чунин сарманшаъ метавонад идеалӣ ё материалӣ бошад. Аз ин рӯ монизм ба идеалистӣ ва материалистӣ ҷудо мешавад.
    • Дуализм (санавият) (аз калимаи лотинии dualis – ду шоха, духула) таълимоти фалсафиест, ки ду нахустасос: модда ва шуурро қабул мекунад.
    • Плюрализм (аз калимаи лотинии pluralis – чандто, бисёр, гуногун) якчанд ё худ бисёр асосҳои авваларо эътироф мекунад.
    • Агноститсизм (аз калимаҳои юнонии а-рад кардан ва gnosis – маърифат) маърифатпазирии оламро рад мекунад.
    • Гноститсизм чунин назарияи маърифатиест, ки донисташавандагии оламро эътироф мекунад.
    • Скептитсизм (шаккокия) ба агноститисизм наздикӣ дошта, ба ҳақонияти ҳодисаҳо шубҳа доранд.
  • Мақоми фалсафа дар низоми фарҳанг. Вазифаҳои фалсафа.

Фалсафа бисёрсоҳа буда, доираи омӯзиши он хеле васеъ мебошад. Дар бисёр мавридҳо онро нодуруст шарҳ медиҳанд. Фалсафа дар низоми фарҳанг ва шаклҳои дигари дониш ба ҳайси мантиқ ва методологияи тадқиқ ва назарияи умумии маърифати олам баромад мекунад.

Мақоми фалсафаро дар низоми фарҳанг пеш аз ҳама вазифаҳои (фуксияҳо) иҷтимоии он муайян мекунанд. Вазифаҳои иҷтимоии фалсафа инҳоянд:

  1. вазифаи ҷаҳонбинии фалсафа, ки фаҳмиши назариявию     муҷарради оламро баррасӣ менамояд;
  2. вазифаи маърифатӣ – умумитарин ғояҳо, тасаввуротҳо, навъҳои таҷриба, ки пояи ин ё он маданият, форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодии одамонро ташкил медиҳанд, меомӯзад;
  3. вазифаи методологии фалсафа – дар он аст, ки фалсафа чун   таълимоти куллӣ ба ҳайси методологияи илм қарор гирифтааст;
  4. вазифаи интиқодии фалсафа – баъзе аз омилҳои нодурусту шахшудаи маърифатиро танқид менамояд;
  5. вазифаи аксиологии фалсафа (кал. юнонии Axios – арзиш) ҳар низоми фалсафӣ арзишҳои муайянеро дорост, аз қабили арзишҳои ахлоқӣ, зебоишиносӣ, идеологӣ ва ғайра;
  6. вазифаи футурологии фалсафа – раванди воқеиятро баррасӣ намуда, минбаъд чӣ гуна инкишоф ёфтани онҳоро пешгирӣ менамояд;
  7. вазифаи назариявии фалсафа – чун мактаби назариявӣ тафаккури назариявӣ ва ҳикматро инкишоф медиҳад.

Ҳамаи вазифаҳои фалсафа байни ҳам робитаи диалектикӣ доранд.

Метод (калимаи юнонӣ-тарз, усули маърифат) – дар маънии васеи калима чун «роҳ ба суи ким-чӣ», усули фаъолияти субъект дар шаклҳои мухталифи он мебошад.

Мафҳуми «методология» дар ду маънӣ фаҳмида мешавад:

а) низоми усул ва воситаҳои муайяне, ки дар ин ё он соҳаи фаъолият (дар илм, сиёсат, санъат ва ғайра) истифода мешаванд.

б) таълимот дар бораи ин низом, назарияи умумии методҳо мебошад.

Методҳои фалсафа ба ду қисм тақсим мешаванд:

  1. Методи метафизикӣ.
  2. Методи диалектикӣ.

Метафизика[1] – ин усули тафаккурест, ки муқобили диалектикӣ мебошад.

Мафҳуми «метафизика» (аз калимаҳои юнонии meta ta physika гирифта шуда, маънии баъд аз физикаро дорад) ба асри I то милод рост меояд, ки аввалин маротиба аз ҷониби китобдори Арасту Андроник Родосский истифода шудааст. Бо ин мафҳум он қисмати осори Арастуро ифода мекарданд, ки баъд аз физика меомаданд. Дар фалсафаи асрҳои миёна метафизика ҳамчун асоси назариявӣ-фалсафии дин баромад мекард. Дар садаи XVII (Декарт, Спиноза, Лейбнитс ва ғайраҳо) метафизика бо донишҳои табиӣ-илмӣ ва гуманитарӣ робитаи ногусастанӣ дошт. Ин робита дар қарни XVIII заиф шуд. Дар Замони Нав чун антидиалектика, чун усули тафаккури карахт, беҳаракат, яктарафа (ашёҳо бетағйир буда байни ҳамдигар робита надоранд) фаҳмида мешуд. Мафҳуми метафизикаро чун антидиалектика аввалин маротиба Г. Гегел истифода кард. Метафизика чун усули тафаккур аз сатҳи илм (сатҳи пасти рушди илми асрҳои XIV-XVIII) ва маҳдудияти худи раванди маърифати илми он замон вобаста буд.

Диалектика ҳамчун назарияи умумии маърифат, таълимот дар бораи инкишоф ва робитаҳои ҳастӣ мебошад. Вай сабаб, механизм ва тамоюлҳои инкишофро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дар вақти омӯзиши робитаҳо диалектика ба робитаҳои умумитарин, устувор, такроршаванда ва зарурӣ диққат медиҳад. (Дар баробари ин боз методҳои софистика ва эклектика вуҷуд доштанд).

Тафовути принсипалӣ байни методҳои диалектикӣ ва матафизикӣ чунинанд:

  1. Диалектика робитаи байниҳамдигарии умумитарин, универсалии падидаҳо ва равандҳои олами моро иҳотакардаро ба асос мегирад; метафизика танҳо робитаҳои тасодуфиро эътироф карда, мустақилият ва соҳибихтифрӣ (автономность)-и ашёҳоро ба дараҷаи мутлақ мерасонад.
  2. Диалектика принсипи инкишоф, тағйирёбии сифатии падидаю равандҳоро ба асос мегирад; метафизика тамоми тағйирёбиҳои оламро ба тағйирёбии миқдорӣ вобаста мекунад.
  3. Диалектика зиддиятҳои дохилиро ба асос мегирад, ки қонунан ҳоси тамоми падидаю равандҳо мебошанд; метафизика бар он ақида аст, ки зиддиятҳо танҳо хоси тафаккури мо ҳастанд, аз воқеияти объективӣ вобаста нестанд.
  4. Диалектика онро ба асос мегирад, ки маҳз зиддиятҳои муборизаи дохилии падидаю равандҳо сарчашмаи асосии инкишофи онҳо мешавад; метафизика бошад ин сарчашмаро аз қувваи берун аз объекти таҳқиқшаванда вобаста медонад.

4. Фалсафа ва илм. Мафҳуми ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ.

Дар вақти омӯзиши масъалаи таносуби фалсафа ва илм ба се паҳлуи шарҳи онро диққат медиҳанд:

  1. фалсафа чун илм;
  2. робитаи фалсафа бо илмҳои алоҳида;
  3. таносуби фалсафа бо донишҳои ғайриилмӣ.

Фалсафа чун илм яке аз равияҳои рушди дониши инсонӣ ва фарҳанг ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи таърихӣ дар рушди донишҳои фалсафӣ, масъалаҳои омӯзиши он, умумияти аппарати категориалӣ ва мантиқи омӯзиши он меросият дида мешавад. Беҳуда нест, ки Гегел фалсафаро пеш аз ҳама аз нуқтаи назари «илми мантиқ» мавриди омӯзиш қарор дод.

Хулосаҳои фалсафӣ на ин, ки воситаи ба даст овардани донишҳои илмӣ мешаванд, инчунин худи онҳо ба мазмуни илм дохил мешаванд. Аз ин рӯ бисёр олимони бузург дар соҳаи илмҳои дақиқ, аз қабили Файсоғурис, Арасту, Ҷ. Бруно, Н. Коперник, Р. Декарт, К. Маркс, З. Фрейд, Б. Рассел ва дигарон дар навбати худ файласуф ҳисобида мешаванд.

Фалсафаи муосир даъвои «илми илмҳо» шуданро надорад, ки дар худ тамоми илмҳоро дар бар гирад. Ҳар як илми мушаххас объекти омӯзиши ба худ хос, қонун ва методҳои худ, дараҷаи муайяни умумияти донишро соҳиб аст. Предмети таҳлили фалсафа бошад хулосаи илмҳои мушаххас мебошад. Яъне, агар илмҳои алоҳида қонунҳои илмҳои мушаххасро муайян кунанд, фалсафа қонунҳо ва тамоюлҳои умумии илмро муайян мекунад. Дар ин маврид методи асосии фалсафаро тафаккури назариявӣ ташкил медиҳад. Кашфиётҳои бузурги илмҳои алоҳида ба рушди минбаъдаи фалсафа мусоидат карданд. Масалан, таъсири бузурги табиатшиносӣ дар Замони нав, ё кашфиётҳои охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX дар рушди фалсафа хело назаррасанд.

Фалсафа таъсири илмҳои алоҳидаро қабул карда, дар баробари ин вай низ ба рушди минбаъдаи онҳо таъсир мерасонад. Барои ин зарур нест, ки фалсафа ягон кашфиёти табиатшиносӣ кунад. Таъсири вай ба воситаи ҷаҳонбинии фалсафӣ, методология ва тамоюлҳои арзишӣ расонида мешавад ва нуқтаи назари пештараи файласуф, муносибати ӯ ба олам ва маърифат, инчунин инкишофи зарурии ин ё он соҳаи илмҳои мушаххасро тағйир медиҳад.

Донишҳои ғайриилмиро шартан ба иштибоҳ ва паранаука (антинаука, псевдонаука, илми алтернативӣ), ки ба он астрология, магия, соҳирӣ, илми симиё дохил мешаванд, тақсим мекунанд.

Фалсафа низ дар баъзе мавридҳо ба иштибоҳ роҳ медиҳад, лекин он аслан ба донишҳои ғайриилмӣ зид буда, ба хирад ва ҷаҳонбинии илмӣ такя мекунад. 


[1] Метафизика чун метод якчанд принсипњо дорад:

  1. Њаќиќат њамчун чизи охирон, шахшуда ќабул мешавад, на чун раванд, мањсули (фарзанди)замони худ.
  2. Њамаи тарафњои маърифати олам мутлаќ њисобида мешаванд.
  3. Инкишоф эътироф мешавад, лекин сабабњои худинкишофёбї, худњаракаткунї муайян нестанд; предмету равандњои олам миќдоран таѓйир меёбанду сифатан не.
  4. Њамаи объектњои олам байни њамдигар робита надоранд.
test

Добавить комментарий