Фаҳмиши фалсафии материя

  1. Категорияи материя дар низоми фалсафаи материалистӣ.
  2. Ташаккули фаҳмиши илмӣ-фалсафии материя.
  3. Илми муосир оид ба сохтори системавии материя.
  1. Категорияи материя дар низоми фалсафаи материалистӣ.

Мафҳуми «ҳастӣ» мушаххасияти худро пеш аз ҳама дар мафҳуми «материя» соҳиб мешавад. Проблемаи материя ва мафҳуми он дар тулии таърихи фалсаф аз ҷониби файласуфони материалист кор карда шудааст. Дар фалсафаи материалистӣ «материя» категорияи умумитарин ва фундаменталиест, ки ягонагии моддии оламро ифода карда, гуногунрангии шаклҳои ҳастӣ шаклҳои зуҳуршавии материяро дар натиҷаи ҳаракат ва инкишофи он ифода мекунанд.

Категорияи (мақула) материя мафҳуми фундаменталии фалсафӣ баҳисоб меравад. Масъалаи материя аз ҷониби равияҳои мухталифи фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ба ақидаи намояндагони идеализми зеҳнӣ (субъективӣ) (Ҷ. Берклӣ, Д. Юм ва дигарон) мафҳуми материя зиёдатӣ ва корношоям мебошад, чун дар олам чизе нест, ки ин мафҳумро ифода кунад. Позитивистҳо бар он ақидаанд, ки чун материяро дар таҷриба санҷидан номумкин аст, вай беҳаракат мебошад.

Намояндагони идеализми айнӣ (Афлотун, Гегел) ва неотомистон ба материя ибтидои карахтро муносиб медиҳанд. Дар таълимоти Гегел табиат дар фазо паҳн асту дар вақт инкишоф намеёбад.

Ҳануз дар қарни XIX материалистон мӯътақид бар он буданд, ки ҷисмҳои моддӣ аз атомҳои тақсимнашаванда иборат буда, моддиёт ва тулоният атрибути материя ҳисоб мешуданд. Дар охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX табиатшиносӣ рушд кард ва кашфиёҳои муҳими илмӣ дар физика ва химия ба даст омаданд. Аз он ҷумла, нурҳои рентгенӣ ақоиди кӯҳна оиди нагузарандагии материяро инкор кард. Электрон,

  Тафовути материализми диалектикӣ аз натурфалсафа ва пантеизм оиди материя дар он аст, ки мазмуни маънавӣ – илоҳии онро рад мекунад. Гузашта аз ин, материяро ба ягон мабдаи ягонаи моддӣ, ба монанди оташ, об, ҳаво, хок, атом ва ғайра шабеҳ намедиҳад.Таърифи классикии материяро Ленин В.И. дар асари худ «Материализм ва эмпириокрититсизм» додааст, ки чунин аст:

«Материя мақулаи фалсафиест барои ифодаи воқеияти айнӣ, ки инсон тавассути эҳсосоташ онро дарк мекунад, воқеияти айнӣ, ки новобаста аз эҳсосҳоямон вуҷуд дошта, нусхаи он ва акси он дар эҳсосҳоямон инъикос мегардад»

(«Материя есть философская категория для обозначения объективной реальности, которая дана человеку в ощущениях его, которая копируется, фотографируется, отображается нашими ощущениями, существуя независимо от них»).

Дар ин таъриф ду хусусияти асосӣ дида мешавад:

  1. Новобаста аз шуур вуҷуд доштани материя;
  2. Дар эҳсосҳои мо инъикос ёфтани он.

Таърифи ленинии материя натанҳо зидди идеализми айнию зеҳнист, балки зидди метафизика низ мебошад.

Ташаккули фаҳмиши илмӣ-фалсафии материя.

Мақулаи материя дигар мақулаҳои фалсафиро муттаҳид намуда, муайян мекунад. Материя аз калимаи лотинии material (вещество-ашё) гирифта шуда, дар тоҷикӣ маънояш модда мебошад. Ҳануз дар қадим одамон пайдою фано ва ҳифзи чизҳоро кашф карда буданд, ки баъдтар бо номҳои ҷавҳар, мабдаъ ва маншаъ машҳур шуданд. Ба ақидаи онҳо агар чизҳо пайдою нест шаванд ҳам аз онҳо чизе боқӣ мемонад, ки он моҳият мебошад ва аз як шакл ба шакли дигар интиқол меёбад. Мафҳуми моҳият ё ҷавҳар баёнгари ягонагии олам мебошад.

Мафҳуми «материя»  дар инкишофи таърихии худ чанд марҳиларо тай кардааст.

  1. Тасаввуроти аёнӣ – ҳиссии материя. Дар ин давра мутафаккирони қадим кӯшиш мекарданд, ки хишти аввалини оламро муайян кунанд.Фалес хишти аввал ё асоси оламро об ҳисоб мекунад. Ба ақидаи ӯ ҳодисаю падидаҳои аз об пайдошуда ҳама муваққатӣ буда, ба ҳам табдил меёбанд ва аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд.
  2. Тасаввуроти ашёӣ – мабдаии материя. Материя бо ашёҳо, атомҳо ва маҷмӯи хосиятҳои онҳо, аз он ҷумла хосиятҳои ҷудонашаванда монанд карда мешуд. Чунин фаҳмиши материя дар осори файласуфони фаронсагии садаи XVIII – Ламетрӣ, Гелветсӣ ва Голбах мушоҳида мешуд.
  3. Тасаввуроти фалсафӣ – гносеологии материя. Дар шароити буҳрони тасаввуроти ашёӣ – мабдаии материя дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX пайдо шуда, дар зери таъсири ҷаҳонбинии марксистӣ, махсусан дар СССР ташаккул ёфт.

Дар табиатшиносӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ заминаҳои фаҳмиши диалектики моҳияти олам ба вуҷуд омад ва дар он нақши К. Маркс ва Ф. Энгелс зиёд мебошад. Маънидоди нави материя ва шуур аз нигоҳи диалектикӣ имкон дод, ки моҳияти муносибати инсон ба олам ва ба худи он хубтар дарк карда шавад.

Ба ақидаи Энгелс, материя ҳам аз ҷиҳати сифатӣ ва ҳам миқдорӣ беохир мебошад. Ба материя зиддият ва худинкишофёбӣ хос мебошад. Он ибтидои фаъоли олам аст. Материя нисбат ба шуур аввалиндараҷа буда, шуур натиҷаи инкишофи материя мебошад. Олам – ин олами материалӣ бо ашёю падидаҳои гуногунест, ки паёдою нест мешаванд, дар шуури одамон инъикос шуда, новобаста аз он, объективӣ вуҷу дорад.

Фаҳмиши диалектикӣ – материалистии метерия чунин хусусиятҳоро қайд мекунад:

а)

  • Тасаввуроти фалсафии субстансионалӣ – аксиологии материя. Дар миёнаи асри XX пайдо шуда, мафҳуми материяро ба хусусияти он, яъне «воқеияти айнӣ» муносиб медонист.

Атрибут ё худ хусусияти ҷудонопазири материя – сохторият, системанокӣ, баҳамалоқамандӣ, ҳаракат, худташкилдиҳӣ, фазо, тулоният ва инъикос мебошад.

Илми муосир оид ба сохтори системавии материя.

Дар қарни XXI фалсафа ва илм фарзияи мукаммали сохтори олами моддиро соҳиб шуданд. Дар асоси он принсипи системанокӣ қарор дошт, ки оламро чун иерархия объектҳои мураккаби ба ҳамдигар вобаста тасвир мекунад, ки ҳар зинаи он низоми (система) муайянро соҳиб мебошад.

Мувофиқи нуқтаи назари фалсафӣ назарияи умумии низомҳо (асосгузорони он А. А. Богданов ва Л. Фон Берталанф) барои ҳалли мушкилоти кӯҳнаи фалсафӣ, яъне таносуби ҷузъ ва том бисёр ба маврид аст.

Олами моддӣ ба се қисм тақсим мешавад:

  1. Табиати ғайризинда.
  2. Табиати зинда.
  3. Сотсиум.

Табиати ғайризинда аз чунин дараҷаҳо иборат аст:

а) субмикроэлеентарӣ; б) микроэлементарӣ; в) ҳастаӣ; г) атомӣ; ғ) молекулявӣ; д) макроҷисм; е) сайёра; ё) низоми сайёравӣ; ж) галактика; з) низоми галактикаҳо; и) метагалактика; й) Замин, олам дар маҷмӯъ.

Табиати зинда аз дараҷаҳои зерин иборат аст:

а) то ҳуҷайравӣ (ДНК, РНК, сафедаҳо); б) ҳуҷайра; в) организмҳои бисёрҳуҷайрагӣ; в) намудҳо ва популятсияҳо; г) биосенозҳо; ғ) биосфера.

Сотсиум аз дараҷаҳои зерин иборат аст:

а) фард; б) оила; в) коллективҳои дараҷаҳои гуногун; г) гуруҳҳои иҷтимоӣ; ғ) этносҳо, миллатҳо, қабилаҳо, нажодҳо; д) давлат; е) иттиҳоди давлатҳо; ё) ҷомеа, инсоният дар маҷмӯъ.

Мувофиқи нуқтаи назари илми муосир материя низоми (система) муруккаби ташкилист. Ҳар гунна объект иолами моддӣ метавонад ба сифати низом баромад кунад. Низом ин томияти (бутуният) махсусест, ки аз элементҳо иборат буда, байни онҳо робита вуҷуд дорад.

Масалан, макроҷисмро чун ташкили муайяни молекула шуморидан мумкин аст. Ҳар молекуларо низ низом шуморидан мумкин аст, чун он аз атомҳо ва робитаи муайяни байни онҳо иборат аст

Тибқи ақидаи илми муосир, олами зиндаю ғайризинда иборат аз савияҳои элементарӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Савияи элементариро зарраҳои кӯчак низ меноманд, ки танҳо электрон, дигар ҳамааш дар асри XX  кашф шудаанд. Фарқияти зарраҳо аз микроҷисмҳо дар  ин аст, ки дорои ҳам хосияти заррагӣ (корпускула) ва ҳам мавҷӣ мебошанд. То кашфи зарраҳо ва таъсири мутақобилаи онҳо дар илм ду намуди материя: шайъ (ашё, чиз) ва майдон маълум буд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX зери мафҳуми майдон муҳити пайвастаи моддӣ ва зери мафҳуми шайъ муҳими гусастаеро мефаҳмиданд, ки иборат аз зарраҳои дискретӣ (аз кал. лот. diskretus – ҷудогона, гусаста) мебошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.