Фаҳмиши фалсафии ҳастӣ

  1. Категорияи ҳастӣ, моҳияти фалсафӣ ва хусусиятҳои асосии он.
  2. Шаклҳои асосии ҳастӣ.
  3. Тавсифи умумии категорияи ҷавҳар (субстансия), ҳалли диалектикӣ-материалистии он.
  1. Категорияи ҳастӣ, моҳияти фалсафӣ ва хусусиятҳои асосии он.

Ҳалли масъалаи ҳастӣ ба саволҳо оиди моҳияти олам, пайдоиш ва ташаккули он, таъинот ва нақши инсон, муносибати ӯ ба олам ва умуман перомуни мазмуни ҳаёт ва ғайра ҷавоб медиҳад.

Масъалаи ҳастӣ мавриди омӯзиши доимии муҳаққиқон қарор дорад.

 «Ҳастӣ ин воқеияти ҳамаҷоро фарогиранда мебошад».

Таълимоте, ки масъалаи ҳастиро меомӯзад онтология номида мешавад. Категорияи ҳастӣ дар худ аломатҳои мавҷудияти ҳодиса, предмет ва равандҳои мухталифро ифода мекунад. Аксарияти системаҳои фалсафӣ кӯшиш мекунанд, ки оламро бутун ифода кунанд.

Олам берун ва новобаста аз шуури одам вуҷуд дорад.Инсон ҳамон вақт ба табиат таъсир расонидан метавонад, ки агар ашёю чизҳои абадию даргузарро эҷод кунад ва муносибати айнияту ваҳдат ва гуногунии онҳоро дарк кунад.

Аксари файласуфон ҷонибдори бепоёнии олам мебошанд. Гуруҳи дигар мӯътақид бар онанд, ки олам дар замон ибтидо ва дар макон интиҳо дорад.

Аввалин шахсе, ки мафҳуми ҳастиро мавриди омӯзиш қарор додааст Парменид буд. Парменид зери мафҳуми ҳастӣ чизи тағйирнаёбанда, ягона ва беҳаракатро мефаҳмид. Лекин он вақт мафҳуми ҳастию чизҳоро аз ҳам ҷудо намекарданд. Масалан, зери мафҳуми ҳастӣ Фалес – об, Демокрит – атом, Афлотун – фикр (идея)-ро мефаҳмиданд.

Мафҳуми ҳастӣ бо категорияҳои нестӣ, мавҷудият, инкишоф, фазо, вақт, материя, миқдор, сифат ва андоза робита дорад.

Оиди вуҷуд доштани олам категорияи ҳастӣ чунин фикрҳоро ҷонибдорӣ мекунад:

  1. Олам ҳаст ва абадию дарногузар мебошад.
  2. Моддиёту маънавиёт, индивидҳо ва ҷомеа баробар вуҷуд доранд, фақат дар шаклҳои мухталиф.
  3. Гуногунии шаклҳои мавҷудияти онҳо заминаи ягонагии олам аст.
  4. Олам аз рӯи мантиқи объективии худ рушд мекунад ва ҳаракатеро ба миён меорад, ки берун аз шуур ва иродаи одамон мебошад. 
  • Шаклҳои асосии ҳастӣ.

Кадом мазмунеро (идеалистӣ, материалистӣ, ирратсионалистӣ) категория (мақула)-и ҳастӣ дарбар нагирад, дар мақсадҳои таҳлилӣ якчанд шаклҳои он, яъне якчанд «қабатҳои» воқеиятро, ки мавҷудияти ба худ хосро доранд, қайд мекунанд. Шаклҳои асосии ҳастӣ 4-то мебошанд, ки ҳар шакли он дар навбати худ ба 2 қисм тақсим мешаванд:

1. Ҳастии ашёҳо ва равандҳо

а) ҳастии табиати аввал

б) ҳастии табиати дуввум (сонӣ)

       2.  Ҳастии инсон

а) ҳастии инсон дар олами ашёҳо

б) ҳастии махсуси инсон

       3.  Ҳастии маънавӣ

а) ҳастии индивидуалии маънавӣ

б) ҳастии ғайри индивидуалӣ (объективӣ)-и маънавӣ

       4.  Ҳастии ҷамъият

а) ҳастии индивидуалӣ дар раванди таърих ва ҷомеа

б) ҳастии умумии ҷомеа

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин шаклҳои ҳастӣ танҳо ба мақсади маърифатӣ, барои осон шудани кор ба гуруҳҳо тақсим карда мешаванд. Онҳо танҳо дар абстраксия ва назария вуҷуд доранд. Дар воқеият бошад онҳо аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошанд.

Фалсафа ва илми асри XX ба ин хусусиятҳои анъанавии шаклҳои ҳастӣ чунин навгониҳоро вуруд кард.

Дар ҳастии табиат ҷаҳонфаҳмии муосир ба се хусусияти табиат такя мекунад: системанокӣ, эволютсионизми универсалӣ, худташкилёбӣ. Фалсафаи муосир дар табиат ашёҳои дар ин ё он муҳит инъикос мешударо надида, балки низомҳоеро мебинад, ки моҳияти онҳо дар тарзи робитаи байниҳамдигарии элементҳо ё худ сохторҳо зоҳир мешавад.

Хусусияти дигари муҳими ҳастии табиат қобилияти эволютсионии он ҳисоб мешавад. Ҳамаи низомҳои ба илм муайян дар натиҷаи эволютсия (таҳаввулот) пайдо шудаанд. Ҳатто сайёра, олам дар маҷмӯъ дар ҳамин натиҷа пайдо шудааст. Хориқаи эволютсия маҳдуд набуда, универсалӣ мебошад.

Мумкин механизмҳои эволютсия низ универсалӣ бошанд. Яке аз шаклҳои он худташкилёбӣ мебошад.

Ҳастии иҷтимоӣ дар чунин тамоюлҳо зуҳур мешавад: технологикунонӣ, институтсионаликунонӣ, глобализатсия, виртуаликунонӣ, ахборотикунонӣ ва ғайраҳо.

Ҳастии руҳонӣ ё маънавӣ аслан аз ҳолати ҳастии иҷтимоӣ вобастааст ва аз ин рӯ тамоюлҳои рушди онро такрор мекунад. Гузашта аз ин ҳастии маънавӣ чун нисбатан мустақил аст, дар асри XX чанд хусусиятро ба худ касб кард:

  1. Дар он инструменталият, ё худ арзиши иқтидори фикри моддӣ, амалӣ (энергия, атом, ген ва ғайра) фаъол шуд.
  2. Таъсири сохторҳои бешууронаи маънавии инфиродӣ ва коллективӣ зиёд шудааст, ки барои ҳаёти иҷтимоӣ пурра маълум нестанд.
  3. Ҳастии маънавӣ «равиши замониро» аз даст дод ва ояндаи рушди ҷомеа хароб шуду идеологияҳои мақсадҳои умумӣ аз байн рафт.
  4. Технологияҳои нави ахборотӣ ҳам шаклҳои тасаввуроти ҳастии маънавӣ ва ҳам тарзҳои анъанавии ташаккули сохторҳои онро дигаргун карданд. Ҳастии маънавӣ дар воқеияти иҷтимоӣ ноустувор ва заифу дар баробари ин мавзун ва динамикӣ мешавад.
  • Тавсифи умумии категорияи ҷавҳар, ҳалли диалектикӣ-материалистии он.

Барои ифодаи ягонагии ҳастӣ категорияи махсус субстансия ё ҷавҳар (аз лотинии substantia – моҳият, он чи ки асоси чизҳоро ташкил медиҳад) вуҷуд дорад. Барои дуруст дарк кардани мафҳуми субстансия ва материя ҷудо кардани онҳо дуруст нест. Дар раванди ушди таърихӣ ин мафҳумҳо баробар ташаккул ёфта, якдигарро пурра мекарданд. Масъалаи ҷавҳар бо масъалаи асосии фалсафа робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҷавҳар категорияи фалсафиест барои ифодаи ягонагии дохилии падидаю равандҳои мушаххас, ҳодиса ва равандҳое, ки ба воситаи онҳо ва тавассути онҳо мавҷуд аст.

 Ҷавҳар ягонагии дохилии воқеиятро новобаста аз шаклҳои гуногуни зуҳуршавии он ифода мекунад. Ҷавҳар худро муайян карда, қобилияти худташкилёбӣ ва худҳаракаткуниро дорад.

Дар фалсафаи тоҷик таҳти мафҳуми ҷавҳар асоси нахусту тағйирнопазирро мефаҳманд, ки худро бар хилофи дигар чизҳои мушаххас ҳифз мекунад.

Вобаста ба он, ки субстансия чун принсипи ифодакунандаи ягонагии олам бо шаклҳои гуногуни он аст равияҳои фалсафӣ ба монизм, дуализм ва плюрализм ҷудо мешаванд. Яъне, дар қисме аз таълимотҳо як ҷавҳар, дар дигаре бисёрҷавҳарӣ дида мешавад.

Идеализм ҷонибдорӣ Худо ва рӯҳи ҷаҳонист. Пантеистҳо: Н.Кузанӣ ва Ҷ. Бруно моҳияти худою табиатро як чиз медонистанд. Дар фалсафаи қадим ҷавҳарро бо чизҳои мухталиф ифода мекарданд. Масалан, дар зери мафҳуми ҳастӣ Анаксимен – ҳаво, Гераклит – оташ, Левкипп – атомро мефаҳмиданд.

Монизм якҷавҳариро қабул мекунад.Монизм ба монизми идеалистӣ ва монизми материалистӣ ҷудо мешавад. Марксизм шуурро ба ҳайси ҷавҳар не, балки ба ҳайси хосияти моддаи олиташкил муаррифӣ мекунад.

Дар баробари монизм дуализм ва плюрализм қарор доранд. Монизм як ҷавҳар ва плюрализм бисёҷавҳариро қаул доранд.

Оламе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва мо як қисмати он ҳисоб мешавем – олами моддӣ ба ҳисоб меравад. Олами моддӣ аз предмету равандҳое иборат аст, ки аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд, пайдою нест мешаванд, дар шшури мо инъикос шуда, новобаста аз он вуҷуд доранд. Сарфи назар аз он, ки ҳар яки он дар алоҳидагӣ ба материя монанд карда намешаванд, лекин гуногуншаклии онҳо, аз он ҷумла робитаҳои онҳо воқеияти моддиро ташкил медиҳанд. Дар ин маънидодкунӣ шуур чун хосияти махсуси материя мебошад, ки хоси на ҳамаи ҷисмҳои дар Олам буда, баки хоси шаклҳои олии ташкилии он аст. Сохторият, ҳаракат, фазо ва вақт хусусиятҳои ҷудонашавандаи материя, ё худ хосиятҳое мебошанд, ки бе онҳо материя вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ ин хосиятҳо аз материя ҷудо шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳамаи фарзияҳои материалистӣ ба нигоҳи монистӣ ба олам наздиканд ва ба сифати субстансия (ҷавҳар), ё худ ба сифати асоси олам дар онҳо – материя баромад мекунад.

Араз (аксиденсия) аз калимаи лотинии acsidens-тасодуф) мафҳуми фалсафиест, ки бар хилофи ҷавҳар хосиятҳои зоҳирӣ, тасодуфӣ, номуҳим, муваққатӣ ва даргузари ашёро дарбар мегирад. Мафҳуми аксиденсияро бори аввал Арасту истифода кард ва он дар асрҳои миёна дар давраи схоластика паҳн шуд. Дар он вақт аксиденсияро чун ибтидои тағйирёбанда дар муқобили субстансия чун моҳияти тағйирнаёбандаи ашёҳо мегузоштанд.

test

Добавить комментарий