Шуур ҳамчун инъикоси воқеият ва фаъолияти ҷамъиятӣ

  1. Мафҳуми шуур. Шуур ҳамчун инъикоси ҳастии олами материалӣ.
  2. Пайдоиши шуур ва моҳияти иҷтимоии он.
  3. Таносуби рӯҳониёт ва моддиёт.
  4. Шуури инфиродӣ ва шуури ҷамъиятӣ, робитаи диалектикии онҳо.
  5. Сохтори шуури ҷамъиятӣ ва дараҷаҳои он.
  6. Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва меъёрҳои фарқияти онҳо.
  7. Шуури ахлоқӣ. Типҳои таърихии ахлоқ.
  8. Сиёсат, ҳуқуқ ва дарки зебогии олам.
  9. Хусусиятҳои шуури динӣ. Озодии виҷдон.
  1. Мафҳуми шуур. Шуур ҳамчун инъикоси ҳастии олами материалӣ.

Дар фалсафа ва психология шуур ҳамчун шакли олии инъикоси мақсадноки маънавии воқеият фаҳмида мешавад.

Шуур падидаи мураккаб буда, дар ҳаяҷон, ҳиссиёт ва фикр ифода меёбад. Шуур дониш дар бораи олами моддӣ ва маънавӣ, дар бораи ҳастии худи одам аст.

Шуур қобилияти ба инсон хоси мақсаднок ва таҷдиди ҷамъбастии воқеият дар шакли идеалие мебошад, ки имконияти муайян кардани тамоюлро дар муҳити беруна ва дигаргункуниро дар раванди фаъолияти предметӣ-амалӣ таъмин мекунад.   

Шуур аз психика, тафаккур ва ақл тафовут дорад. Психика аз шуур пештар буда, нисбат ба он мазмуни васеъ дорад. Психика баръакси шуур на танҳо ҳодисаҳои даркшуда, инчунин равандҳои даркношуда, ғайриирода, бешуурона, аз таҳти назари ақл баромада ва фаромушгардидаро ифода мекунад. Дар навбати худ шуур низ нисбати психика маънии бой ва пурмазмунро соҳиб аст, чун он ғайр аз ҳаяҷону муроқибаи ҳиссӣ ва тафаккур, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, майлу хоҳиш ва орзӯю ормонҳоро низ дарбар мегирад.

Маънои шуур аз тафаккур васеътар мебошад. Тафаккур танҳо ҷузъи таркибии шуур, шакли олии мавҷудияти он буда, воқеиятро ба таври назариявӣ дар мафҳум, фарзия ва назарияҳо инъикос мекунад.

Материализм ақидаи пеш аз шуур мавҷуд будани материяро ба назар мегирад. Идеализм бошад пеш аз мабдаи моддӣ, чун ҷавҳари мустақил вуҷуд доштани шуурро эътироф мекунад. Ба ақидаи онҳо шуур бидуни материя низ вуҷуд дошта метавонад ва пас аз фанои материя низ боқӣ мемонад.

Дар фалсафа оиди шуур 4 нуқтаи назар вуҷуд доранд:

  1. Физикализм;
  2. Солипсизм;
  3. Идеализми объективӣ;
  4. Материализми эътидолӣ (умеренный материализм).

Физикализм – нуқтаи назари ифротии (крайное)  материалистӣ ба проблемаи шуур аст, ки мувофиқи он шуур чун ҷавҳари мустақил вуҷуд надошта, он маҳсули материя буда,танҳо аз нуқтаи назари илмҳои табиатшиносӣ шарҳ меёбад.

Солипсизм – нуқтаи назари ифротӣ оиди табиати шуур аст, ки мувофиқи он шуури фард- ягона воқеияти саҳеҳ буда, олами моддӣ маҳсули он мебошад ва ин таълимотро намояндагони идеализми субъективӣ низ пайравӣ мекунанд.

Идеализми объективӣ нуқтаи назарест, ки воқеияти ҳам шуур ва ҳам материяро эътироф намуда, муқаддамияти шуурро таъкид ва онро дар алоҳидагӣ аз шахсияти фард ҳачун ҷузъе аз «шуури ҷаҳонӣ» арзёбӣ мекунад.

Материализми эътидолӣ – нуқтаи назарест, ки шуурро ҳамчун зуҳуроти махсуси материя, қобилияти материяи олиташкил медонад, ки он худашро инъикос месозад. ҳарчанд, ки сифати идеалиёти онро эътироф менамояд ва ин нуқтаи назар дар фалсафаи россиягӣ паҳн гаштааст.

Якчанд кӯшишҳои ҳалли масъалаи пайдоиши шуур (психика) вуҷуд дорад:

  1. «Антропсихизм» (Р. Декарт) – психика (шуур)-ро ба пайдоиши одам марбут шуморида, таърихи пешакии психикаи одамро тамоман сарфи назар мекунад.
  2. «Пансихизм» (Робине) – бар хилофи «антропсихизм» тарафдори рӯҳонияти куллии табиат мебошад.
  3. «Биопсихизм» (Гоббс) – психикаро на хосияти умуман ҳама гуна материя, балки хосияти материяи зинда мешуморад.

Материализми диалектикӣ пайдоши шуурро натиҷаи қонунии инкишофи тадриҷии материя мешуморад. Имконияти пайдо шудани шуур дар худи материя маҳфуз аст.

Фалсафаи материалистӣ аз садаи XVII оғоз карда, барои маънидод кардани моҳияти шуур принсипи инъикосро истифода мекунад. Дар тули чанд садсола принсипи инъикос таҳаввулоти ҷиддиро аз сар гузаронид. Имрӯз ин мафҳум аслан ба маънои маҷозӣ фаҳмида мешавад, на ба маънои аслӣ. Дигар мафҳуме (инъикос) нест, ки робитаи олами берунаро бо шуур дуруст инъикос кунад. «Инъикос» аз ҷониби шуур воқеияти айниро на дар шакли аслӣ таҷдид кардан, балки ҳамчун мувофиқати муайяншуда, монандии дар ҳадду лаҳзаҳои муҳими олами моддӣ ва нақшаи идеалии он фаҳмида мешавад. Умуман, дар маҷмӯъ вазифаи асосии шуур дар самт ва мутобиқати инсон ба олам зуҳур мешавад. Агар ин мувофиқат набошад инсон дар олам вуҷуд дошта наметавонист.

Бартарии идеяи инъикос дар шарҳи моҳияти шуур дар он аст, ки он имкон медиҳад, ки таърихи пешакии шуурро мушоҳида карда, ҷойгоҳи онро дар зинаҳои эволютсия (таҳаввулот) нишон диҳад. Инъикос – хосияти умумитарини материя мебошад, ки дар таҷдиди (аз нав пайдо кардан, айнан такрор кардан) аломат ва хосиятҳои объекти инъикосшаванда зоҳир мешавад. Он дар тамоми дараҷаҳои сохтории ташкилии материя, аз оддитарин оғоз карда то дараҷаи мураккаб вуҷуд дорад. Натиҷаи тамоми таъсири беруна, ба монанди тағйирёбии (деформатсия) механикӣ, тағйирёбии дарозии мавҷҳо ё сохтори молекуларо метавон чун «инъикос», ё худ чун аломати объекти таъсиркунанда қабул кард.

Инъкоси характери умумитарин дошта, хоси тамоми материя мебошад. Шуур натиҷаи инкишофи шаклҳои пештараи инъикос (ангезандагӣ ва ғ.) мебошад. Яъне, шуур қисми табиат, табиӣ мебошад на фавқултабиӣ ва номуайян.

  Инъикос – ин хосияти таҷдиди (инъикоси) низомҳои моддӣ дар раванди фаъолияти мутақобил дар тағйирёбии хосиятҳо ва ҳолатҳои махсуси дигар низомҳо мебошад. Ин тағйиротҳое, ки дар низомҳои худташкилшуда инъикосу истифода мешаванд ахборот ном дорад. Масалан, одаме  ки ба рӯйи рег меравад пайи худро мемонад ва ин пай – инъикос мебошад. Дар вақти ковтуковҳои археологӣ олимон изи ҳайвонҳо ва растаниҳои кайҳо аз байн рафтаро меёбанд. Изҳо (отпечатки) низ инъикос мебошанд, чун барандаи ахборот ҳастанд. Обе, ки ба он нур  меафтад предметҳои атроф: дарахтҳо, хонаҳо, одамонро инъикос мекунад. Ин таҷдидкунӣ низ инъикос мебошад.

  Инъикос дар олами ғайризинда – шаклҳои оддитарини инъикос ба монанди механикӣ, физикӣ, химиявӣ мебошад. Мисолҳои дар боло оварда ин намуди оддитарини инъикосро дарҷ карданд.

  Шаклҳои оддитарини (элементарӣ) инъикос ҳануз шакли фаъолро соҳиб нестанд. Дар ин ҷо низомҳои инъикосшаванда ва инъикоскунанда шартан мебошанд. Дар инҷо фаъолнокии интихобан равонкардашуда вуҷуд надорад.

  Миёни табиати зинда ва ғайризинда монеаи ҷиддӣ нест. Хусусиятҳои инъикоси материяи ғайризинда дар шароитҳои муайяни таърихӣ дар табиати зинда инъикос мешаванд, ки онҳоро шаклҳои биологии инъикос меноманд. Намудҳои он: ангезандагӣ, мутаасиршавӣ,  психикаи оддии ҷайвонҳои олӣ мебошанд. Инъикос дар табиати зинда бо тарзи сифатан нави мавҷӯдияти организмҳои биологӣ, яъне мутобиқати фаъолияти ҳаётии онҳо алоқаманд мебошад. Мутобиқати мавҷудотҳои зинда ба муҳит бевосита ба моҳият ҳаёт алоқаманд мебошад. Маҳз дар ин раванд механизмҳои инъикос ташаккул ёфта, оҳиста – оҳиста системаи асаб аз оддитарин то рушди мағзи сар пайдо мешавад.

  Ангезандагӣ (раздражимость) – инъикоси биологӣ мебошад. Он дар растаниҳо вуҷуд дорад. Ангезандагӣ ин реаксияи организмҳои зинда ба тағйиротҳои мусбат ва манфии табиат буда, фаъолнокиро ба ҳаракат медарорад. Растанӣ ҳаракатҳои офтобро ҳис мекунад.

  Навъи баландтари инъикоси биологӣ мутаасиршавӣ мебошад, ки он қобилияти инъикос хосияти алоҳидаи ашёҳо дар шакли ҳиссиёт мебошад.

  Ба ин шакли биологии инъикос фаъолнокӣ ва бомақсадӣ хос мебошад. Растаниҳо, организмҳои оддӣ вобаста ба талаботи худҳимоятиашон бомақсадона хусусиятҳои муҳими биологии муҳити атрофро инъикос мекунанд.

  Масалан, дар ҳайвонҳо дар вақти шикор қобилиятҳое пайдо мешавад, ки онҳо дар вақти ба даст овардани сайд фаъолона  истифода мекунанд.

  Дар асоси ин рушди ояндаи шакли биологии инъикос ба амал омада, омилҳои ибтидоии шакли психики инъикос пайдо мешавад. Идрок ва тасаввур аз шаклҳои мураккаби фаъолият, ташаккули системаи асаб, мураккабшавии сохти мағзи сар вобаста мебошанд.

  А.Г. Спиркин эҳсос ва тасаввурро ядрои шуур меҳисобад. Инъикоси психикие, ки дар ҳайвонҳои сутунмуҳрадор пайдо мешавад ин хосияти организмҳои зинда бомақсадона қабул кардани тағйиротҳои предметии муҳити атроф мебошад, то ки ба он мутобиқ шаванд.

  Асоси моддии психика фаъолияти нейрофизиологии мағзи сар ва механизмҳои рефлектроии он мебошад. Рефлекс, ки асоси падидаҳои психикиро ташкил медиҳад вазифаи инъикоскунандаи асабро иҷро мекунад. Раванди рефлексӣ аз тасаввури ангезанда оғоз шуда, дар равандҳои асабии организм идома ёфта, бо ҳаракати ҷавобии организм ба поён мерасад.

  Характери рефлексии инъикоси психикиро олим ва файласуфи асри XVII–и франсуз Р. Декарт кушод. И.М. Сеченов ва И.П. Павлов назарияи шартӣ ва ғайришартии рефлексҳоро кор карданд. Коркарди ояндаи назарияи инъикос дар низомҳои биологӣ ба қалами таҳқиқотчии шӯравӣ П.К. Анохин таалуқ дорад.    

Бо пайдоиши объектҳои материалии нисбатан мураккаб хосиятҳои инъикос низ мураккаб мешаванд. Бо пайдоиши ҳаёт чунин хосият ба монанди ангезандагӣ (раздражимость), яъне қобилияти интихобан дарк кардани таъсири беруна, махсусан ба онҳое, ки бевосита ба мубодилаи моддаҳои организмҳои зинда дохиланд, пайдо мешавад. Зина ба зина мураккабшавии эволютсионии онҳо, пайдоиши системаи асаб ба пайдоиши шакли мураккаби дарккунӣ – мутаасиршавӣ (чувствительность), яъне қобилияти инъикоси хосиятҳои алоҳидаи муҳити беруна дар шакле, бурда мерасонад. Гузариши оянда аз ҳиссиёти ғайридифференсиалӣ (дифференциация – тафриқа, фарқ кардан, гуногун) (ғайримахсус) ба дифференсиалӣ, яъне пайдоиши қобилияти дарккунии ангезандаҳои гуногуни зиёд (механикӣ, оптикӣ, акустикӣ ва ғайраҳо) мебошад, ки тасвири бутуни муҳити берунаро ташаккул дода, психика (дар ҳайвонҳои сутунмуҳрадорӣ бо сохтори системаи асаби мураккаб) пайдо мешавад.

Психикаи ҳайвонҳои олӣ дар навбати худ пайдоиши шакли нисбатан мураккаби инъикос – шуурро, ки таҷдиди чамъбасткунии воқеият дар шакли абстрактӣ-мафҳумӣ мебошад, пешгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, пайдоиши шуур аз нигоҳи эволютсионӣ мӯъҷиза набуда, зинаи мантиқиест, ки дар зинаҳои тулонии эволютсионӣ дар натиҷаи оҳиста-оҳиста мураккабшавии шаклҳои инъикос дар олами материалӣ пайдо шудааст.

Пайдоиши шуур ва моҳияти иҷтимоии он.

Барандаи шуур, хирад будани инсон яке аз хислатҳои олии инсонӣ ба ҳисоб меравад. Имконияти шуур беандоза мебошад. Маҳз бо шарофатии хирад инсон дар биосфера мақоми ҳукмронро соҳиб аст. Саволе ба миён меояд, ки инсон бо кадом роҳ соҳиби ин арзиши бебаҳо гашт? Бо роҳи табиӣ ё фавқултабиӣ? Аз нигоҳи дуюм он аз хиради олӣ, қувваи фавқултабиӣ вобаста  аст. Сарфи назар аз он, ки роҳи якум душвортар аст, лекин он ба илм ва фалсафа такя мекунад. Илми муосир масъалаи шуурро пурра ҳал накардааст ва дар бисёр мавридҳо ба фалсафа рӯ меорад.

Таҳлили фалсафӣ ҳануз дар даврони антиқӣ муқаррар кард, ки хусусиятҳои шуур ва материя бо ҳамдигар зид мебошанд. Онҳо дар маҷмӯъ дар олам ва дар фарди алоҳида  чӣ хел вуҷуд доранд? Яке аз масъалаҳои асосии фалсафа маҳз ҷустуҷӯи асосии ягонагии онҳо мебошад. Дар ин ҷода дастовардҳои  муҳим дар асри XVII (дар он вақт «психофизикӣ» ном дошт) ба даст омад, ки масъалаи муносибати шуур ба материя дақиқ омӯхта шуд. Ҷустуҷӯи ягонагии онҳо масъалаи омӯзиши асосии фалсафиро ташкил медиҳад.

 Масъалаи таносуби шуур ва материя дар асри XVII (Р. Декарт, Б. Спиноза, Г. Лейбнитс) аслан аз нигоҳи маърифатӣ (гносеологӣ) мавриди омӯзиш қарор гирифта буд. Моҳияти он чунин  аст. Дақиқ аст, ки олам аз ашёҳои моддие иборат аст, ки мо онҳоро метавонем фикр кунем ё дарк кунем. Гузашта аз ин, инъикосҳои идеалии ашёҳо ё фикр перомуни онҳо бо ҳам мувофиқат кунанд, ба монанди ашёҳои олами моддӣ. Дар сурати ғайр раванди маърифати воқеият номумкин мегардад. Яъне, миёни ашё ва фикр дар бораи он бояд ягонагие вуҷуд дошта бошад. Ягонагӣ миёни фикри мо ва ашёҳои олами моддӣ дар чӣ зуҳур мешавад? Кадом хусусиятҳои умумиро объектҳои моддию маънавӣ соҳибанд?

         Дар байни объектҳои моддию маънавӣ хусусиятҳои ягона  вуҷуд надорад. Он хусусуиятҳое, ки дар объектҳои моддӣ вуҷуд доранд дар объектҳои маънавӣ дида намешаванд ва баръакс. Аз ин рӯ, моддиёту маънавиёт ба ҳам зид ҳисоб мешаванд. Мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин аст, ки «тафаккури мо бо воқеияти берун аз мо вуҷуддошта чӣ хел муносибат дорад, аниқтараш чӣ хел онҳо ба ҳамдигар мувофиқат мекунанд?».

         Агар,  байни объектҳои моддию маънавӣ умумият набошад, пас мувофиқат низ миёни онҳо бояд набошад. Ақидаи моро оиди шуури ашё, инъикоси образи он аст, яъне нусха, кисме аз асл (оригинал) аст, чӣ тақвият медиҳад. Байни нусха ва асл ҳатман бояд ин ё он айният, ё худ умумияти аломатҳо вуҷуд дошта бошад.

         Масалан, Р. Декарт ин умумиятро ёфта натавонист. (Аз ин рӯ, Декарт дуалист мебошад. Миёни материя ва тафаккур хусусиятҳои умумиро наёфта, Декарт онҳоро ду субстансияи алоҳида эълон кард, ки мувофиқати онҳоро танҳо Худо таъмин  мекунад). Умумияти онҳоро Б. Спиноза дарёфт. Умумият, ё худ он чизе, ки материяро бо шуур алоқаманд, муттаҳид мекунад – табиат мебошад. Дар таълимоти Спиноза як субстансия вуҷуд дорад. «Тафаккур» ва «тулоният»-ро, ки Декарт истифода кардааст барои Спиноза атрибутҳои ҳамон субстансияи ягона (дар охири охиран дар Спиноза низ Худо, ё  монанд ба он ҳисоб мешавад) мебошанд.

         Эълон кардани табиатро чун инъикоси умумии хусусиятҳои моддию маънавӣ ҳарчанд, ки роҳи дуруст буд, лекин ба саволи «чӣ хел мувофиқати ягонаи фикр бо предмет ба даст меояд?» ҷавоби мушаххас намедод.

         Ҷавоби дақиқ ба ин савол танҳо дар асри XIX аз ҷониби фалсафаи марксизм дода шуд. Ба акидаи он мувофиқати тафакурро ба олами моддӣ «фаъолияти амалии инсон» таъмин мекунад.

         Мафҳуми асосии ин фарзия «фаъолият» мебошад. Аз ин рӯ, чунин гуфтан ба маврид мебошад: «шуур, тафаккур – фаъолият аст». Тафаккур (фикронӣ) ҳамчун навъи хоси фаъолияти биологӣ ба инсон дода нашудааст. Он дар муҳити иҷтимоӣ дар асоси тарзи ҳаёти ба худ хоси инсонӣ ташаккул меёбад. Он дар мисоли предметҳои моддӣ (бо ангуштон, чубдастҳо, себ ва ғайра) ташаккул меёбад. Танҳо ба воситаи предметҳои моддӣ мумкин аст, ки дар кӯдак ягон фаъолияти тафаккурӣ (идеалӣ)-ро ташаккул дод. Барои он, ки кӯдак дар хирадаш (идеалӣ)  ягон фаъолият кунад, зарур аст, ки фаъолияти ибтидоии моддиро  ташаккул диҳад. Масалан, як себ ҷамъи ду себ баробар ба се себ мебошад. Ин фаъолият предметӣ, моддӣ мебошад. Вақте  ки ин амалро аз худ мекунад, баъд мумкин аст, ки онро дар тафаккураш, яъне бо образҳои идеалии ашёҳо ба иҷро расонад. Яку якбора аз аломатҳо, аз шаклҳои рамзии фаъолият оғоз кардан номумкин аст. Дар кӯдак ҳануз қобилияти абстраксиякунӣ, ҷудо кардан аз воқеияти моддӣ-предметӣ пайдо нашудааст.

         Таҳлили олами моддӣ низ миёни кӯдак ва одами калон тафовут дорад. Одами калон оламро идеалӣ таҳлил мекунад. Чун кӯдак ин амалро наметавонад, маҷбур аст онро ба воситаи предметҳо, яъне бо чизҳои моддӣ ба сомон расонад. Вақте, кӣ кӯдак бозичаҳоро мешиканад, оинаро мезанад ва ғайра характери бади худро нишон надода, баръакс зиракӣ, кунҷковӣ ва кӯшиши таҳлил  кардани худро нишон медиҳад. Вай мехоҳад фаҳмад, ки олам чӣ хел аст. Агар ин амалҳоро дар кӯдакӣ накунад дар синни камолот қобилияти таҳлили фикрронии ӯ ташаккул намеёбад.

         Ҳамин тариқ, фаъолияти фикрронии инсон бо фаъолияти моддӣ – предметии вай робитаи генетикӣ дорад. Тафаккур моҳиятан ин ҳамон фаъолияти амалӣ– предметӣ мебошад, ки на танҳо бо предметҳои моддӣ, балки бо ивазкунандаҳои идеалии онҳо мебошанд. Маҳз ин наздикии генетикии тафаккур ва фаъолияти амалӣ робита, ягонагӣ, мувофиқати тафаккури моро бо олами моддии берун аз он таъмин мекунад. Маҳз ба ин хотир дар назарияи меҳнати антропогенез гуфта шудааст: «меҳнат инсонро ба вуҷуд овард». Меҳнат чун фаъолияти мураккаби олоти меҳнати коллективӣ психикаи ҳайвонҳои олиро мураккаб карда, дар онҳо сохтори мафҳумӣ–тафаккурриро ба вуҷуд овард.

         Дар баробари ин, яке аз омилҳои асосии он нутқ ба ҳисоб  меравад. Нутқ як ахбороти оддӣ перомуни чизе набуда, ин фаъолият, воситаест (талаффузи калимаҳо), ки қобилияти моддии худро гум накарда (чунки бо овоз баён мешавад), дар навбати худ маънии идеалиро гирифтааст. Фаъолияти нутқӣ як қисмати мобайниест дар табдили фаъолияти моддӣ бо идеалӣ. Ин ҳам як усули моддиест, ки фаъолияти идеалиро ташаккул медиҳад (агар имтиҳон дошта бошед бо овози баланд такрор карда хонед хубтар тайёр мешавед, нисбат ба паст хондан).

Дар асоси фаъолияти амалӣ ва нутқӣ ташаккул додани шуури худ аз ҷониби фарди муосир феълан ин ҳамон роҳи «ихтисоршуда», дар шакли кӯтоҳест, ки як вақтҳо аҷдодони ҳайвонмонанди мо гузашта, ба инсони имрӯза табдил ёфтаанд.

  Забони қадимаи одамон – имову ишора мебошад. Ҳар як ишора ин пеш аз ҳама фаъолият мебошад. Ин фаъолият аз фаъолияти амалии ҳаррӯза тафовут дорад. Ишора қариб, ки ба фаъолият (фаъолияти нопурра) баробар аст. Он аз натиҷаи вокеӣ ҷудо аст ва фаъолияти амалии воқеиро инъикос  мекунад. Ҳамин тариқ, дар фаъолияти одамон як қисмати иловагӣ – аломатӣ, рамзӣ пайдо мешавад. Фаъолият аввалин маротиба аз асоси материалии худ ҷудо мешавад, сарфи назар аз он ки ҳоло ҳам моддист. Маҳз дар ҳамин вақт он чизе пайдо мешавад, ки баъдтар идеалиёт номида мешавад. Яъне, тасаввуроти тамоман дигар дар фаъолияти воқеии моддӣ (имову ишора), ки танҳо ба воситаи психикаи инсон алоқаманд мебошад.

Имову ишора ин аввалин қадамест дар роҳ ба сӯи абстраксия, яъне барои инсон аз предметҳои моддӣ ҷудо шудани хосияту хислатҳои муҳими онҳо. Қадами дуввум, (тахминан) дар рафтор ва психикаи инсон устувор кардани алоқаҳои муайян байни имову ишора ва овозҳое, ки онҳоро ифода мекунанд, ба ҳисоб меравад. Ҳануз одамони қадим дар амалия исбот карданд, ки мазмун ва рамзҳоеро ифода мекунанд, ки аз имову ишора хубтар мебошанд. Албатта, дар шакли ибтидоӣ онҳо дар як шакли имову ишора ва овоз омехта буданд. Яъне, нутқи дар оянда пайдошудаи мо сараввал фаъолият буд. Танҳо фаъолияти предметӣ не, балки аломатӣ, яъне, баёни фаъолияти предметӣ фақат ба воситаи аломатҳо сурат мегирифт.

Нутқ зинаи дигари абстраксия, яъне зинаи баландтар нисбат ба имову ишора ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз он, ки имову ишора дар шакли кӯтоҳ аст, лекин як монандиеро бо шакли ибтидоии худ – фаъолияти предметӣ ҳифз мекунад. Калима, овоз умуман ба он монанд набуда, соф аломат мебошанд. Аломат дар навбати худ, ҳоло ҳам шакли моддии худро ҳифз карда, пурра аз материя, ки ба ҳиссиёт дастрас мебошад,  ҷудо нашудааст.

Аз хотире, ки фаъолияти амалӣ, имову ишора, калима – ҳамаашон як шакли фаъолиятанд (фаъолияте мебошанд, ки аз тарафи системаи асаб назорат мешаванд), алгоритм ва якрангӣ (қолабӣ, шаблон)-и он дар шакле дар системаи асаб ва психикаи инсон ҳифз шуданд. Шаклҳои ҳиссиёт, идрок ва тасаввуроти ба вуҷудомадае, ки ин намудҳои фаъолиятро ифода мекунанд, рафта-рафта дар психикаи инсон мантиқан мувофиқи фаъолияти предметии ибтидоӣ ташаккул ёфта, имконияти мустақилона ҳаракат ва ташаккулёбиро соҳиб шуданд, ки ба такягоҳи ҳамавақтаи воқеияти моддии беруна эҳтиёҷ надоранд. Он чизе, ки мо имрӯз абстрактӣ, ё худ ҷудошуда, тафаккур мегӯем пайдо шуд.

Дар баробари ин перомуни пайдоиши шуур 3 нуқтаи назар вуҷуд дорад:

  1. Кайҳонӣ (илоҳиётӣ);
  2. Биологӣ;
  3. Инсонӣ.

Мувофиқи нуқтаи назари кайҳонӣ – шуур бевосита аз хиради худовандӣ ибтидо гирифта, моҳиятан воҳид, тақсимнопазир ва ҳадафнок буда, зарраҳои «шуури ҷаҳонӣ» ба табиат дар шакли шуури организмҳои зинда ва инсон пароканда шудаанд.

Аз нигоҳи нуқтаи назари биологӣ – шуур маҳсули табиати зинда буда, ба ҳама  организмҳои зинда хос аст, ҳаёти ҳайвонҳо ба шуури онҳо тобеият дошта, бисҳре аз амалҳои ҳайвоноти олӣ аз қабили гурбаҳо, сагҳо ва приматҳо фаъолияти мураккаби шуурро тақозо доранд ва ҳайвонҳо мувофиқи тартиботи рафтор, одат, зиддият ва ғайра  «ахлоқ»-и худро соҳибанд.

Нуқтаи назари инсонӣ оиди шуур бар он ақида аст, ки шуур танҳо маҳсули мағзи сари инсон аст ва он танҳо ба инсон тааллуқ дорад.  Ҳайвонҳо бошанд шуур надошта, танҳо инстинкт доранд.

Барои чӣ тафаккур идеалӣ аст? Он бавоситаи сохтори мағзи сар, яъне объектҳои моддӣ амалӣ мешавад ку? Шояд, тафаккур раванди оддии моддиест, ки дар натиҷаи пайдоишу вайроншавии алоқаи нейронҳо вуҷуд дорад? Оиди ин саволҳо дар фалсафаи муосир ҷавоби қотеъ вуҷуд надорад.

Таносуби руҳониёт ва моддиёт.

Мағзи сари инсон бисёр мураккаб аст, вале то дараҷае онро омӯхтан мумкин аст. Илми муосир сохт ва фаъолияти онро то ҳадде муайян кардааст. Тасаввур мекунем, ки косахонаи сари инсони зиндаро кушодем ва мебинем, ки дар вақти фикр кардани инсон он чӣ хел кор мекунад. Чиро мо мебинем? Умуман, ягон чизи муҳимро намебинем, ба ғайр аз бисёр сохторҳои мураккаби ҳуҷайраҳое, ки дар мағзи сар ҷамъ шуда, байни худ мубодилаи сигналҳои табиатан электрохимиявии мураккабро амалӣ мекунанд. Магар ҳамин аст – тафаккур? Албатта, ин тафаккур нест, лекин чӣ қадаре  ки мушоҳида накунем дигар ҳеҷ чизро намебинем. Мисоли дигар, телевизорро тасаввур мекунем. Ба воситаи телевизор мо ахборот мешунавем, кино тамошо мекунем, бозиҳои варзиширо тамошо мекунем ва ғайраҳо. Агар дар вақти дар телевизор ин ё он барнома рафта истода бошад ба даруни он нигарем чиро мушоҳида мекунем? Мусаллам аст, ки ҳеҷ чизро, ба ғайр аз транзисторҳо, диодҳо, триодҳо  ва ғайраҳо мушоҳида намекунем. Ҳамаи ин чизҳо ба он барномае, ки нишон медиҳад чӣ робита доранд? Аслан ягон алоқамандӣ надорад. Дар мағзи сари мо низ чунин амал сурат мегирад. Дар мағзи сари мо низ ба ғайр аз робитаи тарафайни нейронҳо дигар чизе нест. Бо тафаккури мо ин нейронҳо ягон робита надоранд, лекин бидуни онҳо низ ягон тафаккур ба миён намеояд. Моҳият ва мазмуни шуури инсонро ҳуҷайраҳои мағзи сар не, балки муносибат бо воқеияти иҷтимоии берунаи он муайян мекунад. Маҳз ҳамин идеалиёт, ё худ муносибати тасаввуротиест, ки ягон предмет моҳияти худро гум накарда (тағйир наёфта), дар баробари ин тамоман дигар чизеро (ифода мекунад, маънидод мекунад) инъикос мекунад, ки бо табиати предмети тасаввуршуда ягон робита надорад.

Масалан, калимаи «хирс» ҳам аз ҷиҳати беруна ва ҳам таркибӣ бо мазмуни он объекти воқеиеро, ки ифода мекунад ягон робита надорад. Лекин сарфи назар аз он байни ҳардуяшон робита вуҷуд дорад. Ин робита идеалӣ аст. Барои он, ки на материалӣ, балки идеалӣ ҳисоб мешавад, ки объекти моддӣ (калима, дар ин ҷо «хирс») тасаввуроти моро ба дигар объекти моддӣ (дар ин ҷо худи хирс) ҳавола мекунад, ки аз рӯи табиати худ ягон муносибат надорад ва дар олами моддӣ ба ҳам таъсир намерасонанд. Дар табиати ғайризинда робитаи идеалӣ вуҷуд надорад. Дар он ҷо таъсири бевоситаи як предмет ба дигараш мушоҳида мешавад. Алоқаи тарафайни идеалӣ танҳо дар табиати зинда дар натиҷаи фаъолияти субъект пайдо мешавад.  

Идеалиёти шуури инсон нисбат ба идеалиёти психикаи ҳайвон мураккабтар мебошад. Ин мураккабият дар якчанд шакл зуҳур мешавад.

  1. Тафовут, ба кисматҳо ҷудошавӣ, гуногунрангии сохтории хосият ва муносибатҳои гуногуни воқеияти моддӣ дар «забони» (фаъолнокии электрохимиявӣ) мағзи сар меафзояд. Ин раванд бевосита бо мураккабшавии фаъолияти инсон алоқаманд мебошад. Усулҳои стихиявии олотҳои предметии фаъолият психикаро маҷбур мекунанд, ки аз предметҳои табиӣ истифодашаванда (санг, чуб ва ғ.) «дур шуда», танҳо ба он хосиятҳое диққат дода шавад, ки дар айни замон (қобилияти буридан, шикастан, сӯзонидан ва ғ.) амалан муҳиманд. Аз предметҳои воқеӣ ҷудо шудан ё абстраксия шудани хосиятҳои алоҳидаи онҳо маркази асосии омӯзиши психикаро ташкил медиҳад.
  2. Маърифати фикронӣ (абстраксиякунӣ)-и ташаккулёфтаистода қобилияти объективикунонӣ пайдо мекунад, яъне материаликунонӣ дар ашёҳои инсон ба вуҷуд оварда.
  3. Ба сифати дигар намуди зарурии объективикунонии маърифати идеалӣ дар ҷомеа забон ва нутқ баромад мекунанд, яъне материаликунонии аломатӣ-рамзии намудҳо ва фикрҳои мо.
  4. Шарти бевоситаи устувории маърифати идеалии ба вуҷудомада коллективизм мебошад, яъне усули мавҷудияти абарфардӣ.
  5. Идеалиёти шуур худшиносӣ ҳисоб мешавад. Шуур қобилияти тасаввур ва таҳлили на танҳо воқеияти беруна, инчунин худро аз дохил пайдо мекунад.

Ҳамин тариқ хосиятҳои хоси идеалиётро дар воқеияти иҷтимоӣ ба чунин қисматҳо ҷудо кардан мумкин аст:

  • Сохтори мураккаб ва гуногунрангӣ (дифференцированность);
  • Қобилияти объектҳои идеалӣ ба объективикунонӣ ва моддикунонӣ;
  • Ба алоқаҳои идеалӣ ҳамроҳ кардани миёнравҳои моддӣ (забон, нутқ);
  • Абарфардӣ, характери мавҷудияти ҷамъиятӣ;
  • Таваҷҷуҳ ба худи шахс.
  • Шуури инфиродӣ ва шуури ҷамъиятӣ, робитаи диалектикии онҳо.

Шуур моҳиятан хислати ҷамъиятӣ дошта, тавассути фаъолияту қобилияти фардӣ ба вуҷуд меояд.

Хусусиятҳои фардии мазмуни шуурро на аз рӯи мазмуну аҳамият, балки аз рӯи вазъи ҳаёти инсон, мавқеи ӯ дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, маълумот, тарбия ва ғайра муайян мекунанд. Хусусияти диалектикии ташаккулу инкишофи шуури фардиро фаъол будани муносибати шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ муайян мекунад, зеро фард ҷавоби вазифаҳои зиндагияшро доим дар шуури ҷамъиятӣ меҷӯяд.

Шуури ҷамъиятӣ маҷмӯи ақоиди одамон ба падидаҳои табиат ва воқеияти иҷтимоӣ мебошад, ки дар забони табиӣ ё сунъии ҷамъиятӣ ифода шуда, маҳсули маданияти маънавӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ ва ақоиди гуруҳҳои иҷтимоӣ, халқиятҳо ва инсоният дар маҷмӯъ мебошад.

Шуури ҷамъиятӣ маданияти маънавии ҷомеа ва инсониятро ташкил медиҳад. Ба он на танҳо идеяҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин дар маҷмӯъ идеяҳои ҷамъият дар бораи олам, аз он ҷумла перомуни худи инсон дохил мешаванд. Шуури ҷамъиятӣ аз сохтори мураккаб ва дараҷаҳои гуногун: аз таркибҳои оддитарини ҳаётию таҷрибавӣ, иҷтимоӣ-психологӣ оғоз карда, то шаклҳои мураккаби илмӣ иборат аст.

Шуури ҷамъиятиро ҳастии ҷамъиятӣ муайян мекунад. Ба инкишофи шуури ҷамъиятӣ – давлат, ҳуқуқ, сиёсат ва ғайраҳо низ таъсир мерасонанд. Шуури ҷамъиятӣ бо ҳастии ҷамъиятӣ робитаи бевосита дошта, туфайли истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, шуури ҷамъиятиро аз истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҷудо кардан хато мебошад. Ба ақидаи К. Маркс: «Шуури одамон ҳастии онҳоро муайян намекунад, балки баръакс, ҳастии ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян мекунад».

Умуман, шуури ҷамъиятӣ чӣ бавосита ва чӣ бевосита ба шуури фардӣ таъсир мерасонад ва аз ин рӯ, нисбат ба он муайянкунанда мебошад.

  • Сохтори шуури ҷамъиятӣ ва дараҷаҳои он.

Шуури ҷамъиятӣ падидаи мураккаб буда, унсурҳои гуногуни ба ҳам таъсиркунандаро фаро мегирад, ки ҳар кадом хислати худро дорад. Таркиби шуури ҷамъиятӣ аз дараҷаҳои зерин иборат аст:

  1. Шуури муқаррарӣ ва назариявӣ
  2. Психология ва идеологияи ҷамъиятӣ

Шуури муқаррарӣ дар ҷараёни ҳаёти амалии ҳамарӯзаи одамон ба таври табиӣ, чун инъикоси таҷрибавии ҷиҳати зоҳирии воқеият пайдо мешавад. Шуури назариявӣ инъикоси робитаву қонуниятҳои воқеиест, ки ифодаи худро дар илм ва дигар шаклҳои шуур меёбад.

Дар ҳаёти воқеӣ шуури муқаррарию назариявӣ қиёсан омехта мешаванд, аммо барои таҳлили фалсафии онҳо ҳардуи ин унсури шуурро «дар намуди соф» пешниҳод кардан зарур аст. Шуури муқаррарию назариявӣ якдигарро иваз намекунанд, вале ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Шуури назариявӣ қодир аст, ки шуури муқаррариро тағйир дода мутамаддин созад. Аммо новобаста ба сатҳи инкишофи дониши назариявӣ ва илм шуури муқаррарӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон зарур аст. Ифодаи равшани шуури муқаррариро дар мисоли ақли солим мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз рӯи он ҳар як ҳодисаи воқеияти иҷтимоӣ ва табиатро таҳқиқу муҳокима кардан мумкин аст.

Шуури муқаррарӣ нисбат ба шуури ҷамъиятӣ дар зинаи паст меистад, вале аҳамияти он барои ҳаёти ҳаррӯза кам намешавад.

Психологияи ҷамъиятӣ дар ҷараёни ҳаёти амалии ҳаррӯзаи одамон ташаккул меёбад, вале дар он ҳамчун зинаи шуури ҷамъиятӣ афзалият на ба ҷониби донишҳои доир ба воқеият, балки муносибат ба ин донишу арзишҳои воқеият аст.

Психологияи ҷамъиятӣ бо идеология алоқаманд аст, ки он ифодаи маънавии муназзами аз ҷиҳати назариявӣ асоснокшудаи манфиати гуруҳҳои иҷтимоию умумятҳои онҳо мебошад. Идеология зуҳуроти мураккаби маънавие мебошад, ки асоси муайяни назариявӣ, барномаю механизми интишор дорад. Идеология баръакси психология аз фаъолияти ҳаррӯзаи одамон сар назада, аз тарафи идеологҳо-мутафаккирон, сиёсатшиносон эҷод карда мешавад.

  • Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва меъёрҳои фарқияти онҳо.
  • Шуури ахлоқӣ. Типҳои таърихии ахлоқ.

Зери мафҳуми ахлоқ низоми меъёрҳо, қоидаҳо ва арзишҳое фаҳмида мешавад, ки муколама ва рафтори одамонро бо мақсади ба даст овардани ягонагии ҷамъиятӣ ва манфиатҳои шахсӣ танзим мекунад. Дар шуури ахлоқӣ рафтори одам чун одат, қолабӣ, алгоритм инъикос шудааст, ки аз ҷониби ҷамъият чун чизи анъанавии лаҳзаи таърихӣ қабул шудааст.

Меъёрҳо ва қоидаҳои ахлоқ бо роҳи табиӣ-таърихӣ ва аксаран бо роҳи стихиявӣ ташаккул меёбанд. Онҳо дар заминаи маҷмӯи фаъолияти амалии чандсолаи омма пайдо мешаванд, ки ҷамъият онҳоро барои ягонагии умумӣ фоидаовар меҳисобад. Ахлоқ иродаи коллективии одамон мебошад, ки ба воситаи низоми талаботҳо, арзишҳо ва қоидаҳо манфиати фардҳои алоҳидаро бо якдигар ва манфиатҳои ҷомеаро дар маҷмӯъ мувофиқат мекунонад.

Дар шуури ахлоқӣ талаботҳо метавонанд нисбат ба фард гуногун бошанд. Масалан, меъёрҳои бевоситаи рафтор (дурӯғ нагуфтан, ҳурмати калон ва ғ.), арзишҳои гуногуни ахлоқӣ (адолат, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ ва ғ.), тамоюлҳои арзишӣ, инчунин тартибҳои ахлоқӣ-психологии худназоратии шахсӣ (виҷдон, қарз) ва ғайраҳо ба талаботҳои шуури ахлоқӣ дохил мешаванд.

  • Сиёсат, ҳуқуқ ва дарки зебогии олам (санъат).

Шуури сиёсӣ дар даврони антиқа вобаста ба талаботи воқеияти иҷтимоӣ, ба монанди давлат ва ҳокимияти давлатӣ пайдо шуд.

Шуури сиёсӣ ё идеологияи сиёсӣ – ин маҷмӯи идеяҳое мебошад, ки манфиатҳои асосии синфҳо, миллатҳо ва давлатҳоро ифода мекунад.

Тасаввуроти сиёсии шаҳрвандон сохтори иқтисодӣ ва давлатии ҷомеаи вуҷуддоштаро муайян мекунад. Идеологияи сиёсӣ ташаккул меёбад ва дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва давлат амалӣ мегардад.

Сиёсат, муборизаҳои сиёсӣ ба тамоми доираҳои ҳастӣ вуруд шуда, ба ҳамаи шаклҳои шуур таъсир мерасонанд. Аслан тамоми доираҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (ба ғайр аз ҷомеаи ибтидоӣ) бо манфиатҳои сиёсӣ ва муборизаҳои сиёсӣ омехта аст. Сиёсат дар худ шиддати зиддиятҳои иҷтимоиро ҷамъ мекунад. Он маҳаки ҳамаи иттиҳодҳо ва ҷудоиҳо, иттифоқҳо ва бархӯрдҳо мебошад.

Дар шуури сиёсии ҷамъиятӣ муносибати фаъолияти амалии бевоситаи одамон ва шароити иҷтимоӣ-тартиботии ин фаъолият инъикос меёбад. Шуури сиёсӣ чун бевосита бо манфиати амалии одамон робита дорад асоси иҷтимоӣ-иқтисодии ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунад. Маҳз дар наздикии бевосита бо манфиатҳои иқтисодӣ моҳияти шуури сиёсӣ зуҳур мешавад. Дар ҷомеа ҳама вақт бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ барои ҳокимияти сиёсӣ ба вуҷуд меояд. Сохтори ҳокимияти давлатӣ – масъалаи марказии тафаккури сиёсӣ мебошад.

 Маҳз манфиатҳои сиёсӣ маҳаки ҳамаи иттиҳодияҳои фаъоли ҷамъиятӣ ва бархӯрдҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин мубориза ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, ба монанди илм, дин, фалсафа ба сифати объекти шуури сиёсӣ баромад карда, ба доираи мубоҳисаҳои идеологӣ дохил мешаванд. На танҳо ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа, инчунин ҳаёти маънавии ҷомеа низ аз манфиатҳои сиёсӣ вобастагии калон дорад.

Шуури ҳуқуқӣ – ин тасаввурот ва мафҳумҳоест, ки муносибати одамонро ба ҳуқуқи мавҷудбуда ифода карда, донистани меъёрро дар рафтори одамон мувофиқи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, қонунӣ ва ғайриқонунӣ, назария ва идеологияҳои ҳуқуқиро инъикос мекунад.

Шуури ҳуқуқӣ  ифодаи идеявии муносибатҳои объективии ҷамъиятӣ мебошад, ки характери муносибатҳои ҳуқуқиеро дорост, ки дар навбати худ муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ҷомеа ҳукмронро инъикос мекунанд.Ҳуқуқ ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ таъсир мерасонад ва шуури ҳуқуқӣ дар навбати худ дар ҳуқуқ ва адолат (адлия, провосудие) амалӣ мешавад. Ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ таърихан дар асоси муайяни иқтисодӣ ва вобаста ба пайдоиши синфҳои ҷамъиятӣ ва давлатҳо пайдо шуда, ташаккул ёфтааст.

Мувофиқи ақидаи И. А. Илйин – шуури ҳуқуқӣ қобилияти эҳтиром кардани ҳуқуқ ва қонун, одилона иҷро кардани уҳдадориҳои давлатию шахсии худ ва ҳаёти ғайриҷиноятӣ пеша кардан ба ҳисоб меравад. Асоси шуури ҳуқуқиро ҳиссиёти қадри шахсӣ, виҷдон ва иродаи устувори дохилӣ, эҳтироми тарафайн ва боварии шаҳрвандон нисбати якдигар, ба ҳокимияту ҳокимиятро ба шаҳрвандон ташкил медиҳад. Дар таърих воқеаҳое  рӯх додаанд, ки шуури ҳуқуқии шахсиятҳои бузург ба низоми ҳуқуқии мавҷудбуда зиддият кардаанд.

Шуури ҳуқуқӣ байни шуури сиёсию аҳлоқӣ нақши мобайниро мебозад. Агар дар шуури сиёсӣ давлат чун объекти мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ бошад, дар шуури ҳуқуқӣ давлат чун қувваи берунаи ба қоида даровардан ҳисоб мешавад, ки бевосита тобеиятро талаб дорад, лекин дар баробари ин баҳои муайянро соҳиб мешавад. Дар шуури ахлоқӣ меъёрҳои ахлоқро давлат не, балки инсон муайян мекунад, ки барои ӯ характери мутлақи арзишӣ доранду қудрати қонунӣ надоранд. Дар шуури ҳуқуқӣ мафҳумҳои маҷбуркунӣ ва адолат ба давлат таалуқ дошта, дар сурати вайрон кардани онҳо ҷазои муайян дода мешавад. Агар дар ҳуқуқ элементи маҷбуркунӣ набошад, он гоҳ вай на ҳуқуқ, балки хоҳиши ахлоқӣ мебошад. Ҳуқуқ ба дастгирии ахлоқӣ эҳтиёҷ дорад.

  • Хусусиятҳои шуури динӣ. Озодии виҷдон.

Дар баробари асотир ва фалсафа дин низ яке аз шаклҳои  ҷаҳонбинӣ ҳисоб мешавад. Дин низ мисли фалсафа асотирро иваз кард, чун асотир натавонист тағйиротҳои нави воқеиятро, ки дар ҷомеаи қадим дар заминаи гузариши муносибатҳои мураккаби обшинаи ибтидоӣ, пайдоиши синфҳо  ва ғайраҳо пайдо шуданд, маънидод кунад.

Мафҳуми дин (религия)-ро ба тарзи гуногун шарҳ медиҳанд. Ба ақидае дин аз калимаи лотинии religare – алоқаманд кардан, ба ақидаи Ситсерон аз relegere – ҷамъ кардан, гирифта шудааст. Маънии анъанавии дин аз калимаи лотинии religio гирифта шуда, маънои порсоӣ ва муқаддасро дорад.

Дин – ин ифодаи эътирофи ибтидои Мутлақ, яъне Худованд мебошад, ки ҳама чиз, аз он ҷумла инсон низ аз он вобаста буда, кӯшиши мувофиқат кардани ҳаёти мо бо иродаи Худо мебошад.

Дин чунин шакли ҷаҳонбиниест, ки дар он омӯзиши олам ба таври ба ду қисм тақсим намудани он: индунёӣ ва ондунёӣ сурат мегирад.

Дар ҳар як дин ду тараф: назариявӣ, яъне эътироф кардани Мутлақ ё Худованд ва амалӣ, яъне робитаи воқеии Мутлақ бо ҳаёти инсонро дидан мумкин аст (Албатта фаҳмиши Худо гуногун қабул карда мешавад. Масалан, Худо гуфта сангро дар назар доранд – литолатрия; растаниро – фитолатрия; ҳайвонро – зоолатрия; оташро – пиорлатрия; инсонро – антропоморфизм. Ё ин, ки Худоро дар шаклҳои гуногуни идеяҳо, ба монанди деизм, теизм, пантеизм ва ғайраҳо мефаҳманд.).

Шуури динӣ аз даврони пайдоиш тағйир ёфта, бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ робита дошта, ҳоло ҳам ба рафтору фаъолияти одамон таъсир мерасонад.

Дар таърихи ҷомеаи инсонӣ дин мақоми гуногунро бозӣ мекунад. Масалан, дар Аврупои асримиёнагӣ ҷаҳонбинии масеҳият нақши ҳукмронро бозӣ мекард. Масеҳият тамоми рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро мувофиқи қонунҳои худ маънидод мекард. Таъсири он танҳо баъд аз гузаштани ҷомеа аз сохти феодалӣ ба буржуазӣ ва пайдоиши илм заиф шуд. (Ҳамин ҳолатро дар ҷаҳони исломи асримиёнагӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст). Қадамҳои аввалин барои ҷудошавии ҷомеа аз таъсири дин дар байни уламо оғоз шуд ва ҷомеа хусусияти секуляризатсияро касб кард. Имрӯз дар давлатҳои рушдкардаи Аврупо ва Амрико сарфи назар аз он, ки дин вуҷуд дорад, лекин мисли пештара таъсир надорад. Дар давлатҳои фазои баъдишӯравӣ бошад, чун дар он вақт сиёсати атеистӣ бурда мешуд, майл ба дин зиёдтар мушоҳида мешавад.

Дар бораи пайдоиши дин нуқтаи назари гуногун вуҷуд дорад. Ба ақидаи психолог-диншиноси охири асри XIX ва ибтидои асри XX У. Ҷемс ҷаҳонбинии динӣ модарзодӣ мебошад ва сарчашмаи он аз қувваи фавқултабиӣ вобаста мебошад. Ба ақидаи дигар, дин маҳсули инстиктҳои инсонӣ мебошад ва он ба муҳит бо ин усул муқобилият мекунад. Л. Фейербах динро чун инъикоси ҳастии инсон маънидод мекард. Ба ақидаи ӯ Худо инсонро не, балки инсон дар фаҳмиши худ Худоро ба монанди худ офарид. Мувофиқи таълимоти марксизм, дин ин инъикоси қувваҳои беруна дар фаҳмиши инсон мебошанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза аз болои одамон ғолибанд.

Ба ақидаи таълимотҳои динӣ дин барои одамон роҳи ҳаққониро нишон медиҳад ва асоси онҳоро боварӣ ва эътиқод ба қувваи беруна, Худованд ташкил медиҳад. Эътиқодмандони дин ба китобҳои динӣ бидуни ягон шаку шубҳа боварӣ доранд.

Дин аз 3 қисмат иборат аст: шуури динӣ, парастиши динӣ ва ташкилоти динӣ.

Омилҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва психологӣ сабабҳои асосии пайдоиши дин мебошанд.

Сабабҳои иҷтимоӣ – он омилҳои объективии ҳаёти ҷамъиятие мебошанд, ки зарурати тавлид ва таҷдиди эътиқоди диниро ба вуҷуд меоранд. Дар қисмате  ин дар муносибати одамон бо табиат, дар дигарон дар муносибати тарафайни одамон зуҳур мешавад.

Сабабҳои гносеологӣ – ин заминаҳо ва имконоти ташаккули эътиқоди диниест, ки дар раванди маърифати инсон қонунмандии падидаҳои табиат пайдо шудааст.

Сабабҳои психологии пайдоиш ва таҷдиди дин дар чунин ҳолатҳо зуҳур мешавад. Эътиқоди динӣ дар натиҷаи ҳолати эҳсосии одамон, табъи онҳо, ғамхӯрии онҳо ва ғайра пайдо мешавад. Гузашта аз ин, тарс, нобоварӣ, мусибат, танҳоӣ ва ғайраҳо барои эътиқоди динӣ шароити муфидро ба миён меоранд.

Дин вазифаҳои хаёлӣ-ҷубронкунӣ (иллюзорно-компенсаторная), ҷаҳонбинӣ ва танзимкуниро дорад.

Дар давраҳои гуногуни таърихӣ эътиқодҳои гуногун вуҷуд доштанд, ки ба сифати дин баромад мекарданд, ба монанди фетишизм, тотемизм, магия, анимизм.

Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи инсон ба ҳисоб меравад. Барои ин ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд, ки ба Худо эътиқод кунанд, ё  ба Худо эътиқод накунанд (атеизм). Эътиқод накардан ба Худо ин ҳам боварӣ аст, фақат боварии манфӣ мебошад.

Оиди ин моддаи 26 Конститутсия ҶТ мегӯяд: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.