Предметикунонӣ ва Бегонашавӣ

Дар боби пешина зикр кардем, ки инсон ягона мавҷудест, ки ба воситаи олоту предметҳое меҳнат мекунад, ки худи ӯ аз маводу ашёҳои табиӣ месозад. Олоту предметҳоро, ки вай месозад ва истифода мебарад «давоми сунъӣ»-и узвҳо ва қувваҳои бадани органикии он аст. Олоту предметҳое, ки инсон месозад ва дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияту зиндагии худ истифода мебарад, К.Маркс «ғуломони механикии инсон» номида буд. Бо олотҳои сунъӣ меҳнату фаъолият кардан, назар ба имкониятҳои ҷисмонии он ва олотҳое, ки он дар табиат меёбад ва истифода мебарад, қуввату қудрати меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва маърифатии онро садҳо маротиба афзун мегардонад. Қобилияти бо роҳи сунъӣ олоту предмет сохтан ва бо мақсадҳои гуногун истифода бурдани онҳо, ба воситаи онҳо қонеъ гардонидани талаботҳои гуногуну рӯзмарра ва доимо афзоишёбандаи он – роҳи асосии тахассусӣ ва боиқтидор гардонидани узвҳои бадани табиӣ-органикии он, хусусан дасту по ва майнаи сари он, мебошад. Табиат дар «устохона»-и худ роҳҳои оҳану автомобилгард, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, радио, телевизор, асбобҳои мусиқӣ намесозад. Бе он таъиноту функсияҳое, ки инсон мувофиқи мақсаду талаботи худ онҳоро месозад ва истифода мебарад, ягон маънои дигар надоранд, балки фақат маводи табиианду халос. Бо таркиби химиявӣ, физикӣ, энергетикӣ ва ғайраашон онҳо маводҳои табиӣ-материалианд. Аз рӯи таъиноту тарзҳои истифодабарӣ ва функсияҳои иҷро мекардагиашон предметҳои ҷамъиятианд ва пайдоиши ҷамъиятӣ доранд. Дар он таъиноту тарзҳои истифодабарие, ки инсон ба онҳо медиҳад, предметҳои ҷамъиятианд, чунки дар онҳо меҳнату мақсадҳои бошууронаи инсон, қобилияту талабот ва дигар қувваҳои моҳиятии он таҷассум кунонда шудаанд, ба кадом мақсад истеъмолу истифодабарии онҳоро ҳам инсон муайян мекунад, на худ аз  худ хосияту хусусиятҳои табиии онҳо.

Техникаву технологияи дар истеҳсолот, предметҳои дар маишат ва протсессҳои маърифатии аз тарафи инсон истифода бурда мешудагӣ дар ашёву предметҳои табиӣ таҷассум кунондани қобилияту талабот, ақлу заковат, ҳунару малакаҳои меҳнатӣ ва умуман меҳнати ба мақсадҳои муайян равона кардашудаи худи инсон мебошанд. Ин протсесс дар илм, асосан дар фалсафа ва психология номи предметикунонӣ ва ғайрипредметикунониро гирифтааст. Предметикунонӣ маънои дар ашёву предметҳо, маводҳо ва протсессҳои табиӣ таҷассум кунондани қувваҳои моҳиятии инсон, меҳнати мақсадноки он ва ба ин предмету маводҳо додани таъиноту функсияҳои навро дорад, ки пеш аз ин хоси онҳо набуданд, дар таъиноту функсияҳои навашон ин ё он талаботи истеҳсолӣ, моддӣ, маърифатӣ ва маънавии инсонро қонеъ мегардонанд. Соддатар ва фаҳмотар карда гӯем, предметикунонӣ – ин интиқолкунии қувваҳои моҳиятӣ ва эҷодии инсон ба предметҳое, ки ӯ аз ашёҳои табиӣ бунёд мекунад.

Ғайрипредметикунонӣ – ин интиқолу бозгардонидани ин қувваҳо аз предметҳо ба инсон бо мақсади таъмин намудани зиндагӣ, қонеъ гардонидани талаботҳои он аст. Инсон мавҷуди предметӣ аст, зиндагиву фаъолияти он мазмуну мундариҷаи предметӣ доранд, ӯ ҳамеша бо предметҳо сару кор дорад ва бо тарзҳои предметӣ кору фаъолият мекунад. Инсонро ҳамчун мавҷуди предметӣ бо шууру тафаккури он яксон сохтан мумкин нест. Фаъолияти предметии инсон зуҳуроти муҳимтарини моҳияти ӯ аст. Ӯ мавҷуди предметӣ аст, ҳамеша бо предметҳо сару кор дорад, ҳам вақте, ки онҳоро бунёд мекунад ва ҳам вақте, ки онҳоро истифода мебарад ва истеъмол мекунад. Предметикунонии (дар предмет таҷассумкунонии) ақлу заковат, қобилияту талабот ва шууру донишҳои ӯ – меъёре ҳастанд, ки инсонро аз кулли мавҷудоти олам фарқ мекунонад ва боло мегузоранд. Инро нисбати ғайрипредметикунонӣ низ ҳамчун паҳлӯи аз предметикунонӣ ҷудонашавандаи фаъолияти ҷамъиятии инсон гуфтан мумкин аст.  Ғайрипредметикунонӣ, дар инсон ва наслҳои ҳозира ва ояндаи он таҷассумкунонии қувваҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ – ин қувваҳое, ки дар меҳнати предметигардонидашудаи наслҳои гузаштаи он аст. Қувваҳои моҳиятии предметикунондашудаи наслҳои гузашта дар шакли қувваҳои истеҳсолкунанда, таҷрибаҳои истеҳсолии аз онҳо меросмонда ва ба наслҳои нав интиқолёбанда вуҷуд доранд.

Ҳам қувваҳои предметигардонидашудаи наслҳои ҳозираи инсон ва ҳам қувваҳои дар меҳнат предметикунондашудаи наслҳои гузаштаи он давоми ғайриорганикии бадани органикии он аст. Ӯ қувваҳои предметигардонидашудаи худро ғайрипредметӣ гардонда, яъне истифодаву истеъмол карда, боз ба худ бармегардонад ва баръакс. Предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ дар тӯли тамоми таърихи муттамадини инсон давом дорад.

Предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ «ҳуҷайра»-и оддитаринии фаъолиятии амалии инсон аст. Пердметӣ будан, пердмет доштан ва бо предметҳо зиндагӣ кардан ин шакли ягона ва хоссаи нафақат зиндагии инсон, инчунин тамоми мавҷудоти зиндаи олам аст. Фарқи байни инсон ва дигар мавҷудоти зинда дар он аст, ки мавҷудоти дигари зинда аз маводу предметҳои табиӣ фақат истифода мебаранд, то ки зиндагии худро давом дода тавонанд. Инсон бошад, ҳам аз маводу ашёҳои табиӣ истифода мебарад, ҳам аз онҳо барои қонеъ гардонидани талаботҳои ғайритабиии худ олами предметҳо, асбобу ускунаҳои сунъӣ месозад ва истеъмол мекунад.

Мавҷуди зиндае, ки аз предметҳо маҳрум аст ва новобаста аз онҳо вуҷуд дошта бошад, маҳсули хаёлот, «мавҷуди бемаънӣ» (К.Маркс) аст. Инсон нафақат мавҷуди предметии табиӣ, балки мавҷуди предметии иҷтимоиест, ки дар олами предметии бунёдкардаи худ зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Пердметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ ҳамчун таълимот бо номи Гегел ва Маркс алоқаманд аст. Барои Гегел фаъолият, пеш аз ҳама, фаъолияти софи тафаккур аст. Ҳолати вуҷуд доштани фаъолият предметнокӣ аст, ки ҳамчун вайроншавӣ ё аз худ бегонашавии рӯҳ ба миён меояд. Тафаккур вазъи шахшуда, лаҳзаи зуҳуроти ақл аст, ки баъд аз предметишудан ҳамчун мувофиқат  карданаш ба худ, боз ба ҳолати тафаккурии худ бармегардад. Дар фалсафаи Фейербах ва Маркси ҷавон ба предметнокӣ (предметият) ва фаҳмиши фаъолият ҳамчун фаъолияти предметӣ таваҷҷӯҳи хосса дода шудааст. Дар таълимоти Гегел субстансияи рӯҳ озодӣ, субстансияи фаъолият «тафаккури соф» аст. Дар фаъолияти инсонӣ фаъолияти фикрӣ ҳамчун бегонашавии рӯҳ муайянкунанда аст. Дар фалсафаи Фейербах ва Маркс ба предмети фаъолияти инсонӣ ва мазмуну моҳияти предметии он диққати асосӣ дода мешавад. Фаъолияти предметии инсонӣ зуҳуроти моҳияту қувваҳои моҳиятии он аст, мегӯяд Маркс. Дар диди Маркс, олами предметие, ки инсонро иҳота кардааст – олами таърихан офаридаи худи инсон аст. Ин олами предметиро наслҳои гуногуни инсон офаридаанд ва он ба воситаи меросияти таърихӣ-маданӣ ба наслҳои оянда мегузарад. Наслҳои ҳозира онро аз худ карда, такмил дода, дар заминаи он предмету олотҳои нав ба нав месозанд. Ин протсесс ҳамчун «протсесси таърихии инсон» бе интиҳо давом меёбад. Ин олами предметиро К.Маркс «Китоби саркушодаи қувваҳои моҳиятии инсон» номида буд, ки дар «протсесси таърихии инсон навишта мешавад». Дар ин «китоб» қувваҳои моҳиятии инсон, ақлу хидад, қобилияту талаботҳои инсон предметӣ гардонида шудаанд. Ин китобро хонда ва азхуд карда, инсон ба субъекти иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангӣ табдил меёбад. Ин китобро омӯхта, мо дар айни замон «шахсияти зинда»-и одамони доимо дар инкишофёбӣ ва дар ҳаракат бударо меомӯзем. Ба туфайли предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ, пеши роҳи инсон ҳамеша кӯшода аст. Пердметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ ин худсозӣ ва азнавсозии таърихии одамон аст.

Предметӣ ва ғайрипредметӣ гардонидани қувваҳои моҳиятии инсон бо тағйир додани шакли предметҳо, ба онҳо додани функсияҳои нав – функсияҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ – маҳдуд намешавад. Мақсаду ниятҳо, қобилияту талаботҳои инсонии дар предметҳо таҷассумкунондашуда ҳамон вақт воқеӣ гардонда мешаванд, агар ин қувваҳои предметигардондашудаи инсон ва худи ин предметҳо бо муносибатҳои ҷамъиятӣ ба сифати миёнарав бошанд, яъне аз ин муносибатҳо берун намонанд, дар сурати акс бошад, моҳияти ҷамъиятии худро гум мекунанд, ки онҳоро предметҳои ҷамъиятӣ номидан мумкин нест. Предметҳо тарзи таҷассумкунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, шаклу воситаи воқеигардонӣ ва истифодабарии робитаҳои иҷтимоӣ, рамзу аломатҳои муошират ва мубодилаи афкору ахбори байни одамон низ ҳастанд. Предметҳои ҷамъиятие, ки инсон бунёд кардааст ва истифода мебарад, лиқоби ҷамъиятӣ ва инсонӣ гардондашудаи ашёву моддаҳо ва протсессҳои табиианд. Олами предметие, ки инсон офаридааст ва меофарад, дар худ тарзҳои фаъолияти инсонӣ, тарзҳои муносибати инсонро ба олам, муносибатҳои байни худи инсонҳоро конденсатсия мекунад, яъне ба ҳастӣ қишр ё қабати нав мепушонад. Олами предметии бунёдкардаи инсон дар худ имконияту иловаҳо, системаи аломатҳо ва ифодаву тасвирсозиҳоеро дорад, ки худ ба худ дар олами табиӣ вуҷуд надоранд.

Дар протсесси фаъолияти таърихии худ инсон нафақат қувваҳои моҳиятии худро предметӣ, инчунин онҳоро аз худ бегона мегардонад. Бегонашавии қувваҳои моҳиятии инсон дар шакли предметикунондашуда чунин ҳолате аст, ки субъекти ин қувваҳо наметавонад сарватҳои моддӣ ва мадание, ки дар бунёди онҳо қувваҳои худро сарф кардааст, ба худ баргардонад Ин сарватҳо насиби онҳое мешаванд, ки дар предметигардонии ин сарватҳо иштирок надоштанд, қувваҳои моҳиятии худро дар онҳо предметӣ нагардондаанд, фақат ин сарватҳоро ғайрипредметӣ мегардонанд, яъне истеъмол ва истифода мебаранд. Ғайрипредметикунонӣ (аз предмет ба инсон баргардонидан) дар пайвастагӣ нафақат бо меҳнат (дар ин маврид сухан дар бораи ғайрипредметикунонӣ ба маънои мусбӣ меравад) ҳамчун протсесси умуман ба инсон хос ва меъёри асосии ҳастии инсонии он, инчунин масъалаи бегонашавии натиҷаи меҳнати инсон ва ба инсон баргардонидани он ҳам мебошад. Бегонашавии қувваҳои моҳиятии инсон дар тамоми таърихи муттамадини он вуҷуд дошт ва то ҳоло давом дорад. Бо пайдоиши тақсимоти меҳнат ва моликияти хусусӣ бегонашавии инсон ва қувваҳои моҳиятии он вусъат ёфт. Дар шароити ҳукмронии моликияти хусусӣ одамон нафақат барои талаботи худ ашёҳо меофаранд, инчунин барои мубодила мол истеҳсол мекунанд. Предметҳои истеҳсол мекардаи онҳо шакли ашёҳоро мегиранд, предметигардонии фаъолияту қувваҳои моҳиятиашон ба ашёгардонӣ табдил меёбад. Ҳукумронии муносибатҳои ашёвӣ дар ҷамъият одамонро тобеи якдигар ва побанди ашёҳо гардонд, ки дар мубодилаву муносибатҳои молӣ-пулӣ ифода меёбад. Дар навбати худ ин муносибатҳо муносибатҳои байни одамонро бо худ иваз карданд. Бархилофи муносибатҳои шахсӣ муносибатҳои ашёвӣ дар шуури одамон фақат дар шакли тасаввуроти ғояҳои абстрактӣ инъикос мешаванд. Ин натиҷаи бегонашавии меҳнати одамон аст. Бегонашавии меҳнат, пеш аз ҳама, бегонашавии самараи меҳнат, яъне бегонашавии қувваҳои моҳиятии одамон аст, чунки ин қувваҳои онҳо дар протсесси меҳнат ва дар натиҷаҳои он предметӣ кунонида мешаванд. Ҳангоми бегонашавии фаъолияти инсон предметҳое, ки ӯ бунёд мекунад, на ба сифати қувваҳои шаклан предметишуда, моҳияти таҷассумшудаи инсонӣ, қобилияту малакаҳои меҳнатии он, балки ба сифати предметҳои бегонашудаи меҳнати ӯ, ҳамчун предмети аз ӯ бегонашуда ва ҳамчун мол вуҷуд доранд, ки дар ҳастии ҳаррӯзааш ба ӯ ҳукумронӣ мекунанд, ӯро тобеи худ мегардонанд. Чизу «предметҳои дар протсесси меҳнат истеҳсолшуда нафақат сифати қобилияти субъектро, ки онҳоро истеҳсол кардааст, инъикос мекунанд, балки ба чизу ашёҳо ва предметҳое табдил меёбанд, муносибатҳои ҷамъиятии одамонро фурӯ мебаранд, ба предметҳо ва ашёҳое табдил меёбанд, ки гӯё зиндагии алоҳидаи худро доранд ва ба муносибатҳои мустақили байни худ ворид мешаванд. Ҳолату вазъияте ба вуҷуд меояд, ки гӯё молу предмет ва ашёҳои истеҳсолкардаи одамон зиндагии алоҳидаву аз ҳамдигар ҷудои худро доранд. Қувваҳои моҳиятии инсон, ки дар маҳсулоти истеҳсолкардаи ӯ таҷассум кунонда шудаанд, зиндагии аз инсон бегонашудаи худро пайдо мекунанд. Ин қувваҳо дар шакли бегонашуда ба молу ашёҳо табдилёфта, ба одамон ҳукумронӣ мекунанд, одамон тобеъ ва бандаи қувваҳои аз худ бегонакардаашон мегарданд.

Назарияву фаҳмишҳои гуногуни бегонашавӣ, предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонии фаъолияту қувваҳои моҳиятии инсон вуҷуд доранд. Гегел дар таълимоти худ дар бораи бегонашавӣ тартиби ҳаракати рӯҳи мутлақ (идеяи мутлақ)-ро, ки сониян ба шуур табдил меёбад, муайян мекунад. Мувофиқи тартиботи муайянкардаи Гегел, рӯҳ ба сифати субъекти аввал дар муқобили олами предметӣ ҳамчун моҳияти барои ӯ бегона истодааст. Баъд аз якчанд зинаҳои инкишоф олами предметиро, ки зидди он истодааст, дармеёбад. Ин зинаҳои инкишоф худи ҳамон рӯҳро дар шакли шуур, худшиносӣ (самосознание), ақл, ахлоқ, дин зиддияти байни субъект ва объектро аз байн мебардоранд. Натиҷаи рӯҳи шууршуда – ин  тамоми олами аз он бегонашуда аст. Протсесси маърифати объектро Гегел ҳамчун протсесси ҳақиқии аз байн бардоштани фарқияти байни субъект ва объект ҳисоб мекунад. Ин бо он роҳе ба амал меояд, ки объектро субъект мекунад. Объектро муайян кардани субъект зуҳуроти рӯҳ ва худшиносии он аст, чунки, ба гуфти Гегел, фақат маънавиёт воқеист.

Дар таълимоти Гегел идеяи мутлақ (рӯҳи ҷаҳонӣ) доимо дар инкишофу тағйирёбӣ аст. Ҳар як ҳолати инкишофи рӯҳ – аз худ бегонашавии он аст. Марҳилаи аввали бегонашавии рӯҳ худро дар мантиқ (панлогизми Гегел) дармеёбад. Дар зинаи олии бегонашавии худ рӯҳ шакли идеяи мутлақро мегирад ва аз худ табиатро бегона мекунад. Баъд табиат дар натиҷаи ин бегонашавӣ аз байн бардошта мешавад. Чунки, бо таъбири Гегел, табиат фақат ниқоби зоҳирии рӯҳ ё худбегонашавии (худгумкунии) рӯҳ аст. Протсесси аз бартарафшавӣ ва худбегонашавии рӯҳ мазмуни давраи сеюми инкишофи он аст, ки дар шаклҳо – (ипостасҳои) антропологӣ (инсонӣ), бадеӣ, ахлоқӣ зоҳир мешавад. Бо ҳамин продсесси аз худ бегонашавии рӯҳ анҷом меёбад. Рӯҳ табиат, ҷамъият, инсон ва ҳамаи зуҳуроти онҳо мешавад. Чунини аст тартиби инкишоф дар таълимоти Гегел. Ин схема (тартибот) тамоми инкишофи инсоният, протсесси ҳал намудани зиддиятҳои байни субъект (инсон инсоният) ва объект (табиат, қонунҳои объективии инкишоф)-ро дар бар мегирад. Ин протсессе аст, ки дар он субъект беш аз пеш қувваҳои табиӣ ва ҷамъиятиро аз худ карда, аз бандагиву тобеият ба онҳо берун мебарояд ва ба қувваи онҳо табдил меёбад.

Идеяи Гегел дар хусуси аз байн бардоштани зиддиятҳои байни объект ва субъект дар протсесси фаъолият комёбии диалектикаи ӯ аст, чунки ин тазод (тазоди байни субъект ва объект), ба ақидаи ӯ, дар протсесси меҳнат аз байн бардошта мешавад. Вале меҳнатро Гегел фақат ҳамчун меҳнати фикрӣ ҳисоб мекард. Бинобар ҳамин, ӯро Маркс ва дигар файласуфон танқид карданд. Маркс нишон дод, ки Гегел маънии бегонашавиро дуруст дарёфтааст ва дуруст низ қайд намуда, ки он протсесси ҳал намудани зиддиятҳо аст. Вале гап дар он аст, ки Гегел аз кулли зиддиятҳо ва тазодҳои инкишоф фақат яке аз онҳо – зиддиятҳои тафаккуриро дар шуур баррасӣ мекунад, ки гӯё бо худ тамоми дигар зиддиятҳои инкишофи оламро иваз мекарда бошад. Аз ин ҷост, ки аз бартараф ва ҳал намудани ин зиддиятҳо дар «фикри соф» ба амал меояд. Ин маънои онро дорад, ки тазоди байни субъект ва объект, байни объективият ва субъективият, ки дар бартараф шудани онҳо Гегел тамоми маънии инкишофи инсон, зиндагӣ ва фаъолияту қувваҳои моҳиятии онро мебинад, фақат зиддияти фикр ва дар фикр ҳалшаванда аст, на дар воқеият. Аз назари Гегел бартарафгардии бегонашавӣ ҳам дар шуур ва ҳам дар худшиносии одам дар шакли идеалӣ ҷой дорад, на дар шакли воқеӣ. Бартарафгардии бегонашавӣ, дар таълимоти Гегел, аз байн бардоштани тазоди байни «ҳастии дар худ» ва «ҳастии барои худ»-и шуур ва худшиносии шуур, байни тафаккури абстрактӣ ва воқеияти эҳсосшаванда дар доираи худи фикр вуҷуд дорад.

Ба маънои васеъ бегонашавӣ ҳастии дигари рӯҳ, предметишавӣ, худзоҳиршавии он дар шаклҳои предметӣ ва объектҳо мебошад. Аз байн бардоштани бегонашавӣ ва маърифат баробаранд. Баъд дар мантиқ худашро ҳамчун қувваи кулли эҷодӣ мешиносад. Барои Гегел, дар ин маврид аз байн бардошта шудани бегонашавӣ маънои маърифатро дорад: «рӯҳ худашро бегона месозад, баъд аз бегонашавӣ боз ба худ бармегардад, фақат дар ҳамин ҳолат дар воқеияти ҳақиқии худ зуҳур мекунад ва ба мазмуни шуур тобдил меёбад». Ба ақидаи Гегел, бунёди универсалие вуҷуд дорад, ки онро ӯ «рӯҳи мутлақ» меномад. Ин бунёди мутлақи маънавӣ худро воқеӣ гардонда наметавонад, агар аз худ бегона нашавад ё шакли аз худ бегонашуда пайдо накунад. Табиат ва шуур шакли бегонашудаи ҳамин рӯҳанд. Бегонашавӣ муносибати мантиқии софе ба нусхаи дигари он аст. Бегонашавии предметӣ протсесси ҷамъиятиест, ки Гегел онро на аз нуқтаи назари пайдоиши онҳо аз ягон асосу замина, балки аз нуқтаи назари натиҷаи ниҳоии ин протсесс маънидод мекунад. Предмет ҳамон вақт бегонашуда ҳисоб меёбад, ки агар он на дар муносибат бо фаъолияти кулле, ки онро бавуҷуд оварда аст, балки аз нуқтаи назари сохтори ин фаъолият дида баромада шавад, мегӯяд Гегел. Хуллас, аз байн бардоштани бегонашавӣ, дар фаҳмиши Гегел, фақат дар фикр вуҷуд дорад. Азбаски Гегел инсонро бо худшиносии он баробар медонад, барои ҳамин ҳам предмети аз инсон бегона шуда, воқеияти бегонашавии ин предмет ғайр аз худшиносии шуур ва фикр дигар чизе нест.

Предметнокиро Гегел ба маънои бегонашавие муайян мекунад, ки ба моҳияти инсон – худшуурӣ (худшиносӣ) мувофиқат надорад. Барои ҳамин ҳам ба инсон баргардонии моҳияти дар предметҳо таҷассум гардондаи (бегонашудаи) ӯро протсесси ғайри предметӣ, новобаста аз предметикунонӣ ҳисоб мекунад. Ин маънои онро дорад, ки Гегел инсонро ҳамчун мавҷуди спиритуалӣ ҳисоб мекунад. Аз ин ҷост, ки предмети бегона кардаи ӯ – воқеияти бегонакардаи ӯ, шуури бегонакардаи ӯ – фикри бегонакардаи ӯ асту халос.

Бархилофи Гегел, Маркс аз миён бардоштани бегонашавии инсонро дар инкоршавии моҳияти он мебинад. Барои Гегел, рӯҳи инсон дар меҳнат занҷирбанд карда мешавад. Барои Маркс предметикунонӣ багонашавиест, ки ба моҳият, ба худшиносии инсон баробар нест. Аз ин ҷост, ки ба инсон баргардонидани моҳияти аз ӯ бегонашуда, нафақат барои аз байн бардоштани предметнокӣ, инчунин барои инсон ҳамчун мавҷуди ғайриспиритуалӣ зарур аст. Барои Гегел, на инсон субъекти фаъолият мебошад, балки рӯҳ субъекти инсон ва фаъолияти он аст. Рӯҳ ба инсон кору фаъолияти ӯро дар шакли (схемаи) протсесси фаъолиятӣ ва эҷодӣ бор мекунад. Инсон олоти рӯҳ аст. Барои ҳамин ҳам бегонашавии қувваҳои моҳиятии инсон фақат бегонашавии рӯҳ аст.

Ба таъбири Гегел, ақл субстансия аст, он чие аст, ки ба туфайли он ва дар он тамоми воқеият ҳастии худро пайдо мекунад; ақл мазмуни беҳудуди вуҷудият,  яъне тамоми моҳият ва ҳақиқати олам буда, аз ин лиҳоз худи ақл барои худаш предмету объект аст. Тамоми олам, одам, фаъолияти ӯ шакли зуҳуроти идеяи мутлақ аст. Ҳамаи он чие, ки тафаккур нест, бегонашавии зоҳирии тафаккур аст. Ақл субстансияест, ки худшинос шудааст. Табиат ва ҳама он чие ки вуҷуд дорад, шаклҳои бегонашуда ва паҳлӯҳои мавҷудияти ҳам «рӯҳи субъективӣ» ва ҳам «рӯҳи объективӣ» аст, чунки «рӯҳи субъективӣ» бегонашавии рӯҳи объективӣ аст. Фарди инсонӣ ва ҷамъият ягонагиро ташкил медиҳад, ки дар худ рӯҳи мутлақро дорад. Ақл ҳамчун «рӯҳи объективӣ», прогресси ҷамъиятӣ-таърихӣ, худшиносӣ, моҳияти он, озодӣ ва субстансионалияти зуҳуроту бегонашавии ҳамин рӯҳ аст. Гегел «макории ақли ҷаҳонӣ»-ро қонунияти асосии таърихи ҷаҳонӣ дар худшиносии рӯҳ медонад. Гегел дар назарияи бегонашавӣ аз субъекти абстрактии худшиносӣ бармеояд, ки аз мавҷуди зиндаи инсонӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳрум аст.

Чуноне Гегел қайд мекунад, субъекти инсонӣ, фаъолияти инсонӣ ва қувваҳои моҳиятии инсон худ зоҳиршавии бегонашавии рӯҳ ва ақл аст.

Мафҳуми предметикунониро Маркс барои шарҳу маънидодкунии протсесси меҳнатӣ ва бегонашавии он истеъмол мекунад. «Дар протсесси воқеии худ меҳнат аз шакли фаъолият ба шакли ҳастӣ, аз шакли ҳаракат ба шакли предметӣ мегузарад», мегӯяд Маркс. Худи фаъолияти меҳнатӣ предметӣ аст. Субъекти он низ дар фаъолияти меҳнатии худ бо предметҳо сару кор дорад ва бе предметҳо кору зиндагӣ карда наметавонад. Инсон ҳамчун мавҷуди зинда ва субъекти фаъолият мавҷуди предметӣ аст. Предметикунонии қувваҳои моҳиятӣ ва фаъолиятии инсон бунёд сохтани олами предметии инсон, муҳити предметии рӯзмарраи зиндагиву маишӣ ва фарҳангии он, мутобиқ кардани ин муҳит ба талаботҳои инсонро дорад, ки дар айни замон мутобиқкунонии талаботҳои ӯ ба ин муҳити предметӣ аст. Предметикунонӣ тарзи асосии амалан пайваст намудани инсон – субъекти истеҳсолу истеъмолкунанда ба олами беруна аст. Дар предметикунонӣ муносибатҳои байни инсон ва олами предметии офаридаи он ифода меёбанд. Ин муносибатҳое мебошанд, ки дар онҳо инсон қувваҳои моҳиятӣ ва фаъолиятии худро объективӣ ва олами атрофии худро инсонӣ мегардонад. Ин ки инсон дар протсесси предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ субъекти бошуур ва бунёдкор мегардад, ҳеҷ вақт қонунҳои объективии ташаккулёбии онро ҳамчун субъекти эҷодкор инкор намекунад, чунки предметигардонӣ ва ғайрипредметигардонӣ, ки он воқеият медиҳад, ба қонунҳои муайяни объективӣ асос ёфтаанд. Предметикунонӣ ва ғайрипредметигардонӣ боиси мутаҳаррикӣ ва тағйирёбии худи ӯ ҳамчун субъекти ҷамъиятӣ, ҳам боиси тағйирдиҳии олами атрофаш мегардад. Ҳама он чие, ки он предметӣ ва ғайрипредметӣ гардонидааст ва мегардонад, воқеияти предметигардонда, яъне воқеияти инсонигардондаи ӯ аст. Ба қавли Маркс, предметҳои бунёдкардаи инсон аз худ нури қувваҳои инсонӣ ва моҳияти инсонӣ зоҳир мекунанд, мазмуну маънои инсонӣ доранд.

   Протсесси предметикунонии қувваҳои табиӣ ва инсонӣ, дар шароити муносибатҳои молумулкӣ ба тазоди байни инсон ва қувваҳои предметигардондаи ӯ табдил меёбад. Ҳамаи табдилёбиҳои қувваҳои моҳиятии инсон дар мавриди предметӣ ва ғайрипредметигардонии онҳо, бегонашавии онҳо ба моликияти хусусӣ асос ёфтаанд (инҷо сухан ба маънои манфии предметӣ ва ғайрепредметии ин қувваҳо меравад). Дар моликияти хусусӣ зиддияти асосии байни онҳое, ки истеҳсол мекунанд – қувваҳои моҳиятии худро предметӣ мегардонанд ва онҳое, ки ин қувваҳои предметикунондашудаи аввалиҳоро азони худ намуда, ғайрипредметӣ мегардонанд, ниҳон аст. Онҳое, ки истиҳсол мекунанду қувваҳои инсонии худро предметӣ мегардонанд ва онҳое, ки истеҳсол намекунанду қувваҳои предметигардондаи дигаронро ғайрипредметӣ мегардонанд, истифода ва истеъмол мекунанд, манфиатҳои якхела надоранд, манфиатҳои онҳо тафриқа мешаванд. Азбаски ҳамаи онҳо дар ҷамъият зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд, ки ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ ворид шаванд. Ин муносибатҳо дар шакли предметӣ ва бо воситаи мубодилаи предметӣ ба миён меоянд. Дар ҷамъият онҳо чун «робинзонҳо» зиндагӣ карда наметавонанд. Ҳар кас, пеш аз ҳама, аз паси манфиатҳои хусусии худ медавад, вале дар айни замон наметавонад, ки ба манфиати дигарон хизмат накунад. Ба гуфтаи Маркс, дар ҷамъият «ҳар кас ба дигарон хизмат мерасонад, то ки ба худаш хизмат кунад, ҳар кас воситаи ҳастии дигарон аст ва дигарон сабаби ҳастии ӯ». Мубодилаи қобилиятҳо, фаъолиятҳо шарти зарурии зиндагии ҳам ҷамъият ва ҳам ҳар як фарди ҷамъиятӣ аст.

Ҳамаи неъмату сарватҳои моддӣ ва маънавие, ки дар шакли предметӣ дар ҷамъият вуҷуд доранд, ғуншавӣ, аккумулятсия (захиракунонии) қувваҳои предметикунондашудаи инсонанд, ки ба воситаи меросияти таърихӣ ва маданӣ аз як насл ба насли дигари он мегузарад, асоси бунёдиву канданашавандаи ташаккулу инкишофи қобилиятҳо, талаботҳо ва таҷрибаҳои нави наслҳои минбаъдаи он мегардад. Бе ин мерос ва аз тарафи наслҳои оянда аз худ кардани он охириҳо субъекти таърихӣ, маданӣ ва ҳатто субъекти фаъолияти фардии худ шуда наметавонад. Ғуншавӣ, нигоҳ доштани ин қувваҳои инсонӣ дар шакли предметикунондашуда – мероси дар пайвастагии канданашаванда, ки инсон дар заминаи меросии онҳо қувваҳои нави моҳиятии худро ташаккул ва инкишоф медиҳад, асоси муайянкунандаи ҳастии иҷтимоӣ ва мадании ӯ, хуллас, ҳастии инсонии ӯ дар олам аст. Дар ҳолати акс ӯ аз ҳастии инсонии худ маҳрум мешавад. Ғуншавӣ, аккумулятсия ва нигоҳдории ин қувваҳои инсонӣ дар шаклҳои бешумори предметӣ, албатта, маънои онро надорад, ки инсони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мисли кадом як Ҳорис, Қорӣ Ишкамба, Гобсек, Плюшкин ин қувваҳои захирашударо фақат дар ҳолати беҳаракатӣ нигоҳ медорад. Қувваҳои моҳиятии инсон ҳам дар шакли предметикунондашуда ва ҳам дар шакли зинда фақат дар предметигардонӣ ва ғайрипредметигардонии онҳо қувваҳои дар ҷунбишу ҳаракатанд. Ин тарзи ҳастӣ ва инкишофи онҳо мутобиқ ба мантиқи инкишофи таърихи-иҷтимоӣ ва фаъолияти бунёдкории худи инсон вобаста аст. Олами предметии худро бунёд сохта, инсон бо ин худашро дар оинаи қувваҳои моҳиятии худ тамошо мекунад. Ва баръакс, фаъолияти предметиву бунёдкории ӯ фақат дар асоси фаъолияти ғайрипредметигардонии он ва ҳамроҳ кардани он ба тану бадани органикии инсон ҳамчун давоми иҷтимоии он муяссар мегардад.

Олами предметие, ки инсон офаридааст, солномаи зиндагӣ, сабти предметии қувваҳои моҳиятии ӯ, осори таърихии фаъолияту фаъолиятнокӣ, олами предметӣ ва оқилгардонда шудааст, ки дар он зиндагӣ мекунад. Инсоне, ки аз муҳити предметӣ маҳрум аст, ҳамчун инсон на вуҷуд дошта метавонад, на инкишоф. Предметикунонӣ ва ғайрипредметикунонӣ моҳияти фаъолияти инсониро ҳамчун протсесси табдил додани меҳнати зиндаи инсон, қувваву қобилият, талаботу донишҳои ӯ ба шаклу намудҳои материалӣ-предметӣ, ашёвӣ ва фаъолияти бунёдкории он аст. Предметикунонӣ якҷоя бо меҳнати зиндаи инсон пайдо мешавад ва вуҷуд дорад, ҳамсафари доимии инсон аст.

test

Добавить комментарий