Фанни фалсафа ва мақоми он дар байни донишҳо

  1. Фалсафа – мазмуни мафҳум
  2. Сохтори фанни фалсафа
  3. Ҷаҳонбинӣ.

Фалсафа – мазмуни мафҳум

Фалсафа (аз калимаи юнонӣ philosophia муҳаббат ба ҳикмат) илм оиди қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур, таълимот оиди ҳастии инсон ва усулҳои маърифати олам мебошад. Фалсафа дар асрҳои 7-6 п.а.м. ҳамчун ҷойгузини мифология (асотир) ва дин-шаклҳои ягонаи дониш дар он замон, дар Ҳинду Чину Эрон ва Юнони қадим зуҳур намуд. Кўшиш ба сўи дарки ақлонии олам ва инкори усули фантастикии шинохти он, вазифаи фалсафа гардид. Маърифати ҳақиқат ҳадафи мутафаккирони дунёи қадим буд. Калимаи «фалсафа»- ро аввалин бор математики Юнон Пифагор истифода намуд. Пифагор мардумонеро, ки кўшиши шинохти ҳикмати олӣ мекарданд файласуф меномид. Устуворшавии истилоҳи «фалсафа» ҳамчун ифодакунандаи соҳаи махсуси дониш дар асри 5 п.а.м. ба шарофати Афлотун ба амал омад. Чизи асосиеро, ки файласуфони аввал дарк карданд ин буд, ки ҳикмат дониши тайёр нест, ки онро ҳифз ва истифода намуд, балки ин ҷустуҷўи мудаввом, ки ҷаҳду талоши зеҳнӣ ва қувваи маънавии инсонро талаб менамояд. Дар ибтидо мафҳуми «фалсафа» нисбат ба имрўз бо мафҳуми васеътар истифода мешуд. Ин калима умуман ҳам чун муродифи илм буд, барои ҳамин ҳамаи кашфиёт дар соҳаи физика, астрономия, математика, ҳуқуқ, тиб, санъат мавзўи омўзиши файласуфони қадим буд. Дар натиҷаи тақсимшавии илм ба соҳаҳои дониш фалсафа ба омўзиши масъалаҳои умумии ҷаҳонбинӣ машғул гардид, ки баъзан онҳоро масъалаҳои абадӣ меноманд:

  • Сохтори олам чигуна аст? Оё он донисташаванда аст?
  • Муносибати руҳ ва модда чигуна аст?
  • Қонунмандӣ ва тасоддуф дар ҳаёти мо чи нақше доранд?
  • Таърихи инсоният чист ва чигуна пешравиҳо дорад?
  • Бадиву некӣ, зебогӣ ва адолат, ҳақиқат ва дурўғ чист?
  • Маънии ҳаёт чист ва рисолати инсон дар чи ифода меёбад?

Гузориши ин масъалаҳо, ғуншавии донишҳои илмӣ ва васеъшавии тасаввурот оиди олам ба ташаккули фанҳои (қисматҳои фалсафа) ҷудогонаи фалсафӣ оварда расониданд:

а) онтология таълимот оиди ҳастӣ; б) гносеология (назарияи маърифат) – таълимот оиди маърифати олам; в) мантиқ–илм оиди шаклҳо ва қонунҳои тафаккур; г) таърихи фалсафа –илм оиди қонунҳои инкишофи таърихии тафаккури фалсафӣ; д) этика (ахлоқ) – таълимот оиди одобу ахлоқ; е) эстетика – таълимот оиди зебошиносӣ ва ғ.

Муддати дарозе мутафаккирон оиди он ки кадом масъала барои фалсафа асосӣ ба шумор меравад, баҳс мекарданд. Дар давраҳои гуногун чунин масъалаҳо: Ҳақиқат чист? Хушбахтӣ чист? Озодӣ чист? ва ғайраро масъалаи асосии фалсафа ҳисоб мекарданд. Дар асри 19 Фридрих Энгелс кўшиш намуд, ки масъалаи асосии фалсафаро мухтасаран ифода намояд. Аз рўи ақидаи ў ин масъала оиди муносибати шуур ва ҳастӣ мебошад. Чӣ муқаддамтар аст: ҳастӣ ё шуур, модда ё рўҳ? Оё олам танҳо дар шуури мо вуҷуд дорад ё берун ва новобаста аз он?

Фалсафа – шакли фаъолияти маънавие, ки ба таҳлил ва ҳали масъалаҳои бунёдӣ бо коркарди биниши том оиди олам ва мақоми инсон дар он алоқаманд аст, равона шудааст.

Сохтори фанни фалсафа

қисми 1: Онтология таълимот оиди ҳастӣ

қисми 2: Гносеология – таълимот оиди маърифат

қисми 3: Инсон

қисми 4:Ҷамъият

Ҷаҳонбинӣ

Фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ нақши асосиро иҷро мекунад.

Ҷаҳонбинӣ  нуқтаи назари том ба олам ва мақоми инсон дар он.

Дар таърихи инсоният се шакли асосии ҷаҳонбинӣ қайд карда мешавад:

  1. Асотирӣ
  2. Динӣ
  3. Фалсафӣ

Ҷаҳонбинии асотирӣ – шакли шуури ҷамъиятӣ ҷаҳонбинии ҷамъияти қадима, ки дорои идроки фантастикӣ ва реалистии воқеият мебошад. Хусусияти асотир шахсонидани предмет, мавҷудияти худоёни фантастикӣ, муносибат ва алоқаи онҳо бо инсон.

Ҷаҳонбинии динӣ – шакли ҷаҳонбине, ки бунёд бар эътиқод ба қувваи фавқутабие дорад, ки ба ҳаёти инсон ва олами атроф таъсирпазир мебошад. Барои ҷаҳонбинии динӣ дарки ҳиссӣ ва эмосионалии воқеият хос мебошад.

Ҷаҳонбинии фалсафӣ – аз дигар намудҳои ҷаҳонбинӣ бо он фарқ мекунад, ки бар асоси дониш бунёд ёфта, мантиқан ба мафҳумҳо ва категорияҳои аниқ такя менамояд. Ҳамин тариқ ҷаҳонбинии фалсафӣ шаклии олии ҷаҳонбинӣ буда, бо системанокӣ ва ратсионалии худ фарқ мекунад.

Ҷаҳонбинии фалсафӣ 3 марҳалаи эволютсияро тай намудааст:

  1. Кайҳонмарказӣ
  2. Худомарказӣ
  3. Инсонмарказӣ
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.