Масъалаи асосии фалсафа

  1. Тавсифи умумии масъалаи асосии фалсафа
  2. Ҷанбаи аввали масъалаи асосии фалсафа
  3. Ҷанбаи дуюми масъалаи асосии фалсафа
Тавсифи умумии масъалаи асосии фалсафа

Масъала оиди муносибати тафаккур (шуур) ба ҳастӣ ва ҳастӣ ба тафаккур чун анъана дар фалсафа масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зарурати ин масъала дар он асос меёбад, ки аз ҳали дурусти он бунёди комили донишҳо оиди олами атроф ва мақоми инсон дар он вобастааст. Ин бошад вазифаи асосии фалсафа ба ҳисоб меравад. Модда ва шуур (рўҳ)- ду ҷанбаи ҷудонашаванда ва дар навбати худ мутаззоди ҳастӣ ба шумор мераванд. Дар алоқамандӣ ба ин, масъалаи асосии фалсафа ду ҷанбагӣ пайдо мекунад – ҷанбаи –онтологӣ (ҳастишиносӣ) ва ҷанбаи гносеологӣ (маърифатӣ).

Ҷанбаи онтологии (ҳастишиносӣ) масъалаи асосии фалсафа дар ҳалли чунин масъала ифода меёбад: модда аввал аст ё шуур?

Моҳияти ҷанбаи гносеологии (маърифатии) масъалаи асосии фалсафа: олам донисташаванда аст ё не?

Вобаста аз ҷанбаҳои онтологӣ ва гносеологӣ дар фалсафа чунин равияҳои асосӣ вуҷуд доранд: материализм ва идеализм инчунин эмперизм ва ратсионализм. Ҳангоми баррасии ҷанбаи онтологии масъалаи асосии фалсафа чунин равияҳоро қайд кардан мумкин аст:

  • Монизм
  • Дуализм
  • Материализм
  • Идеализм
  • Идеализми объективӣ
  • Идеализми субъективӣ

Ҷанбаи гносеологӣ (маърифатӣ):

  • Гностисизм;
  • Агностисизм;
  • Эмпиризм (сенсуализм);
  • Ратсионализм.

Масъалаи ҷаҳоншиносии инсон –олам дар фалсафа пеш аз ҳама ҳамчун муносибати ҳастӣ ба шуур баррасӣ мешавад. Ин масъала дар тарзҳои гуногун вуҷуд дорад: чун муносибати рўҳ ба табиат; тафакур ба ҳастӣ; муносибати ҷисму ҷон; «Ман» ва «на Ман»; дар шакли масъалаи мўҳдас ва қадим будани олам ва ғ. Баррасии масъалаи муносибати ҳастӣ ва шуур ба худи мавҷудияти инсон ҳамчун мавҷуди мутафаккир ва фаъол вобаста аст. Масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ дар фалсафаи олмонӣ (аз тарафи Ф. Шеллинг, Ф. Энгелс) унвони масъалаи асосии фалсафаро гирифт.

Масъалаи асосии фалсафаро метавон мухтасаран ҳамчун масъала оиди муносибати ду шакли ҳақиқат-ҳақиқати объективӣ ва ҳақиқати субъективӣ ифода намуд.

Вақте ки файласуфон вазифаи муайян намудани муносибати ҳақиқати субъективӣ ва объективиро ба миён мегузоранд, пас чуноне ки таърихи фалсафа нишон медиҳад, аввал муносибати онтологӣ дар мадди назар гирифта мешавад. Ҳастӣ ва шуур вуҷуд доранд. Чи гунна онҳо бо ҳам муносибат доранд: кадоме аз инҳо аслӣ аст ва кадоме фаръӣ, кадоме сабаб аст ва кадоме натиҷа, кадоме аввал аст ва кадоме сонӣ?

Аммо масъалаи асосии фалсафа танҳо ба робитаи онтологӣ маҳдуд намешавад. Масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ дар муносибатҳои гносеологӣ (маърифатӣ) низ ифода меёбад. Чигуна андешаҳои мо ба олами атрофии мо муносибат доранд, оё имкони он аст, ки андешаи мо оламро дарк кунад, оё мо метавонем, ки дар тасаввурот ва фаҳмиши худ оиди олам инъикоси ҳақиқатро таҷассум намоем?

Ҳамин тариқ масъалаи асосии фалсафа дори ду ҷанба мебошад: масъала оиди аввалият ва масъала оиди шинохт.

Масъала оиди муносибати тафаккур ба ҳастӣ барои он асосӣ ҳисоб меёбад, ки аз он шаклгирии ҷаҳонбинии фалсафӣ оғоз меёбад, ба ҳали он ҳали масъалаҳои дигари фалсафӣ марбут аст. Барои ҳамин ин ё он тариқи ҳалли ин масъала хусусияти равияҳо ва мактабҳои гуногуни фалсафиро муайян мекунад.

Ҳалли масъалаи асосии фалсафа

Ҷанбаи аввали масъалаи асосии фалсафа

Ҳангоми ҳалли ҷанбаи аввали масъалаи асосии фалсафа файласуфҳо ба ду гурўҳи калон – идеалистҳо ва материалистҳо ҷудо гардиданд. Касоне, ки тасдиқ мекарданд, ки ҳақиқати субъективӣ, мавҷудоти рўҳонӣ бар мавҷудоти моддӣ муқаддам аст гурўҳи идеалстиро ташкил медоданд. Касоне ки ибдоро модда, табиат медонистанд ба гурўҳи материалистӣ дохил гардиданд.

Андеша оиди он ки ин равияҳои фалсафӣ аз ҳам бо ҳалли ин масъала фарқ мекунанд, ки аввал кадоме (модда ё рўҳ) арзи вуҷуд кард ва кадоме баъд, хело барғалат мебуд. Зеро агар идеалистҳо масъалаи пайдоиши шуур, рўҳро баррасӣ накунанд, материалистҳо бошанд пайдоиши моддаро. Оиди аввалият на бо он мазмун баррасӣ мешавад, ки аввал чи ба вуҷуд омад, балки аввалият дар нисбати ҳам. Бо мазмуни қатии фалсафӣ идеализм ва материализм бо фаҳмиши гуногуни муносибатҳои онтологӣ байни тафаккур ва ҳастӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳангоми ҳалли ҷанбаи аввали масъалаи асосии фалсафа, азбаски сухан оиди муносибати тафаккур ва ҳастӣ меравад, зарур аст, ки чигуннагии дарки ҳастӣ, воқеъият, олами беруна, муайян шавад. Се тариқ вуҷуд дорад.

  • Материализм: ҳастӣ, олами беруна, ашё ва ғ. ҳақиқатанд, новобаста ва берун аз шуури мо вуҷуд доранд, нисбат ба шуур муқаддаманд.
  • Идеализми субъективӣ: олами беруна, ашё ва ғ. ба шарофати шуури инсон вуҷуд доранд. Маҳсули фаъолияти ў ба шумор мераванд.
  • Идеализми объективӣ: Олами беруна, ашё ва ғ. инчунин шуури мо башарофати мавҷудияти мабдаи рўҳонӣ (ақли кул, нафси кул, ихтиёри ҷаҳонӣ, Худо) вуҷуд доранд.

Ҳам материализм ва ҳам идеализм таълимотҳои фалсафии монистӣ ба шумор мераванд. Аммо ба ғайр аз фалсафаи монистӣ консепсияи дуалистӣ низ вуҷуд дорад. Мисол барои дуалистӣ таълимоти Декарт (1596–1651), шуда метавонад. Ў чунин меҳисобид, ки модда ва шуур новобаста аз ҳам ҷавҳарҳои мустақил ба ҳисоб мераванд.

Ҷанбаи дуюми масъалаи асосии фалсафа

Дар вобастагӣ бо ҷанбаи дуюми масъалаи асосии фалсафа – масъала оиди маърифатпазирии олам, низ нуқтаи назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Бештар файласуфон ва мардуми оддӣ низ ба ин савол ҷавоби мусбӣ медиҳанд. Аммо гурўҳе мавҷуд ҳастанд, ки маърифатпазирии оламро қабул надошта, имконияти ақли инсониро барои дарки олам маҳдуд меҳисобанд. Касоне ки маърифатпазирии оламро инкор доранд агностикҳо ва равияашон агностисизм ном дорад

test

Добавить комментарий