Фалсафаи шарқи қадим

  1. Фалсафаи Ҳинди қадим
  2. Фалсафаи Чини қадим
  3. Фалсафаи Эрони бостон
Фалсафаи Ҳинди қадим

Маданияти Ҳинд дар таърихи инсоният яке аз маданиятҳои қадима ба шумор меравад. Дар заминаи он фалсафаи нодире сохта шуд, ки таъсири амиқе ба эҷодиёти мутафаккриони бузурги давраи Нав ва навтарин, чи дар худи Ҳинд ва чи берун аз он, аз ҷумла дар Урупои ғарбӣ гузошт. Таърихи фалсафаи Ҳинди қадим одатан ба се марҳала тақсим мешавад: ведантӣ (нимаи авали ҳазораи I п.а.м. ), эпикӣ (нимаи дуюми ҳазораи I) ва классикӣ (аз ҳазораи I милодӣ). Дар марҳилаи ведантӣ матнҳои Вед эҷод шуданд, ки дар онҳо ҷаҳонбинии асотирии ҷамъияти авлодӣ баён гардида буд. Марҳилаи охирини эволютсияи Вед Упанишадҳо ба ҳисоб мераванд, ки шакли гузариш аз асотир ба фалсафа дар ҷомеаи Ҳинди қадим ба ҳисоб мераванд.

Дар даврони гузариш аз ҷамъияти авлодӣ ба синфӣ ташаккулёбии мактабҳо ва равияҳои гуногуни фалсафаи Ҳинди қадим ба вуҷуд омад. Дар таносуб аз муносибат бо Ведҳо мактабҳои фалсафӣ ба ортадоксалӣ (веда, санкхя, няя, вашешика), ки Ведро эътироф мекарданд ва ғайри ортодоксалӣ (ҷайнизм, буддизм, локаята-чарвака), ки эътибоири Ведро рад мекарданд, ҷудо мешуданд.

Фалсафаи ведантӣ. Системаи фалсафие ки бевосита ба Ведҳо такя мекунад веданта мебошад. Барои ин фалсафа қисмати ақлии маҷмўи ведҳо (Упанишадҳо) монанди Даъвати ҷадид (Новый завет) барои фалсафаи насрония мебошад. Аз Упанишад пеш аз ҳама таълимот оиди Брахман ҳамчун ҷавҳари мутлақ, манбаи ҳамаи мавҷудот иқтибос мешавад.

Аз рўи нуқтаи назари веданта ҷавҳари мутлақи рўҳонии олам Бараҳман – сабаби вуҷуди ҳамаи мавҷудот аст. Ҷон (ҷива), ки абадӣ, беоғоз ва нобуднашавандааст бо Бараҳман шабоҳат дода мешавад. Дар сатҳи олами эмпирикӣ ҷонҳои зиёде вуҷуд доранд. То он даме, ки ҷон дар тартиби ҷисм-ақл-ҳисс бошад, ў танҳо шабеҳи тимсоли Бараҳман мебошад, барои ҳамин он касрат буда, наметавонад бо Бараҳман дар ваҳдат бошад. Аз рўи ақидаи ведант ҷон, ки бо ҷисм бастааст озод буда наметавонад. Ў шавқ ба лаззати ҳиссӣ дорад ва силсилаи зиёди таносухро аз сар мегузаронад. Пирузӣ бар нодонӣ танҳо дар омўзиши ведаҳо ба даст меояд.

Санкха. Санкха – фалсафаи дуалистӣ мебошад, ки кўшиши тафсири олам ва наҷот аз азобро дорад. Ду мабдаро эътироф дорад пракрит (модда, табиат) ва пуруш (рўҳи мутлақ). Ақидаи дуалистӣ танҳо ба шакли классики он хос аст, аммо равияҳое, ки дар заминаи он пайдо шуданд ё хусусияти материалистӣ ё теистӣ доранд.

Вйшешика. Асосгузори мактаби вайшешика Канада (асрҳо VI-V п.а.м..) мебошад. Аз рўи ақидаи вайшешика, олам иборат аст аз ҳиссачаҳо, ё атомҳои хурди гуногуни бо сифати (ану) об, хок, ҳаво, оташ, ки дар муҳити замону макон ҷойгиранд. Агар анну доимӣ, офариданашуда, вайроннашаванда бошад ашёе, ки аз онҳо пайдо мешаванд абадӣ набуда, гузаранда ва таъғирёбнда мебошанд. Ҷон абадӣ ва беохир буда, дар ду шакл мавҷуд аст: ишвара ё параатма (рўҳи мутлақ) ва рўҳи фардӣ, ки дар гардиши беохири ҳаёт сайр мекунад. Агар чи фалсафаи вайшешика дар оғоз ҳамчун таълимоти материалистӣ арзи ҳастӣ намуд, аммо баъдтар хусусияти динии он боло мегирад. Баъдтар намояндагони ин мактаб атом (ану)-ро фақат сабаби модии пайдоиши олам дониста, сабаби фаъолияти оламро Худо ҳисоб мекарданд.

Будоия. Фалсафаи буддоия аз таълимоти Сидхарх Гаутама (тақ. солҳои. 583-483 п.а.м.), ки баътар Буддо ном мегирад сарчашма мегирад. Дар маркази таълимоти ин фалсафа «чор ҳақиқати асил» меистад. Ҳақиқати аввал дар он асос меёбад, ки вуҷуди инсон бо азоб марбут аст. Ба азоб дохил мешаванд: тавлид, марг, дард, пирӣ, дидори рўи номуборак, ҷудоӣ аз азизон, надоштани имкони ба мақсадрасӣ. Мутобиқи ҳақиқати дуюм сабаби азоб ин хоҳише аст, ки ба воситаи хурсандӣ ва шаҳват ба дигаргуншавӣ, ба дилбастагии одам ба ҳаёт, ба конеъ гардонидани шаҳвати ҳиссӣ мебарад. Ҳақиқати сеюм: аз байн бурдани сабабҳои азоб дар азбайнравии ин шавқ ё хоҳиш ифода меёбад. Ҳақиқати чорум ин роҳ ба сўи аз байн бурдани худи азоб.

Фалсафаи Чини қадим

Дар инкишофи фалсафаи Чини қадим ду марҳилаи асосиро нишон медиҳанд: 1. марҳилаи пайдоиши андешаҳои фалсафӣ, ки асрҳои VIII-VI п.а.м-ро дар бар мегирад ва 2. марҳилаи нашъунамои андешаҳои фалсафӣ, ки мутаалиқ ба асрҳои VI-III п.а.м. мебошад ва «давраи тиллоии фалсафаи Чин» номида мешавад

Маҳз ба марҳилаи дуюм ташкили мактабҳои фалсафии чинӣ, аз қабили конфутсия, даосизм, моизм, легизм рост меояд. Ин мактабҳо ба инкишофи минбаъдаи андешаҳои фалсафӣ дар Чин нақши босазое гузоштаанд. Дар ҳамин давра масъалаҳо, мафҳумҳо ва категорияҳое ба вуҷуд меоянд, ки баъдан барои таърихи фалсафаи чинӣ то замони мо масъалаҳои анъанавӣ мегарданд.

Конфутсия. Асосгузори фалсафаи Чини қадим Кун-фу-сзӣ (Конфутсия), ки солҳои 551-479 п.а.м. зиндагӣ кардааст, ба ҳисоб меравад. Ў мактабро бунёд намуд ва шогирдони зиёде дошт, ки андешаҳои устоди худро рўи коғаз менавиштанд. Ҳамин тариқ эҷодиёти асосии конфутсионӣ «Луеь юй» («Сўҳбатҳо ва гуфторҳо») ба вуҷуд омад. Ин асар дорои сохтори ягона набуда, бештар аз андешаҳои мутаззод иборат буда, чун маҷмўъи панду насиҳат ба шумор меравад.

Масъалаҳои асосии таълимоти Конфутсия ин табиати ахлоқии инсон, ҳаёти давлат, оила, усулҳои идоракунӣ ва аз қабили ҳамин масъалаҳо мебошанд.

Мақоми марказиро дар таълимоти Конфутсия категорияи ли «оин», «дастур», «қонун» ишғол мекунад. Ба андешаи ў ли муқарароти анъанавӣ ва меъёрҳои ахлоқиро муттаҳид месозад. Ба шогирдони худ таълим медод: «Бе риояи ли ба чизе нигоҳ накунед, чизеро нашунавед: бе риояи ли чизе нагўед ва кореро анҷом надиҳед».

Ҳамаи умр Конфутсия оиди эҳёи муносибатҳои комили «асри тиллоӣ» орзу мекард. Барқарор намудани тартиботи пештараро ў дар ду роҳ медид: 1) «ислоҳи номҳо» ва 2) худкомилсозии ахлоқӣ. Аз нуқтаи назари Конфутсия «ислоҳи номҳо» чунин маъно дошт, ки тартиботи мавҷудаи ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣро бо меъёрҳои анъанавӣ мувофиқ кунонидан, барқарор намудани мафҳум ва тасаввурот дар нисбати муносибатҳо байни мардум, пеш аз ҳама байни табақаи болоӣ ва поёнӣ.

Тезис оиди «ислоҳи номҳо» бо ақидаи худкомилсозии шахс алоқаи ногусастанӣ дошта, дар бунёди он мафҳуми жэн- «инсондустдорӣ», маҷмўи қоидаҳои рафтори инсони идеалӣ меистад. Мазмуни ин мафҳумро шарҳ дода Конфусия боре гуфа буд: «Одамият-яъне он чизе ки ба худ намеписандӣ ба дигарон низ маписанд». Мақсади олии худтакмилдиҳӣ ва ноилшавӣ ба жэн дар чунин формулаи Конфутсия баён ёфтааст: «Бар худ ғолиб омадан ва қонунро барқарор кардан».

Арзишҳои маънавии гузаштаро ба даст овардан ба андешаи Конфутсия, ба инсон имконият медиҳад, ки «амри Осмонро» хуб дарк кунад. Зеро «ҳаёт ва марг аз қисмат вобастааст, аммо бойгарӣ ва дониш ба Осмон таааллуқ доранд». Таълимоти конфутсионӣ оиди дониш ба масъалаҳои иҷтимоӣ тобеъ аст. Барои Конфутсия дониш ин донистани мардум аст, аммо дониш оиди табиат барои ў муҳим нест.

Даосизм. Асосгузори даосизм Лао-сзы (асрҳоиVI-V п.а.м.), мебошад, ки дорои шогирдон ва пайравони зиёде буд. Таълимоти ин донишманд аввал ба таври шифоҳӣ ва баъдтар дар китоби «Дао дэ сзин» иншо гардид. Дар тафовут аз таълимоти конфутсионӣ ва дигарон, ки ба масъалаҳои ҳастӣ таваҷҷўҳ зоҳир накарда, фақат масъалаҳои инсон ва ҷамъияти инсониро баррасӣ менамуданд, даосизм ба таври ҷиддӣ масъалаҳои ҳастӣ, нестӣ, барқароршавӣ, ягонагӣ ва ғ.-ро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Ақидаи асосии фалсафии «Дао дэ сзин», дар он асос меёбад, ки гуногунии олам ва ҳаёти мардум на аз тарафи «иродаи осмон», на аз тарафи рўҳҳо, балки бо роҳи ягонаи табиӣ –дао ҳаракат мекунад. Дао ҳамчун асос ва қонуни ҳамаи мавҷудот ҳисобида мешавад. Ў бо ёрии қувваҳои ҳисси мо дарк намешавад. Дар «Дао дэ сзин» гуфта мешавад: «Ба ў нигоҳ мекунам, аммо ўро намебинам, барои ҳамин ўро нопадид мегўям. Ўро гўш мекунам, аммо намешунавам, барои ҳамин ўро бесадо меномам. Кўшиш мекунам, ки онро даст кунам, аммо дастам ба он намерасад, барои ҳамин ўро хурди хурд меномам». Ба қонунҳои дао ҳамаи ашё ва мавҷудот тобеъ мебошанд. «Одам пайравии Замин мекунад, Замин пайравии Осмон. Осмон аз пайи дао меравад, дао бошад пайрави табиӣ мекунад».

Фалсафаи Эрони бостон

Таълимоти Зардуштия. Зардуштия яке аз таълимотҳои куҳанбунёди Эрони қадим ба ҳисоб меравад. Азосгузори он Зартушти Испитамон аст. Таълимоти зардуштия дуалистӣ буда, қувваи некӣ -Аҳуромаздо бо қувваи бадӣ – Аҳриман ҳамеша дар муборизаи доимӣ қарор дорад. Аҳриман душмани асосии Аҳурамаздо ва олами ў мебошад. Аҳриман вайронкунанда ва пеш аз ҳама нобудкунандаи шуури мардум буда, нобуд кардани он бошад ба заволи ҷомеа оварда мерасонад.

Таълимоти Зардушт яке аз аввалин таълимотҳое буд, ки масъулияти шахсии рўҳро барои иҷрои аъмоли худ дар зиндагии дунявӣ баён намуд. Зардушт биҳиштро «вуҷуди беҳтарин» ва дўзахро «вуҷуди бадтарин» ном мебарад. Биҳишт дорои се дараҷа аст: Пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек. Дузах низ се дараҷа дорад: Пиндори бад, кирдори бад ва гуфтори бад.

Покии ахлоқ ва инкишофи шахсӣ на танҳо ба рўҳ хос аст, балки хоси ҷисм ҳам мебошад. Некўкирдорӣ дар риояи тозагии ҷисм, аз байнбарии ҳаромӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим ифода меёбад.

Монавия. Монавия таълимоти дуалистӣ оиди муборизаи рушноӣ ва зулмат, бадӣ ва некӣ мебошад.

Аз баски Монӣ худро пайғамбари охирин ва асосӣ аз байни пайғамбарони Худои хайр мешуморад (то ў пайамбарон Иброҳим, Мусо, Зардушт, Иссо, Буддо буданд) кўшиш намуд, ки таълимотҳои асосии онҳоро якҷо намояд ва ҷойгузини онҳо шавад. Бинобар ин аз тарафи ҳамаи онҳо мавриди таъқиб қарор гирифт, махсусан аз тарафи рўҳониёни зардуштӣ ба таъқиб гирифтор шуда, оқибат аз дасти онҳо ба қатл мерасад.

Маздакия. Маздакия — таълимоти динӣ фалсафӣ мебошад, ки дар Эрон паҳн гардида буд. Бо номи Маздак, писари Бомдод – роҳбари ҳаракати маздакия, номгузорӣ шудааст. Мабдаи асосии таълимоти Маздакия ин аст, ки дар бунёди раванди олам мубориза байни ибдои рушноиву хайр, ки оқилона ва муназзам амал мекунанд ва ибдои торикӣ ва бадӣ, ки бетартибӣ ва тасодуфро намояндагӣ мекунанд, ниҳода шудааст. Ин мубориза ҳатман дар ин олам бо пирўзии хайр бар шар ба охир мерасад. Ақоиди маздакия оиди зарурати ёрии ҳамдигарӣ, оиди баробарии моликият ва ғ. дар дар минтақаҳои Эрон ва империяи Рим васеъ паҳн гардиданд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.