Фалсафи классикии даврони атиқа

  1. Софистҳо ва софистика
  2. Суқрот
  3. Афлотун
  4. Арасту
Софистҳо ва софистика.

Дар ибтидо софистро шахсе мегуфтанд, ки худро ба фаъолияти фикрӣ мебахшид. Аммо баътар маънои ин мафҳум маҳдутар мешавад ва ҳатто мазмуни манфиро низ мегирад. Софистҳо хело зиёд буданд, аммо намоёнтарини онҳо Протагор, Горгий ва Продик мебошанд.

Софистҳоро «муаллимони ҳикмат» ном мебурданд. Онҳо натанҳо усули фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқиро, балки масъалаҳои фалсафиро низ таълим медоданд. Софистҳо диққати худро ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ба масъалаи инсон ва ба масъалаҳои мубошират равона мекарданд. Ҳаминтариқ, санъати суханвариро, фаъолияти сиёсӣ ва ҳамчунин дониши аниқи илмӣ-фалсафиро таълим медоданд. Баъзе софистҳо усул ва шаклиҳои боваркунондан ва исботро новобаста аз масъала оиди ҳақиқати ҳолати исботшаванда таълим медоданд. Дар бисёр маврид ҳатто ба андешаҳои бемаънӣ ва ночаспон низ такя мекарданд. Масаланд: «Чизеро, ки ту аз даст надодаӣ ту дорӣ; ту шохҳоро аз даст надодаӣ пас ту шох дорӣ».

Барои ҳамин аз тарафи бисёр донишмандон андешҳои софистҳо чун гуфтори бемаънӣ ҳисоб мешаванд*.

Суқрот (469-399)

Суқрот дар Афина ба дунё омада, дар он ҷо зиндагиро ба сар бурдааст. Қисмати зиёди вақти худро дар майдонҳо ва ҷойҳои серодам мегузаронд. Бо ҳар ки майли сўҳбат дошт сўҳбат мекард. Ў шогирдони зиёде дошт. Қисмате аз онҳо бар зидди демократияи ғуломдории афинагӣ баромаданд. Дар сини ҳафтодсолагӣ ўро барои вожгун кардани худоёни куҳан, бунёди худоёни нав ва ин чунин барои гумроҳ кардани ҷавонони афинӣ гунаҳгор ҳисобиданд.

Суд ўро гунаҳгор ҳисобида ба ў ҳукми қатлро баровард. Дўстон ба ў роҳи гурезро пешниҳод карданд, аммо ў ба ҳукми суд итоат намуда, дар ҳузури шогирдон ҷоми заҳрро нўшид.

Суқрот худ ягон чизро нанавишта буд. Ҳаёт ва фалсафаи ў аз рўи асарҳои шогирдони ў –таърихчӣ Ксенофон ва файласуф Афлотун, аз рўи эҷодиёти шоир Аристофан ва дигар муаллифони атиқа маълум аст.

Мақсади фалсафаи Суқрот шинохти худ ҳамчун мавҷуди маънавӣ аст. Ба ў масъалаҳои ахлоқӣ бештар наздикӣ доранд зеро фалсафа барои Суқрот мушоҳидаи назарии табиат набуда, балки таълимот оиди он ки читавр бояд зист. Барои ҳамин дар бисёр маврид фалсафаи ўро фалсафаи ратсионализми ахлоқӣ меноманд. Методеро, ки Суқрот дар тадқиқотҳои худ истифода мебурд хело муҳим аст. Ин метод диалектикаи субъективӣ мебошад. Моҳияти онро метавон аз рўи масъалаҳои асосии зерин баён намуд:

  • Дар маърифат аз ҳама асосӣ худшиносӣ аст;
  • Ҳақиқат бояд барои ҳама ягона бошад, аммо ҳар як (фард) дорои андешаи фардӣ аст.
Афлотун (427-347)

Афлотун дар Афина дар оилаи ашроф ба дунё омадааст. Устодони фалсафаи ў Кратил ва Суқрот буданд. Афлотун яке аз бузургтарин донишмандони Юнони қадим аст. Бунёдгузори системаи идеализми объективӣ ва асосгузори аввалин дар ҷаҳон Академия, мебошад ки қариб ҳазор сол вуҷуд дошт.

Аз рўи ақидаи Афлотун олам дугуна аст: олами пайдои ашёҳои таъғирпазир ва олами пинҳони идеяҳо. Масаланд дарахтҳои алоҳида пайдо мешаванд ва нест мешаванд, аммо идеяи дарахт бетаъғир мемонад. Олами идея дорои ҳастии ҳақиқӣ буда, ашёҳои муайяни тавассути эҳсос даркшаванда миёнҷианд байни ҳастӣ ва нестӣ. Онҳо танҳо сояи идеяҳо, нусхаи ночизи онҳо мебошанд**.

Идеяи рўҳ (ҷон). Идеяи рўҳро тавзеҳ дода Афлотун чунин мегўяд: рўҳи инсон то ба дунё омаданаш дар салтанати андешаҳои тозаву зебо ҷойгир аст. Аммо баъд ба замини пургуноҳ меафтад, ки чанде дар ҷисми инсонӣ қарор мегирад, монанди зиндоние дар зиндон. Масъалаҳои асосии ҳаёти худро рўҳ пеш аз тваллуд ҳал менамояд. Вақте ки ба дунё меояд ў алакай ҳамачизи даркориро медонад. Ҳамин тариқ Афлотун рўҳи инсониро ба се қисм ҷудо менамояд: рўҳи оқила, ки равона ба сўи идеяҳост; ғазабӣ ва шаҳвонӣ.

Дар таълимоти худ оиди маърифат Афлотун мақоми маърифати ҳиссиро ба эътибор намегирифт. Ба ақидаи ў эҳсос ва идрок инсонро фиреб медиҳанд. Ў ҳатто чунин мепиндошт, ки барои дарки ҳақиқат чашмҳову гўшҳоро маҳкам карда, ба ақл имконият дода шавад.

Асарҳои асосии Афлотун инҳо мебошанд: «Ҳимоя аз Суқрот», «Давлат», «Парменид», «Пир», «Протагор», «Софист», «Федон», «Протагор» ва ғайраҳо.

Арасту (Аристотел) (384-322 п.а.м.)

Андешаҳои фалсафии Юнони қадим ба сатҳи нисбатан болотар тавассути таълифоти Арасту расид. Донишманди ниҳоят арзишманди ҳамаи қарнҳо, ки тавонист ҳамаи фалсафаи Юнонро дар таълифоташ таҷассум намояд. Дар ҳар давру замон донишмандон дар зимни баёни андешаҳои худ такя бар асрҳои ў мекунанд, ё иқтибос аз асарҳои ў меоваранд.

Арасту шогирди Афлотун буд, аммо аз рўи як қатор масъалаҳои бунёдӣ бо устодаш ихтилоф дошт. Масалан ба ақидаи ў назарияи идеяҳои Афлотун барои шарҳ додани ҳақиқати амалӣ комилан нокифоя аст. Барои ҳамин Арасту чунин баён дошт: «Афлотун дусти ман аст, аммо ҳақиқат азизтар аст!». Ў кушиш мекард, ки он ҷудоие, ки Афлотун байни олами маҳсус ва олами идеяҳо мегузошт, бартараф намояд.

Мода ва сурат (эйдос). Ҳадди қувва ва ҳадди феъл. Аз эътирофи мавҷудияти объективии мода бар меояд, ки Арасту ўро доимӣ ва нестнашаванда меҳисобад. Модда наметавонад, ки аз нестӣ ба вуҷуд биёяд, наметавонад миқдоран зиёд, ё кам шавад. Аммо ба ақидаи Арасту мода худ беҳаракат ва ғайрифаъол аст. Мода фақат дорои имконияти пайдоиши ашёҳои гуногуни воқеӣ мебошд. Масалан чуб дар ҳадди қувва дорои имконияти пайдоиши миз ё дарҳои гуногун аст. Барои он ки ин имконият ба воқеият табдил ёбад, ба модда (чуб) бояд сурати мувофиқ дод. Зери мафҳуми сурат Арасту омили фаъоли эҷодиро дар назар дошт, ки ба шарофати он ашё воқеӣ мегардад. Сурат-омил ва мақсад аст, сабаби бавуҷуд омадани ашёи гуногун аз моддаи якранг. Модда дар навбати худ гил аст. Барои он ки аз он ашёи гуногун ба вуҷуд биёяд мавҷудияти кўзагар- Худо зарур аст. Сурат ва модда байни ҳам алоқаи ҷудонашаванда доранд. Ҳар як ашё дар модда мавҷуд аст ва бо роҳи инкишофи табиӣ сурати худро мегирад. Ҳамаи олам иборат аст аз суратҳои боҳам алоқаманд. Ҳамин тариқ, Арасту ба ақидаи ягонагии ҳастии ашё меояд. Ашё иборатанд аз якҷояшавии модда ва эйдос (сурат). Масалан чуб ба ҳадди имкон миз аст, зеро чуб асоси моддӣ аст, аммо аз ў тайёр намудани миз ин ягонагии модда ва сурат аст.

Муҳаррики асосии олам ба ақидаи Арасту Худо аст.

Асарҳои Арасту «Органон», «Сиёсат», «Иқтисод» ва ғ.

* «Ки чунин гуфтаи бемаънї кори суфањост» (Носири Хусрав).

** Ин гунна аќидаи Афлотун натанњо аз тарафи шогирдаш Арасту, балки аз тарафи бисёр олимони даврањои гуногуни таърихї мавриди интиќод ќарор мегирифт. Масалан Муњаммад Иќбол ин аќидаи Афлотунро дар назар дошта чунин мегўяд: «Фикри Афлотун зиёнро суд гуфт, Њикмати ў будро нобуд гуфт».

test

Добавить комментарий