Фалсафаи асрҳои миёна

  1. Патристика
  2. Таълимоти Авриел Августин
  3. Схоластика
  4. Таълимоти Фомаи Аквинӣ

Асриҳои миёна дар таърих марҳилаи тулониро фаро мегирад – аз суқути давлати Рим сар карда то давраи Эҳё.

Самти динии системаи фалсафии асрҳои миёна асосан аз тарафи догматҳои насрония илқо мегардид. Фалсафа дар ин давр ҳамчун хизматгори дин шинохта мешуд. Дар инкишофи фалсафаи асрҳои миёна ба таври анъана ду марҳиларо ҷудо мекунанд: паристика ва схоластика.

Патристика

Фалсафаи патристика ба таълимоти «падарони калиссо» («отцов церкви» аз калимаи лотинӣ pater- падар)-и насрония асос дорад, ки ба онҳо ходимони каллисо, ки аз тарафи калисо ба таври расмӣ эътироф шудаанд ва дорои «қудсият» ва ҳаёти қадима мебошанд дохиланд.

Дар дохили худи патристика ду ҷараён вуҷуд дорад апологетика ( маънои луғавӣ «ҳимоя», «ситоиш») (нимаи асри II ва оғози асри IV), ки хусусияти он ҳимоя ва асоснок кардани таълимоти динии насрония бо ёрии далелу бурҳони ақлӣ ва патристикаи баркамол (асрҳои IV-VI), ки ба такмили системаи динӣ –ақлонӣ алоқа дорад.

Ба қатори файласуфони нисбатан машҳури давраи апологетика инҳо дохиланд: Тертуллиан, Арнобия, Лактантсия, Климент ва Оригена. Дар байни намояндагони патристикаи баркамол пеш аз ҳама номҳои Иеронима, Амвросия ва Авриел Августин (Августини Муқаддас) ва ғайраҳоро зикр мекунанд.

Авриел Августин (Августини Муқаддас) (354-430)

Яке аз машҳуртарин намояндаи фалсафаи динии асрҳои миёна ба шумор меравад. Ҷаҳонбинии ў дар зери таъсири фалсафаи стоикҳо, скептикҳо, навафлотуния ва баъдан зери таъсири дини насрония шакл мегирад. Дар соли 387 дини насронияро қабул намуда, то охири умр ҳамчун хизматгори содиқи он мемонад.

Масъалаҳои асосӣ барои таълимоте, ки Августин эҷод карда буд, инҳо масъалаи Худо ва олам, имон ва ақл, ҳақиқат ва дониш, хайру шар, озодии ихтиёр, абадият ва замон ва мазмуни таърих мебошанд.

Таълимот оиди ҳастии Августин ба таълимоти навафлотуния наздик мебошад. Ба ақидаи Августин бадӣ-ҷавҳар набуда, балки нуқс, вайронии ҷавҳар, камбудӣ ва ноқисии сурат мебошад. Хайр бошад баръакс бо ҳамаи ҷузъиёти худ ҷавҳар ва сурат аст. Худованд манбаи ҳастӣ аст, сурати комил, зебогии олӣ, сарчашмаи хайр мебошад. Агар қувваи эҷодгарӣ Худованд поён меёфт, олам дарҳол ба нестӣ табдил меёфт.

Ҷон аз нигоҳи Августин сифати соддаи ҷисм нест, балки ҷавҳари ғайримоддӣ буда, аз ҷисм фарқ мекунад. Ҷон намиранда аст. Дар масъалаи бавуҷуд омадани ҷони инсонӣ Августин байни ақидаи додани ҷон ва ҷисм дар якҷоягӣ аз тарафи волидайн ва ақидаи креационистӣ – офариниши ҷони навзод аз тарафи Худованд, мелангид. Августин ба таври қатӣ назарияи худро дар муқобили назарияи пантеистӣ яъне ягонагии Худо ва табиат мегузорад. Худо ба ақидаи ў фавқуттабии аст. Олам, инсон ва табиат ҳамчун натиҷаи офариниши Худованд, аз офаридагори худ вобаста мебошанд.

Ақл, аз рўи ақидаи Августин, чашми ҷон аст, ки бо он худ ба худ бе воситаи ҷисм ҳақиқатро мушоҳида мекунад. Ҳақиқат дар ҷони мо ҳузур дорад, ҷони мо бошад намиранда аст. Инсон ҳақ надорад, ки аз мақсади ондунявии ҳаёти худ ғофил монад.


Схоластика

Схоластика аз вожаи лотинии scholastica гирифта шуда, маънояш «мактабӣ», «таълимӣ» мебошад. Схоластика ҳамчун шакли фалсафаи динӣ дорои чунин хусусият аст, ки таълимоти дини насронияро дар асоси далелҳои ақлӣ бо истифода аз ақидаҳои фалсафаи атиқа асоснок мекард. Барои бештари намояндагони фалсафаи схоластикӣ усули асоси чунин буд: «Ақл барои имон нест, балки имон барои ақл аст». Масъалаҳои хоси фалсафаи схоластикӣ инҳо ба шумор мерафтанд: далоили ақлӣ барои ҳастии Худо; муносибати имон ва ақл; хилқати олам; озодии ихтиёр ва ҳамчунин мубориза бо ҳаргуна бидъат.

Фомаи Аквинӣ

Кўшиши нисбатан беҳтари исботи мавҷудияти Худованд ин системаи далоили ақлонии Фомаи Аквинӣ мебошад.

  • Далел аз ҳаракат: ҳар як ҳаракат ниёз ба муҳаррики аввал дорад, ки Худованд аст;
  • Далел аз ҳосили сабабҳо: дар олам тартиби сабабҳо вуҷуд дорад, ки оғози он аз сабаби аввал – Худо ибтидо мегирад;
  • Далел аз зарурат ва тасодуф: ҳамаи зуҳурот тасодуфиянд, барои ҳамин ниҳоят доранд. Пас ҳатман замоне мерасад, ки онҳо ғоиб мешаванд. Агар чунин бошад набояд фарз кард, ки онҳо худ ба худ пайдо шудаанд. Пас мавҷудияти сабабе лозим аст, ки онҳоро ба вуҷуд меоварад;
  • Далели дигар: ҳама чиз дар олам дорои мақсад буда, бо низоми муайян, оқилона гузошта шудааст. Пас мавҷуди боақле вуҷуд дорад, ки мақсади бавуҷудоварии ҳама марбут ба ўст.

Фалсафаи асрҳои миёна асосан аз ду ҷараён иборат буд: реализм ва номинализм.

Реализм – таълимоти фалсафиест, ки дар асоси он ҳақиқати воқеӣ танҳо ба мафҳумҳои кулл ё универсалӣ хос аст, аммо на ба ашёи ҷузъӣ, ки дар олами маҳсус қарор доранд. Дар ин муносибат реализми асрҳои миёна ба таълимоти Афлотун оиди идеяҳо (олам аввал дар идея ба вуҷуд меояд) наздик мебошад.

Мувофиқи реализм универсалҳо пеш аз ашё вуҷуд доранд ҳамчун фикр ва идея дар ақли худовандӣ ҳузур доранд, аммо инсон шабеҳи худованд аст, танҳо ба шарофати ин ақли инсонӣ тавони фаҳми моҳияти ашёро дорад. Зеро ин моҳият чизи дигаре ба ғайр аз универсалҳои куллӣ нест. Аз ин ҷо бар меояд, ки маърифат танҳо ба воситаи ақл имкон дорад, зеро танҳо ақл қудрати фаҳми кулро дорад. Номинализм – ҷараёни фалсафиест, ки намояндагони он бар чунин ақидаеанд, ки ихтиёр бар ақл афзалият дорад. Бо кўшиши ихтиёр инсон метавонад, ки оламро дарк кунад. Мафҳумҳои куллӣ танҳо номҳо мебошанд. Онҳо ягон мустақилият надоранд. Тамоми мақсад ва мазмун дар аҷзои ҷузъӣ меебошад.

Хусусияти хоси асрҳои миёна ин Худомарказӣ буд.

Худомарказӣ- вақте ки ҳақиқати муайянкунандаи моҳият на табиат, балки Худост*. Дар асоси ин таълимот ду усули ҳамбастаи ҳам: ақидаи хилқат ва вайҳ меистад.

* Агар таълимоти фалсафии асрњои миёнаро бо таълимоти фалсафии донишмандони исломї муќоиса намоем тафовути љиддие ба назар мерасад. Ин тафовут асосан дар масъалаи маърифат зоњир мегардад. Файласуфони Шарќи исломї махсусан Њаким Носири Хусрав ва Мавлоно Љалолуддини Румї бо такя бар њадиси Пайѓамбар (с) «Андар Офаридагор андеша макунед, андар офариниш андеша кунед», зинаи маърифатро аз офариниш ба сўи Офаридагор мењисобанд. Дар Фалсафаи асрњои миёнаи Ѓарб бошад баръакс маърифат аз боло, аз Офаридагор ба сўи офариниш оѓоз меёбад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.