Фалсафаи давраи эҳё (асрҳои 14-16)

  1. Тавсифи мухтасари давраи Эҳё
  2. Николай Кузанӣ
  3. Ҷордано Бруно
Тавсифи мухтасари давраи Эҳё

Дар давраи эҳё илм бошиддат инкишоф ёфта, санъат, адабиёт ва андешаҳои сиёсӣ нашъунамо менамоянд. Ин давраи пешрафти бемонанди маънавӣ, давраи боварии бемаҳдуд ба инсон, ба имкониятҳои эҷодии ўст. Чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ мутаалиқ ба ин давра мебошанд: Леонардо, Микеланджело, Данте, Петрарка, Шекспир, Сервантес, Бруно, Кузанский, Коперник ва ғайраҳо.

Дар давраи Эҳё таваҷҷўҳ ба таълимоти фалсафии атиқа зиёд мегардад. Таълимоти худомарказии асрҳои миёна ба инсонмарказӣ табдил меёбад. Фалсафа аз хидматгори илоҳиёт ба илм оиди инсон ва рисолати инсон табдил меёбад.

Хусусияти хоси фалсафаи Эҳё ин баланд бардоштани мақоми инсон, иззату эътибори он, боварӣ ба қувваи инсон, муҳаббат ба инсон, муҳаё кардани шароит барои инкишофи озоди ў мебошад.

Инсон арзиши олӣ ҳисобида мешавад. Ў мустақил аст, аз ягон чиз вобаста нест. Инсон ҳамчун субъекти асоссии маданият ва таърих аст. Мазмуни офариниш инсон аст. Чунин фаҳмиши инсон ба пайдоиши ҷаҳонбинии нав- гуманизм (инсондўстӣ) оварда расонд. Ин фалсафа, ки фалсафаи гуманистӣ ном гирифт, бар асоси фалсафаи гуманистии навафлотуния, ки дар он фалсафаи Афлотун, Арасту ва инчунин баъзе ақидаҳои фалсафаи то Суқрот, стоикҳо ва эпикуриҳо ҷой доштанд, инкишоф ёфт.

Мақсадҳои гуманистӣ асоси маънои фалсафаи нави табиат ва ҷамъият гардиданд. Ин мақсадҳо дар бунёди далели ягонагии табиат ва инсон ҷой гирифтанд.

Коперник ва Галилей модели нави Коинотро тартиб доданд, ки дар асоси он Замин дар гирди Офтоб ва дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Буруно ақидаро оиди беинтиҳоии олам баён намуд. Ў консепсияи пантеистии Худоро кор карда баромад, ки мувофиқи он Худо бо табиат дар ваҳдати доимӣ қарор доранд. Мутафаккироне, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ сарукор доштанд инкишофи муносибатҳои иҷтимоиро тавассути қонунҳои табиӣ маънидод мекарданд. Масъалаҳои маърифатро баррасӣ намуда, файласуфони давраи Эҳё байни дониш ва эътиқод (имон) тафоввути ҷиддӣ медиданд.

Николай Кузанӣ (Николай Кузанский) (1401-1464)

Илоҳиётшинос ( ў дар давраи папа Пие II кардинал* буд), файласуф, донишманди шўҳратёр махсусан дар соҳаи математика, астрономия ва ҷуғрофия- Николай Кузанӣ дар таърихи башарият мақоми сазовореро ишғол менамояд. Ўро асосгузори фалсафаи Олмон ҳисоб мекунанд.

Кузанӣ мутааллиқ ба иттиҳодияи августинҳо, ақида оиди ягонагии Худованд, зуҳури он дар табиат, оиди тариқи маърифати Худо ва Коинотро тасдиқ мекард. Ў ба Ҷордано Бруно, ки таълимот оиди беинтиҳоии олам ва ҷаҳонбинии офтобмарказӣ ба ў писанд омада буд, таъсири бузург гузоштааст. Дар ин маврид Кузанӣ бевосита пешоҳанги Коперник буд. Ў ҳақиқатан ҳам дар астрономия инқилобро ба вуҷуд овард. Системаи космологии Афлотун, Арасту ва Птоломейро вайрон намуда, системаи офтобмарказиро тасдиқ намуд. Кузанӣ ақидаи робитаи мутақобилаи ҳамаи зуҳуроти табиӣ, ақидаи диалектикии мувофиқати ба ҳам зидҳо, таълимот оиди беинтиҳоии Коинот ва ақидаи инсон чун олами сағир (микрокосм)-ро инкишоф дод. Ў қудрати маърифати инсониро тасдиқ намуда буд: инсон ба воситаи фаъолияти эҷодии хиради худ шабеҳи Худованд аст. Андешаҳои Кузанӣ оиди ягонагии ҳамаи зидҳо дар Худованд аз рўи мазмун ва шакли худ диалектикӣ мебошад. Инчунин андешаи ў оиди таносуби ҷузъ ва кулл – ҷузъ аз мавҷудияти кулл дарак медиҳад, низ диалектикӣ мебошад. Метавон гуфт, ки масъалаи зиддият, масъалаи асосӣ дар эҷодиёти ў мебошад.

Ҷордано Бруно (1548-1600)

Назарияи Ҷордано Бруно- файласуф ва шоир, ҳамчун пантеизм* тавсиф мешавад. Сабаби ташаккули фалсафаи табиии пантеистии Бруно бештар ба шиносоии ў бо ақидаи Н. Кузанӣ вобаста буд. Бруно мақсади фалсафаро на дар маърифати Худои фавқутабиӣ, балки дар маърифати табиат, ки «Худо дар ашё» аст, муайян карда буд. Назарияи космологии Николай Коперник, ки ба Бруно таъсири бузург расонид, онро аз худ намуда, ақидаро оиди беинтиҳоии Коинот ва ақидаи бисёрмарказиро инкишоф дод. Ба ақидаи Коперник Офтоб маркази Коинот ба ҳисоб мерафт (гелеосентрӣ). Аммо Бруно Офтобро ҳамчун маркази системаи офтобӣ дониста, ақидаи Полеосентриро (бисёрмарказӣ) баён намуд, ки мувофиқи он олам аз системаҳои зиёде иборат буда, ҳар яке дорои маркази алоҳида мебошанд.

Ақидаи Бруно ба донишмандоне аз қабили Б. Спиноза, Г. Лейбниц, Ф. В. Шеллинг ва дигарон таъсири амиқ гузошт.

17 феврали соли 1600 Ҷ. Бруно дар майдони Гулҳои Рим зинда сузонда шуд. Китобҳои ўро низ сўзонданд. Номи ўро ба забон гирифтан манъ шуд. Вақте ки инквизитсия Бруноро таъқиб кардан гирифт, ў нуқтаи назари худро ба ин тарз баён намуда буд: «Ба ман ин ҳолат, ки ақидаҳои ман бо ақоиди ашхсои зиёде мухолифанд, камтафовут аст, мудом ки онҳо бо ақл ва таҷриба мувофиқанд». Дар мурофиаҳои судӣ вай хело бо тамкин ва ором буд. Фақат якбор ў оромиро вайрон намуд. Вақте ки ҳукми судро гўш мекард, чунин гуфт: «Ба ман чунин менамояд, ки шумо ҳукмро бо як тарси зиёд баён менамоед, аз он ки ман ўро гўш мекунам». Ба ў як ҳафта мўлат доданд, гумон карданд, ки аз тарс аз эътиқодоти худ даст мекашад, аммо ў дар бовариҳои худ устувор монд.

* яке аз унвонњои олии рӯњониёни католикї, ки аз папа поёнтар аст

* Назарияи фалсафи, ки Худо ва табиатро вуљуди ягона мешуморанд. Pan – њама ва theos-Худо

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.