Фалсафаи урупои ғарбӣ асрҳои 17-18

  1. Ф. Бэкон
  2. Томас Гоббс
  3. Ренэ Декарт
  4. Бенедикт Спиноза
  5. Ҷон Локк

Фалсафаи Урупои ғарбии Замони Нав дар инкишофи афкори фалсафӣ марҳилаи навбатиро мекушояд. Ин марҳила дар ҳаёти иҷтимоӣ чун даврони таназзули феодализм ва ба вуҷуд омадани капитализм қаламдод карда мешавад. Таъғиротҳои қатъӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба амал меояд. Шуури мардум ва ҷаҳонбинии онҳо дигар мешавад. Нобиғаҳои наве вориди майдони илм мегарданд. Ин давра давраи инқилоби илмӣ номида мешавад. Илм аз пештара дида нақши муҳимтареро дар ҳаёти ҷомеа иҷро менамояд.

Ф. Бэкон (1561-1626)

Асосгузори материализми англисӣ, фалсафаи эмпирикӣ ва илми эмпирикӣ файласуфи англис Ференсис Бэкон ба шумор меравад. Дар тадқиқоти худ ў диққати асосиро ба аҳамияти махсус ва зарурии мушоҳида ва таҷриба дар ба даст овардани ҳақиқат, равона намуда буд. Ў чунин меҳисобид, ки фалсафа бояд ҳатман дорои хусусияти таҷрибавӣ бошд. Мақсади олии илмро ў дар фармонравоии инсон бар табиат медид. Дар таснифоти худ ў ба интиқоди схоластика, мистика, идеализм ва агностисизми атиқа ва асрҳои миёна мепардозад. Ба ақидаи ў роҳе, ки ба сўи дониш мебарад ин мушоҳида, таҳлил, муқоиса ва таҷриба мебошанд. Мақсади асосии маърифатро Бэкон дар комил намудани ҳаёти инсонӣ медид. Барои ҳамин ба ақидаи ў фалсафаи ҳақиқӣ на бояд дар асоси идрок ва маълумотҳои бевоситаи ҳиссӣ, балки дар асоси таҷрибаи мақсадноки бонизоме сохта шавад, ки ба кашфи донишҳои нав, беҳтар намудани ҳаёти мардумон ва вусъат додани фармонравоиашон бар табиат нигаронида шудааст.

Мувофиқи ақидаи Бэкон илм монанди об дорои манбаи худ мебошад. Он аз ду намуди дониш иборат аст, ки яке аз тарафи Худо талқин мешавад, дигаре ибтидо аз узвҳои ҳисс мегирад. Ҳамин тариқ илм ба илоҳиёт ва фалсафа тақсим мешавад. Бэкон чунин мавқеъро ишғол мекард, ки ҳақиқат ду гунна аст: ҳақиқати динӣ ва ҳақиқати дунявӣ. Илоҳиёт ба шарҳу шинохти Худо равона шудааст, аммо кўшиши инсон бефоидааст агар бо нури хиради муқарарӣ ба дарки Худованд машғул шавад. Эътиқод ба Худованд бо роҳи ваҳйи ба даст меояд, аммо ҳақиқати «дунявӣ» бо роҳи таҷриба ва ақл дарк карда мешавад.

Китоби асосии фалсафии Бэкон- «Таҷдиди бузурги илмҳо» иборат аз ду қисм: «Оиди манзалат ва афзоиши илмҳо» ва «Органони нав». Инчунин китобе бо номи «Атлантидаи нав» дорад.

Томас Гоббс (1588-1679)

Файласуфи англис. Маълумотро дар Оксфор гирифтааст. Бо он шўҳратёр гардидааст, ки дар таълимот оиди табиат ақидаҳои материалистии Бэконро муназзам кардааст. Дар методи худ ратсионализми геометрӣ ва механикиро бо номинализм пайваст дод. Дар фалсафаи иҷтимоӣ бошад ақидаи пайдоиши давлатро дар асоси «шартномаи иҷтимоӣ» пешниҳод намуд. Тарафдорӣ ҳокимияти давлатии пурзўр буд, ки бар қонун ва ақл асос дорад.

Гоббс Худоро ҳамчун мабдаи аввал ва мусаббаби ҳамаи мавҷудот ҳисоб карда, ақида дошт, ки Худо ба ҳаёти минбаъдаи заминӣ дахолат намекунад.Асарҳои асосии ў: «Ҷузъиёти қонунҳои табиӣ ва сиёсӣ», «Асосҳои фалсафа», «Левифан».

Ренэ Декарт (1596-1658)

Математик, физик ва файласуфи фаронсавӣ Ренэ Декарт мақоми бузургеро дар таърихи афкори фалсафӣ сазовор аст. Ў кўшиш намуд, ки методи универсалии дудективиро барои ҳамаи илмҳо дар асоси назарияи ратсионализм кор карда барояд. Ба ақидаи ў мавҷудияти ақидаҳои фитрӣ дар зеҳни инсонӣ дар бисёр маврид натиҷаи маърифатро муайян мекунанд.

Ба ақидаи Декарт шавқи ибтидоиро барои мавҷудият ва инкишофи олам Худо медиҳад, аммо инкишофи минбаъдаи олам мустақилона бо қувваи эҷодкорона муайян карда мешавад.

Мафҳуми бунёдӣ дар назарияи ратсионалистии Декарт ин ҷавҳар (субстанция) аст. Моҳиятан зери мафҳуми ҷавҳар Декарт Худоро дар назар дошт. Зеро ба ғайр аз Худо боқимонда ҳама офаридаи ў мебошанд. Аммо аз тарафи дигар Декарт олами аз тарафи Худо халқ шударо ба ду ду ҷавҳар тақсим мекард: моддӣ ва рўҳонӣ. Ҷавҳари моддӣ то бе охир тақсимшаванда аст, аммо ҷавҳари рўҳонӣ тақсимнопазир мебошад. Ҷавҳари рўҳонӣ дорои идеяе мебошад, ки аз оғоз ба он хос буда, на ин ки дар таҷриба ба даст омада бошад. Ҳамин тариқ олами рўҳонии инсон як чизи фитрӣ аст. Ба ақидаҳои фитрӣ Декарт ақидаи Худоро ҳам чун мавҷуди мукаммал дохил мекард.

Азбаски Декарт ду ҷавҳари мустақилро эътироф мекард барои ҳамин аз мавқеи дуалистӣ баромад мекунад.

Асарҳои асосии фалсафии Декарт: «Мулоҳзаҳо оиди метод», «Андешаҳои метафизикӣ», «Оғози фалсафа», «Дастур барои раҳнамои хирад».

Бенедикт Спиноза (1632-1677)

Файласуф ва олими нидерландӣ Бенедикт (Барух) Спиноза ба дуализми Декарт усули монизмро муқобил гузошт. Монизми Спиноза хусусияти пантеистиро доро мебошад. Худо бо табиат айният дода мешавад. Спиноз тасдиқ карда буд, ки фақат ҷавҳари ягонаи берун аз шуури мо вуҷуд дорад, ки ба дигар сабабҳо ниёз надорад. Худои Сипиноз аз табиат ҷудо набуда, дорои хусусияти шахсӣ намебошад. Спиноза Худоро табиат ва табиатро Худо меномид.

Аз сабаби касалии вазнини сил Спиноз тавонист фақат ду асари худро ба охир расонад: «Рисолаи илоҳиётӣ-сиёсӣ» ва «Этика».

Ҷон Локк (1632-1704)

Материалисти англис пайрави Бэкон ва Гоббс. Ў ақидаи ба вуҷд омадани донишро аз ҳиссёт ва аз таҷриба асоснок намуда, таълимоти Декартро оиди ақидаҳои фитрӣ зери интиқод қарор дод. Одамон бо ақидаи тайёр таваллуд намешаванд. Мағзи сари навзод монанди лавҳаи тоза буда, дар он ҳаёт нақши худ-донишро мекашад. Ҳамин тариқ, Локк сенсуализмро дар муқобили ратсионализми Декарт асоснок намуд. Ақидаи Декартро оиди идеяҳои фитрӣ танқид намуда, Локк мегўяд, ки: агар идяҳо фитрӣ мешуданд, онҳо ба таври баробар ҳам ба кўдаку калонсол ва ҳам ба девонаву ҳушёр маълум мебуданд. Барои ҳамин Локк чунин мегўяд: Ҳеч чиз дар ақл вуҷуд надорад, агар чи пештар дар эҳсос вуҷуд надошт. Эҳсос дар натиҷаи таъсири ашёи беруна ба узвҳои ҳисси мо ба амал меояд.

Асарҳои Ҷон Локк: «Таҷриба дар фаҳмиши инсонӣ», «Андешаҳо оиди офариниш», «Мактуб оиди таҳамулпазирӣ»

test

Добавить комментарий