Фалсафаи маорифпарварии Фаронса

  1. Волтер
  2. Жан-Жак Руссо
  3. Дени Дидро

Асри XVIII дар Фаронса асре буд, ки мутафаккирони барҷастаеро аз қабили: Волтер, Гелвеций, Голбах, Дидро, Кабанис, Кондиляк, Кондорсе, Ламетри, Монтескё, Руссо ва дигаронро ба майдони илму сиёсат овард. Донишмандони фавқуззикр тартиботҳои асримиёнагиро, динро зери танқиди сахт қарор дода, барои сохтани ҷомеаи демократӣ, маърифатнок кардани омма, озодфикрӣ ва боло бардоштани ақлу ахлоқ даъват мекарданд. Ҳамин тариқ онҳо барои инқлоби буржуазии Фаронса (1789-1794), ки зери байрақи озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ амалӣ гардид, заминаро омода карданд.

Волтер (1694-1778)

Яке аз пешвоёни ақидавии Маорифпарварии Фаронса, нависанда ва мутафаккир – Волтер (Мари Франсуа Аруе) на танҳо дар таърихи тамаддуни Фаронса, балки дар таърихи тамоми башарият дорои мақоми намоён мебошад.

Волтер клерикализм* ва дигар шаклҳои сўистифодаи калиссоро зери танқиди сахт мегирад. Волтер эътиқоди ҳатмиро ба Худо ҳамчун ба муҳарики авали Коинот эътироф менамояд. Сабаби ниҳоии ҳаракати мавҷудот, андеша ва умуман зуҳуроти руҳониро Волтер дар пайдоиши қувваи худовандӣ медид. Волтер имкони мавҷудияти ҷамиятро бе эътиқод ба Худо тасаввур намекард. Ў ба таври қатъӣ бар зидди ақидаи Бейл дар нисбати ҷамияти иборат танҳо аз атеистҳо, баромад. Ба ақидаи Волтер «ин дар ҳақиқат ҳам даҳшат мебуд». Волтер чунин нуқтаро пайгирӣ мекунад, ки «агар ақида оиди Худо намебуд, ўро бояд фикр карда мебароварданд, аммо Ў дар пеши мо дар ҳамаи табиат нигошта шудааст».

Волтер режими феодалиро бо ҳамаи даҳшатҳои ў танқид мекард. Ў ҳамеша даъват менамуд, ки ҳамаи шаклҳои ҷаҳолат ва ваҳшигарии феодалӣ бояд нест шаванд. Волтер пешвои эътирофшудаи ҳаракати фалсафӣ-иҷтимоӣ буд. Ў ва ҳамсафони ў озодии андеша ва суханро талаб мекарданд. Волтер мегуф «Ҷасорат пайдо кунед, ки андешаи мустақил дошта бошед». Нуқтаи назари сиёсии худро бо чунин мақол баён намудааст: «Беҳтарин ҳукумат он аст, ки дар аҳди он танҳо ба қонун итоат мекунанд».

Асарҳои Волтер: «Задиг», «Микромегас», «Кандид», «Таърихи Пётри бузург», «Таърихи Карли XII», «Асри Людовики XVI».

 Жан-Жак Руссо (1712-1778)

Руссо бар зидди нобаробарии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ баромад мекард. Ҷаҳонбинии диниро сахт танқид мекард, агар чанд оламро натиҷаи офариниши Худованд медонист. Нақши эҳсосро дар маърифат мутлақ ҳисоб мекард. Дар фалсафаи иҷтимоӣ баробариро ҳолати табии ҳисоб мекард. Сабаби нобаробариро дар моликияти хусусӣ медид. Идеали сохтори давлатдориро бошад дар республика медид. Ҳуқуқи мардумро дар барҳамзадани ҳаргуна ҳокимияти зиддимардумӣ ассоснок намуд.

Нуқтаи назари худро Руссо ба чунин тарз баён намуда буд: «Инсон озод таваллуд мешавад, аммо дар ҳамаҷо ў дар асорат аст». Аз инҷо бар меояд, ки табиат инсонро бадбахт накарда, балки инкишофи тамаддун ўро ба ин роҳ дучор мегардонад. Сухан пеш аз ҳама дар бораи нобаробарии молӣ меравад. Ҷудошавии мардум ба дорову нодор, ба даст овардани фоида ва дигар беадолатиҳои иҷтимоӣ зодаи моликияти хусусӣ мебошанд. Барои аз ин бадбахтии иҷтимоӣ халос шудан, ба ақидаи Руссо, тақсимоти нобаробари моликияти хусусӣ бояд барҳам дода шавад.

Дар зиёдшавии илатҳо (айбу нуқс) Руссо илму санъатро низ гунаҳкор медонист. Аз як тараф илм ва санъат худашон самари иллатҳо мебошанд: астрономия зодаи хурофот, суханварӣ зодаи бадбинӣ ва дуруғ, ахлоқ зодаи кибру ғурур ва ғ. Аз тарафи дигар онҳо манбаи ин иллатҳо мебошанд: макр, друғу бўҳтон, адовату хасисӣ.

Аммо аз ин набояд хулоса кард, ки Руссо аҳамияти илм ва санъатро дар фаъолияти маърифатӣ ва маорифпарварӣ паст карда бошад. Мақсади муҳокимаи ў чунин маънӣ дорад: «аз баски илм ба ахлоқ бештар бадиро меорад аз он ки фоида ба ҷамъият, беҳтар мешуд, ки мардум ба онҳо камтар дода мешуданд».

Воситаи дигари муассири барҳамдиҳии ахлоқи бад ба ақидаи Руссо ин сохтори таълим мебошад, ки вазифаи он тарбияи инсони муносиб, шаҳрванди фаъоли аз худпарастӣ мутлақан озод. Дар раванди амалишавии ин мақсад ў ба инкишофи қобилияти кўдак ба худшиносӣ, худтарбиякунӣ ва худомўзӣ, робита бо табиат, омўзиши ҳунармандӣ таъмини мустақилияти бештар дар ҷамъият афзалият медиҳад.

Асарҳои Руссо: «Элоизаии нав», «Эмил» (ин асар дар соли 1762 аз тарафи каллисо ҳукми сузондан гирифт). «Мулоҳиза оиди пайдоиш ва асосҳои нобаробарӣ байни мардумон», «Оиди шартномаи ҷамъиятӣ ё усулҳои ҳуқуқи сиёсӣ».

Дени Дидро (1713-1784)

Файласуфи материалист, нависанда, назариётчии санъат, муасис ва муҳарири «Энсиклопедия»-и фаронсавӣ. Бар зидди дин ва калиссо баромад намуд ва дар соли 1749 дасгир гардид. Дар асарҳои худ тарафдории худро аз материализм нишон медиҳад. Худҳаракатии модда, зиддияти дохилӣ ва гуногунии онро исбот мекунад. Ў ақидаи инкишофи мудаввоми табиатро баён намуд. Назарияи динии пайдоиши шуурро инкор намуд. Ба ақидаи ў шуур танҳо дар сатҳи муайяни инкишофи олами моддӣ ба вуҷуд меояд. Дидро мавқеи сенсуалистиро тарафдорӣ ва агностисимро инкор мекард.

Асарҳои Дидро: «Андешаҳои фалсафӣ», «Андешаҳо оиди шарҳи табиат», «Усулҳои фалсафии модда ва ҳаракат» ва ғ.

* Клерикализм – љараёни сиёсии реаксионї, ки маќсадаш дар њаёти сиёсї ва маданї афзудани таъсири ташкилотњои динист

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.