Фалсафаи баъдиклассикии асри 19

  1. Фалсафаи материализми диалектикӣ
  2. Фалсафаи ҳаёт.
  3. Фалсафаи позитивизм.
  4. Фалсафаи Навкантгароӣ (Неокантианство)

Охири асри XX барои фалсафаи классики олмонӣ марҳалаи охирин буд. Ин марҳила, ки онро шартан «баъдиклассикӣ» гуфтан мумкмн аст, барои чунин ҷараёнҳои фалсафе монанди: марксизм, фалсафаи ҳаёт, позитивизм ва навкантчигӣ марҳилаи оғоз гардид.

Фалсафаи материализми диалектикӣ

Фалсафаи материализми диалектикӣ дар нимаи дуюми асри XIX ба вуҷуд меояд. Асосгузорони он К. Маркс (1818-1883) ва Ф. Энгелс (1820-1895) ба ҳисоб мераванд.

Фалсафаи К. Марк ва Ф. Энгелс мураттабан материалистӣ ба шумор меравад: материя нисбат ба идея пешӣ дорад. Шуури инсон маҳсули материяи олӣ ба ҳисоб меравад. Олам ягонааст ва ягонагии он дар моддӣ будани он зоҳир мегардад.

Дар ҳамаи шаклҳои фалсафаи материалистӣ ақидаи метафизикӣ ҳукмрон буд. Яъне тасаввуроти ғайридиалектикӣ оиди олам. Диалектикаро танҳо идеалистҳо инкишоф медоданд. Танҳо ба ибтидои рўҳонӣ қобилияти инкишоф марбут буд. К. Маркс ва Ф. Энгелс материализмро бо диалектика пайванд дода, дар фалсафа қадами инқилобиро гузоштанд. Онҳо усули худҳаракаткунии моддаро пешниҳод намуданд. Модда аз тарафи касе ба вуҷуд наомадааст, он вуҷуди абадӣ дорад. Ҳаракат-сифати ҷудонашавандаи модда ба шумор меравад. Ҳаракат мутлақ аст, аммо оромӣ нисбӣ.

Мўътақидан маркисизм дар назарияи маърифат ақидаи навро интихоб мекунад: фаҳмиши Гегелро оиди маърифат ҳамчун оиди раванд дастгирӣ намуда, марксизм ба ҳайси асоси маърифат ва меъёри ҳақиқат таҷрибаро – раванди ташаккули олам аз тарафи одам ва одам аз тарафи олам, мешуморад. Умуман нисбат ба фалсафаҳои пешгузашта дар марксизм инчунин фаҳмиши вазифаи асосии фалсафа низ дигар хел аст: фалсафа натанҳо оламро маърифат мекунад, балки онро бояд дигаргун созад.

Фалсафаи ҳаёт.

 Намояндагони ин ҷараёни фалсафӣ Шопенгаур, Нитсше, Дилтей, Бергсон ва ғ. буданд. Ақидаи асосии ин файласуфҳо дар он асос меёбад, ки он усулҳои маърифат, ки дар ихтиёри фалсафаи классикӣ буд, аз тарафи инҳо пазируфта нашуд. Яъне бо ақлу хирад маърифати ҳаёт номумкин аст. Ақл танҳо ба донистани шаклҳои гуногуни материяи ғайризинда қобил аст. Дар ҳаёт қонунҳои эволютсия ва ҳаракат ҷой доранд. Аммо таъғирёбандагӣ зери ҳукми хирад намедарояд зеро хирад қобилияти мунакаскунии оромиро дорад.

Дониши ратсионалӣ дар муқобили бехудӣ ва ирратсионалӣ гузошта мешавад.

Фалсафаи позитивизм. 

Позитивизм дар солҳои 30-40 асри XIX ба вуҷуд омада, дар инкишофи худ як чанд марҳиларо аз сар гузаронидааст:

  • позитивизми классикӣ
  • навпозитивистӣ
  • постпозитивистӣ

Асосгузори позитивизм файласуфи франсуз О. Конт ба шумор меравад. Ў истилоҳи «позитивизм»-ро худаш дохил намуд. (дониши позитивӣ ин дониши фоидаовар, мусбӣ, ва ҳақиқӣ) Позитивизм дар дигар мамлакатҳо низ васеъ паҳн гардид.

Дониши ҳақиқӣ оиди олам фақт дониши «позитивӣ» мебошад. Ба ин муносибат нақши асосиро дар маърифати воқеият ба илм дода мешавад. Ба шакли эмпирики тадқиқот диққати махсус дода мешавад. Ҳар як исботи илмӣ ба таври ҳатмӣ бояд аз санҷиши таҷрибавӣ гузарад.

Фалсафаи Навкантгароӣ (Неокантианство)

Навкантгароӣ ҳамчун ҷараёни фалсафӣ дар Олмон дар солҳи 60 –уми асри XIX пайдо шуда, ба таври васеъ дар Англия, Россия, Фаронса ва дигар кишварҳои Урупо паҳн гардид. Шиори назариявӣ, ки ақидаи асосии ин ҷараёнро ифодагар мебошад, чунин даъват буд: «Ба ақиб ба сўи Кант!». Дар охири асри XIX дар дохили ин ҷараён як чанд мактаб ба вуҷуд омад. Аз ҳама муҳимтарашон инҳо мактаби марбургӣ ва бадеанӣ ба шумор мераванд. Намояндагони мактаби марбургӣ (Коген, Наторт, Кассирер, Шматмлер ва ғ.) маърифати олами объективиро кори илмҳои «позитивӣ» меҳисобиданд, аммо ба фалсафа вазифаи «илм оиди маърифат» дода буданд. Онҳо аз раванди маърифат маърифати ҳиссиро истисно намуда, ақидаи Кантро оиди фаъолияти мантиқии фикр мутлақ шумориданд.

Намояндагони мактаби баденӣ (Вилденбанд, Ласк, Риккерт ва ғ.) аз як тараф ба фалсафа мақоми методологияи илмӣ ва манбаи таҳлили сохтори мантиқии дониш медоданд. Аз тарафи дигар онҳо фалсафаро илм оиди арзишҳо меҳисобиданд. Дар силсилаи арзишҳое, ки онҳо сохта буданд, дар ҷои аввал давлати буржуазӣ меистод, баъд аз он иқтисод, ҳуқуқ, санъат ва дар охир калиссо, ки арзиши олӣ ба ҳисоб меравад. Чунин муносибат ба онҳо иҷозат медод, ки масъалаҳои иҷтимоиро бо масъалаҳои ахлоқӣ пайванд диҳанд.

test

Добавить комментарий