Мафҳум ва мазмуни ҳастӣ

  1. Мазмуни ҳастӣ
  2. Ҳастии моддӣ
  3. Ҳастии маънавӣ
Мазмуни ҳастӣ

Дар раванди дарки олам фалсафа мафҳумҳои бунёдӣ- категорияҳро ба кор мебарад, ки хусусият ва муносибатҳои мавҷудаи воқеъиятро муайян мекунанд. Категорияе, ки ба воситаи он ин дарккунӣ оғоз меёбад «Ҳастӣ» ном дорад. Илме, ки ба омўзиши ҳастӣ машғул аст, онтология ном дорад.

Маънии ҳастӣ вуҷуд,мавҷудвуҷуд доштанро дорад.

Хастӣ бо маънии буд низ дар таълимоти донишмандони гузаштаамон дучор меояд, масалан:

Ҳеҷ буде  набуд пеш аз Ту (Низомӣ)

Паймонаи замонро се буд аст (Носири Хусрав)

Категорияи ҳастӣ ба эътирофи он далели равшан асос дорад, ки мо худамон, ашёи атрофи мо, падидаҳои табиат, Офтоб, осмон, ситораҳо, ҳамаи олам ҳастанд, вуҷуд доранд. Натанҳо олами маҳсус дар зери мафҳуми ҳастӣ қарор дорад, балки олами берун аз он, яъне олами маънавӣ низ дорои ҳастӣ мебошад, масалан: фикр, эҳсос, тасаввур, ақида, назария, хаёл, асотир ва ғ.

Бинобар ин ҳастӣ ба ду навъ ҷудо мегардад:

  • Ҳастии моддӣ
  • Ҳастии маънавӣ

Дар зери мафҳуми чизҳои (маънои чиз-он чи вуҷуд дошта бошад) табиӣ ё табиати аввал мавҷудияти ҷисмҳои табиӣ, равандҳо, ҳолатҳое фаҳмида мешаванд, ки офаридаи табиат мебошанд. Масалан саёраи Замин, дигар саёраҳо ва умуман Коинот. Баҳрҳо, уқёнусҳо, ҷангалҳо, куҳҳо, растаниҳо, ҳайвонот, канданиҳои фоиданок ва амсоли инҳо. Ҳамаи инҳо ба қисми «табиати аввал» ё ҳастии табиӣ дохил мешаванд, ки новобаста аз инсон ва берун аз шуури ў вуҷуд доранд. Ин шакли ҳастӣ дорои воқеияти айнӣ (объективӣ) буда, нисбат ба инсон ва шуури ў пешӣ дорад. Зеро инсон худ қисми табиат буда, пайдоиши ў, ҳаёт ва фаъолияти ў, бе вуҷуди ў дар ҳақиқат ҳам номумкин аст.

Дар тафовут аз чизҳои табиӣ (табиати аввал), ҳастии чизҳои саноӣ (табиати дуюм) бо фаъолияти инсон алоқаи қавӣ доранд. Чизҳои саноӣ (табиати дуюм) ин он чизе ки инсон истеҳсол намудааст ва дар шакли моддӣ таҷассум ёфтааст: олоти меҳнат, киштиҳо, мошинҳо компютер, телефон, биноҳо, роҳои оҳан, асарҳои санъат ва ғ.

Ҳастии чизҳои саноӣ (табиати дуюм) аз синтези моддаҳои табиӣ, фикри дар ашё таҷассумёфта (сурат) ва фаъолияти инсон иборат мебошанд.

Ҳастии инсон ҳамчун мавҷуди табиӣ ва иҷтимоӣ мавҷудияти инсонро дар олами ашё дида мебарояд. Инсон як чизи махсусе аст, ки дорои қобилияти тафаккур мебошад, «қобилияти муҳокимаронӣ» (Кант) дорад. Дуҷамбагии инсон хусусияти ҳастии ўро, муайян мекунад.

Инсон дар ҳақиқат ҳам «чизи мутафаккир» аст, ки мавҷудияти худро пай бурда, худро аз миёни дигар чизҳо ҷудо мекунад, танҳо ба он сабаб, ки қобилияти андешакунӣ дорад, ба фаъолияти худ баҳо, рафтори худро таъғир, ҷисму рўҳи худро такмил дода метавонад.

Боз яке аз хусусиятҳои ҳастии инсон дар он зуҳур меёбад, ки ў мисли ҳайвон мутлақан аз ҷисми худ вобаста набуда, балки таносубан вобастаи ҷисми худ мебошад. Инсон ин ё он талаботҳои биологии худро қонеъ гардонда, бештар аз рўи нормаҳо, қоидаҳо ва талаботҳои иҷтимоӣ амал менамояд, то ин талаботҳои худро назорат кунад ва ба тартиб андозад. Инчунин махсусияти инсон дар он зуҳур меёбад, ки қобилияти ба вуҷудоварии чизҳои саноӣ (табиати дуюм)-ро дорад. Ин ба ҳастии инсон ба он хотир махсусиятро медиҳад, ки ба ин восита таъсири худро ба табиати аввал зиёд менамояд.

Шакли дигари ҳастии моддӣ ҳастии иҷтимоӣ мебошад. Ҳастии иҷтимоӣ ин мавҷудияти якҷояи одамон, ки муносибатҳои зиёд онҳоро бо ҳам пайваста, системаи том ва инкишофёбанда мебошад. Дар дохили ин система, ки ҳастии иҷтимоӣ ном дорад, зерсистемаҳои дигар низ вуҷуд доран: истеҳсоли иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғ.

Шакли чорум ҳастии маънавӣ мебошад, ки ба он ҳамаи равандҳои олами маънавӣ, руҳонӣ дохил мешаванд. Монанди: ақида, нуқтаи назар, дониш, ахлоқ ва ғ. ҳастии маънавӣ одатан ба ҳастии маънавии фардӣ ва ҳастии маънавии иҷтимоӣ ҷудо мешавад.

Ҳастии маънавии фардӣ вобаста ба як фард аст: олами рўҳонии фардӣ, хусусияти равонӣ, ҷаҳонбинӣ, рафтор, сатҳи дониши ў ва ғ. Ҳастии маънавии иҷтимоӣифодакунандаи шуури колективӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ, донишҳо ва ақидаҳои гуногуне, ки харатери умумӣ иҷтимоӣ доранд, дохил мешаванд.

test

Добавить комментарий