Гуногунӣ ва ягонагии ҳастӣ,масъалаи ҷавҳарият (субстансия)

  1. Таълимлти пулюралистӣ
  2. Таълимоти дуалистӣ
  3. Таълимоти монистӣ
  4. Масъалаи ҷавҳарият
  5. Низоми ҳастӣ

Ҳастӣ категорияи аввалини фалсафа ба шумор рафта, ҳамаи мавҷудоти оламро фаро мегирад. Дар қаъри Замин ва дар рўи он қариб 30 ҳазор минералҳо мавуҷуд аст. Дар иқлимҳои гуногуни саёраи мо наздики 500 ҳазор намуди ҳайвонот ва миллионҳо намуди растанӣ вуҷуд дорад. Кишварҳои гуногун, маданият ва тамаддунҳои гуногун мавҷуданд. Худи галактикаи мо дорои на кам аз 100 млрд. ситора мебошад. Дар коинот бошад аз рўи ҳисоби астрономияи муосир қариб 10 млрд. галактика вуҷуд дорад. Инсон гуногуншаклӣ ва беинтиҳоии оламро тасаввур карда, ба чунин масъала рў ба рў мешавад, ки новобаста ба ин гуногунӣ, оё ягон сарчашмаи ягонае вуҷуд дорад, ки ҳамаи ҳастиро бо ҳам муттаҳид намояд, агар бошад, пас ў чигунааст?

Ҳалли ин масъла таълимотҳои фалсафии зеринро ба вуҷуд овард:

Плюрализмдуализм, монизм.

Плюрализм (калимаи лотинӣ pluralis- бисёр, бисёрӣ) ягонагиро инкор намуда, якчанд шаклҳои ҳастии мустақил ва новобаста аз ҳамро эътироф менамояд.

Таълимотҳои баъзе файласуфони Шарқ ва Юнони қадим мазмуни плюралистӣ доранд. Масалан, Эмпедокл гуногуншаклии ашёро аз чаҳор аносир медонист: хоку, бод, об, оташ. Дар Замони Нав системаи плюралистиро Лейбниц офарид. Аз рўи он ҳама аз ҷавҳари руҳонии беҳисоби тақсимнашаванда-монад, ки олами ақлро ташкил менамояд, иборат мебошанд.

Дуализм (лотинӣ dualis- духелагӣ) ду мабдаи мустақилро эътироф менамояд: моддӣ ва маънавӣ. Намояндаи барҷастаи ин таълимот Р. Декарт мебошад, ки ду ҷавҳари баробарҳуқуқи новобаста аз ҳамро сарчашмаи ҳастӣ ҳисоб менамояд.

Монизм (юнонӣ. якто, ягонагӣ) мабдаи оламро як ҷавҳар медонад. Монизм кушиши исботи робитаи дутарафаи мода ва рўҳро накарда, ибдои офариншро танҳо ба як ҷавҳари мустақил нисбат медиҳад. Ин масъаларо ҳал намуда, ягонагии олам ва асоси ягонаи ҳастиро тасдиқ менамояд. Вобаста ба он, ки чунин мабдаъ чист- ҷавҳари рўҳонӣ аст ё моддӣ, монизм ба ду равия ҷудо мегардад: идеалистӣ ва материалистӣ.

Монизми идеалистӣ ба ҳайси мабдаи аввал рўҳро ҳисоб менамояд, зеро модда худ фаъол набуда, ниёз ба рўҳ дорад. Олам ягона аст, чунки натиҷаи фаъолияти рўҳ ба ҳисоб меравад. Монизми идеалистӣ бо шаклҳои гуногуни худ дар Юнони қадим ба фалсафаи Суқрот, Афлотун, Арасту дар Шарқи асриҳои миёна ба фалсафаи Ибн Сино, Носири Хусрав ва ғ. хос мебошад.

Монизми материалистӣ ба ҳайси нахустмабдаъ модда (ҳаюлоро) эътирф намуда, моддаро асоси ҳамаи мавҷуот ҳисоб менамояд. Чунин мавқъ ба таълимоти материалистии антиқа: файласуфони мактаби милет хос мебошад. Дар даврони Эҳё ин ақида тасдиқи худро дар системаи фалсафии Н. Кузанский, Ҷ. Бруно ва ғ. меёбад. Материяро ҳамчун ҷавҳари ягона инчунин материалистони франсуз, файласуфи олмонӣ Л. Фейербах, файласуфони рус Герцен, Чернишевский эътироф намудаанд. Барои фалсафаи маркисистӣ ин ақидаи бунёдӣ гардид.

Ҷавҳарият. Агар оғози фалсафа аз муайян намудани ҳастӣ (табиат, ашёи алоҳида, равандҳо ва ғ.) ибтидо гирад, пас қадами навбати дар ин самт ба амиқтар аз худ намудани ҳастӣ, ба пайдо намудани асос ва мустақилияти ҳастӣ вобаста аст. Барои ҳамин масъалаи ҷавҳарият низ дар фаҳмиши ҳастӣ мақоми аввалиндараҷаро дорад. Пас ҷавҳар чист?

Ҷавҳар ин асоси ҳамаи чиз буда, дар ҳама ҳолат бе таъғир ва устувор мемонад, ҳастии дигар ашё марбут ба ҳастии ўст. Дар муқобили ҷавҳар дар фалсафа араз вуҷуд дорад, ки ҳастии он марбут ба ҳастти ҷавҳар аст. Ҷавҳар бе таъғир мемонад, араз бошад таъғир меёбад. Проблемаи ҷавҳар ва араз ҳануз аз замонҳои пеш яке аз масъалаҳои асосии баҳси фалсафа ба шумор мерафт. Ҳаким Носири Хусрав ҷавҳару аразро чунин шарҳ медиҳад:

Ҷавоҳир бошад он, к-ў аст доим.

Ба зоти хештан пайваста қоим.

Араз қоим ба зоти ҷавҳар омад,

Хирадро ин суханҳо бовар омад.

Низоми ҳастӣ

Зери мафҳуми низоми ҳастӣ чунин мақсад дар назар аст, ки ҳамаи мавҷудот ба таври беартибона, берун аз низоми муайян мавҷуд набуда, балки дорои низом ва тартиби муайяне мебошанд. Ҳамаи онҳо бо ҳам дар алоқамандӣ қарор доранд. Олам як сохтори мураккабе мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёд, ки дар алоқамандии зич қарор доранд, иборат мебошад.

Сохтор-ин элементҳои (таркиб) зиёди маҳдудшуда, ки дар алоқамандии қавӣ қарор доранд. Зери мафҳуми элемент объекте фаҳмида мешавад, ки дар бисёр маврид ҳангоми баррасии сохтор дигар қисматҳои ў тақсимнашаванда мебошанд. (агар чанд дар мавридҳои дигар ў низ ҳамчун сохтор шинохта шавад). Масалан, Замин метавонад ҳам элементи Системаи офтобӣ баррасӣ шавад, ҳам монанди сохтори иборат аз элементҳо. Сохторҳои мураккаб дорои зерсохторҳо мебошанд. Масалан маданият ҳамчун сохтори мураккаб аз се зерсохтор иборат мебошад: моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ.

Сохтори аз ҳама бузург ин Коинот мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёде иборат аст.

Коинот
Системаи галактикаҳо
Галактикаи мо
Системаи офтобӣ
Замин, сайёраҳо
Табиати зинда ва ғайризинда дар рўи Замин
Молекулаҳо
Атомхо
Ядрои атомҳо
Заррачаҳои элементарӣ

Ин сохтори бузургро метавон ба се зерсохтори азим ҷудо намуд: микроолам-зарачаҳои элементарӣ, ядрои атомҳо, атомҳо, молекулаҳо; макроолам-табиати зинда ва ғайризинда дар рўи Замин; мегаолам-Замин, саёраҳо, системаи офтобӣ, Галактикаи мо, системаи галактикаҳо, Коинот. Ҳар яке аз ин зерсохторҳо таносубан дорои системаи мустақил мебошанд.

Микроолам (юнонӣ. micros- хурд) – системае, ки аз объектҳои бағоят хурде, ки бевосита ба чашм ноаён иборат мебошад.

Макроолам (юнонӣ, macros-калон) – ин система дорои ду зерсохтор мебошад: табиати зинда ва ғайризинда.

Мегаолам (юнонӣ, megas- азим)- ба ин Коинот дохил мешавад, ки масоҳат бавоситаи рушноӣ чен мегардад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.