Қонунҳои асосии диалектика

  1. Қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо
  2. Қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс
  3. Қонуни инкори инкор

Дар байни усулҳои фаҳмиши диалектикаи инкишоф- қонунҳо, категорияҳо, принсипҳо асоситаринашон қонунҳои диалектикӣ мебошанд.

Қонун ин алоқаҳои объективӣ (новобаста аз ихтиёри инсон), умумӣ, устувор, зарурӣ ва такроршаванда байни мавҷудот ва дохили ҳар як мавҷуд мебошад. Қонунҳои диалектика аз қонунҳои дигар илмҳо (физика, химия, математика ва ғ.) бо умумӣ будани худ фарқ мекунанд.

Зеро онҳо дорои чунин хусусиятҳо мебошанд:

  • кули муҳити воқеиро фаро мегиранд;
  • моҳияти асосии ҳаракат ва инкишоф – сарчашмаҳои онҳо, механизми гузариш аз кўҳна ба нав, алоқаи байни кўҳна ва навро мекушоянд.

Се қонуни бунёдии диалектика мавҷуд аст:

  • ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо;
  • гузариши миқдор ба сифат ва баръакс;
  • инкори инкор;
Қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо.

Қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо бар он бунёд ёфтааст, ки ҳамаи мавҷудот аз мабдаҳои бо ҳам зид таркиб ёфтаанд, ки табиатан ягона буда, ҳамеша дар мубориза ва зиддият қарор доранд. (мисол: шабу рўз, гармию хунукӣ, сиёҳию сафедӣ, зимистону тобистон, ҷавонию пирӣ ва ғ.). Ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо манбаи дохилии ҳаракат ва инкишофи ҳамаи мавҷудот мебошад.

Гегел, ки асосгузори диалектика ба ҳисоб меравад ба қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо назари махсусе дошт. Ў ду мафҳумро кор карда баромад- «шабоҳат» («айният») ва «тафовут» ва механизми амалиёти мутақобилаи онҳо, ки боиси ҳаракат мегардад, нишон дода буд.

Аз рўи ақидаи Гегел хар як ашё, падида дорои ду хусусияти асосӣ – шабеҳият ва тафовут мебошад. Шабеҳият онро мефаҳмонад, ки ашё (зуҳурот, ақида) танҳо шабеҳи худ аст, яъне ашёи мазкур дорои хусусиятҳое мебошад, ки танҳо ба ў хос мебошанд. Дар айни замон дар чунин ашё чизе мавҷуд аст, ки кўшиши аз доираи он баромадан ва айнияти онро вайрон кардан дорад.

Зиддият ва мубориза байни айният ва тафовут аз рўи ақидаи Гегел ба таъғироти ашё – ҳаракат оварда мерасонад. Мисолҳо: мавҷудияти ақидаи ҷудогонае, ки танҳо шабеҳи худ аст, аммо дар дохили худи он тафовут вуҷуд дорад, яъне чизе, ки мехоҳад аз доираи ақида берун шавад. Натиҷаи муборизаи онҳо-дигаргуншавии ақида мебошад. (масалан, табдилёби ақида ба модда). Ё ин ки ҳастии ин ё он ҷамъият танҳо шабеҳи худ аст, аммо дар дохили он қувваҳое мавҷуданд, ки тафовут доранд, муборизаи онҳо ба таъғирёбии сифати ҷамъият ва ба навшавии он оварда мерасонад.

Қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ.

Қонуни дуюми диалектика қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ мебошад.

Сифат – системаи устувори хусусият ва алоқаи муайяни ашё, ки чигунагии предметро муайян намуда, асоси он ба шумор меравад.

Миқдор – параметраҳои шумурдашавандаи ашё ё зуҳурот (миқдор, бузургӣ, андоза, ҳаҷм, вазн ва ғ.).

Андоза – ягонагии миқдор ва сифат.

Дар мавриди таъғироти муайяни миқдорӣ ҳатман сифат таъғир меёбад.

Дар ин сурат сифат наметавонад ба таври бе интиҳо таъғир ёбад. Ҳолате ба вуҷуд меояд, ки таъғироти сифат ба таъғироти миқдор оварда мерасонад, дар натиҷа ба таври бунёдӣ моҳияти ашё дигар мешавад .

Мисол:

Агар обро пай дар пай як дараҷаи селсия ҷўшонем, яъне агар миқдори он- ҳароратро таъғир диҳем, об сифати худро таъғир медиҳад, гарм мешавад. Дар вақти расидан ба ҳарорати 100 дараҷа тағироти бунёдии сифати об ба амал меояд, яъне об ба буғ табдил мегардад.

Қонуни инкори инкор.

Қонуни инкори инкор бар он асос дорад, ки нав ҳамеша кўҳнаро инкор намуда, ҷои онро ишғол менамояд. Аммо ба тадриҷ худ аз нав ба кўҳна табдил ёфта, аз тарфи навтар аз худ инкор мегардад.

Мисолҳо:

  • Табдили форматсияи иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
  • «эстафетаи наслҳо»;
  • Ивазшавии шавқҳо дар санъату мусиқӣ;
  • Ба таври ҳарррўза аз байн рафтани ҳуҷайраҳои кўҳнаи хун ва пайдоиши ҳуҷайраҳои нав.

Инкори шаклҳои кўҳна аз тарафи нав – сабаб ва механизми инкишофи рўзафзун мебошад. Аммо масъалаи самти инкишоф дар фалсафа баҳсталаб мебошад. Андешаҳои асосӣ чунинанд:

  • Инкишоф танҳо раванди пешрафт аст, гузариш аз шакли оддӣ ба олӣ, яъне инкишоф ба сўи боло.;
  • Инкишоф ҳам майл ба пойн ва ҳам ба боло дорад;
  • Инкишоф бетартибона буда ягон самт надорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аз се андешаи мазкур андешаи дуюм нисбатан ба ҳақиқат наздиктар мебошад: инкишоф ҳам майл ба пойн ва ҳам ба боло дорад, агар чанде тамоюл ба сўи боло бошад.

Мисолҳо:

Организми инсон инкишоф меёбад, мустаҳкам мешавад (инкишоф ба суи боло), аммо баъд аз ин боз инкишоф ёфта алакай заиф мегардад (инкишоф ба поён);

Раванди таърихӣ инкишоф ба сўи боло дорад, аммо бо таназзул– тараққиёти империяи Сомониён ба таназули он иваз гардид, ҷои он давлатҳои дигар ба вуҷуд омаданд.

test

Добавить комментарий