Фанни Фалсафа

Намудҳои маърифат

  1. Шаклҳои маърифати ҳиссӣ
  2. Шаклҳои маърифати ақлӣ

Дар фалсафаи маърифат ба таври анъана ду навъи он қайд мешавад: ҳиссӣ ва ақлӣ. Онҳо дар алоқамандии қавӣ қарор дошта, ҳар яке аз онҳо дорои шаклҳои худ мебошанд.

Дар доираи маърифати ҳиссӣ бо ин ё он предмет таъсири мутақобила намуда, мо дониши ибтидоиро оиди олам дар шакли эҳсос идрок ва тасаввур ҳосил менаоем. Натиҷаи маълумотҳои ҳиссии бадастомада, дар доираи маърифати ақлӣ бо ёрии мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ аз нав ҳазм ва устувор мегардад. Раванди маърифат ба таври қавӣ ба фаъолияти амалии инсон алоқаманд мебошад.

Шаклҳои маърифати ҳиссӣ

Эҳсос дар натиҷаи таъсири бевоситаи омилҳои олами беруна ба узви ҳисс дар майнаи сари инсон пайдо мегарданд. Ҳар як узви ҳис хусусияти хоси худро дорад. Ҳисси босира оиди шакли ашё ва ранги онҳо маълумот медиҳад. Сомеа оиди садоҳои гуногун дар муҳити атроф ба вуҷуд омада маълумот медиҳад. Ломиса имкон медиҳад, ки оиди ҳарорати муҳит, таъсири ҳаргуна омилҳои моддӣ ба ҷисм ва ғ. маълумот гирем. Шомеа ва зоиқа оиди омехтаҳои химиявӣ дар муҳити атроф ва таркиби хуроки истеъмолӣ ахбор медиҳанд.

Имконоти аъзои ҳисси инсонӣ маҳдуд аст. Онҳо имкон доранд, ки олами атрофро дар ҳудуди муайян инъикос кунанд, аммо барои дарки олами атроф ин узвҳои ҳиссӣ комилан кифоя ҳастанд.

Идрок. Монанди эҳсос идрок низ натиҷаи бевоситаи таъсири мутақобилаи узвҳои ҳисс бо ашёи олами беруна мебошад. Дар бунёди идрок якҷояшавии шаклҳои гуногуни эҳсос меистад. Эҳсосе, ки ба шарофати узвҳои гуногуни ҳис ба вуҷуд меоянд дар идрок ҷамъбаст шуда, образи комили ашёро ташкил менамояд. Агар объекти даркшаванда гул бошад тавассути босира мо оиди шакл ва ранги ў маълумот мегирем, ба воситаи шомеа оиди бўйи ў маълумот мегирем. Идорк оиди объект ба таври пурра маълумот медиҳад.

Тасаввур шакли сеюми маърифати ҳиссӣ. Агар эҳсос ва идрок танҳо дар натиҷаи таъсири мутақобилаи узви ҳисси инсон бо ашё пайдо шаванд, тасаввур бошад дар ду шакл-дар шакли нақши хотира ва хаёлот ба вуҷуд меояд. Нақши ашёро дар хотираи худ дар мавриде мунъакас кардан мумкин аст, ки агар қаблан раванди таъсири бевоситаи ашё ба узви ҳис ба вуқўъ омада буд. Бо ифодаи дигар тасаввур дар асоси эҳсос ва идроки пештар мавҷудбуда, бо ёрии механизми хотира ташаккул меёбад.

Пас тасаввур ин нақши пештараи ашё ё зуҳурроти даркшуда, ба шарофати хотира мебошад

Аммо тасаввур метавонад ҳамчун нақши аз тарафи тахаюлоти бой офаридашуда вуҷуд дошта бошад. Ба таври дигар гуфтан мумкин аст, ки на танҳо чизи вуҷуддоштаро, балки чизе, ки мавҷуд нест онро низ тасаввур кардан мумкин аст. Ин аз он далолат мекунад, ки тасаввур натанҳо ба хотира алоқаманд аст, балки бо тахаюл низ робита дорад. Мисол барои чунин намуди тасаввур нақшҳои афсонавӣ ва асотирӣ шуда метавонанд.

Тасаввур пуле аст миёни маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ

Шаклҳои маърифати ақлӣ

Мафҳум шакли ибтидоии маърифати ақлӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳум чунин шакли тафаккур аст, ки дар он хусусиятҳои умумӣ ва аслии ашё ва зуҳурот инъикос меёбанд. Ташаккули мафҳум раванди мураккаб буда, як чанд амалиёти зеҳниро дар худ ворид мекунад: муқоиса, ҷамъбасткунӣ, абстрактсия (таҷрид) кардан. Муқоиса иҷозат медиҳад, ки фикран як ашёро бо ашёи дигар муқоиса намуда, аломатҳоие, ки онҳоро бо ҳам монанд ва аз ҳам ҷудо мекунанд, муайян намоянд. Ҷамъбасткунӣ имкон медиҳад, ки дар асоси ин ё он аломати умумӣ ашёҳои якхеларо фикран муттаҳид намоянд. Абстраксиякунӣ – амалиёт иҷозат медиҳад, ки ба хотири хусусиятҳои аслӣ, хусусиятҳои фаръӣ, дуюмдараҷаи ашё ва зуҳуротро қатъи назар шаванд.

Муҳокима ин чунин шакли тафаккур аст, ки ба шарофати он байни мафҳумҳо алоқа барпо мешавад. Бунёди объективӣ барои муҳокима ин алоқа ва муносибате аст, ки байни ашёҳо вуҷуд дорад. Ин алоқаҳо метавонанд байни ду ашёи алоҳида, байни шай ва гуруҳи ашё ва ғ. мавҷуд бошанд. Ба воситаи муҳокима мавҷудият ё набудани алоқа ва муносибат байни ашё муайян гардад.

Муҳокима яке аз шаклҳои асосии тафаккур ва маърифати илмӣ мебошад. Ҳамаи исботҳои илмӣ шакли муҳокимаро доранд.

Хулосабарорӣ ё хулосабарории ақлӣ шакли нисбатан мураккаби тафаккур ба шумор меравад. Дар якҷоягӣ бо мафҳум ва муҳокима хулосабарорӣ маҳдудияти маърифати ҳиссиро бартараф менамоянд. Хулосабарорӣ ин чунин шакли тафаккур мебошад, ки ба шарофати он натиҷаи дониши нав ба вуҷуд меояд. Бо ифодаи дигар зери мафҳуми хулосабарорӣ шакли тафаккуре фаҳмида мешавад, ки ба воситаи он аз донишҳои маълум ба воситаи муҳокимаҳои возеҳ ифода ёфта, дониши нав ба вуҷуд меояд.

Маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ бо ҳам алоқаи қавӣ дошта, ду ҷанбаи асосии раванди маърифат ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти узвҳои ҳис ҳамеша аз тарафи ақл назорат карда мешавад. Аз баски маърифати ҳиссӣ аз маърифати ақлӣ пештар аст, барои ҳамин дар бораи онҳо чун дар бораи зинаҳои маърифат, марҳилаҳои маърифат сухан гуфтан ҷоиз аст.

Назари дигаре ба муносибати нақши ҳис ва ақл дар маърифат аз тарафи сенсуализм ва ратсионализм баён гардидааст.

Сенсуализм (аз лотинӣ-эҳсос, ҳис) – равияи назария маърифат буда, дар раванди маърифат мақоми асосиро ба узвҳои ҳис медиҳад.

Ратсионализм (аз лотинӣ-ақл, ақлонӣ) – Равияи фалсафие аст, ки дар раванди маърифат мақоми асосиро ба ақл медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *