Шаклҳои дониш

  1. Мафҳуми маърифат ва дониш.
  2. Шаклҳои дониш
Мафҳуми маърифат ва дониш.

Маърифат ҳаракати пай дар пай ба сўи дониш мебошад. Истилоҳи «маърифат» дорои мазмунҳои зиёде мебошад. Авалло маърифат ҳамчун моҳияти аслии қобилияти инсон шинохта шуда, ўро аз ҳайвонот ҷудо месозад. Дар ин мазмун маърифат яке аз қобилиятҳои инсон мебошад, ки барои мутобиқшаии вай дар ҳаргуна шароитҳои номутобиқи биологӣ барои ҳаёт ба ў ёрӣ мерасонад.

Сониян маърифат ҳамчун раванди эҷодии азхудкунии дониш фаҳмида мешавад. Ба ин маъно маърифат- яке аз шаклиҳои фаъолияти маърифатнокии буда, чи дар сатҳи фарди алоҳида ва чи дар сатҳи инсоният амалӣ мегардад. Сеюм, маърифат метавонад бо дониш баробар шавад. Дар ин маврид фаъолияти маърифатии инсон ва натиҷаи он шабоҳат пайдо мекунанд.

Шаклҳои дониш

Дониш натиҷаи маърифат мебошад

Ҳамаи шаклҳои дониш ҳамчун таркиби маданияти маънавӣ қимати баробар дошта, барои дарки табиати маърифатии инсон хело заруранд. Ҳар як намуди дониш шакл ва мазмуни хоси худро дошта, новобаста аз намудҳои дигар вуҷуд дорад.

Дониши муқаррарӣ донишест, ки бар таҷрибаи ҳаррўзае асос дорад, ки бо ақли солим мувофиқат мекунад. Бо андозаи паҳншавии ҳаҷми воқеа, ки онҳоро инсон медонад, яъне бо андозаи тараққиёти илм, фалсафа, санъат, ҳудуди дониши муқаррарӣ низ васеъ ва таъғир меёбад. Дониши муқаррарӣ ҳамчун асосии донишҳои дигар ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин нақши ўро набояд маҳдуд донист.

Дониши бадеӣ дар соҳаи санъат ташаккул ёфта, аз донишҳои илмӣ ва фалсафӣ бо он фарқ мекунад, ки асоснокӣ ва исбот барои ин намуди дониш муҳим нест. Шакли мавҷудияти ин намуди дониш образи бадеӣ мебошад. Хусусияти асосии образҳои бадеӣ эътимоднокӣ ва баёни равшану новобаста аз ягон исбот. Дар санъат бар хилофи илм ва фалсафа тахаюл роҳ дода мешавад, ҳато тахайюл маҳаки асосии ин навъи дониш ба ҳисоб меравад. Аммо тахайюл ба он хотир дар ин навъи дониш қобили пазириш мебошад, ки ба воситаи он оиди ҳақиқат ягон дониши айнӣ ифоданоктар баён мегардад. Санъат бештар на ба омўзиши ҳақиқати табиӣ, балки ба омўзиши ҳақиқати инсонӣ ва маданӣ, ки дар илм инъикоси маҳдуд доранд, машғул аст. Санъат ба востаҳои худӣ такя намуда, кушиш менамояд, ки чизи нодиреро монанди ҷавҳари ҳақиқат дарк намояд.

Дониши асотирӣ ифодакунндаи ягонагии синкретии (аз ҳам ҷудонашаванда) ратсионалӣ (ақлонӣ) ва эмосионалии инъикоси ҳақиқат мебошад. Дар дониши асотирӣ маълумот оид ба олами гирду атроф мавҷуд аст, аммо онҳо аз нигоҳи ратсионалӣ омўхта намешаванд. Дар марҳилаҳои авали ташаккули инсон дониши асотирӣ мақоми муҳим дошта, суботи ҷомеаи ибтидоиро нигоҳдошта, интиқоли маълумоти заруриро аз насл ба насл таъмин мекард. Таснифи зуҳуроти ибтидоии асотирӣ барои пайдоиши минбаъдаи шаклиҳои донишҳои ратсионалӣ- фалсафӣ ва илмӣ асос гузошт.

Дониши динӣ – хусусияти хоси дониши динӣ ин боварӣ ба қувваи фавқултабии мебошад. Дин ин маҷмўъи боварӣ, эҳсос ва амали ботиниест, ки ба сўи барқароркунии робита бо қувваи фавқултабиӣ равона шудааст. Дар дин эътибор ба эътиқод дода мешавад, на ба исботу фактҳои илмӣ. Бисёри динҳо ба инсон эътиқод, ҳиссёт ва ҳамдард буданро меомўзанд, аммо на мулоҳиза кардан ва хулоса бароварданро. Дониши динӣ ягон нуқтаи назари интиқодӣ, ва озмоишро пешниҳод накарда, аз маҷмўи арзишҳои таъғирнопазир, қоидаҳои ахлоқӣ ва мақсади олии динӣ намояндагӣ мекунад. Дин ҳамчун яке аз вариантҳои ҷавоб ба саволҳои абадӣ, манзараи олами хоси худро пешниҳод менамояд.

Хусусияти хоси дониши фалсафӣ ин шакли рационалӣ-назариявии он мебошад. Дар тафовут аз илм, ки ҷавобҳои ҷузъӣ ба саволҳои ҷузӣ медиҳад, фалсафа ба таври муфассал ба пурсишҳои ҷаҳонбинӣ ҷавоб медиҳад. Дар марҳалаи ташаккул дониши фалсафӣ бо дониши илмӣ алоқаи қавӣ дошт. Дар даврони атиқа фалсафа гуфта ҳамаи маҷмўи донишҳои назариро дар назар доштанд. Аммо баъдтар аз фалсафа илмҳои дигар оҳиста оҳиста ҷудо гардиданд. Дар фалсафаи муосир қисматҳое мавҷуданд, ки бевосита ба дониши илмӣ алоқа доранд. Фалсафа ҳам монанди илм ба дарки моҳият (сущность) равона шудааст. Дар он бурҳон ва исботи мантиқӣ хуш пазируфта мешавад. Фалсафаро истинод ба методҳои тадқиқотии ратсионалӣ-назариявӣ ба илм наздик мекунад. Ҳам дар илм ва ҳам дар фалсафа дониш дар шакли ратсионалӣ дар намуди мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ ифода меёбад. Аммо тафовут байни фалсафа ва илм дар он аст, ки дониши илмӣ дорои хусусияти ҷаҳоншиносӣ нест. Илм ба инсон оид ба ниёзҳои ҳаётӣ экзистенционалӣ чизе намегўяд. Предмети тадқиқоти илм дар соҳаи гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ, ё табиатшиносӣ фақат яке ҷониби муносибатҳои ҷаҳонбинӣ: ё инсон ё одам мебошад. Ягон илм кушиши исботи муносибатҳои ҷаҳонбинии фундаменталӣ «одам-олам»-ро надорад. Ягон илм масъалаи хайру шар, ҷабру ихтиёр, озодӣ ва ғуломӣ, ҳақиқат ва дурўғ, зебогӣ ва зиштиро ҳал намекунад, ҳар чанд илм ба имконияти шуури инсон, хусусияти дарки шаклҳои эстетикӣ ё дониши аниқ оид ба ҳақиқати ҷисмонӣ рағбат дошта бошад. Илм танҳо донишҳои ҷузъиро оид ба олам дода дар асоси он системаи ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинӣ шакл мегирад. Маҳз барои ҳамин дониши фалсафиро набояд бо дониши илмӣ айният дод.

Хусусияти асосии дониши илмӣ ин рационалӣ будани он аст. Дар илм маълумотҳои нав оид ба ҳақиқат дар намуди нуқтаи назар ва қонунҳои ғайри муқобили ҳам ташаккул ва ифода меёбанд. Тасаввурот оид ба ратсионалӣ аз як давр ба даври дигар таъғир меёбад, аммо устувории мантиқӣ чун меъёри таъғирнаёбанда дар таҳкурсии ҳаргуна консепсияи рационалӣ меистад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.