Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа

  1. Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа
  2. Озодии шахс. Волюнтаризм ва фатализм
Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа

Агар ба таърихи тафаккури фалсафӣ назар андозем, маълум мешавад, ки оиди инсон, рисолат ва вазифаи он, моҳият ва ғараз аз офариниши ў бисёр донишмандон изҳори ақида намудаанд. Агар як гурўҳ асли инсонро ба моҳияти худовандӣ пайванд дода, офариниши инсонро асрори азал ҳисоб намоянд, гурўҳи дигар инсонро чун зарраи Коинот меҳисобанд, ки дорои хусусияти хос-ақл мебошад. Гуруҳи сеюм инсонро арзиши олитарин ҳисобида ба олами атроф аз нуқтаи назари инсон назар меафкананд. Гурўҳи чорум дар фаҳмиши инсон муҳити иҷтмоиро муқаддам медонанд, ки ба шарофати он инсон дорои хусусият ва арзиш шуда, ба камол мерасад.

Илми муосир исбот кардааст, ки инсон ҳамчун мавҷуди махсус ифодакунандаи ягонагии устувори ду қисмати ҷудонашаванда ва вобастаи ҳам: табиӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Қисмати табии (биологӣ) иборат аст аз ҷисмоният, нишонаҳои анатомӣ ва физиологӣ, шаклҳои системаи асаб, хусусиятҳои ҷисмонӣ ва сину солӣ, ҳолати саломатӣ ва ғ.

Қисмати иҷтимоӣ аз шуур, худогоҳии инсон, ҷаҳонбинии ў, усулҳои ахлоқӣ ва дигар арзишҳо, таҷрибаи иҷтимоӣ, ки ба воситаи донишҳо, малака ва маҳорати инсон ифода меёбад, инчунин дигар хусусиятҳое, ки инсонро бо ҷамъият мепайвандад, иборат мебошад.

Робитаи дутарафаи омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инкишофи инсон яке аз масъалаҳои ҷиддии фалсафа ба шумор мераванд. Ин масълала бар он асос дорад, ки кадоме аз ин манбаҳо нисбат ба дигаре муайянкунанда ва асосӣ ба шумор меравад? Зоҳиран ин ҷо имконияти вуҷуди се вариант аст:

  • Манбаи биологӣ боиси ҳамаи хусусиятҳои иҷтимоии инсон мегардад(одам ин ҳайвон аст).
  • Қисмати иҷтимоӣ муайянкунандаи ҳамаи хусусиятҳои биологии инсон ва ё ба андозаи муайян муҳимтарини онҳо мебошад (инсон мавҷуди иҷтимоист).
  • Дар раванди инкишофи инсон омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ тақрибан дар дараҷаи баробар ба ташаккули ў таъсиргузор мебошанд (инсон ҳам ҳайвон ва ҳам мавҷуди иҷтимоист).

Мутлақшумории ибдои биологӣ ба фаҳмиши яктарафаи натанҳо инсон, балки ҷамъият оварда мерасонад. Тарафдорони ин консепсия омили рушди инкишофи инсон ва ҷамъиятро дар қонунҳои биологӣ мебинанд.

Қисмати иҷтимоиро низ мутлақ шуморидан, инсонро танҳо ба маҷмўи муносибатҳои иҷтимоӣ мутаалиқ донистан, яъне ўро аз қобилияти амалиёти фаъоли мустақилона маҳрум кардан аст.

Мавқеи сеюм нисбатан дурустар ба назар мерасад, ки аз рўи он ибдои биологӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун ягонагии бо ҳам зид ҳисобида мешаванд. Ҳар яке аз ин ҷанбаҳо дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи инсон ҳамчун ибдои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Озодии шахс. Волюнтаризм ва фатализм.

Ҷомеаи воқеъан демократӣ озодиҳои зеринро ба ихтиёри шахс гузошта, кафилашон мегардад: озодии ҳаёт, яъне имкони қонеъгардонии талаботи худ ба хурок, пушок, хона, кор, маълумот, ёрии тиббӣ, таъғири макон; озодии андешаронӣ, яъне озодии сухан, виҷдон,эътиқод, андеша; озодии амал иштирок дар интихобот, идоракунӣ, амаликунонии қарорҳои қабулшуда, иштирок дар намоиш, гирдиҳамоӣ ва ғ.

Бояд қайд намуд, ки озодии шахс аз озодии ихтиёр фарқ дорад. Озодии ихтиёр бо масоили фалсафӣ- ахлоқии амалҳои иродавии инсон, ки яке аз қоидаҳои муҳими озодӣ ба шумор меравад, вобаста аст. Зеро ихтиёр ҳамеша кушиши бартараф намудани монеа, ба кор андохтани қувваҳои дохилӣ, интихоби мақсад, ба танзим даровардани фаъолият мебошад. Инсоне, ки маҳруми ихтиёр бошад аз озодӣ низ маҳрум мегардад.

Баъзе файласуфон (Августин, Кант, Фихте, Шеллинг ва ғ.) ихтиёрро ба ҳайси қонуни асосии ҳастӣ ҳисоб карда, дар асоси ҳамин ба хулосае омадан, ки ихтиёр бар ақл афзалият дорад. Равияи фалсафие, ки дар он ин усул бунёдӣ ба шумор мерафт волюнтаризм номида мешуд.

Баъдтар зери мафҳуми волюнтаризм муболиғаи мазмуни озодии ихтиёр, беэътиноӣ ба зарурати қонунҳои объективии инкишофи иҷтимоӣ фаҳмида мешуд.

Муқобили волюнтаризм фатализм мебошад, ки заруратро мутлақ шуморида, ҳар гуна фаъолияти инсонро чун амали пешакӣ муайян шуда, шарҳ медиҳад. Ҳаргуна тасодуфро инкор менамояд. Инсон бошад имконияти ҳамкорӣ ё муқобилиятро бо рафти ҳодисаҳо аз даст медиҳад. Бо мафҳуми дигар инсон дар ин маврид озодии интихоб, озодии ихтиёрро аз даст медиҳад ва ба як мавҷуди ғайрифаъол табдил меёбад.

Фатализм ҳанўз дар сатҳи ибтидоии инкишофи инсоният ба амал омада, акси худро дар асотир пайдо намуд. Фатализм дар сатҳи муайян ба тасаввуф ва дин низ хос аст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.