Моҳияти инсон ва маънои ҳаёти ў

  1. Маънои ҳаёти инсон
  2. Проблемаи марг
Маънои ҳаёти инсон

Ҷустуҷўи маънои ҳаёт – ин ҷустуҷўи мазмуни мутлақи он, кўшиши барқарор намудани алоқа байни ҳаёти фардии худ ва байни кули худ: Худо, нафси кул, ақли кул, коинот ва ғайра мебошад. Барои ҳамин ҳалли масъалаи маънои ҳаёт бевосита аз ҳали масъалаи дигари фалсафа-моҳияти инсон вобастааст.

Моҳияти инсон Тасаввурот оиди маънии ҳаёти инсон
Рўҳонӣ Такомули рўҳонӣ, мабдаи мутлақро дар худ кашф кардан, хидмат ба Худо
Иҷтимоӣ Хидмат ба ҷамъият, барои манфиати дигарон зиндагӣ кардан
Ақлонӣ Хидмат барои Ҳақиқат, шинохти олам ва шинохти худ
Биологӣ Зиндагӣ барои худ, барои лазат ва хушбахтӣ
Эҷодӣ Офаридани зебоӣ, аз нав сохтани олам
Моҳият нест Ҳаёт маънӣ надорад, ё ин ки шахс худ маънии ҳаётро интихоб мекунад

Саволи «Инсон чист?» саволи муддавоме аст, ки дар ҳар як давраи таърихӣ ибтидо аз фалсафаи Ҳинду Чину Ирону Юнон то замони мо мавриди баррасии файласуфон қарор ёфтааст. Аммо ҳамоно ҷавоби қонеъкунандаро наёфтааст. Инсон боз чун мавҷуди мураккабу пурасрор боқӣ мемонад.

Ба ақидаи мутафаккири тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ барои дарки маънӣ ва мақсади ҳаёт инсон бояд ба се савол ҷавоб биёбад «Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чи буд? Ба куҷо меравам охир…?». Ба андешаи мо инсон бояд пеш аз ҳама ба саволи «Омаданам баҳри чи буд?» ҷавоб биёбад, то рисолат ва вазифаи худро дар пеши Худо, табиат ва ҷамъият дарк намояд. И. Кант проблемаи асосии фалсафа, масъалаи аввалин ва охирини онро масъалаи моҳияти инсон: «Кистам ман, инсон?» медонист. Барои ҷавоб гардондан ба ин савол, фалсафа бояд ба се саволи дигар ҷавоб гардонад: «Чиро ман донистан метавонам?», «Чиро бояд ман анҷом диҳам?», «Ба чи бояд ман умед бандам?».

Масъалаи инсон дар фалсафа ин пеш аз ҳама масъала оиди он ки чи гуна мақомро инсон дар олам ишғол менамояд, нафақат ин ки ў воқеъан чи мақом дорад, балки ў ки шудан метавонад. Оё ў имкон дорад, ки ҳокими сарнавишти худ бошад, оё инсон худро аз нав сохтан метавонад ва ғ.

Масоили инсон бисёрҷабҳа мебошанд. Ин масъала муносибати ҷисмониву рўҳонӣ, биологию иҷтимоӣ дар инсон ва масъалаи маънои ҳастии инсон, масъалаи озодӣ ва худсозии инсонро дар бар мегирад.

Масъалаи маънои ҳаёт натанҳо дар сатҳи шуури муқарарӣ мавриди таҳлил қарор дорад, балки ин масъала дар шаклҳои гуногуни худ андешаи файласуфони зиёдеро дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба худ ҷалб намуд. Дар таърихи фалсафа консепсияҳои асосии зерин, ки ифодагари орзую омоли мардуми ин ё он давра буданд, маълум ҳастанд: аскетизм (зўҳд), гедонизм (ишратпарстӣ), гуманизм (инсонпарастӣ), прагматизм, утилитаризм (манфиатпарастӣ), эвдемонизм ва ғ.

Аскетизм. Моҳияти ин консепсия дар он ифода ёфтасат, ки инсон бояд маънии ҳаётро на дар фаъолияти амалӣ, на дар неъматҳои моддӣ, балки дар инкори ҳақиқат, дар маҳдуд намудани хоҳишҳо ва талаботҳои худ, фурўъ нишондани ҳиссёт ва дар адами шаҳват ҷустуҷў намояд. Пайравони ин консепсия бар он боваранд, ки ҳамаи ин барои ҷуброни гуноҳо зарур аст.

Гедонизм. Моҳияти ин консепсия ифодагари он аст, ки неъмати олӣ, ки инсон бояд кўшиши ба даст овардани онро кунад, ин лаззат аст. Маҳз лаззат маънои ҳаёти инсонро ташкил мекунад. Дар ҳамаи ҳолатҳо ва шаклҳои ҳаёт инсон бояд ҳамеша кўшиши қаноат намудани лаззати худро кунад.

Эвдемонизм. Ин консепсия агар аз як тараф ба гедонизм наздик бошад, аз тарафи дигар дар муқобили он қарор дорад. Ин зиддият аз он иборат аст, ки эвдонизм зери мафҳуми хушбахтӣ на худи роҳату лаззатро, балки бештар пайдо намудани роҳ ба сўи лаззати олиро дар назар дорад. Ҳаёт аз нигоҳи пайравони ин консепсия шавқу рағбат ба сўи хушбахтӣ чун таъиноти воқеии инсон ба ҳисоб меравад. Хушбахтӣ танҳо ба он андоза лаззат ба ҳисоб меравад, ки инсонро ба оромии маънавӣ мебарад. Инсон бояд дар худ тарс аз Худо эҳсос накунад, дар пеши азоб ва марг низ эҳсоси тарс надошта бошад. Рўҳи худро ҳамеша тамрин диҳад ва ғанӣ гардонад. Хушбахтии дорои чунин маъниро на бойгарӣ, на шўҳрат ва на чизи дигар оварда метавонад.

Утилитаризм. Пайравони консепсияи мазкур маънои ҳаётро дар манфиат, маҳорати пайдо намудани фоида аз ҳама чиз, аз ҷумла аз инсон мебинанд. Ин консепсия бештар дар Англия ривоҷ ёфт.

Прагматизм.  Аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш кор, фаъолият мебошад. Прагматизмро бисёр вақт фалсафаи кор, амал гуфта ҳамин тариқ мақсади таҷрибавии онро қайд мекунанд. Аз рўи нуқтаи назари он маънии ҳаёт дар ба даст овардани мувафаққият, барор ва комёбист.

Проблемаи марг.

Эпикур таълим медод, ки аз марг набояд тарсид, марг даҳшатнок нест, зеро инсон бо марги худ ҳаргиз рў ба рў намешавад: замоне, ки ў зиндааст марг мавҷуд нест, вақте ки мемирад низ марг вуҷуд надорад. Монтен бошад чунин таълим медод, ки оиди марг тавре бояд андеша намуд, то дарки ин мафхум, ки марг низ монанди таваллуд як чизи табиист, дар мо одат шавад.

Бо мавзўи марг масъалахои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ низ робитаи қавӣ доранд, ки ҳали онҳо марбут ба сатҳи инкишофи иҷтимоӣ мадании ҷамъият ва ҳуввияти он мебошад. Яке аз чунин масъалаҳо масъалаи муносибат ба эвтаназия ҳамчун усули осонгардонии марг барои бемори ниҳоят вазнин бо ёрии табиб (ё ягон шахси дигар) бо хоҳиши шахсии бемор.

Тарафдорони эвтоназия давомдодани ҳаётро барои бемори гирифтори бемории марговар, ки худ дигар дар чунин ҳолат будан намехоҳад, бемаъно мешуморанд. Дар Голландия эвтоназия ҳамчун амали инсонгароёна дар нисбати бемори гирифтори бемории марговар қонунӣ гардонида шудааст.

Аммо эвтоназияро агар дар чаҳорчубаи арзишҳои мутлақи ҳаёти инсонӣ таҳлил намоем бисёр далелҳои муқобили он пайдо мегарданд.

Аз як тараф хусусияти зиддиинсонии ин амал дар он зоҳир мегардрд, ки ҳар навъи қонунигардонии он шароитро барои суистифода аз ин амал аз тарафи хешовандони бемор ё табиб (барои манфиати моддӣ ва ғ.) муҳаё месозад. Махсусан дар он ҷомеаҳо, ки ҷиноят зиёд ба назар мерасад.

Аз тарафи дигар худи табиб ба бемор барои аз ҳаёт рафтан кумак мекунад, ба ҷои он ки ба ў барои сиҳат ёфтан мадад намояд. Дар ин маврид табиб ҳам чун қотил ё иштирокчии қатл баромад мекунад.

Дар доираи масъалаи ҳаёт ва марг масъалаҳои суицид (худкушӣ) ва истифодаи ҳукми қатл аз тарафи давлат ба ҷинояткороне, ки аз тарафи судя барои анҷоми ҷинояти вазнин гунаҳгор дониста шудаанд, масъалаҳои хело мураккаб ба назар мерасанд. Фалсафа баррасии ин масъалаҳоро бештар дар доираи арзишҳои ахлоқӣ баррасӣ менамояд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.