Чиллучаҳорчашма

Чилучаҳорчашма дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон (ҷануби ғарби Тоҷикистон) дар ҳудуди 230 километрии пойтахти Тоҷикистон воқеъ шуда ва аз амокини нодири саёҳатӣ барои мардуми минтақа маҳсуб мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин макон чун яке аз нодиртарин маконҳои оби поки садҳо ҷаҳонгарди хориҷӣ ва меҳмонони дохилиро ба худ ҷалб кардааст.
Чилучаҳорчашма номи маҳаллест, ки тақрибан дар як минтақаи биёбонӣ қарор гирифта ва ибтидо ба сурат панҷ чашма аз умқи замин хориҷ шуда, сипас оби онҳо ба 39 ҷуйи кӯчак тақсим мешавад ва ба ҳамин далел ба 44-чашма маъруф шудаанд. Об ҷоришуда аз ин чашмаҳо пас аз тайи масофати кӯтоҳе, бо пайвастан ба якдигар канали обе ба паҳнои ҳудуди 12 то 13 метрро ташкил медиҳад, ки муҳити муносиберо барои парвариши анвои моҳиён бавуҷуд овардааст.
Мардуме, ки ба ин маҳал меоянд, муътақиданд, ки истиҳмом дар ин чашма муҷиби шифои дардҳо ва амроз мешавад. Сокинони манотиқи атроф ва зоироне, ки ба ин маҳал сафар мекунанд, муътақиданд, ки оби Чилучаҳорчашмаи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз резиши муйи сар, ҷилавгирӣ аз хундимоғ, дармони моргазидагӣ, сармохурдагӣ, устухондард, вараҷа, сардард, фишори хун, бемориҳои пустӣ, нозоӣ, норасоии кулия, бемориҳои қалбӣ, ҷунун, дарди гуш ва чашм ва бархе дигар аз бемориҳо муфид аст.
Ба эътиқоди муҳаққиқон ва ҳамчунин бар асоси навиштаҳои муаррихон, ин макон дар қарни яки пеш аз милод арзи ҳастӣ дошта, вале дар асри 8 милодӣ шуҳраташ авҷ гирифтааст.
Оби ин чашма аз умқи 3400 метрӣ хориҷ мешавад ва дорои 16 навъи моддаи маъданӣ аст.

test

Добавить комментарий