Гармчашма

Гармчашма

ГАРМ – ЧАШМА Макони чойгиршави ВМКБ Вилояти мухтори кухистони Бадахшон. Худуди чугрофи 42 км дар кисмати чанубу шарки шахри Хоруг ва 60 км аз Ишкошим. Наклиёт автобус аз шахри Хоруг, такси. Чашмаи минералии шифобахши Гарм-Чашма (ба руси «Горячий источник») дар баландии 2325 метр аз сатхи бахр ва дар кисмати гарбии кухи Шохдара вокеъ буда мачрои дарёи Гарм-Чашма, ба дарёи Панч мерезад. Чашма умри чандин хазор сола дорад,зеро дар тули чандинасраи мавчудяташ дар ин чо тахшинихои охаксанг чамъ шуда, ба тарафи дарё чун шола овезонанд.Ин шолахо ранги сафеди равшан, зардчатоб ва хурмои дошта, дар шакли туппахои сарбурида ба масофаи 1,5 километр, пахноияшон 40-50 метр,баландиашон аз 7 то 35 метр, тул кашидаанд.Оби минерали ба болои ин теппахо рост чун тега аз кахри замин найзавор фавора зада мебарояд, ки кади чахиши он аз 10см то ба 1,5 метр мерасад.Дар як соня ин найзачахо кариб 5 то 7 литр об мебароранд. Яке аз омили мухими осоишгох карор гирифтани макони чойгиршавии чашмахо бар замми табобот бо оби чашма обу хавои форами махал аст, ки барои шифо ёфтан аз беморихои дил, системаи асаб,миён пой, пуст ва аксалихои занона мусоидат менамояд. Соли 1957 даар чои баромади обхои минерали табобатгохи Гармчашма бунёд гардида,ки баъдан чандин мартиба бармиму бозсози шудааст. Дар ин чо касалихои роххои нафасгири, шабакаи гардиши хун, касалихои гинекологию урологи, устухон, радикулит ва гайра муолича карда мешавад. Обхои чашмахои кухии он ба бисёр касалихо даво аст. Гарм-Чашма. Хавзи гармчашма чукуриаш дар баъзе чо ним метр мебошад. Он аз оби гару чушон иборат аст, ки таркибаш аз охану алюминий, магний, стронций, фтор ва дигар элементхои химияви иборат аст. Хамчунин дар об микдори зиёди сероводорода (170 миллиграмм дар як литр), кремневой кислота (135 миллиграмм дар як литр) ва углекислота (381 миллиграмм дар як литр). Харорати об дар баъзе чояш 62 градус Цельсия дар хавзхояш бошад аз 38 то +50 градус Цельсия мебошад. Харорати об хангоми баромадан аз найзачахо ба берун кариб ба 62 дарачаи селси мерасад. Дар хавзхо бошад, харорати он вобаста ба наздик будани чашма, аз 38 то ба 50 дарача мерасад. Деворхои берунии обанбор бо шушахои охакии ба он часпида ва бо рангхои мухталифи шушахо оро ёфта манзараи ачиберо пеш назар чилвагар месозанд. Таги хавзи аз хама калон бо тахшини тунуки нарми карбонати калсий ва омехтаи сулфид пўшонида шудааст. Дар ин минтака сарчашмахои ангидриди карбондоре низ мавчуданд, ки мудом 14 дарача гарм буда, оби онро сокинони маиали чун оби нушоки истифода мебаранд. Ба ин чо аз шахри Хоруг бо такси дар муддати як соат омадан мумкин аст. Маблаги рохкиро шартномавист ва аз 20 то 30 доллари амрикоиро ташкил медихад. Дар коттеххои алохидаи ободи «Гармчашма» чой гирифтан мумкин аст. Маблаги он айни хол аз 5 то 7 доллари амрикоиро ташкил мекунад. Яке аз хавзхои Гарм-Чашма.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *