Географияи иктисодии Точикистон

Географияи иқтисодии Тоҷикистон

Нақша:

1. Мақсад ва вазифаҳои фанни Географияи иқтисодии Тоҷикистон;

2. Фан ва методологияи он;

3.Мавқеи иқтисодӣ-географии Тоҷикистон.

1. Мақсад ва вазифаҳои фанни Географияи иқтисодии Тоҷикистон

Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, қонуниятҳои объективӣ ва хусусиятҳои хоси ташкили қаламравӣ ва ҷойгиршавии соҳаҳои хоҷагии халқро, бо назардошти шароитҳои умумии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва табии минтақаҳои мамлакат, меомӯзад. Мақсади геогафияи иқтисодӣ ҳамчун илм, бунёди асосҳои назариявии ҷараёни ташаккулёбии низомҳои гуногуни қаламравӣ хоҷагии халқ ва таносуби онҳо мебошад.

«Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фанни ҷамъиятӣ буда, вай ҷойгиршавӣ ва рушди истеҳсолот, аҳолӣ, тақсимоти масоҳатии меҳнат, шароит ва хусусиятҳои таракиёти минтақаҳо, раванди ташаккулёбӣ, инкишоф ва амалиёти системаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ноҳияҳоро меомӯзад».

Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тараққиёти иҷтимоию иқтисодии комплексҳои хоҷагӣ, системаҳои қаламрав ва комплексҳои нави истеҳсолӣ- қаламравии мамлакатро пешгӯи мекунад. Ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, масъалаҳои ҷаҳонӣ ва ба боҳамтаъсиррасонии табиату ҷамъият дахолат намуда, ба дуруст фаҳмидани давраи ҳозираи тараққиёт ёрӣ мерасонад. Объекти тадқиқоти географияи иқтисодӣ, дар баробари ташкили қаламравии хоҷагии халқ, ноҳиябандии иқтисодӣ, инчунин омӯзиши робитаҳои иқтисодии дохили ноҳиявӣ, байни ноҳиявӣ ва байни давлатҳо мебошанд.

Муҳити географӣ – ин доираи амалиёти бо ҳам якҷояи ҷамъияту табиат буда, дар ҳудуди табақаҳои географии замин вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он, ҷамъият худаш фаъолона ба табиат таъсир мерасонад, онро барои қонеъ гардонидани талаботи худ мувофиқ мегардонад.

2.Фан ва методологияи он

Асосҳои методологии омӯхтани фанни Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ инҳоянд: қонунҳои иқтисодиёти бозорӣ, Сарқонуни (Конститутсияи) Тоҷикистон, қарору қонунҳое, ки ба масъалаҳои тараққиёту ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкили хоҷагии қаламравӣ бахшида шудаанд, инчунин барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодӣ, самтҳои асосии сиёсати минтақавӣ ва стратегии давлат ва ғайра…

Дар мамлакатҳое, ки пештар ба иқтисодиёти бозорӣ дохил гаштаанд, самаранок истифода бурдани омилҳои асосӣ, ба монанди, ҷойгиронӣ, хараҷоти ашёи хом, сармоягузории асосӣ, қувваи коргарӣ ва нақлиёт нақшаи асосиро мебозанд.

3. Мавқеи иқтисодӣ-географии Тоҷикистон

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдати Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 роҳи бунёд намудани давлати миллӣ, ҳуқуқбунёди демократӣ, шаҳрвандӣ, тамоили иҷтимоӣ доштани иқтисодиёти бозаргониро пеш гирифтааст.

Тоҷикистон дар Ҷануби Шарқии Осиёи Миёна ҷой гирифтааст. Масоҳати умумии он 142,6 ҳазор км, мураббаъро ташкил медиҳад. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

Тоҷикистон дар ғарб ва шимол бо Ҷумҳурии Узбекистон дар масоҳати 910 км, ба Қирғизистон -630 км, дар ҷануб бо Афғонистон-1030 км, дар шарқ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин (Хитой) дар масоҳати 430 км ҳамсарҳадӣ дорад. Дарозии умумии сарҳадҳои бо давлатҳои хориҷӣ доштаи Тоҷикистон 3000 км-ро ташкил медиҳанд.

Ҳоло дар алоқамандӣ бо тақсимоти сиёсию маъмурӣ ва бо назардошти тақсимоти минтақавии меҳнат ва тахассусонӣ қаламрави ҷумҳурӣ ба 6 ноҳияи иқтисодӣ ҷудо карда шудааст: 1. Суғд, 2, Ҳисор, 3. Рашт, 4. Вахш, 5. Кӯлоб, 6. Бадахшон. Онҳоро асосан ташкилотҳои ба нақшагиранда барои тартиб додани барномаи умумидавлатии инкишофи хоҷагии халқ истифода мебаранд. Ин дар қаламрави мамлакат дар ташкил намудан ва ба таври оқилона ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунандаи он мусоидат менамояд. Ҳар як ноҳияи иқтисодӣ бо соҳаҳои асосӣ ё тахассусонидаи худ фарқ менамояд, ки тавассути онҳо бо дигар ноҳияҳои иқтисодӣ робитаи иқтисодӣ пайдо менамояд. Тоҷикистон, баъди ба даст даровардани истиқлолият барои барпо намудани ҷамъияти ҳозиразамони тамоюли иҷтимоӣ доштаи иқтисодиёти бозоргонӣ қадам гузоштааст.[1]

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ва зичии аҳолӣ

дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2013[2]

Ҷадвали №1.

 

Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Масоҳат

Ҳаз.км2

Шумораи аҳолии доимӣ,

ҳаз.наф.

Шумораи истиқомат-кунандагон дар 1км2

Ноҳияҳо

Шаҳрҳо

Ноҳияҳои шаҳр

Шаҳракҳо

Ҷамоатҳои деҳот

142,6

7987,4

56,0

58

17

4

57

369

Ш.Душанбе

0,1

764,3

7643,0

1

4

Вил.Суғд

25,2

2349,0

93,2

14

8

22

93

Вил.Хатлон

24,6

2831,7

115,1

24

4

21

133

ВМБК

64,1

210,2

3,3

7

1

43

НТҶ

28,6

1832,2

64,1

13

3

14

100

Адабиёт:

  1. Гоеграфияи Тоҷикистон.//Маҷалла- Душанбе, Маориф, 2000.
  2. Кабутов М. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2003, саҳ.5-8.
  3. Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. – Душанбе: «Дониш» 1994,саҳ.5- 40.
  4. Ғаффоров Ш., Хоҷаев Ғ., Эшбоев А. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо.- Душанбе: «ДДТТ»., 2004, саҳ123.
  5. Утаганов А.; Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои системаи кредитӣ.- Душанбе, 2007, саҳ.21.
test

Добавить комментарий