Главная / Фанни География. / Сарватхои табии. Захирахои рекреатсиони ва туризми

Сарватхои табии. Захирахои рекреатсиони ва туризми

Нақша:

1. Тавсифи умумӣ;

2. Тавсифи конҳои истифодашавандаи канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ;

3. Тавсифи захираҳои рекреатсионӣ-туристӣ.

1.Тавсифи умумӣ

Аз рӯи истифодабарӣ захираҳои табииро ба барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд.

Ба гурӯҳи барқарорнашаванда чунин захираҳои табиие дохил мешаванд, ки минбаъд тамоман барқарор намешаванд ва ба онҳо нефт, ангишт ва бештари канданиҳои фоиданок шомил мебошанд. Ҳифзи захираҳои барқарорнашаванда пеш аз ҳама дар истифодаи самараноку оқилонаи онҳо ҳангоми истихроҷу коркард мебошад.

Ба гурӯҳи барқароршаванда захираҳои табиӣ хок, олами набототу ҳайвонот, об, қувваи бод ва захираи Уқёнуси ҷаҳонӣ дохил мешаванд. Ин захираҳои номбурда бо мурури истифодабарӣ аз нав барқарор мешаванд. Вале барои барқароршавии онҳо шароити муайяни табиӣ зарур аст.

Захираҳои табиӣ таҳкурсии тараққиёти хоҷагии ҳалқи мамлакат, воситаҳои зиндагӣ ва истеҳсолот ба шумор мераванд.

Аз истифодабари дар истеҳсолот захираҳои табиӣ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: минералӣ (маъданӣ), обӣ, заминӣ ва биологӣ, рекреатсионӣ ва ғайраҳо.

Дар навбати худ, захираҳои минералӣ ба се қисм ҷудо мешаванд: сӯзишворию энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, торф варақсангҳои сӯзанда); маъданҳои фулузӣ, (металҳои сиёҳ, ранга, нодир, асил) ва минералҳои ғайрифулузӣ (ашёи хоми кимиёвӣ, сохтмон ва ғайра).

Захираҳои маъданӣ ба миқдори зиёда аз 200 намуд ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти геологӣ, алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор конҳои хурду бузург мавҷуд аст, ки аз ин миқдор 400-тои он кашф карда, 70 намудҳои онҳоро конҳои маъданию ғайримаъданӣ ташкил медиҳанд. Дар айни замон 100 кон ба истифода дода шудааст, ки 36 намуди ашёи хоми маъданиро дар бар мегиранд.

Аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ доштани канданиҳои фоиданок онҳоро ба ду гурӯҳ: балансӣ (категорияи А+В+С1) ва ғайрибалансӣ (категорияи С2) ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи балансӣ захираҳое дохил мешаванд, ки истифодабарии онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, ба талаботи саноат ва шароитҳои истифодаи техникӣ пурра ҷавобгӯй мебошад. Ба гурӯҳӣ ғайрибалансӣ (категорияи С2) захираҳое дохил мешаванд, ки айни замон истихроҷи онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ нест, вале шояд дар оянда истифода бурда шаванд.[1]

Дар қатори дигар олимони забардасти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар омӯхтани сарзамини Тоҷикистон хизмати сазовор кардаанд, ҳиссаи олимони тоҷик академик Соро Юсупова (1910-1966), академик Р. Баротов ва дигарон низ хеле назаррас аст.

Минбаъд дар натиҷаи корҳои пурсамари геологҳо дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расид. Дар ин давра харитаи геологии чумҳурӣ тартиб дода шуд, ки дар он оиди ҷойгирнавии конҳои канданиҳои фоиданок дар миқёси ҳар як минтақа маълумоти пурра ҷамъ оварда шудааст.

2. Тавсифи конҳои истифодашавандаи канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ

Солҳои мавҷудияти собиқ Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ёфта, рӯ ба инкишоф ниҳод. Алҳол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, рӯҳ, тилло, мис, нуқра, сӯрма, симоб, висмут, флюорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба монанди лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, инчунин намаксанг, масолеҳҳои бинокорӣ, ангишт, нефт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷараёни омӯзиш, канданиҳои фоиданоки фулузиро аз ҷиҳати хусусиятҳои техникию иқтисодиашон ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардаанд:

  1. Фулузоти сиёҳ;
  2. Фулузоти ҷавҳардоркунанда (руйпушкунанда);
  3. Фулузоти ранга;
  4. Фулузоти асил;
  5. Фулузоти радиоактивӣ.

Гурӯҳи фулузоти сиёҳ. Ба ин гурӯҳ маъдани оҳан, манган ва хром мансубанд, ки асоси металлургияи сиёҳро ташкил медиҳанд.

Маъдани оҳан – дар Тоҷикистон маъдани оҳан дар Шимолии мамлакат конҳои Чоқадамбулоқ, Оқкулоқ ва Туранглӣ, ва дар қисми Марказии он дар ноҳияи Нуробод (Тегерма) кашф карда шудаанд. Муҳимтаринаш захираҳои кони маъдани оҳани Чоқадамбулоқи Қарамазор мебошад, ки дар оянда барои истифода бурдан дар саноати металургияи сиёҳ (захираи он аз рӯи категорияи А+В+С1 ба 60млн. тонна мерасад) аз ҷиҳати миқдор ва сифат ба мақсад мувофиқ аст.

Манган – ҳамчун филизи сиёҳ дар металлургия кор фармуда мешавад. Аз ҷумла 95% он дар металлургияи сиёҳ истифода карда мешавад. Манган асосан барои тайёр намудани релсҳои роҳҳои оҳан, чархи вагон, зиреҳи танкҳою тракторҳо ва ғайра истифода карда мешавад. Манган ҳамчун элемент соли1774 аз тарафи химики швед К.В. Шееле (1742-1791) кашф карда шудаааст.

Дар Тоҷикистон манган дар ноҳияи Исфара бо номи кони Чатиратек маълум аст, ки ин филиз дар байни мармарҳои палеозоӣ ёфт шудааст.

Гурӯҳи фулузоти ранга. Ба ин гурӯҳ филизҳои мис, рӯҳ, сурб, алюминий, магний, қалъагӣ, симоб, сурма, висмут дохил менаванд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бои маъдани металлҳои ранга мебошад.

Аз замонҳои қадим сурб, рӯҳ ва мис дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурда мешаванд.

Аксарияти конҳои маъдани сурб ва рӯҳ дар Шимоли ҷумҳурӣ асосан дар Қарамазор (кӯҳи Қурама) ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо конҳои Олтинтопган, Чолота, Консой, Кони Мансур, Чуқурҷилға, Чамбарак ва ғайра маълуманд. Дар атрофи ноҳияи Исфара низ якчанд конҳои сурб ва рӯҳ (Эскикон, Қаротек) маълум карда шудаанд.

Конҳои маъдани сурб ва рӯҳ дар Марказӣ Тоҷикистон дар нишебии қаторкӯҳи Ҳисор мавҷуданд, (Таккоб, Сафедорак, Деҳаи Малик ва ғайра).

Дар бисёр конҳои сурбу рӯҳи Ҷумҳурӣ ба қадри даркорӣ захираҳои мис, висмут, тилло, нуқра, кадмий ва ғайра ҳам вомехӯранд. Захираи маъдани мис дар конҳои Чорукдаррон ва Тарор (ноҳияи Панҷикент) муайян карда шудааст.

Конҳои маъдани сурб ва рӯҳ асосан дар эраи палеозой ба вуҷуд омадаанд. Конҳои Ҷанубӣ-Ёкунҷи Тоҷикистон, Дараишо бошанд, нисбатан ҷавон буда, ба эраҳои мезозой ва кайнозой таалуқ доранд.

Алюминий дар таркиби бисёр минералҳо мавҷуд бошад ҳам, алҳол асосан аз боксит, алунит, сиенит истеҳсол карда мешавад. Боксит ҷинси кӯҳиест, ки бо гил, хок ва регсанги сурх ё сафед монанд буда, дар таркиби он, ба қадри даркорӣ гидрооксидҳои алюминий мавҷуд аст.

Як қисми конҳои боксити Тоҷикистон дар нишебии қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон (Ворух, Шаҳристон) дар байни оҳаксангҳои эраи палеозой ҷойгир шудаанд. Қисми дигари онҳо дар қаторкӯҳҳои Зарафшон (Киштут) ва Ҳисор (Янгиоб) дар байни регсанг ва гилҳои эраи мезозой вомехӯранд.

Конҳои боксит дар нишебии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Ромит, Қаратоғ) дар болои ҷинсҳои магмавӣ воқеанд. Аммо конҳои боксити Тоҷикистон хеле хурд буда, аҳамияти саноатӣ надоранд. Ҳоло заводи алюминий Тоҷикистон ашъёи хомро барои ҳосил кардани алюминий аз дигар давлатҳо мехарад.

Солҳои охир алюминиро бевосита аз ҷинсҳои магмавӣ, аз сиенитҳои нефелиндор низ ҳосил мекунанд. Калонтарин кони нефелин дар ноҳияи Рашт (Кони Турпӣ) ҷойгир аст.

Дар таркиби ин кон ба ғайр аз ашёи хоми алюминий боз ашёи хоми дигар маводҳои кимиёвӣ мавҷуд аст. Вале талабот ба онҳо хело маҳдуд аст. Баробари пайдо шудани талабот ба онҳо истифодабарии кони Турпи аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаовар мегардад.

Қалъагӣ дар Маркази Тоҷикистон ва Помир маълум аст. Дар конҳои Тагобикул ва Кумарх (ҳавзаи дарьёи Яғноб) минерали қалъагӣ- касситерит дар байни хоросанг ва варақсангҳои метаморфии палеозой вомехӯрад. Дар кони Майхура низ (ҳавзаи дарёи Варзоб) кассетирит дучор меояд. Ин конҳо аҳамияти саноатӣ доранд.

Қалъагиро барои истеҳсоли асбобҳои биринҷӣ, қуттиҳои консерва ва кафшеркунӣ истифода мебаранд.

Симобу сӯрма ҳанӯз дар замонҳои қадим маълум буданд. Симобро асосан аз шангарф (киновар) – Нg S – ном минерал, ки ранги сурхи баланд ё қирмизӣ дорад, ҳосил мекунанд. Номи он аз калимаи арабии «кино бари» ба миён омадааст, ки маънояш «хуни аждаҳо» мебошад.

Симоб ягона филизи моеъ мебошад, ки баъзан дар намуди холис низ дучор меояд. Вай нуқрасанг аст, барои ҳамин ӯро баъзан «Оби нуқра» меноманд.

Агар вазъи ҳаво мӯътадил бошад, хосияти ҷоришавии симоб зиёда ва ба ҳар тараф парешон мешавад. Аз замонҳои қадим боз қимати симоб ба қимати тилло баробар дониста мешуд. Барои ҳосил кардани симоб минерали шангарфро куфта, баъд метафсонанд. Симоб аз таркиби минерал ба намуди буғ ҷудо мешавад ва сипас хунук шуда, ба симоби моеъ мубадал мегардад.

Яке аз хусусиятҳои аҷиби симоб ин махлулкунии тилло мебошад.

Агар маҳлули симоби тиллодорро тафсонем симоб буғ шуда, дар рӯи зарф тиллои холис боқӣ мемонад.

Симоб ва пайвастҳои он заҳрнок мебошанд. Симобро дар бисёр соҳаҳои тиб, сохтани ҳароратсанҷ, ҳавосанҷ ва лампахои махсус барои тайёр кардани асбоби тарконанда (детонатор) ба кор мебаранд.

Конҳои симоб дар Кончоч (назди Исканларкул), Қавноқ, Зардхок ва Заҳок ҷойгир шудаанд. Кони Ҷиҷиқрут дар баробари симоб сурма ҳам дорад. Солҳои охир дар қаторкӯҳҳои Туркистон ва Шимоли Помир ҳам конҳои симобро кашф кадаанд.

Сӯрма. Сӯрмаро асосан аз минерали антимонит (Sb2 S3) ки ранги сурбро дорад, ҳосил мекунанд. Сурма ҳам хосияти гуногун дорад. Филизе, ки ғаши сурма дорад, дар натиҷаи соидан аз гармӣ на ин ки васеъ, балки баръакс, фишӯрда мешавад. Ин хусусияти сӯрмаро дар техника, аллалхусус дар саноати мошинсозӣ васеъ истифода мебаранд.

Сурма барои тайёр кардани хулаҳои филизии матбаа (бо омехтаи сурб) ва ҳар хел рангҳо ҳам ба кор меравад. Аз замонҳои қадим сурмаро барои тайёр кардани ҳар хел дорӯҳо низ истифода мебаранд.

Аксарияти конҳои сурма дар ҳавзаҳои дарёҳои Шинг, Моғиён ва Яғноб ҷойгир шудаанд, ки инҳо конҳои Туркпарида, Қароқамар, Гурдара, Рӯдакӣ, Учкадо, Калтакӯл ва ғайраҳо мебошанд. Умуман Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сурма дар байни давлатҳои ИДМ ҷои якумро ишғол мекунад. Дар айни замон аз конҳои Ҷиҷикрут сурмаю симоб истеҳсол мекунанд. Барои ба тарзи пурра истифода бурдани конҳои сурмаю симоби кӯҳистони Зарафшону Ҳисор дар ҷои якшавии дарёҳои Фон ва Искандар дар ноҳияи Айнӣ комбинати маъдантозакунии Анзоб сохта шудааст. Ҳоло геологҳои ҷумҳурӣ якчанд конҳои нав кашф кардаанд, ки истеҳсоли сурмаю симобро хеле зиёд карда метавонанд. Дар доираи қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷустуҷӯи конҳои нав давом дорад.

Фулузоти асил. Тилло филизи асил буда, вай хусусиятҳои ба худ хос дорад- ба таъсири обу ҳаво, гармию сардӣ, маводҳои кимиёи тобовар мебошад. Вай тимсоли тавоноии давлат асту дар техника, тиб, заргарӣ ва ҳамчун маводи ороишӣ истифода мешавад.

Дар табиат шакли асил (коренной) ва пошхӯрда (рассипной), инчунин дар таркиби маъдани дигар элементҳо (волфрам, қалъагӣ, оҳан, руҳу сурб ва ғайраҳо) ҳамчун элементи ҳамроҳ (попутний) вомехӯрад.

Тоҷикистон аз қадим боз ҳамчун диёри тиллодор шӯҳратманд аст. Аҷдодони тоҷикон аз реги дарёҳои Зарафшону Панҷ зарраҳои тиллоро шуста мегирифтанд. Айни замон дар ҷумҳури конҳои тиллои аҳамияти саноатӣ дошта дар Шимол, Зарафшон, Ҳисор, Дарвозу Помир кашфу тадқиқ карда шуда, баъзеи онҳо ба истифодабарӣ дода шудаанд.

Нуқра аксаран дар пайвастагӣ бо маъдани дигар элементҳо вомехӯрад. Вай барои сахт кардани мис ба он омехта карда мешавад. Барои сика задани танга, тайёр намудани зарфҳои таомхӯрӣ, асбобҳои заргарӣ ва наққошӣ, дандонсозӣ ва ғайра ба кор меравад.

Дар Тоҷикистон нуқраро дар замонҳои қадим аз кони маъданҳои сурбу руҳ истеҳсол менамуданд.

Конҳои нуқрадор дар шимол, марказ, ғарби Тоҷикистон муайян карда шудаанд, ки дар байни онҳо кони нуқрадори Кони Мансури Қарамазор дар миқёси ҷаҳон яке аз конҳои калонтарин (аз ҷиҳати захира) эътироф карда шудааст.

Тоҷикистон имрӯз дорои захираҳои фулузоти радиоактивӣ низ мебошад, ки асосиаш уран аст. Ин элемент дар қисматҳои шимол, марказ, шарқи Тоҷикистон маълум карда шудааст.

Дар шимолу маркази ҷумҳурӣ ва Помир конҳои волфраму молибден, флюорити (Майхӯра, Икар, Кони Мансур, Моғов, Теппаи Сурх, Таккоб) аҳамияти саноатӣ дошта ба қайд гирифта шудаанд.

3. Тавсифи захирахои рекреатсионӣ-туристӣ

Захираҳои рекреатсионии кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо. Дар Тоҷикистон ҷойҳое, ки дар баландии 1000-2000 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, аз нуқтаи назари шароитҳои табиӣ – иқлимии худ барои истироҳат мусоид ҳисоб карда мешаванд. Чунки ин ҷойҳо аз захираҳои рекриатсионӣ низ бой мебошанд.

Дар ташкили истироҳати аҳолӣ ҳавзаҳои дарёҳо ва обанборҳо аҳамияти калони рекреатсионӣ доранд. Ин хусусан ба Тоҷикистон, ки аз баҳрҳо дур ҷойгир шудааст, аҳамияти махсус дорад. Талабот барои истифодабарии кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо ба мақсади рекреатсия дар 20 соли охир дар мамлакатҳои индустриявии ҷаҳон аз 10 то 15% дар як сол афзудааст. Тадқиқот нишон додаанд, ки истироҳати бофароғат боиси беҳтар гаштани фаъолияти майнаи сар, дил, системаи нафаскашӣ мегарад. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки ҳосилноки меҳнати одамон ба ҳисоби миёна ба 5-7% баланд гардад.

Дар Тоҷикистон аксари вақт обанборҳо ҳамчун ҷои истироҳатгоҳҳои аҳолӣ истифода бурда мешаванд. Обанборҳои Норак, Қайроқум, Бойғозӣ, Сарбанд ва ғайра аз ҳамин қабил мебошанд. Дар ин мавзеъҳо ҳар сол садҳо одамони касбу корашон гуногун истироҳат мекунанд.

Ба минтақаи истироҳатӣ ва курортию туризм табдил додани дараи Варзоб, боиси барпо кардани ҷойҳои нави корӣ мегарданд, ки барои мардуми ин ноҳия бисёр зарур аст. Чунки дар ҳудуди ин ноҳия тарақкиёти соҳаи асосӣ, бо сабаби кам будани заминҳои корами кишоварзӣ, маҳдуд аст, аммо манзараи зебои ин дарра барои сохтмони муассисаҳои рекреатсионӣ- курортӣ ниҳоят мувофиқанд.

Объектҳои рекреатсионии ҷумҳурӣ нобаробар ҷойгир шудаанд. Аксари онҳо ҷойгиршавии доманкӯҳӣ доранд. Дар ҳудуди водии Ҳисор маълум карда шудааст, ки 7551 км2 масоҳати он барои истифодаи муассисаҳои рекреатсионӣ мусоид аст, ки ин 14%-и ҳамаи масоҳати рекреатсионии ҷумҳурӣ аст. 80 ҳаз га сатҳи минтақаи Рашт дорои аҳамияти рекреатсионӣ аст. Дар ин ҷо беш аз 30 чашмаи минералӣ, 3 кули сулфурдор, табобатгоҳи Оби Гарм вуҷуд доранд. Дараҳои Камаров, Сангикар, Чилдара манзараҳои истироҳатию туристӣ пурбаҳоянд.

Манзараҳои дилфиребу кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, обҳои шифобахши он ифтихори кишвар буда, диққати туристону кӯҳнавардон, истироҳату табобатгирандагонро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар минтақаи Шимол Обанбори Қайроқум, лойқаи Оқсуқон, оби минералии Чертек ва Қизилтеппа, Ҳавотоғ ва ҷойҳои рекреатсионии антропогенӣ аҳамияти назаррас доранд.

Аз рӯи пешгӯии мутахассисон талабот барои истироҳат дар оянда дар як вақт ба 1,5 млн. ҷой мерасад. Барои ин лозим меояд, ки масоҳати ҷойҳои аҳамияти рекреатсионидоштаро то ба 280 ҳаз.км2 расонем. Барои ин дар Тоҷикистон ҳамаи имконияту воситаҳо мавҷуданд.

Дар шароити гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, ҷалб намудани захираҳои рекреатсионӣ дар хоҷагидорӣ ва пеш аз ҳама, дар ташкилу тараққиёт, яке аз самтҳои муҳимтарини ҳалли муаммоҳои иҷтимоию-иқтисодии Тоҷикистон шуда метавонад.

Адабиёт:

  1. Атласи геог.Тоҷикистон.-Душанбе, 2004, саҳ.10.
  2. Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои системаи кредитӣ.-Душанбе, 2007, саҳ.25.
  3. Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. – Душанбе: «Дониш» 1994,саҳ.5- 40.
  4. Кабутов М. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2003,саҳ.29.
  5. Ш. Ғаффоров, Ғ. Хочаев, А. Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо. – Душанбе: «ДДТТ»., 2004, саҳ.108-120.
  6. Муњаббатов Х., Диловаров Р., Рањимов М. Географияи иќтисодї ва иљтимоии Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 2011. Сањ, 22.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *