Тавсифи умумии хочагии халк ва тагйироти таркиби он

Нақша:

1. Сохтори хоҷагии халқи ҷумҳурӣ;

2. Масъалаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он дар шароити иқтисодиёти бозорӣ.

1. Сохтори хоҷагии халқи ҷумҳурӣ

Иқтисодиёт комплекси ягонаи хоҷагии халқ аст, ки ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар бар мегирад. Хоҷагии халқи Тоҷикистон аз маҷмӯи корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст.

Асоси комплекси ягонаи хоҷагии халқро соҳаҳои истеҳсолӣ ташкил медиҳанд, ки дар ин соҳаҳо 82% шумораи умумии аҳолии машғули кор дар мамлакат рост меояд.

Тағйироти таркибии шуғл дар соҳаҳои комплекси хоҷагӣ ва соҳаҳои меҳнатталаб аз рушди сохторҳои бозоргонӣ дар иқтисодиёт гувоҳӣ медиҳад.

Соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба якдигар алоқаи зич доранд. Инкишоф ёфтани соҳаҳои истеҳсолӣ ба тараққиёти соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ сабаб шуда метавонанд.

Аз ин рӯ, хоҷагии халқи Тоҷикистон низ чун комплекси ягона аз маҷмӯи корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат мебошад. Корхона ва муассисаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ воҳиди ибтидоии системаи хоҷагии халқ буда, вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Як қисми корхонаю муассисаҳо воситаи истеҳсолот (мошинаю механизмҳо) ва неъматҳои моддӣ истеҳсол менамоянд, гурӯҳи дигари онҳо бошанд хизматрасон буда, бевосита маҳсулот тайёр намекунанд. Аз ин хотир дар таркиби хоҷагӣ халқ ду гурӯҳи калони соҳаҳоро фарқ мекунанд: соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Соҳаҳои истеҳсолӣ заминаи моддӣ-техникии инкишофи ҷамъият буда, он саноат, хоҷагии қишлоқ, индустрияи сохтмон, нақлиёт (ғайри нақлиёти мусофиркашӣ), савдо ва ғайраро дар бар мегирад.

Ба соҳахои истеҳсолӣ инҳо дохил мешаванд

  1. Соҳаҳое, ки неъматҳои моддӣ истеҳсол мекунанд: саноат, хоҷагии қишлоқ ва сохтмон;
  2. Соҳаҳое, ки ба соҳаи мубодила алоқаманданд: савдо, хӯроки умумӣ, таъминот, фурӯш ва захиракунӣ.

Соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ

  1. Соҳаҳои хизматрасонӣ: манзил ва комуналӣ, хизматрасонии маишии аҳолӣ, савдо, нақлиёти мусофиркашонӣ;
  2. Соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ – ҳифзи саломатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъминоти иҷтимоӣ;
  3. Маориф, фарҳанг, санъат;
  4. Илм ва хизматрасонии илмӣ;
  5. Қарздиҳӣ, молия ва суғурта;
  6. Дастгоҳои мақомотҳои идоракунӣ;
  7. Дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ.

Дар солҳои ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар таркиби байни соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ як қатор тағйирот ба амал омад. Масалан, ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ аз 90% то ба 71% кам шуд, дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ бошад, ин нишондиҳанда аз 4% то ба 18% зиёд гардид. Ҳисссаи шуғли аҳолӣ дар саноат ва сохтмон кам шуда, дар савдо, фурӯш ва захиракунӣ, қарздиҳӣ, молия ва суғурта, дар дастгоҳи мақомоти идораҳои давлатӣ ва идораи хоҷагиҳо, мақомоти ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ зиёд шуда истодааст.

2. Масъалаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити гузаштан ба

иқтисодиёти бозорӣ

Роҳҳои ҳалли масоили асосии иҷтимоӣ дар мамлакат бо назардошти таъмини рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва дар заминаи ҷалби аҳолӣ ба ҷои кор ва инчунин, самаранок истифодабарии захираҳои иқтисодӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ қарор дорад. Вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар асоси нишондиҳандаи муайянкунандаи МУД ба ҳар нафар аҳолӣ (ба ҳисоби миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) кифоя будани нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ: музди миёнаи меҳнат (84 сомонӣ), қарзи музди меҳнат, таносуби шумораи бекорон ва ғайра баҳо дода мешавад. Агар солҳои охир (2001-2010) дар соҳаи иқтисодиёт пешравиҳои мусбӣ мушоҳида шуда бошанд, ҳалли масъалаҳои вазъияти иҷтимоӣ хеле мураккаб мебошанд. Гуфтан зарур меояд, ки ахолии фаъоли иктисодии мамлакат то хол дар дарачаи шароити мусоиди кори пурра бо чои кор таъмин нагардидааст, чунки сатхи махсулнокии мехнат нисбат ба талаботи ахолӣ мувофик наградидааст.

Дар баробари зиёд шудани даромади як гурӯҳи хурди аҳолӣ, ки бештар дар бонкҳо, корхонаҳои ба рақобат тобоварандаи соҳаҳои иқтисодиёт кор мекунанд, даромади аксарияти дигари аҳолии мамлакат ва ҳаҷми гардиши молҳои чакана кам шуда истодааст. На дар ҳамаи вилояту ноҳияҳои мамлакат дараҷаи зиндагии мардум якхела мебошад. Масалан, дар вилояти Суғд, ки дар солҳои Ҳукумати Шӯравӣ минтақаи тараққикардаи саноатии мамлакат буд, дар солҳои мустақилият ҳам дараҷаи аз кор таъмин кардани аҳолӣ ва зисту зиндагии мардум нисбат ба минтақаҳои кӯҳсор, ки имконияти ташкил кардани ҷойҳои кориашон маҳдуд аст, хеле баланд мебошад. Аз тарафи дигар, масъалаи асосии иҷтимоӣ – ин музди меҳнат мебошад, ки дар мамлакат ниҳоят паст аст. Мувофиқи ҳисоботи Ҳукумати Тоҷикистон, айни замон 45% аҳолӣ ба грӯҳи одамони «камбизоат» дохил мешаванд. Албатта дараҷаи пасти зиндагии аҳолӣ дар замони Ҳукумати Шӯравӣ низ ба назар мерасид. Аммо алҳол ин масъала ниҳоят шиддатнок шуда истодааст. Тадқиқот дар Тоҷикистон нишон доданд, ки 45% шумораи умумии аҳолӣ камбизоат мебошанд, асосан онон дар деҳот истоқомат мекунанд, аз ин ҳисоб 23,4% аҳолии деҳот аз дараҷаи камбағалӣ нисбатан беҳтар зиндагӣ ба сар мебаранд. Ин нишондиҳанда дар байни аҳолии шаҳрҳо 18,6% ташкил мекунад.

Барои кам кардани шумораи камбизоатон ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагӣ бояд (ба ҳар нафар) ҳаҷми маҳсулоти умумии дохили 2-3 баробар баланд бардошта шавад. Самтҳои асосии беҳтар гардонидани ин ҳолат, пеш аз ҳама, фароҳам овардани фазои муътадил барои баланд бардоштани фаъолияти сектори хусусию шахсӣ, дастгирӣ намудани соҳаҳои кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, таъмин намудани алоқаҳои дохилӣ ва берунии иқтисодӣ мебошанд.

Адабиёт:

  1. Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни

«Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои системаи кредитӣ.- Душанбе, 2007, саҳ. 18-19;

  1. Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. – Душанбе: «Дониш» 1994,саҳ.106.
  2. Ш.Ғаффоров, Ғ.Хочаев, А.Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо. – Душанбе:“ДДТТ”., 2004, саҳ.93-103;
  3. Кабутов М. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2003, саҳ.58,126.
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *