Тавсифи умумии комплекси агросаноати (КАС)

Нақша:

1.Саҳми КАС дар истеҳсолоти моддӣ ;

2. Географияи соҳаҳои КАС ва воситаҳои асосии истеҳсолот;

3. Тараққиёти КАС дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ.

1. Тавсифи умумии комплекси агросаноатӣ (КАС)

Комплеси агросаноатӣ аз се қисм таркиб ёфтааст: соҳаҳои саноатие, ки хоҷагии қишлоқро бо тамоми намудҳои техникию техналогияи лозимӣ таъмин менамоянд; худи соҳаи кишоварзӣ; ва ҳамаи соҳаҳое, ки ашёи хоми кишоварзиро кор карда мебароянд, нигоҳ медоранд ва ба истеъмолгарон мерасонанд. Дар Тоҷикистон қисмати аввал тараққӣ наёфтааст. Вазифаҳои асосии соҳаи кишоварзӣ аҳолиро аз маҳсулоти озуқаворӣ ва саноатро аз ашёи хом таъмин намудан мебошад.

Хоҷагии қишлоқ 48,1% ҳаҷми умумии маҳсулоти мамлакатро истеҳсол мекунад. Ба саҳми ин соҳа 14,9% фондҳои асосӣ, 21,6% фондҳои асосии истеҳсолӣ, 60% аҳолие, ки дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ машғуланд, рост меояд.

Дар натиҷаи барҳам хӯрдани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, соҳаи ҳоҷагии қишлоқи мамлакат низ рӯй ба танназул овард. Махсусан ҷанги шаҳрвандӣ, ки асосан ноҳияҳои водии Вахш, Ҳисор, Рашт ва дигар минтақаҳои аз ҷиҳати кишоварзӣ инкишофёфтаро фаро гирифта буд, ба ин соҳа зарбаи ниҳоят вазнин зад, ки таъсири он то ҳол дида мешавад. Дар солҳои мустақилият дар сохтори хоҷагии қишлоқ тағйироти куллӣ ба амал омаданд.

Дар баробари совхозҳо ва колхозҳо, ки пеш шаклҳои асосии корхонаҳои кишоварзӣ буданд, шаклҳои нави корхонаҳои кишоварзӣ, ба монанди, корхонаҳои байни хоҷагии кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷораҳои коллективӣ ва ғайра ташкил карда шудаанд.

Дар баробари омилҳои иқтисодӣ, ки дар солҳои охир ба пешравии соҳаҳои кишоварзӣ таъсир расонданд, шароити табиӣ низ роли муҳимро мебозанд. Чӣ хеле, ки маълум аст, шароитҳои табиӣ барои инкишофи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар аксарияти солҳо мусоид мебошанд. Иқлими гарм барои инкишофи босуръати яке аз зироатҳои асосӣ-пахта ва дигар соҳаҳои растанипарварии гармидӯст хеле мувофиқ аст. Шароити табии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар як сол дар водиҳо, аз баъзе намудҳои зироат, ду се маротиба ҳосил гирифта шавад. Дар баробари об, барои хоҷагии қишлоқ ҳосилхезии хок низ аҳамияти калон дорад. Хокҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати хусусиятҳои табиияшон он қадар ҳосилхез нестанд. Хокҳои Тоҷикистон асосан хокистаранг буда, фақат дар доманкӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо хоки сиёҳтоб ва ҷигарранг ва дар баландкӯҳҳо бошад, хокҳои камҳосили марҷонию биёбонӣ дида мешаванд. Аз ҳамин сабаб дар заминҳои киштзори Тоҷикистон истифода бурдани нуриҳои органикӣ ва минералӣ аҳамияти муҳим доранд.

Хулоса, хоҷагии қишлоқ нисбат ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба шароитҳои табиӣ вобастагии калон дорад. Иқлим, хок, об омилҳои асосӣ мебошанд, ки ба ҷойгиршавии соҳаҳои кишоварзӣ таъсири калон мерасонанд. Муҳофизати табиат, оқилона истифода бурдани захираҳои об, пешгирӣ кардани (эрозия) шусташавии хок ва риоя намудани низоми киштгардон – омилҳои асосии тарақиёти соҳаи кишиварзӣ мебошанд.

Махсусгардонии зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва намудҳои чорво дар миқёси ноҳияҳо бо назардошти шароити хоку иқлими маҳал ва омилҳои иқтисодӣ аҳамияти муҳим дорад. Хоҷагии қишлоқ дар ҳар ноҳия барои истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ вобаста ба тараққиёти дигар соҳаҳо махсусгардонида мешавад. Хоҷагии қишлоқ ба ду соҳаи калон тақсим карда мешавад: зироаткорӣ ва чорводорӣ.

2. Географияи соҳаҳои КАС ва воситаҳои асосии истеҳсолот

Ба соҳаҳои истеҳсоли воситаҳои истеҳсол барои КАС соҳаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ, тракторсозӣ, комбайнсозӣ, мошинҳои махсус барои соҳаҳои гуногуни зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ, инчунин мошинҳои махсус барои соҳаҳои чорводорӣ, барои тайёр кардани хӯроки чорво, ширҷӯшӣ, инчунин мошинҳои махсуси нақлиёти боркашонӣ, инвентарҳову таҷҳизоти гуногуни хизматрасонии корҳои ҳархела ва ғайра дохил мешаванд.

Мошинсозии хоҷагии қишлоқ дорои соҳаҳои гуногун буда, асосан барои истеҳсоли техникаи коркарди замин, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои хоҷагии қишлоқ таъин гардидааст. Дар Тоҷикистон корхонаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ, ки ба соҳаҳои тахассусии он алоқаманд бошанд, алҳол нест. Дар ҶСШК «Хумо» -ӣ ш.Душанбе баъзе қисмҳои трактор ва комбайнҳои ғалладаравӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар қисми Шимоли мамлакат заводи «Тоҷиктекстилмаш» дар ш.Конибодом фаъолият дорад.Тоҷикистон қариб тамоми трактору мошинҳои гуногуни хоҷагии қишлоқро аз дигар давлатҳои ИДМ ворид месозад. Дар Тоҷикистон барои инкишофи саноати истеҳсоли нуриҳои минералӣ шароитҳои (энергияи арзон, захираҳои об ва ғайра) зарурӣ мавҷуданд. Ибтидои саноати нуриҳои минералӣ асосан аз сохтмони заводи нуриҳои азотии Вахш (1957) оғоз меёбад. Заводи нуриҳои минералии Вахш асосан карбамид истеҳсол мекунад. Талабот ба карбамид дар ноҳияҳои гирду атрофи ин завод ва инчунин ҷумҳуриҳои ҳамсоя хеле зиёд аст. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ заводи нуриҳои азотии Вахш хеле вайрон шуда буд. Алҳол барои барқарор кардани ин завод аз тарафи Ҳукумати маҳаллӣ баъзе тадбирҳо пеш гирифта шудаанд. Барқарор кардани фаъолияти пештари ин завод ҳатмист. Бе фаъолияти пурраи истеҳсолии ин завод баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаҳои зироаткорӣ, алахусус пахтакорӣ ғайри имкон мебошад. Яке аз хусусиятҳои ҷойгир намудани заводи истеҳсоли нуриҳои азотӣ, ин ба сифати ашёи хом истифода бурдании гази табиӣ мебошад. Ҷойгиршавии саноати истеҳсоли нуриҳои минералии калий асосан ба таъмини сарчашмаи ашёи хом вобастагӣ дорад.

Хулоса, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад, бе техникаи ҳозирзамони хоҷагии қишлоқ, бе таъмини нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо рушди ояндаи онро тасаввур кардан номумкин аст. Бинобар ин барои таъмин намудани талаботи КАС бо воситаҳои истеҳсолот тадбирҳои таъҷилӣ дидан лозим мебошад. Албатта, таъмин намудани талаботи соҳаҳои кишварзӣ бо мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва нуриҳои минералӣ аз дигар давлатҳо яке аз роҳҳои ҳалли он масъала дониста мешавад. Аммо ин роҳи ягона нест. Бояд оиди барпо намудани корхонаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили мамлакат шароит муҳаё карда шавад.

3. Тараққиёти КАС дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ

Дар шароити ташакқулёбӣ ва тараққиёти муносибатҳои бозоргонӣ дар Тоҷикистон мавқеи КАС ниҳоят баланд мешавад, чунки КАС яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Болошавии некуаҳволии аҳолӣ маҳз ба тараққиёти минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ дар ин соҳа пеш гирифтани ислоҳоти аграрӣ зарур аст. Самтҳои асосии азнавсозии сохтори хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама, гузаронидани ислоҳоти замин, ташаккул додани муносибатҳои бозорӣ, дар амал татбиқ намудани шаклҳои гуногуни моликият, такмил додани таркиби соҳавии КАС, яъне диққати асосӣ додан ба тараққиёти соҳаҳое, ки барои саноат ашёи хом истеҳсол мекунанд, ташкил намудани корхонаҳои хурд ва муштарак оиди коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷойгир намудани онҳо дар наздикии маҳалаҳои аҳолинишини деҳотҳо бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва ғайра мебошанд.

Дар Тоҷикистон яке аз шаклҳоии нави хоҷагидорӣ дар шароити гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мушкилиҳои зиёдеро ба пеш овард. Ин пеш аз ҳама тақсими замин, техника, маблағгузорӣ, шаклҳои махсуси идоракунӣ ва ғайра мебошад. Пеш дар мамлакат чунин шакли хоҷагидорӣ вуҷуд надошт ва таҷрибаи даркорӣ ҳам набуд. Бинобарин барои пайдо намудани таҷриба ва малакаи нав оиди ташкили чунин шакли хоҷагидорӣ роҳи дуру дарозро тай намудан лозим меояд

3. Маблағгузориҳо дар КАС барои ҳалли он тадбирҳои зерин зарур аст:

1.Наздик намудани корхонаҳои коркарди маҳсулот ба ноҳияҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом;

2. Бо техникаи ҳозиразамон пурра таъмин намудан ва ба ҳамин мақсад сохтани корхонаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ, барпо намудани сехҳо дар корхонаҳои мавҷуда барои тайёр намудани инвентарҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, мустаҳкам намудани базаҳои сохтмон дар деҳот ва ғайра…;

3. Аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва қарзҳои имтиёзноки банкҳо барпо намудани корхонаҳои хурд ва муштарак барои коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ;

4. Тараққи додани зерсохторҳои КАС, сохтани анборҳо барои нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, барқарор намудани анборҳои кӯҳна оид ба нигоҳдории маҳсулот, аз нав сохтани роҳҳои дохилии автомобилӣ, инчунин истифодаи дигар намудҳои нақлиёт ва ғайра;

5.Гузаштани ҳамаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба технологияи индустриявӣ;

6. Бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои минтақаҳои кӯҳсор сохтани мошинҳои дар шароити кӯҳсор мувофиқ кунонда шуда, инчунин ба мақсади обод кардани деҳот ва хонаҳои истиқоматии аҳолии деҳот васеъ истифода бурдани масолеҳи сохтмонии маҳалӣ (шинондани дарахтҳои сафедор, арар, истифодаи рег, санг ва дигарҳо).

Гузаронидани ин чорабиниҳо дар шароити гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ дар деҳот маблағҳои зиёдеро талаб мекунанд.

Саноати хӯрокворӣ аҳолиро бо маҳсулотҳои хӯрока таъмин менамояд беш аз он 1193 корхонаро дар бар мегирад. Ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ 27,6 % аст. Соҳаҳои асосии саноати хӯрокворӣ инҳоянд: нонпазӣ, равғанкашӣ, орду ярма, консервабарорӣ, шаробу обҳои нушокӣ, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ва ширу маҳсулоти ширӣ.

Корхонаҳои ин соҳа қариб дар ҳама маҳалҳои аҳолинишин амал мекунанд. Ҷойгиркунии ин соҳа ба омилҳои гуногун вобастааст. Масалан, соҳаҳои таъминоту истеъмолӣ дошта инҳоянд (нонпазӣ, кондитерӣ, шир ва ғайра); соҳаҳои бо ашёи хому марказҳои истеъмолӣ майл дошта гушт, ордкашӣ, шароб, тамоку ва ғайра); соҳоҳои фақат ба сарчашмаи ашёи хом тобеият дошта (қанд, спирт, равған, консерваҳо, маҳсулоти гӯшту ширӣ).

Марказҳои калонтарини саноати хӯрокворӣ: Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Турсунзода, Қурғонтеппа, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳринав, Ҳисор, Вахш, Кӯлоб ва ғайраҳо мебошанд.

Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар Тоҷикистон мавқеи КАС ниҳоят баланд мегардад. Аз ин рӯ, гузаронидани ислоҳотҳои ба шароити иқтисодиёти бозорӣ мувофиқ вазифаи таъхирномпазир дониста мешавад. Самтҳои асосии ислоҳотҳо чунинанд: гузаронидани ислоҳоти замин, ташаккули муносибатҳои бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ, такмил додани таркиби соҳавии КАС, ташкили корхонаҳои хурд ва муштарак барои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар назди маҳаллаҳои деҳотӣ баҳри ташкили ҷои кор. Ба шакли нави хоҷагидорӣ- хоҷагии деҳқонӣ диққати махсус дода, сиёсати маблағгузории мувофиқ ва сохторҳои алоҳидаро такмил додан зарур аст.

Муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҳадафу самтҳои истифодабарии онҳо яке аз вазифаҳои асосии давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар соҳаи КАС мебошанд.

Адабиёт:

  1. Атласи геог.Тоҷикистон.- Душанбе, 2004, саҳ.24 (17,18,19).
  2. Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои системаи кредитӣ. –Душанбе, 2007, саҳ. 61-70.
  3. Кабутов М. Географияи иктисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2003,саҳ.131.

Ш.Ғаффоров, Ғ.Хоҷаев, А.Эшбоев. Захираҳои табии ва вазъи истифодабарии онҳо. –Душанбе: ДДТТ, 2004, саҳ.116

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.