Тавсифи умумии саноати сабуку хуроквори

Нақша:

  1. Ташкил ва масъалаҳои тараққиёти саноати сабуку хурокворӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ;
  2. Саноати бофандагӣ, пойафзол ва вазъи имрӯзаи тараққиёти онҳо.

1.Ташкил ва масоили тараққиёти саноати сабуку хурокворӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ

Саноат яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи ҷумҳури ба ҳисоб меравад.

Саноати сабук – яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ҳиссаи он қариб нисфи маҳсулот, яъне 10% фондҳои истеҳсолӣ ва беш аз 35% шумораи коркунони кулли саноат рост меояд . Ин соҳа гуногунҷабҳа буда, корхонаҳои зиёдеро муттаҳид менамояд. Саноати сабук барои қонеъгардонии талаботи мардум бо молҳои сермасраф нақши асосӣ дорад. Гувоҳи ин ақида беш аз 350 намуди маҳсулотро истеҳсол намудани соҳа мебошад. Саноати сабук ба соҳаи кишоварзӣ ва саноати вазнин алоқаи зич дошта, аз онҳо ашёи хом ва намудҳои гуноногуни техникаю технологияро мегирад. Аз ин нигоҳ, наздик ҷойгиронии соҳаҳои саноати сабук дар назди ашёи хом самараи хуби иқтисодй медиҳад.

Истеҳсоли молҳои истеъмолӣ яке аз соҳаҳои муайянкунандаи дараҷаи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Соҳаҳои муҳимтарини онҳо:

  1. Саноати матоъҳои пахтагин;
  2. Саноати шоҳибофӣ;
  3. Саноати кешбофӣ;
  4. Саноати дузандагӣ;
  5. Саноати чарму пойафзол;
  6. Саноати истеҳсоли молҳои маданӣ- маишӣ ва таъминоти рӯзгор;
  7. Саноати мебелсозӣ ва ғайра.

Ин соҳаҳо, яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ буда, онҳо пеш аз ҳама, барои таъмин намудани талаботи рӯзафзунии аҳолӣ бо газвору либос, пойафзол ва дигар молҳои зарурӣ хизмат мекунанд. Бинобар он дараҷаи некӯаҳволии мардумон ба рушди устувори пай дар паи ин соҳаҳо зич вобаста аст.

Саноати сабуки Тоҷикистон дар солҳои бӯҳрони иқтисодӣ дар натиҷаи канда шудани риштаҳои иқтисодӣ ба вазъияти душвор дучор гардида буд. Агар соли 2001 ҳиссаи саноати сабук дар сохтори соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ 46,7% ташкил мекарда бошад, пас соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ба 80,8%, аз он ҷумла истихроҷ дар соли 2001-83,3 ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 127,3%; коркард дар соли 2001 ба 42,3% ва дар соли 2010 ба 72,2 %-ро ташкил дод[1].

Саноати сабук ба захираҳои меҳнатӣ талаботи зиёд дорад. Махсусан дар ин соҳа қувваи коргарии занона бештар истифода мешавад. Аз ин сабаб таносуби дурусти саноати вазнин, ки асосан қувваи коргарии мардонаро истифода мебарад ва соҳаҳое, ки қувваи коргарии зиёди занонаро истифода мебаранд, боиси ба тариқи оқилона тараққӣ додани соҳаҳои хоҷагии ноҳияҳои иқтисодӣ мегардад.

Саноати хӯрокворӣ – ин соҳаи муҳими комплекси агросаноатӣ мебошад ва аҳолиро бо намудҳои мухталифи хӯрока таъмин менамояд. Корхонаҳои ин соҳа асосан дар пояи ашёи хоми хочагии қишлоқ амал мекунанд. Онҳо аз истеҳсоли орду нон, равған, шаробу дигар нӯшокиҳо, ширавориҳо, маҳсулоти ширию гуштӣ, консерваҳои меваю сабзавот ва ғайраҳо иборатанд. Тибқи маълумот дар Точикистон беш аз 1193 корхонаи саноати хӯрокворӣ амал мекунанд ва дар онҳо 27,6% маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Хусусияти хоси ин соҳа бештар дар ноҳияҳои сераҳолӣ ҷоӣгиркунонии он мебошад.

  1. Саноати бофандагӣ, пойафзол ва вазъи имрӯзаи рушди онҳо

Ҳамин тавр, аз рӯи омилҳои истифодабарии ашёи хом ва наздик будан ба марказҳои истеъмолӣ ва захираҳои меҳнатӣ:

Саноати бофандагӣ аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи коргарон соҳаи калонтарини саноати сабук ба ҳисоб меравад. Технологияи саноати нассоҷӣ якчанд давраҳои пай дар пайро дар бар мегирад. Инҳо: тозакунии ашёи хом- нахкашӣ – калобаресӣ – бофтан – гулпартоӣ – матоъи тайёр.

Агар ҳамаи ин давраҳои технологӣ дар миқёси як корхона ба амал ояд, чунин корхонаро комбинати нассоҷӣ меноманд.

Саноати газвори пахтагин – муҳимтарин соҳаи саноати бофандагӣ ба шумор меравад. Соли 1991 истеҳсоли матоъҳои пахтагин ба 102 млн. м2 расида бошад, пас соли 2010 истеҳсоли он ҳамагӣ 28,7 млн м3 – ро ташкил дод. Дар истеҳсолоти дигар маҳсулот низ дар ин давра камшавии ҳаҷми молҳо дида мешавад. Ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки аз солҳои 2000 сар карда, дар истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук пешравии мунтазам ба мушоҳида мерасад.

Тоҷикистон дар оянда имконияти ба бозори ҷаҳонӣ баровардани матоъҳои пахтагини рақобатнокро дорад. Ба мақсади сарфаи ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ корхонаҳои ин соҳаро дар ноҳияҳои пахтакор ҷойгир кардан ба мақсад мувофиқ аст.

Саноати абрешим – соҳаи хеле қадима ва тараққикардатарини Тоҷикистон мебошад. Бӯҳрони иқтисодию сиёсӣ ва канда шудани риштаҳои алоқаҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои ИДМ ба саноати абрешим низ таъсири ниҳоят калони манфӣ расонда буд. Истеҳсолӣ маҳсулоти шоҳивории тайёр аз 33,8% дар соли 2001, дар соли 2010 ба 94,7% расид. Корхонаҳои саноати абрешим асосан дар Душанбе, Хуҷанд, Конибодом ва дигар шаҳрҳои марказӣ ҷойгир шудаанд. Корхонаҳои коркарди аввалини ашёи хом – пиллапазӣ асосан дар ҳамаи ноҳияҳое, ки ба кирмакпарварӣ машғуланд, ҷойгир карда шудаанд. Маҳсулоти ин саноат дар бозори ҷаҳонӣ шуҳрат дорад.

Саноати қолинбофӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини саноати нассоҷӣ мебошад.Калонтарин корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон комбинати қолинбофии ш.Қайроққум мебошад. Бо мақсади ташкили фаъолияти самарнокии коркарди пашми маҳаллӣ дар заминаи иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «қолинҳои Қайроққум» корхонаи нави пашм ҶММ «Ростои Суғд» ташкил карда шуд. ҶММ «Ростои Суғд» фаъолияти истеҳсолии худро аз 4 апрели соли 2011 ба роҳ монд. Иқтидорҳои истеҳсолии солонаи коргоҳ, коркарди 700 тонна пашмро дар як сол ташкил медиҳад. Айни замон, дар ин коргоҳ 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ба ғайр аз комбинати ш.Қайроққум дар ҷумҳурӣ боз 4 корхонаи нисбатан хурди қолинбофӣ фаъолият доранд.[2]

Ҷиҳати коркарди истеҳсолии ашёи дохилӣ, пашми чорво бо супориши ҳукумати кишвар масъалаи ташкили истеҳсоли қолинҳои дастбоф бо ширкатҳои тиҷоратии содиркунанда вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи чунин таҷриба саҳми худро гузорад.

Саноати кешбофӣ соҳаи нисбатан ҷавон буда, корхонаҳои он дар Истарафшану Душанбе ҷойгиранд. Истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа ҷенпер, ҷуробу пайпоқ мебошад. Дар ҳамин давра истеҳсоли ҷуробу пайпоқ, мувофиқан 49,2 ва 5,5 млн ҷуфт буд. Бо мақсади таъмини беҳтари талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот, инчунин ҷалбкунии занон ба истеҳсолот, минбаъд ташкил намудани корхонаҳои хурди ин соҳа дар масоҳатҳои сераҳолӣ аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дорад.

Саноати дӯзандагӣ бо ҷойгиршавии ҳамаҷояи худ фарқ мекунад. Вале маҳсулоти он талаботро пурра қонеъ намегардонад. Тараққиёти минбаъдаи ин соҳаро бе таҷҳизоти нави техникӣ, ҷалби коргарони ихтисоснок, ҳавасмандгардонии дилхоҳи коргарон тасаввур кардан нашояд.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки бо маблағи дар саноати кимиё барои ташкили 49 ҷои корӣ сарф шаванда дар саноати пахтатозакунӣ 143 ҷои корӣ, фабрикаи кешбофӣ 417, дузандагӣ 1538 ҷои корӣ ташкил кардан мумкин аст.

Аз ин ҳолат чунин хулоса бар меояд, ки ташкили соҳаҳои саноати сабуки номбурда дар ҷойҳои қувваи кории барзиёд ба мақсад мувофиқ буда, он ба пасткунии шиддати бозори меҳнат таъсири мусбат мерасонад ва воситаи муҳими камшавии камбизоатӣ мегардад.

Саноати чарму пойафзол. Соли 2011 дар ин соҳа 714 ҳазор дона пӯст коркард шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 558,7 ҳазор дона зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот 4,6 маротибаро ташкил намуд. Корхонаҳои калони ин соҳа дар Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ҷойгиранд. Корхонаҳои чарму пойафзол бо якдигар зич алоқаманд мебошанд. Сохтмони фабрикаҳои чарму пойафзол асосан ба ноҳияҳои сераҳолӣ мансубият доранд, аз ҷумла:ҶММ «Бисеҷ»-и шаҳри Исфара соли 2011 ҳамкории истеҳсолиро бо ширкати Русиягии «Магнитогорская обувная фабрика» ба роҳ монд, инчунин ҶММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» барои истеҳсоли пойафзоли занона (иринка) ташкил карда шудааст. Ширкати «Чарми Осиё» аз тарафи ширкати «Макина Дери Иншаат»-и Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона 250 ҳаз.дона коркарди пӯст дар як солро ташкил дод.

Саноати сабуки ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои сердаромаду бонуфӯз буда, бо назардошти таъмин будан бо шёи хоми маҳаллӣ; нахи пахта, пӯст, пашм, пилла ва ҷалби шумораи зиёдтари коргарон ҳамчун соҳаи афзалиятноки хоҷгии халқи ҷумҳури ба ҳисоб меравад.

Соҳаи саноати сабуки ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 20 соли давраи истиқлолият ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Дар ин давра соҳаи саноати бофандагӣ 20 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори 57,1ҳазор тонна коркарди нахи пахта, дар соҳаи коркарди пашм 2 корхона бо иқтидори 1200 тонна коркарди пашми аввалия, дар соҳаи коркарди пӯст 5 корхона бо иқтидори 1050 ҳазор дона пӯсти чорво дар як сол сохта ба истифода дода шудаанд.

Тағйирёбии суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали солҳои 2006-2010 бо фоиз нисбат ба соли гузашта дар диаграмма оварда шудааст:

Нақшаи афзоиши маҳсулоти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(солҳои 2006-2010)

Тавре аз диаграмма дида мешавад, суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали солҳои 2006-2007 тамоюли мусбиро доро буд ва дар нимсолаи аввали солҳои 2008-2009 тамоюли пастравӣ дошт, ҳамзамон дар ҳамин давраи соли 2010 нисбат ба солҳои пешин (солҳои 2006-2009) тамоюли болоравӣ мушоҳида мегардад[3].

Адабиёт:

1.Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни

«Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

барои системаи кредити. –Душанбе, 2007, саҳ. 53.

2. Ш.Ғаффоров, Ғ.Хоҷаев, А.Эшбоев. Захираҳои табии ва вазъи

истифодабарии онҳо.-Душанбе: “ДДТТ”., 2004, саҳ.82-123.

3.Атласи геог.Тоҷикистон.-Душанбе, 2004, саҳ.23.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.