Главная / Фанни География. / Тавсифи умумии саноати энергетикию сузишвори ва электроэнергетика

Тавсифи умумии саноати энергетикию сузишвори ва электроэнергетика

Нақша:

1. Саноати сӯзишворӣю энергетикӣ;

2. Саноати нефту газ;

3. Саноати электронергетика.

Саноати энергетикӣ-сӯзишворӣ ба ду соҳаи калон тақсим мешавад. Саноати сӯзишворӣ ва электроэнергетика.

  1. Саноати сӯзишворию энергетикӣ

Саноати сӯзишворӣ бо истихроҷи ангишт, нефт, газ, варақсангҳои сӯзанда, торф машғул мебошад. Дар Тоҷикистон ин соҳа асосан истеҳсоли ангищт, нефт ва газро дар бар мегирад. Тоҷикистон аз захираҳои сӯзишворӣ хеле бой мебошад, аммо соҳаи муҳимтарин истихроҷи ангишт мебошад.

Захираҳои умумии ангишти Тоҷикистон ба 5 миллиард тонна мерасанд, ки қариб 41%-и захираи ангишти Осиёи Миёнаро ташкил менамояд. Дар Тоҷикистон қариб 35 кони ангишт маълум аст. Конҳои калонтарини он Шӯроб, Фон-Яғноб, Равот, Киштуту Заврон, Моғиён, Назарайлоқ ва Миёнаду мебошанд.

Бештари ин конҳои дар мавзеъҳои доманакӯх ва баландкӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат барои истихроҷ ва истифодабарии ангишти ин конҳо мушкилиҳои зиёдеро ба амал оварда, ба баланд шудани хараҷоти зиёд сабаб мешавад.

Кони ангишти Фон-Яғноб дар ҳавзаи дарёҳои Фон ва Яғноб, дар баландии 1700-2500м. ҷойгир шуда, аз 18 – қабат иборат мебошад, ки ҳар яке он қабатҳо аз 0,5м. то 12 м. ғафсӣ доранд. Захираи умумигеологии ангишти Фон-Яғноб қариб ба 2 миллиард тонна мерасад.

Дар ҳудуди ноҳияи иқтисодии Зарафшон инчунин кони ангишти Киштут-Заврон ҷойгир шудааст, ки захираи умумии он 850 млн.т. буда, аз 48 қабати ангишт ташкил ёфтааст, ки ғафсии баъзе қабатҳои он то 3 метр мерасанд.

Ангишти ҳавзаи Фон-Яғноб дорои сифати баланд буда, 86 фоизи онро ангишти коксшаванда ташкил мекунад. Ҳоло як қисми он барои қонеъ гардонидани талаботи комбинати металлургии кӯҳии Анзоб истифода бурда мешавад.

Дар оянда истеҳсоли ангишт дар ин ҳавза, аз беҳтар намудани роҳҳои нақлиётии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Зарафшон вобастагӣ дорад.

Кони ангишти Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд воқеъ гардидааст. Ангишти кони Шӯроб сиёҳтоб буда, қабатҳои ангишт қариб 25-то ва ғафсии умумии онҳо ба 35 метр мерасад. Захираи ангишти он 500 млн.т. буда, хокистарнокиаш аз 3-30 фоизро ташкил медиҳад. Дар айни замон истеҳсоли ангишт дар ин кон хеле кам гаштааст, зеро бисёр шахтаҳо хароб шудаанд. Ин ангишт то солҳои 90-ӯм ба сифати сӯзишворӣ дар Шимоли Тоҷикистон ва қисман дар роҳи нақлиёти роҳи оҳани Осиёи Миёна бо сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешуд.

Конҳои ангишти Зиддӣ, Моғиён, Тошқутан, Сайёд, Назарайлоқ, Шӯробод, Равнов, Куртекка низ аҳмияти иқтисодӣ доранд.

Аз ин конҳои номбурда танҳо дар кони Назарайлоқ ба миқдори кам ангишт истихроҷ карда мешавад, ки он аҳамияти дохили ноҳиявӣ дорад. Ангишт дар соли 2001 ба 24,2 ва дар соли 2010 ин рақам ба 199,7 ҳазор тонна мавриди истихроҷ қарор дорад.

  1. Саноати нафту газ – Аз солҳои 60-ӯми асри гузашта дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои тадқиқотӣ-геологӣ ривоҷ ёфт, ки дар натиҷа як қатор конҳои нафту газ дар худуди вилояти ҳозираи Суғд, вилояти Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шуданд. Инҳо конҳои нафту гази Равот, Ниёзбек, Айритон, Қарақчиқум, Кичикбел, Қизилтумшуқ, Оқбошадир, Қурғонча, Шоҳамбарӣ, Бештентоқ, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. Аз соли 2001 нафт дар заводи нафткоркунии Шоҳонаи Конибодом кор карда мешавад. Нафте, ки дар ҷануби ҷумҳурӣ мавҷуд аст, сифаташ паст буда, асосан барои истеҳсоли битум кор карда мешавад, ки он барои мумфарш кардани роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад.

Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшуқ ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад. Гази Қизилтумшуқ асосан ба корхонаи нуриҳои Азотии Вахш дода мешавад. вале захираи он ночиз аст ва талаботи асосӣ бо гази табиӣ аз ҳисоби гази Узбекистон таъмин карда мешeавад.

Истилоҳи нафт аз калимаи арабии «нафата» бармеояд, ки маънояш «ҷаҳидан» мебошад. Нафт дар Осиёи Миёна аз замони Искандари Мақдунӣ маълум буд.

Нафти водии Фарғонаро ҳанӯз дар асри XII медонистанд. Дар деҳаи Селроҳа, ки дар байни Конибодому Исфара ҷойгир буд, нафт рӯи замин ҷаҳида мебаромад. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ кони Селроҳа, ҳоло кони «КИМ»-и ноҳияи Исфара бо техникаи замонавӣ таъмин гардид ва ҳар соле то 10 ҳазор тонна нафт истеҳсол мекард. Нафт ва гази табиӣ дар натиҷаи дар қабати ҷинсҳои такшини баҳрӣ (оҳаксанг, гил, регсанг) пӯсидани ҷинсҳои органикӣ (хусусан сакропелитҳо) ба вуҷуд меояд. Баъд, нафту газ аз даруни ҷинсҳои нафт ҳосилкунанда ба тарқишҳо ба дохили ҷинсҳои ковок ва сурохдор ҷаҳида мегузаранд. Чунин ҷинсҳои ковокро коризҳои (колектор) нафту газ меноманд. Қабатҳои ҷинсҳои нафтдор одатан, дар байни табақаҳои ҷинсҳои кӯҳии зичи обнагузаранда (масалан, гилҳои сахт) ҷойгир мешаванд.

Ҳоло захираҳои умумигеологии нафт дар ҷаҳон мувофиқи дурнамо 800 млрд.тоннаро ташкил мекунанд, аммо захираҳои истифодашавандаи нафт 300 млрд. тонна буда, захираҳои асосӣ ба Арабистон Саудӣ, Қувайт, Эрон, Венесуэла ва Русия рост меояд.

Дар Тоҷикистон якчанд конҳои нафту газ, аз ҷумла конҳои «Нефтобод» дар Исфара, конҳои Айритон, Селроҳа, Ниёзбек, Маҳрам, Равот дар Шимоли Тоҷикистон, конҳои Бештентоғ (Восеъ), Кичикбел ва Окбошадир, Шоҳамбарӣ дар ҷануби Тоҷикистон маълуманд.

Дар Тоҷикистон 13 кони газ ба ҳисоб гирифта шудааст, аз он ҷумла 7-тои он дар Шимолӣ мамлакат ва конҳои гази Қизил Тумшуқ (Ҷаллолидини Румӣ) ва Шоҳамбарӣ дар қисми Маркази мамлакат маълум карда шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 100 сохторҳои эҳтимолии нафту газдор муайян карда шудаанд. Аксарияти ин зерсохторҳо дар водиҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Кӯлоб ҷойгир шудаанд. Истифодаи захираҳои нафту газ ба манфиати хоҷагии халқ аз тараққиёти устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли нафт зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда то соли 1990-ӯм ба зиёда аз 320 ҳазор тонна расида буд.

Нафт (ҳамроҳи конденсати газ)дар соли 2001 ба16,1 млн.м3 ва ин

рақам дар соли 2010 ба 27,0 млн.м3 ташкил дод, аммо, газ бошад

дар соли 2001 ба 51,2 ва нисбат ба соли 2010 ин рақам ба 22,8

млн. м3 муайян карда шуд[1];

3. Саноати электроэнергетика – Саноати электроэнергетика дар Тоҷикистон аз солҳои Ҳокомияти Шӯравӣ тараққӣ карда меояд. Асоси саноати энергетикаро истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби захираҳои об ташкил менамоянд. Аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон ба ҳар нафар аҳолӣ (ба ҳисоби миёна) дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Сохтмони ГЭС – ҳо аз солҳои 30-ӯм сар шуд. Дар солҳои баъди 50-ӯм дар дарёҳои Сир ва Вахш як қатор истгоҳҳои барқи-обӣ сохта шудаанд. Дар баробари истгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ҷумҳурӣ якчанд истгоҳҳои олавӣ низ бунёд гардиданд.

Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 16,5 млрд.кВт/с ташкил менамояд.

Калонтарин истгоҳҳои барқии обӣ: Норак иқтидораш 3млн.кВт, Сарбанд (210 ҳазор кВт), Сангтуда 2, Бойғозӣ , Қайроқум (126 ҳаз.кВт) дар дарёи Сир ва истгоҳҳои барқии олавии Душанбе (223 ҳаз.кВт), Ёвон (180ҳаз.кВт) ба ҳисоб мераванд.

Хусусияти сохтмони истгоҳҳои барқии обии ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчанто истгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани истгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи обии дарёҳо мегардад. Ҳоло дар ҳавзаи дарёи Варзоб силсилаи истгоҳҳои барқии обии Варзоби Боло, Варзоби поён, Варзоб; дар дарёи Вахш – истгоҳҳои Шаршара, Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда 1, Сангтӯда 2 сохта шудаанд. Дар дарёҳои Сир, Бартанг, Ванҷ, Ғунт истгоҳҳои хурди барқии обӣ алоҳида ба кор даромаданд. Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ 286 нерӯгоҳҳои хурди обӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дигар хусусияти истгоҳҳои барқии обӣ аз он иборат аст, ки обанборҳои онҳо ба ғайр аз истеҳсоли қувваи барқ, инчунин барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезӣ, обёрикунии заминҳои корам ва аз об таъмин намудани шаҳру деҳаҳо шароит фароҳам меоваранд.

Дар оянда аз ҳисоби захираҳои бузурги обӣ дар Тоҷикистон сохтмони як қатор истгоҳҳои барқӣ ба анҷом расонда хоҳад шуд. Инҳо истгоҳҳои обии Роғун, Шӯроб, Даштиҷум ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Адади соатҳои истифодаи иқтидори миёнаи солонаи муқарраршуда дар соли 2001-3249 ва ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 3780, аз он ҷумла истгоҳи барқи обӣ ба 3612 дар соли 2010 рост меояд. Иқтидори истгоҳҳои барқи ва истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ :

истгоҳҳои барқи ҳамагӣ: иқтидор дар соли 2010 ба 5105.кВт, истеҳсоли қувваи барқ ба 16435 млн.кВт/с аз он ҷумла истгоҳҳои барқи обӣ ба 4787 ва истеҳсоли қувваи барқ-16401 млн.кВт/с мерасад.

Адабиёт :

  1. Атласи геог.Тоҷикистон.-Душанбе, 2004, саҳ. 6-26;
  2. Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. – Душанбе: «Дониш» 1994,саҳ.90.
  3. Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои системаи кредитӣ. – Душанбе, 2007, саҳ.30-46;
  4. Кабутов М. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2003,саҳ.99.
  5. Ш.Ғаффоров, Ғ.Хочаев, А.Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо.-Душанбе: «ДДТТ»., 2004, саҳ.93-103;
  6. Омори солона,2011,сањ.443,447.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *