Қонуниятҳо, шартҳо ва омилҳои ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда

  1. Қонуниятҳои ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда
  2. Шартҳои ҷойгиршавии истеҳсолот
  3. Омилҳои таъсиррасон дар ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда

          Дар шароити ташаккул ва инкишофи муносибатҳои бозоргони қонуниятҳои муайян дар ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ошкор мегарданд. Онҳо дар натиҷаи ташакулёбии қонунҳои тараққиёти ҷамъияти дар давраҳои муайяни таърихи амал мекунад.

  Қонунҳои ҷойгиркунони қувваҳои истеҳсолкунанда, аз ҳама пеш муносибатҳои умумиро байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҳудудҳои муайян ифода менамоянд. Ба муҳимтарин қонунҳои ҷойгиркунии истеҳсолот дар шароити гузариш ба тарақиёти муносибатҳои бозоргони инҳо дохил мешавад.

  1. Оқилона ва ҳарчи самаранок ҷойгиркунии истеҳсолот;
  2. Тарақиёти комплексии ноҳияҳои иқтисоди ва ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии мамлакат;
  3. Тарақиёти оқилонаи меҳнатии байниминтақаҳо ва дохили минтақаҳо;
  4. Дар сатҳи баробар инкишоф додани дараҷаи тарақиёти иқтисоди ва иҷтимоии минтақаҳо.

  1. Самаранок ҷойгир намудани истеҳсолот, ин мазмуни онро дорад, ки ягон соҳаи саноат, сохтмон ва ё кишоварзи бе назардошти принсипҳои ҷойгиркунии соҳаи мазкур дар минтақаҳои муайяншуда тарақиёти фоиданоки худро, таъмин карда наметавонанд. Принсипҳои ҷойгиркуни талаб мекунад, ки ҷойгиршавии захираҳои табии, роххои нақлиёт, сарчашмаҳои сузишворию энергетики, қувваҳои коргари ва ғайра ҳатман асос дониста шаванд, зеро ба кашондани ин захираҳо аз масофаҳои дур зарурият мемонад ва ин боиси кам гардидани хараҷот гардида, самараноки иқтисодии ин соҳа ва ё корхонаро таъмин мегардонад. Азбаски чунин территорияҳо дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад, аз ин хотир яке аз вазифаҳои баланд бардоштани самараноки, ин кам намудани хараҷот бо роҷи харҷи камтар кашондани борҳо аз масофаҳои дур ва наздигтар ҷойгир намудани соҳаҳои истеҳсолоти масолеҳғунҷоиш ба сарчашмаҳои ашёи хому соҳаҳои сузишвори энергетики ба мақсад мувофиқ мебуд.

      Дар самараноку сарфакорона ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат, коомпратсия ва комбинатсия намудани техналогияи навтарин ва истеҳсолоти бепартов хело зарур аст. Дар баробари ин ҷойгиркунии самараноки қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибати оқилона ба захираҳои табии, сарфакорона ва ҳарчи бештар ҳифз намудани шароитҳои экалогиро талаб мекунад. Дар ин маврид кам намудани исрофкори ҳангоми истихроҷи маъданҳои куҳи, андешидани чораҳои иловаги баҳри барқарор намудани муҳити атроф, махсусан ҳифзи бешаю буттазор ва захираҳои обуз амин аҳамияти калон пайдо мекунанд.

   2. Тараққиёти комплексии хоҷаги ноҳияҳои иқтисодии мамлакат ва дигар субъектҳои он, ин мазмуни таносуби дурусти соҳаҳои тахассусие, ки маҳсулоти худро ба фуруш бароварда на ин, ки талаботи аҳоли, балки талаботи дигар соҳаҳои асоси ва инфраструктураи дохилиро таъмин мекунанд, фаҳмида мешавад. Ҳар як ноҳияи  иқтисоди  дорои  соҳаҳои асоси ва  иловагию  ёрирасон мебошад. Масалан; ноҳияҳое ҳастанд, ки дар тақсимоти меҳнати умумиҷумҳурияви бо истеҳсоли маҳсулоти соҳаи пахтакори ва баъзе соҳаҳои дигари зироатпарварию чорводори ҳиссаи бештар доранд.

       Аз дигар тараф ҳар як ноҳияи иқтисодии мамлакат дорои иқтидори зиёди захираҳои табии буда, бо шароитҳои ба худ хоси иқтисодию иҷтимои, ки тахассуси иқтисодии онро муайян менамоянд, фарқ мекунанд.

      Дар ҳар комплекс се гурӯҳ соҳаҳои истеҳсолиро фарқ мекунанд. Соҳаҳои саноат, хаҷагии қишлоқ ва хизмат мебошанд, ки вобаста ба иқтидори соҳаҳо ноҳияҳои иқтисоди дар миқёси мамлакат махсус гардонда шудаанд.

       Аз ҳастии шароитҳои беҳтарини иқтисодию табии дар ноҳияҳо, соҳаҳо инкишоф меёбанд ва дараҷаи тараққиёти иқтисодию ҳосилнокии меҳнат дар соҳаҳои ҷудогона ба инкишофи илму техника нисбати дигар ноҳияҳо вобастаги дорад. Соҳаҳои махсусгардонидашуда одатан дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, таркиби хоҷаги он ва шуғли аҳолии ҳамин ноҳияро муайян месозад.

      Аз соҳаҳои асоси махсусгардонидашуда соҳаҳои дигари иловаги ва ёрирасон бевосита вобастаги дорад. Албатта ин чунин маъно надорад, ки ҳар як ноҳияи иқтисоди дорои ҳамаи соҳаҳо бошад. Ҳамаи се гуруҳ соҳаҳои истеҳсоли дар комплекси хоҷагии ноҳияи иқтисоди бояд ба ҳамдигар алоқаи зичи истеҳсоли дошта бошад ва таносуб байни онҳо вобаста ба дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда тағир ёбад. Пайдо шудани номутаносиби байни ин соҳаҳо бевосита ба исрофкори, ласт шудани суръати тараққиёти хоҷаги ва ба нодуруст истифода бурдани захираҳои меҳнати дар ноҳияи иқтисоди меоварад.

      Дар раванди тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда алоқаҳои иқтисодии байниноҳиявии мамлакат пурзур мешавад. Тақсимоти меҳнат сабаси болоравии иқтидори иқтисодии ноҳияҳои иқтисодии алоҳида мегардад.

      Бо ҳамин тариқ. Ноҳияи иқтисоди дар худ хоҷагии ягонаи территоряви бкда ва дар он мақеи асосиро соҳаҳое ишғол мекунанд, ки ба талаботҳои бозори ҷавобгуи бошаду, маҳсулотҳои асоси онҳо барои фуруш пешниҳод карда шавад.

      Комплекси территоряви-истеҳсоли гуфта. Таносуби бо ҳам мувофиқ будаи истеҳсолотиро дар корхонаҳо ва соҳаҳое, ки муносибатҳои зичи иқтисоди ва техналоги бо ҳам алоқаманд доштаро меноманд.

  3. Тақсимоти оқилона территоряви меҳнат байни минтақаҳо ва дар дохили онҳо-ин шарти зарурии самаранок ҷойгиркунии истеҳсолот дар шароити иқтисодиёти бозоргони мебошад.

      Дар давраи ҳозира тараққиёти иқтисодиёт ва инкишофи бозор махсусан барои мукамалнокунонии тақсимоти меҳнат байни минтақаҳо бо роҳи мутаҳиднамудан ва мувофиққкунондани захираҳои меҳнати, таносуби дурусти манфиати давлат бо назардошти манфиати ҳар як минтақаи ҷумҳури ниҳоят зарур аст.

      Тақсимоти территорявии меҳнат ва самаранок ҷойгир намудани соҳаҳои тахассуси дар минтақа ва инчунин дар дохили он, барои баланд бардоштани дараҷаи тараққиёти иқтисоди, зарурияти васеъ намудани истеҳсолот ва баланд намудани фоиданоки он, шароитҳои мусоид  муҳайё месозад.

  4. Ба ягдигар  наздик намудан дарачаи  тараққиёти иқтисодй ва иҷтимоии минтақаҳо. Дар давраи гузариш ба муносибатҳои  иқтисодиёти бозоргонӣ, баланд бардоштани самараноки меҳнат дар истеҳсолот ниҳоят зарур аст. Барои таъмин намудани фоиданокии иқтисодӣ, баробар таъмин намудани фоиданокии иқтисодӣ дарачаи тарақиёти баробари иқтисодию иҷтимоии минтақахо, ноҳияҳо хеле зарур мебошад. Алҳол дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозоргониӣ на хамаи територияҳо, вилоятҳо, ноҳияҳо ва дар дохили онхо марказҳои сераҳолиӣ дараҷаи баробари тарақиёти худро доранд.

  5. Дар замони мо, ки қариб дар ҳамин минтақаҳо, ноҳияҳо дараҷаи зиндаги хеле паст рафтааст ва ниҳоят нобаробар ҳаст, Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба минтақа ва ноҳияҳо, ки зиндаги мардумашон хеле дар сатҳи паст қарор дорад диққати махсус диҳад. Дар шароити Тоҷикистон, ин аосан минтақаҳои куҳсор мебошад. Ин минтақаҳо дар натиҷаинабудани корхонаҳои саноатй ва дигари инфраструктурҳо, махсусан вайрон шудани роҳҳои автомобилгарде,ки  воситаи асоси алоқаи онҳо ба ноҳияҳои маркази ҳаст қариб қатъ шудани нақлиёти ҳавоиё ,набудани роҳои оҳан ва дигар намудҳои алоқа,бакори ғайра сабабҳои ниҳоят паст гардидани стҳи зиндагимардуми минтақаҳо     куҳсор гардидааст.

      Ба ин минтақаҳо Куҳистони Бадахшон гуруҳи ноҳияҳои Рашт,қисмати куҳистори минтақаи Кулоб Ҳисор ва Зарафшон ,ки зиёд аз80% масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад,дохил мегардад.

      Аз чиҳати дигар дар ҳудуди минтақаҳои куҳистони мамлакат захираҳои бузурги об,гидроэнергетика , ашиёои маъдани захираҳои бои рекретсиони , (ҷойҳои табобату дамгири аҳолй ) минтақаҳои туризм обҳои шифобахши минералй ва ғайра ҷойгир шудаанд.Дар оянда аз худ намудани ин бойгариҳо баҳри рушду раванақи иқтисодиёти минтақаҳои куҳистон имконият медиҳад.Тоҷикистон,ки зиёда аз 93%масоҳати онро куҳу доманакуҳо ишғол кардаанд ва тарақиёти иқтисодиву иштимои ин минтақаҳо , ба дараҷаи тарақиётитамоми мамлакат мусоидат мекунад.Барои ҳалли дурусти ин проблемаҳо маблғҳои дарунивудохилиро истифода бурдан лозим меояд. Махсуан дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ҷалб намудани инвесититсияи хориҷи барои дар аиал тадбиқнмудани тараққиёти мунтазамииқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат аҳамияти калон пайдо мекунанд.    

      Дар баробари ба назар гирифтани қонуниятҳои ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, инчунин донистани шартҳои ҷойгиркуни, низ аҳамияти калон дорад. Агар қонуниятҳои ҷойгиркуни ҳақиқати  обективиро дар соҳаи ҷойгиркунии истеҳсолоти ҷаъмияти ифода кунад, пас шартҳо ин ифодакунандаи дар сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

      Шартҳои ҷойгиркунии истеҳсолот бояд барои дуруст ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, дар байни ноҳияҳо беҳтар намудани тақсимоти меҳнат тарақиёти коплекси ва муқарар намудани алоқаҳои байни ноҳияви мусоҳидат намояд. Шартҳоро ҳачун усулҳои хоҷагидори фаҳмидан мумкин аст.

      Ба назардошти қонунятҳои объектививавазифаҳои умуми ҷойгиркунии истеҳсолот шарҳои умуми зеринро ҷудо кардан мумкин:

  1. Ба сарчашмаҳои ашёи хом, захираҳои сузишворй-энергетики ва ба ноҳияҳои  истеъмолкунандаи маҳсулотҳои наздик овардани истеҳсолот :

  2. Дар навбати аввал аз худ карда бо таври комплекси истифода намудани захираҲои табии.

  3.  Самаранок ҷойгир намудани қуваҳои истеҳсолкунанда дар тамоми мамлакат.

  4. Нигоҳ доштани Ҳолати экологй,андешидани чорабиниҳои самаранок оиди ҳифз ваистифодабари оқилона захираҳои табии.

  5. Дар амал тадбиқ намудани афзалиятноки ва манфиатнокии иқтисодии тақсимоти байналхалқии меҳнат ҳангоми инкмшофу самарвнок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда.

  1. Яке аз шартҳои ҷойгикунии қувваҳои истеҳсолунанда ,корхонаҳои истеҳсолиро ҳарчи наздик намудан ба срчашмаҳои ашёи хом ,сузишвори.энергия ва ноҳияҳои истеъмолкунандаи маҳсулот мебошад. Ин чорабини барои ҳалли масъалаҳоикам ва ё тамоман барҳам додани баркашони ғайрисамаранокро аз масофааи дур , кам кардани хароҷоти меҳнат ва баланд бардоштани самараноки истеҳсолотро таъмин менамояд.Ин шарт дар шароити иқтисодиёти бозоргонй аҳмияти калон пайдо мекунад.Ҳангоми Сухан аз боби наздик намудани корхонаҳои истеҳсоли ба сарчашмаҳои ашёи хом равад, мавҷудиятисачашмаҳои калони ашёи хом ва сузишвориро ба мақсади таъмин намудани фаъоляти онҳо дар ҳама давраи истеҳсолиашон муҳим дониста мешавад.Махсусан соҳаҳои энергияталаб дар ҳастии сарчашмаҳои сузишворӣ ва энергетикӣ ба мақсад наздик аст. Масалан, корхонаҳои металлургияи ранга (истеҳсоли алюминий, магний) ё соҳаҳои саноати кимиё ба захираҳо ва энергияи электрики эҳтиёҷ доранд.

      Ҷойгир намудани соҳаҳои металлургияи сиёҳ ва мошинасозии вазнин, низ дар асоси шарти наздик, ҷойгир намудани онҳо ба сарчашмаҳои ашёи хом сохта мешавад. Истеҳсоли маҳсулотҳои  саноати сабуку хуроквори бошад асосан дар ноҳияҳои истеъмолкунандаи маҳсулот ва соҳаҳои истеҳсоли асбобҳои дақиқу радиотехники дар ноҳияҳое, ки дорои захираҳои меҳнатии баландихтисос мебошанд, ҷойгир карда мешавад.

   2. Дар шароити иқтисодиёти бозоргони яке аз шароитҳои навбати ин аз худ кардан ва ба тавтри комплексию самаранок истифода бурдани хелҳои нибатан фоиданоки захираҳои табии аз ҳисоби ҳудудҳои нав мебошад. Зарурияти дар амал татбиқ намудани ин шарт аз он иборат аст, ки дар ҳудуди мамлакат на ҳамаи захираҳо баробар ҷойгир шулаанд, ва имкониятҳои гузарондани корҳои ҷустуҷуйи канданиҳои фоиданок ва ҷойгиршавии иқтисодию географии ноқуллаи онҳо имконияти аз худ кардани ин захираҳои табииро хеле мушкил мегардонанд.

       Аз ин лиҳоз, коркард ва дар амал тадбиқ намудани барномаҳои мақсадноки махсус барои аз худ намудан ва ба истифода додани захираҳои нисбатан самараноки металҳои ранга, металҳои асли ва сангҳои қиматбаҳо, захираҳои сузишворию энергетики, барои баробар намудани дараҷаи тараққиёти ноҳияҳои гуногуни мамлакат аҳамияти калони иқтисоди-иҷтимои доранд.

   3. Самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҳудуди мамлакат ба ҳама даврвҳои тараққиёти ҷамъият хос аст. Вазифаҳои асоси баланд бардоштани самараноки инҳоянд: сафарбар намудани ҳамаи манбаҳои афзоиши меҳнати ҷамъиятӣ: тараққиёти комплексии хоҷагии халқи минтақаҳо.

       Бо назардошти тавофути минтақавӣ дар Сар намудани хараҷотҳои якхела ҳам дар саноат ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ, миқдори якхелаи маҳсулдотро дар территоряҳои мамлакат, аз ҷойгир намудани истеҳсолот бо хароҷотқои кам ва ё зиёд, ба даст овардан мумкин мегардад.

       Бинобар дуруст ташкил намудани тарҳсози территория самараи зиёди иқтисодӣ медиҳад, ба ивази ин як миқдори фоида аз ҷори намудани инкишофи илму техника ва дигар омилҳо низ ба даст меояд.

   4. Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисодиёти бозори корхонаҳои баъзе соҳаҳо бе назардошти ҳифзи табиат ва муҳити атрофии маҳал ҷойгир карда шудаанд, ки ин дар ҷойгиркунии истеҳсолот хатои маҳз аст. Бояд дар назар дошт, ки ҳар як корхонае, ки барпо меёбад, ин як қисми системаи территорявӣи муайян мебошад, ва аз он, ки чи гунна ин корхона ба ин система мутобиқ мегардад, ҳама самаранокии корхонаи мазкур ва ҳам самаранок тараққӣ ёфтани ҳамаи он системаҳое, ки ин корхонаҷойгир карда шудааст, мегардад.

   5. Дар тули солҳои 1992-2005 дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик тағиротҳои куллӣ ба амал омадаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҳама мамлакатҳои ҷаҳон дар доираи тақсимолти байналхалқии меҳнат сурат мегирад. Равобитаҳои берунӣ баҳри истифодаи комёбиҳои илмиютехникии ҷаҳон дар баланд бардоштану тезонидани пешрафти иқтисодиёти ҳар як мамлакат шароитҳои муҳим фароҳам меоварад. Дар баробари ин муносибатҳои байни давлати бояд дар асоси риоя намудани меъёрҳои баробарҳуқуқӣ, боварӣ, манфиати тарафайн ва риояи мустақилиятӣ асос ёбанд.

       Яке аз шаклҳои муҳимтарини ҳамкори байни мамлакатҳои хориҷи ин шартномаҳои дутарафаи байнидавлати мебошанд.

       Дар шароити ҳозира шаклҳои асоси ҳамкори ба мамлакатҳои ххориҷи, ин ба роҳ мондани маблағгузории якҷоя ва сохтмони объектҳои хоҷаги дар мамлакат, барпо намудани корхонаҳои муштарак, ҳамкори дар соҳаҳои молтя ва банк, ҳамкорӣ дар соҳаи савдои беруни ва ғайра мебошад.

       Дар болоравии хоҷаги дар шароити иқтисодиёти бозоргони барпо намудани минтақаҳои озодӣ соҳибкорӣ таъсири хуб мерасонад. Инро таҷрибаи мамлакатҳои Хитой, Туркия ва Рассия исбот мекунанд.

       Дар баробари қонуниятҳо ва принсипҳои (шартҳои) ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, омилҳои гуногуни ҷойгиркунии корхонаҳо ва тараққиёти ноҳияҳои гуногунро ба назар гирифтан зарур аст.

       Омилҳои ҷойгиркуни гуфта, маҷмуи шароитҳоеро, меноманд, ки дар самаранок ҷойгиркунии объектҳои хоҷаги, соҳаҳо ва ё ташкили таркиби хоҷаги, ҳудуди муайяни ноҳияи иқтисодӣ ва комплексҳои територявии истеҳсолӣ ( КТИ ) таъсири мусбат расонанд.

       Омилҳоро ба гуруҳҳои зери ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Захираҳо ва шароити табиӣ.
  2. Шароитҳои иқтисодӣ
  3. Шароитҳои экологи
  4. Омили демографӣ ва захираҳои меҳнатӣ
  5. Омили ҳолати зерсохтори (инфраструктураи) иҷтимоӣ.

Омилҳои ҷойгиркуние, ки ба гуногунии териториявии захираҳо ва шароитҳои табии алоқаманданд, мавқеи муҳимро мебозанд.

       Ба ин омилҳо, дар навбати аввал захираҳои табиӣ сузишворию-энергетики, ашёҳои минерали, замин, ҷангал ва об таалуқ доранд.

       Гуруҳҳои дигари омилҳои ҷойгиркуни, ки бо гуногунии территорявии муҳити табии алоқаманданд, шароитҳои табиию-иқлимӣ номида мешаванд.

       Ба шароитҳои табиию-иқлимӣ:-олами наботот иқлим, хок сатҳи маҳал, ва ғайра бохил мешаванд. Ин омилҳо ба иқтисодиёт, сохтмон ва тахасуси соҳаҳои кишоварзӣ, сатҳи зисту зиндагии лҳоли, инчунин ба техналогияи истеъсолот низ таъсири калон мерасонанд.

      Релефи маҳалл, таркиби хок, майдоне, ки дар он ҷо корхонаҳои саноатӣ ва ё манзилҳҳои истиқомати сохта мешаванд, низ метавонанд, таъсири калон расонанд. Номуътадили шароитҳои иқлими боиси қимат гардидани ҳама намудҳои корҳои сохтмонию-васлкуни мегардад, ки ин барои ҳавасман гардонидани коргарон дар чунин шароити номуътадили иқлими ҳар чӣ бештар баланд намудани музди корро талаб мекунад.

      Захираҳои  об дар шарити ҳозираи тарақиқёти иқтисодий як аз омилҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад . Захираҳои об махсусан дар шароити  Тоҷикистон сарчашмааи бузургтарин истеҳсоли қувваи бақ ба ҳисоб меравад .Дар баъзе соҳаҳои саноати базахираи калони об истеҳсолот қатъ мегардад (масалан дар соҳаи металлургия ). Дар шароитеки талабот ба об доимо зиёд шуда истода аст ,истифодаи самараноки захираҳои он хеле зарур мебошад . Ба соҳаҳое, ки талабот ба он зиёд дорад ,ин саноати Кимё ,саноати нассоҷи ,махсусан соҳаҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагин ва абрешим , инчунин металлургияи ранга  ва ғайра дохил мешавад.Дар инҷо фақат соҳаҳои номнавис шуданд ,ки дар мамлакати мо соҳаҳои асосии   саноат ба ҳисоб меравад .Дар шароити ҳозира ба он нигоҳ накарда, ки об манбаи ҳаёт аст,то алҳол  масалаи баҳои иқтисодй додан ба захираҳои обии мамлакат ҳалли худро наёфтааст. Муқаррар  намудани муз два лимит баро истифодабарии об дар корхонаҳову муасисаҳо,ҷори намудани ҷаримаҳо бари аз меъёри  муқарраршуда зиёд саф кардани об ва дигар чорабиниҳо барии камтар ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои об имкониятиҳои муҳим фароҳам меоварад .

      Истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин низ дар шароити Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шарванд мебошад . Масоҳати умумии замини Тоҷикистон -14255,4 ҳаз га-ро ташкил медиҳад . Ҷамъи заминҳои истифодаи кишоварзй -4629,4 ҳаз .гз – ро  Буда аз он ҷумла -3761,5 ҳаз га -81% онро чарогоҳҳо ;720,2ҳаз га –ро мазравҳо ;102,4ҳаз га-ро ниҳолҳои бисёрсола 2,02ҳаз га –ро дарахтони бисёрсола вафақат -22,3 ҳаз га –ро замини алафдаравй;23,0 ҳаз га –ро заминҳои партов ишғол кардаанд .Ба ғайр аз ин бояд дар назар дошт ,ки ҳарсол даҳҳо гектар замиҳои корамро барои сохтани манзилгоҳ корхонаҳои саноати ва нақлиёт вағайра истифода мебаранд .Бинобар дар шароити Тоҷикистон истифодаи самараноки замин вазифаи муқаддаси ҳар як сокинт мамлакат шуморида мешавад .

      Дар шароити ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда омили демографиниз мавқеи муҳимро мебозад.Зеро аз мавҷудияти қувваҳои коргарй на танҳо  тараққиёти ҳозира балки ояндаи ин корхонаю муассисаҳои вобастаги калон дорад.Дар ноҳияҳое, кибари зиндагони одамон ҷойгир кунем,ки меҳнатталаб небошанд.Баръакс корхонаҳое ,ки меҳнатталабандбояд дар ноҳияҳои  сераҳоли ҷойгир карда шавад.

       Тоҷикистон, ба минтақаи аз захираҳои меҳнати барзиёд дохил мешаванд, аз ин лиқоз дар оянда ҷойгир намудани соҳаҳое, ки ба қувваи коргари талаботи зиёд доранд, ба мақсад мувофиқ мебошад. Агар аз як тараф ин барои таъмин намудани шумораи зиёди бекорон ба ҷои кор сабаб шавад, аз тарафи дигар ин боиси пас шудани шиддатнокии бозори меҳнат ва беҳтар шудани вазъияти иҷтимоию иқтисоди аҳоли сабаб мегардад.

       Аз омилҳои дигаре, ки дар ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири назаррас мерасонанд, ин омили нақлиётӣ мебошад, зеро Тоҷикистон мамлакати куҳсор Буда ва бе тараққиёти намудҳои гуногуни нақлиёт, махсусан, нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, алоқаҳои иҷтимоию-иқтисодии дохили ва берунии онро таъмин намудан ғайри имкон аст.

       Нақлиёт на танҳо алоқаҳои дохилиноҳиявӣ ва беруниноҳиявиро таъмин мекунад, балки дар тараққиёт ва аз худкунии ҳудудҳои нави мамлакат низ таъсири калон мерасонад.

       Дар ҷойгиркунии  қувваҳои истеҳсолкунанда мавқеи махсусро омилҳои экологӣ ишғол мекунанд. Ҳифзи табиат, на танҳо боиси сарфакорона истифодабарии захираҳои табиӣ, балки барои тоза нигоҳдории обумҳавои атроф роли муҳимро мебозад. Яке аз манбаъҳои асосии ифлос гардидани фазои мамлакат заводи алюминий, заводҳои кимиёвӣ, муассисаҳои коммуналӣ ва заводи сементи ва нақлиёти автомобили мебошанд. Ин корхонаю муассисаҳо дар тараққиёти иқтисодии ҷумҳури саҳми зиёд доранд, аммо омили ифлос намудани муҳити географиро низ набояд аз мадди назар дур кард. Дар хоҷагии қишлоқ низ ҳангоми ғайриоқилона истифода бурдани нуриҳои минерали ва заҳрхимикатҳо боиси ифлосшавии обҳои нушокӣ ва фазои атмосфера мегардад.

       Барои саломатии одамон ва муҳити атроф истифодаи моддаҳои заҳрнок, ки дар таркиби хок, аз портовҳои  корхонаҳои саноати  ҷамъ мешаванд , зарари ниҳояд зиёд меоваранд .Онҳоро ба се гуруҳ ҷудо месозанд:ба гуруҳи якум марги муш ,қадми , симоб ,сурб ,руҳ ва фтор ; ба гуруҳи дуюм бор қалъаги  ,мисс ,молибден ,хром ба гуруҳи сеюм ; Берий ,ванадей ,манган ,волфрам ,ва строници дохил мешаванд .

        Дар ҳудуди корхонаҳои металлурги ва Кимёҷойгир будани ин модаҳои заҳрдор боиси дар таркиби хоку растаниҳо ҷамъ шудани онҳо шуда ба саломатии одамон хавфи зиёд меоварад.

        Омили муҳимтарини иқтисодиёт ҷойгиркунии истеҳсолот ,инкишофи илму техника ба ҳисоб меравад.Ҷараёни мунтазами тараққиёти илму техника ва теналогияи муккамалтар намудани воситаҳои меҳнат ,шакл ва усули воситаҳои меҳнат ва истеҳсолот дар ҷойгиркуни қувваҳоиистеҳсолкунандаи мамлакат таҳсири ниҳояд калон месозад .

      Дар шароити ташакулёбии иқтисодиёти бозоргонй ,инкишофи илму техника ,тағироти кули таркибй ва сифати фондҳои асосии истеҳсолиро ба миён меоварад.Ҳалли масъалаи самаранокииистеҳсолоти ҷаъмияти дар мамлакат танҳо дар шароити суръатноки баланди инкишофи илму техника имконпазир аст.

      Хулоса дар ҷогиркуни қувваҳои истеҳсолокунандаи мамлакат ҳиссаи ҳамаи омилҳои номбурда хеле калон ҳаст. Аз ҷиҳати тқтисоди асоснок намудани ҷойгиркуни қувваҳои истеҳсолкунанда бо назардршти ҳамаи омилҳои мавҷуд дар шароити гузашта ба муносибатҳои иқтитсодиёт бозоргони баро беҳтар намудани самаранок истифода бурдани захираҳои табий,захираҳои он ва инкишофи комплекси минтақаҳоимамлакат имкониятҳои калон фарҳам меоварад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.