Предмет, усул ва вазифаҳои ҷуғрофияи иқтисодӣ ва асосҳои демография

  1. Асосҳои назариявии фан
  2. Вазифахои фанни географияи иктисодӣ ва демография.
  3. Методология ва усулҳои илмӣ

 1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ФАН

Ҷуғрофияи иқтисодӣ ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, вазъи демографии, сохти ҳудудии хоҷагӣ ва инчунин ҷараёни ташаккул, такмил ва кор кардани системаҳои ҳудудии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва идоракунии онҳоро мутобиқи шароит ва захираҳои мавҷуда меомӯзад.

Вай қонуниятҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунандаро муқаррар ва тадқиқ намуда, шартҳои ҷойгиршавии истеҳсолот ва омилҳое, ки дар ҷобаҷогузории соҳаҳои гуногуни комплекси хоҷагидорӣ таъсир мерасонад, муайян менамояд. Географияи иқтисодӣ, инчунин бо ҳам алоқамандии табиату ҷамъият, шароит ва захираҳои табии мамлакат, минтақаҳои он, шумораи аҳолӣ, тарзи ҷойгиршавии он ва захираҳои меҳнатиро дар ҳампайвастагию вобастагӣ бо муҳити географӣ ва истеҳсолот низ муқаррар менамояд.

Вай тараккиёти ичтимоию-иктисодии комплексхои хочаги, системахои территориявии он ва комплексхои нави истехсоли-территориявии мамлакатро пешгуи мекунад.

Объекти тадкикоти географияи иктисоди, дар баробари ташкили территориявии хочагии халк, нохиябандии иктисоди, инчунин омузиши робитахои иктисодии дохили нохияви, байни нохияви ва байни давлатхо мебошад.

         Дар шароити пешрафти иктисодиёти бозоргони доираи масъалахое, ки географияи иктисоди меомузад, аз хисоби ба ин раванд дохил намудани муносибатхои молиявию-карзии митакахо, инчунин масъалаи ташаккулёбии бозорхои дохили минтакахо ва байни минтакахо васеътар нишон дода мешавад.

         Ин маънои онро надорад, ки фанни мазкур дар тайёр намудани иктисодчиёни баландихтисоси сохахои гуногуни хочагии халк сахми баланд мегузоранд.Ба таври дигар гуем географияи иктисоди бахри пешрафти омузиши илми ва тахассуси фанхои дигар замина тайёр мекунад. Айни замон дар донишгоххои Илии иктисодии мамлакат ягон Фан, ки максади он омухтани территория бошад, вучуд надорад.Хол он, ки бе дониши территорияви ягон фаолияти иктисоди маънои пурраи худро пайдо намекунад.

         Хусусияти мухими географияи иктисоди аз он иборат аст, ки тадкикотхои он шакли комплекси дошта, халли проблемахои нисбатан мураккабтарини территориявии ба максад мувофикро осон мегардонад.

         Географияи иктисоди, чойгиршавии куввахои истехсолкунанда ва ташкилихочагии территориявиро омухта, ба системаи илмхои иктисоди дохил мешавад. Вай масъалахои назариявиро бо назардошти халли вазифахои дар амал татбикшаванда дар доираи чойгиркунии истехсолот ва бехтар намудани ташкили хочагии нохияхоро, ки рушди самаранокии фаъолияти хочаги ва бехтар шудани зисти ахолии аз онхо вобаста аст, бо хам алокаманд месозанд.Дар баробари ин бо хам алокамандии табиат ва чамъиятро омухта, хамзамон географияи иктисоди дар байни ду шохахои илм-иктисодиёт ва табиатшиноси дар холати ба хам пайваст гардидани ин ду шоха, мавкеи худро ишгол кардааст. Вай тарзу усулхои илмиро бо назардошти азхуднамудан ва самаранок истифода бурдани боигарихои табии, сарфахмрафтани алокамандии ходисахои табии ва чамъиятию-иктисодиро меомузад.

         Дар инкишофи иктисодиёти чамъияти мухити географи, макоми махсус дошта, он ба раванди тараккиёти чамъият таъсири назаррас мерасонад.

         Мухити географии-ин доираи амалиёти бо хам якчояи чамъияту табиат буда дар худуди табакахои географии замин вучуд дорад.

         Боигарихои табиат, ки кисми чудонашавандаи мухити географи мебошанд, асоси табии тараккиёти истехсолоти чамъиятро ташкил медиханд. Кисми зиёди натичахои хозираи фаолияти истехсолии одамон, ки дар мухити географи мегузарад, яке аз мухимтарин шартхои инкишофи минбаъдаи куввахои истехсолкунанда дар худуди муайян мебошад. Истехсолоти чамъияти бо шароитихою захирахои табии, ахолии ва хусусиятхои таърихию анъанахои истехсолиаш дар территорияхои муайян чойгир шуда инкишоф меёбад.

         Мухити географии метавонад, ки суръати равиши тараккиёти чамъиятро тезтар ва ё сусттар гардонад, вале он омили истехсоли шуда наметавонад.Мавкеи мухимро муносибатхои истехсоли мебозад, ки  аз раванди истехсолоти модди мураттаб меёбад.Тараккиёти чамъият нисбат ба тагиротхои мухити географи хеле тезтар амал карда, нисбатан серхаракатанд ва хар як мамлакат, ки такрибан дар шароитхои якхелаи табии мебошанд, аз якдигар бо характери муносибатхои истехсоли, дарачаи тараккиёти иктисоди ва холати пешрафти куввахои истехсолкунандаашон бо кули фарк мекунанд. Танхо хусусиятхои мухити географиро ба асос гирифта, мавчудият ва ивазшавии  формацияхои чамъиятию иктисодиро фахмидан гайриимкон аст. Аз ин ру ба тарики илми асоснок намудани конуниятхои тараккиёт ва чойгиршавии истехсолот дар хар яке аз формацияхо нихоят душвор аст.

         Бо вучуди он чамъият худаш фаъолона ба табиат таъсир расонда, онро барои конеъ гардонидани талаботи худ мувофик мегардонад.Таъсири муайян расондан ба табиат аз дарачаи тараккиёти иктисодии чамъият муайян карда мешавад.

         Бо мурури баландшавии дарача тараккиёти истехсолоти чамъияти, илм, техника, алокаи инсон ба мухити географи бозхам равнак меёбад. Конуният- хои табиатро азхуд намуда, инсон харчи бештар боигари ва кувваи онро ба манфиати худ истифода мебарад.Чамъияте, ки дар асоси илм конунхои табиатро меомузад, зиёд ва ё кам хам бошад, таъсири мухити географиро ба истехсолот идора намуда, онро барои манфиятхои давлат ва чамъият истифодаю назорат менамояд.

         Дар чараёни истехсолот, чамъият нафакат боигарихои табииро барои таъмин намудани талаботи худ истифода мебарад, балки мухитро низ тагир дода, боз имконияти дигаргун сохтани асосхои табиатан модии тараккиёти чамъиятиро низ дорад.

         Пас аз пош хурдани Хукумати Шурави, Точикистон бо рохи ташаккули муносибатхои иктисоди бозоргони дохил шуда, шаклхои гуногуни моликиятро кабул карда, аз системаи идоракунии фармоиши-маъмури ва иктисодиёти марказиятноки плани даст кашид.Дар чунин шароит асосхои тадкикоти методологи дар низоми илми, аз он чумла илми геграфияи иктисоди низ тагйир ёфтанд.

         Дар давраи гузариш ба муносибатхои бозогони, мамлакатро бухрони шадид сиёсию-ичтимои фаро гирифт.

         Барои баромадан аз чунин бухрон ба мо лозим омад, ки тачрибаю модулхои давлатхои ба иктисодиёти бозоргони пештар кадам гузоштаро омухта, тачрибаи давлатхое, ки дар шароити мо мувофиканд ва дар амал татбик кардани онхо барои пешравии иктисодиёти мамлакат ёри мерасонанд, кабул намоем.

         Дар мамлакатхое, ки пештар ба иктисодиёти бозоргони дохил гаштаанд, самаранок истифода бурдани омилхои асоси ба монанди чойгирони, харочоти ашёи хом, сармоягузории асоси, кувваи коргари ва наклиёт накши асосиро мебозанд.

         2. ВАЗИФАХОИ ФАННИ ГЕОГРАФИЯИ ИКТИСОДӢ ВА ДЕМОГРАФИЯ.

Ба амалбарории хамаи пешрафтхои минтакави ба тараккиёти умумии куввахои истехсолкунандаи Точикистон, сиёсати сохтори иктисодиёти бозори, молияви ва инвеститсиони зич алокаманд мебошанд.Барои тараккиёти мамлакат ва минтакахои он дар оянда тартиб додани барномахои давлатии минтакави мухим буда, амали намудани онхо ба масъалахои географияи иктисоди зич алокаманд мебошанд.

         Дар барномаи пешниход шудаи Хукумати Точикистон барои солхои 2000-2005 ба сифати вазифахои мухимтарини сиёсати тараккиёти ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон, масъалахои зерин барраси шудаанд.

  1. Муккамал намудани асосхои хукуки ва тачрибаи хамкории сохторхои хукумати бо сохторхои махаллахо оиди халли масъалахои иктисоди ва ичтимои.
  2. Мустахкам намудани мустакилиятнокии молиявии вилоятхо, нохияхо дар асоси дастгирии Хукумати Маркази.
  3. Баробар намудани сатхи тараккиёти ичтимоию иктисодии нохияхо бо кумаку дастгирии молияви аз тарафи Хукумати Маркази.
  4. Дар амал тадбик намудани сиёсати давлати хавасмандкуни, оиди тараккиёти минтака ва шахрхое, ки дорои марказхои илми- тадкикоти ва неруи истехсоли мебошанд.
  5. Дастгирии минтакахое, ки хочагидории онхо дар шароити мураккаб мегузарад.
  6. Кумаки модди ба нохияхое, ки сатхи пасти тараккиёти иктисоди, шароити номувофики экологи, вазъи вазнини демографи доранд.
  7. Таъмин намудани фазои ягонаги иктисоди ва озодонаи аз як нохия ба нохияи дигар гузаронидан ва чойгирнамудани молу сармоя ва кувваи коргари дар тамоми каламрави Точикистон.

         Зарурияти барпо намудани системаи самараноки ёрии давлати бахри тараккиёти вилояту нохияхо, ба хотири дар оянда таъмин намудани пешрафту хамоханги ва бохамалакамандии тамоми сохахои хочагии халки мамлакат мебошад.

3.МЕТОДОЛОГИЯ ВА УСУЛҲОИ ИЛМӢ

         Асосхои методологии омухтани фанни “Ҷуғрофияи иктисодӣ” инхоянд: Сарконуни (Конститутсияи) Точикистон, конунхои иктисодиёти бозори, карору конунхое, ки ба масъалахои тараккиёту чойгиркунии куввахои истехсолкунанда ва ташкили хочагии территорияви бахшида шудаанд, инчунин барномахои давлатии ислохоти ичтимои-иктисоди, самтхои асосии сиёсати минтакави ва стратегии давлат ва гайра….

Хангоми омузиши системахои ичтимоию-иктисоди ва территорияви география иктисоди як катор методхои тадкикоти илмиро истифода мебарад, ки мухимтаринашон инхо мебошанд:

         1. Усули барномавии максаднок, дар шароити ташаккулёбии муносибатхои иктисодиёти бозоргони барои ба тарикки комплекси ичро намудани вазифахои зарур ва ичтимоии ахамияти умумиминтакавидошта, ки самаранок ба кор андохтани онхо боиси ичрокунии тадбирхои пешбинишуда ва нишондихандахои мушаххас мегардонанд ва халли онхо тадбики масъалахои дар барнома нишон додашударо дар амал таъмин манамоянд, ахамияти калон дорад.

         Барномахои максаднок бояд, аз тарафи мутахассисон дар давраи нишондодашуда тартиб дода шаванд.Дар барномахои максаднок барои рушди иктисодию ичтимоии минтакахо омилхои зерин ба хисоб гирифта мешавад, расонидани ёри ба шахрвандони алохида ва гуруххои одамоне, ки аз шароитхои ба онхо новобаста дар зинаи пасту камбизоати зиндаги мекунанд ва даромади нокифоя даронд; ёри бахри бехтар намудани вазъи саломатии ахоли, нигох доштани дарачаи баланди маълумотнокии нали наврас ва истифодаи технологияи нав дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, нигох доштани неруи фарханги ва хифзи меросхои мадани.

         Барномахои минтакавии максаднок барои тадбики иктисодиёти бозоргони, интеграцияи иктисоди, махсусноккунии сохахо, баланд бардоштани некуахволии мардум ва чори намудани сиёсати минтакавии давлат бахри ичрои пешрафти сохахои хочагии халк истифода бурда мешаванд.

         Барномахои минтакавии максаднок бо пешгуихои территорияви ва сохави алокаи зич дошта, дар ичрои вазифахои пешбинишудаи тараккиёти териториви равона карда мешавад.

         Хамин тавр барномахои минтакавии ичтимои аз руи вазъияти (статус) худ ба гуруххои хусусияти функсионали дошта ва ичроиши кор аз руи вакти он чудо мешаванд.

         2. Усули тахлили мураттаб (системанок, ба тартиб даровардан) аз руи шарти давра ба давра асос ёфтааст, дар ин чо максадхо, вазифахо, гузориши фарзияхои илмии хаматарафа омухтани хар як системаи территорияви, хусусиятхои чойгиркуни ва тараккиёти куввахои истехсолкунанда (нишондихандахои асостарини аз руи меъёр чойгиркуниро ба монанди, тараккиёти самараноки истехсолот, харчи бехтару пурратар таъмин намудани талаботи ахолии мебошад) то коркарди барномахои дарозмуддати тараккиёти ичтимоию иктисодии хар як системаи территорияви бо назардошти хусусиятхои онхо дохил карда мешавад.

         Усули тахлили мураттаб системахои пурраро бо алокахои беруни ва дохилиашон, масъалахои мураккаби сохави ва территориявиро бо хам алокаманд менамояд, ки ин дар шароити мустакилиятнокии минтака дар давраи баркароршавии муносибатхои иктисодиёти бозоргони хело мухим аст.

         3. Усули баланси (баробари, мувозинати)- яке аз усулхои тадкикоти илми дар иктисодиёти географии мебошад. Бо воситаи ин усул бехтарин таносубхои самаранокии байнисохави интихоб карда шуда, равияи хочагии нохияхои иктисоди муайян карда мешавад.Хамчунин барои он сохахое, ки комплекснокии территорияро пурра месозанд, имконият пайдо мешавад.Балансхо асосан барои тайёр намудани тарзи (роххо, тарик) чойгиркунии истехсолот, аз чихати иктисоди асоснок намудани онхо инчунин асоснок кардани алокахои дохилиминтакави ва байниминтакави зарур мебошанд.Истифодабарии ин усулбарои муайян кардани талаботи минтака ба захирахо ва молхо, ба кувваи коргари, барои баходихии дарачаи таъминоти минтака ба махсулот аз хисоби истехсолоти дохили; хачми содирот ва воридоти махсулоти лозима инчунин муайян намудани номутаносиби дар тараккиёти комплекси хочагии халки минтака ва пешбини намудани роххои бартараф кардани онхо ва гайра шароит мухайё месозад.Балансхо имконият медиханд, ки чойгиркунии ба максад мувофики обектхои нави хочагиро дар территорияи муайян бахо дихем ва арзишу иктидори онхоро муайян намоем.Мухимтарини кисми таркибии баланс, ин хачми хисоби умумии талаботхо ба маблаггузори бахри таъмини болоравии тараккиёти ичтимои-иктисодии минтака равона карда шудааст.

         4. Усули картографии, ин методи махсусест, ки дар фанни географияи иктисоди ва тадкикотхои минтакавии он ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

         Харита- ин сарчашмаи дониш ва омузиши объект мебошад.Ба воситаи харита азхуднамудани хачми зиёди маводхои хакики оиди фанни география ба тарики аёни имконият пайдо мешавад.Аз харита донишчуй тарзи чойгиршавии куввахои истехсолиро дар микёси мамлакат ва минтакахои алохида ба таври айёни дарк мекунад.Ин гуна усул танхо ба харитахои географи хос мебошанд.

         5. Усули тархсозии иктисодию риёзи дар чараёни гузаронидани тадкикотхои илми-иктисоди-географи ва минтакави бо максади равшани андохтан ба масъалахои чойгиршавии куввахои истехсолкунанда ва тараккиёти хочагии минтакахо истифода бурда мешавад.Масалан тартибдодану тархсозии- риёзиёти оиди чойгиркунии сохахои хочагии халк, тархсозии риёзиёти оид ба чараёни чойгиркунии куввахои истехсолкунандаи мамлакат ва минтакахои алохидаи он ва гайра. Ба воситаи ин метод якчанд вариантхои чойгиркунии корхонахо, комплексхои территориявиро кор кардан мумкин мегардад.Аз байни ин вариантхо, варианти аз нуктаи назари иктисоди фоиданоктарро ба осони интихоб кардан мумкин аст.

         6. Усули мукоисавии географи– ба максади мукоиса намудани территорияхои алохида бо ёрии усулхои риёзиёти истифода бурда мешавад.

         7. Усули индекси– барои муайян намудани тахассуси иктисодии нохия ва самаранокии иктисодиёти он дар тадкикотхои иктисоди-географи ва минтакави истифода бурда мешавад.

         Методхои дар боло номбар шуда оиди таъмини самаранок чойгир намудани куввахои истехсолкунанда, барои муккамалноктар намудани сохти хочагии территория ва баланд бардоштани самаранокии тараккиёти минтакахои алохида ва тамоми мамлакат имкониятхои хуб мухайё месозанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.