Гурухи металлхои руйпушкунанда

Металлхое, ки хусусияти чавхардоркуни доранд, инхо титан, ванадий, никель, кобальт, молибден ва вольфрам мебошанд.

        Дар чумхурии мо танхо захираи молибден ва вольфрам дар кисми Шимоли ва Марказии Точикистон кашф карда шудаанд.

        Молибден –дар таркиби маъданхои кини Чорукдарон ва Янги Кон мавчуд аст.Дар баъзе мавзеъхои Рашту Дарвоз низ молибден дучор меояд.Молибден дар металлургияи сиёх барои хосил кардани хуллахои гуногун ва тайёр кардани рангхои зард, кабуд ва зангор корбаст мешавад.

       Пулодхои молибдендорро дар авиатсия ва саноати автомобил ба кор мебаранд.

        Вольфрам –яке аз филизоти мухими саноати металлурги буда, барои истехсоли пулоди аъло сифат ва лампахои электр ба кор бурда мешавад.Дар таркиби вальфрам 15 минерал вомехуранд.

        Конхои маъдани вольфрами Точикистон дар кухи Мугул (кони Чорукдарон), дар каторкухи Хисор (конхои Майхура, Кабуди, Такфон, Сармад ва Зарафшон, кони Чилав) чойгир шудаанд.

         Гурухи металлхои ранга-Ба ин гурух металхои мис, рух, сурб, алюминий, магний, калъаги, симоб, сурма, висмут дохил мешаванд.

         Точикистон дорои захирахои бои маъдани металлхои ранга мебошад.Аз замонхои кадим сурб, Рух ва мис дар сохахои гуногуни хочагии халк истифода бурда мешавад.

        Аксарияти конхои маъдани сурб ва Рух дар Шимоли республика асосан дар Карамазор (кухи Курама) чойгир шудаанд.Дар инчо конхои Олтинтопган, Куруксой, Чолота, Консой, Кони Мансур, Чукурчилга, Чамбарак ва гайра маълуманд.Дар атрофии нохияи Исфара низ якчанд конхои сурб ва Рух (Эскикон, Каротек) маълум карда шудааст.

       Конхои маъдани сурб ва Рух дар Точикистони Маркази дар нишебии каторкухи Хисор мавчуданд, (Таккоб, Кондара, Сафедорак, Дияималик ва гайра).

        Дар бисёр конхои сурбу рухи чумхури ба кадри даркори захирахои мисс хам вомехуранд.Захираи маъдани мисс дар конхои Чорукдорон ва Тарор (нохияи Панчакент) муайян карда шудааст.

         Конхои маъдани сурб ва Рух асосан дар эраи палеозой бв вучуд омадаанд.Конхои Точикистони Чануби-Ёкунч, Дараишо бошанд,нисбатан чавон Буда ба эрахои мезозой ва кайнозой таалук доранд.

         Дар таркиби маъданхои бештари конхо ва гайр аз сурб ва Рух ба микдори муайян пайвастахои нукра, кобальт, кадмий ва дигар филизот мавчуданд.

         Алюминий-дар таркиби бисёр минералхо мавчуд бошад хам, алхол асосан аз боксит алунит, сиенит истехсол карда мешавад.Боксит-чинси кухиест,ки бо гил, хок ва регсанги сурх ё сафед монанд буда, дар таркиби он ба кадри даркори гидрооксидхои алюминий хаст.

         Як кисми конхои боксити Точикистон дар нишебии кисми шимолии каторкуххои Туркистон (Ворух,Шахристон) дар байни охаксангхои эраи палеозой чойгир шудаанд.Кисми дигари онхо дар каторкуххои Зарафшон (Киштут) ва Хисор (Янгиоб) дар байни регсанг ва гилхои эраи мезозой вомехуранд.

         Конхои боксит дар нишебии каторкуххои Хисор (Ромит,Каротог) дар болои чинсхои магмави вокеанд.Аммо конхои боксити Точикистон хеле хурд Буда ва ахамияти саноати надоранд.Холо заводи алюминий Точикистон ашъёи хомро барои хосил кардани алюминий аз дигар давлатхо мегирад.

         Солхои охир алюминиро бевосита аз чинсхои магмави аз сиенитхои нефелиндор низ хосил мекунанд.Калонтарин кони нефелин дар нохияи Рашт (кони Турпи) чойгир аст.

        Барои хосил кардани алюминий аз сиенитхои нефелиндор технологияи навро чори кардан лозим меояд.Барои истехсоли алюминий кувваи хеле зиёди барк сарф мешавад.

         Магний– хам хеле аз филизотхои мухими ранга мебошад.Онро аз доломит (охксанги магнитдор) чудо карда гирифтан мумкин аст.Доломит дар бисёр чойхои каторкуххои Хисор (Каротог) ва дар назди нохияи Ёвон ёфт шудааст.

         Калъаги-дар Точикистони Маркази ва Помир маълум аст.Дар конхои Тагобикул ва Кумарх(хавзаи дарёи Ягноб) минерали калъаги касситерин дар байни хоросанг ва вараксангхои метаморфии палеозой вомехуранд.Дар кони Майхура низ (хавзаи дарёи Варзоб) кассетирит дучор меояд.

         Калъагиро барои истехсоли асбобхои биринчи куттихои консерва ва кафшеркуни истифода мебаранд.

         Симобу Сурма-хануз дар замонхои кадим маълум буданд.Симобро асосан аз шангарф (киноарь)-Hg S-ном минерал, ки ранги сурхи баланд ё кирмизи дорад, хосил мекунанд.Яке номи он аз калимаи арабии “кино бари” ба миён омадааст, ки маънояш “хуни аждахо” мебошад.

         Симоб ягона филизаи моеъ мебошад, ки баъзан дар намуди холис низ дучор меояд. Вай нукраранг аст, барои хамин хам уро баъзан “Оби нукра” меноманд.

         Агар вазъи хаво муътадил бошад хосияти чоришавии симоб зиёд ва ба хар тараф парешон мешавад. Аз замонхои кадим кимати симоб ба кимати тилло баробар дониста мешуд. Барои хосил кардани симоб минерали шангарфро куфта,баъд метафсонанд. Симоб аз таркиби минерл ба намуди буг чудо мешавад ва сипас хунук шуда ба симоби моеъ мубаддал мегардад.

        Яке аз хусусиятхои ачиби симоб ин махлулкунии тилло мебошад.Агар махлули симоби тиллодорро тафсонем симоб буг шуда, дар руи зарф тиллои холис боки мемонад.

         Симоб ва пайвастахои он захрнок мебошанд.Симобро дар бисёр сохахои тиб, сохтани хароратсанч, хавосанч ва лампахои махсус баои тайёр кардани асбоби тарконанда (детанатор) ба кор мебаранд.

         Конхои симоб дар Кончоч (назди Искандаркул), Кавнок,Зардхок ва Захок чойгир шудаанд.Кони Чичикрут дар баробари симоб Сурма хам дорад.Солхои охир дар каторкуххои Туркистон ва Помири Шимоли хам конхои симобро кашф кардаанд.

         Сурма– сурмаро асосан аз минерали антимонит (Sb2-S3) Ки ранги сурбро дорад хосил мекунанд.Судма хам хосияти гуногун дорад.Филизе,Ки гаши сурма дорад, дар натичаи соидан аз гарми на ин ки васеъ, балки баръакс фишурда мешавад.Ин хусусияти сурмаро дар техника, алалхусус дар саноати мошинсози васеъ истифода мебаранд.Гири чарххо, подшибник ва саккохои онро аз хами филиза месозанд.Сурма барои тайёр кадани хуллахои филизии матбаа (бо омехтаи сурб) ва хархел дорухо низ истифода мебаранд.

         Аксарияти конхои сурма дар хавзахои дарёхои Шингов, Могиён ва Ягноб чойир шудаанд, ки ин конхои Туркпарида,Карокамар, Гурдара, Рудаки, Учкадо, Калтакул аз кабили инхоянд.Умуман Точикистон аз чихати захирахои Сурма дар байни давлатхои ИДМ чои якумро ишгол мекунад.Дар Айни замон аз конхои Чичикрут сурмаю симоб истехсол мекунанд.Барои ба тарзи пурра истифода бурдани конхои сурмаю симоби кухистони Зарафшону Хисор дар чои якшавии дарёхои Фан ва Искандар дар нохияи Айни комбинати маъдантозакунии Анзоб сохта шуд. Холо геологхои чумхури якчанд конхои нав кашф кардаанд, ки истехсоли сурмаю симобро хеле зиёд мекунад. Дар доираи каторкуххои Точикистони Маркази ва Помир чустучуи конхои нав давом дорад.

         Висмут– дар муталлургия барои хосил кардани хулахои тезгудоз тайёр кардани хархел шишахои махсус реактивхои химияви ба кор бурда мешавад. Газворхое, ки бо махлули висмут кор карда шудаанд намесузанд. Аз висмут хар гунна дорухо низ тайёр мекунанд.

         Хокаи маъдани висмут дар Карамазори Шарки маълум аст.Ин конхои адрасмон, Сари Кургон, Маразбулок ва Челтимас мебошанд.Ин конхо дар байни чинсхои вулконии турш-порфирхои кварцдор чойгир шудаанд. Маъдани ин конхо мураккаб буда, дар таркибаш гайр аз висмут минералхои сурб, Рух, кадмий, кобальт ва нукра доранд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.