Географияи истехсоли

 Молҳои   истеъмолии халқ

Комплекс – оиди истеҳсолӣ молҳои истеъмолӣ халқ, қисми муҳимитарини иқтисодиёт мебошад ва бояд устуворнокии бозори истеъмолии мамлакатро таъмин намояд.

Истеҳсоли молҳои истеъмолӣ – яке аз соҳаҳои муайянкунандаи дараҷаи зиндагии аҳолӣ мебошанд.

Соҳаҳои муҳимтарини онҳо:

Саноати матоъҳои пахтагин

Саноати шоҳибофӣ

Саноати кешбофӣ

Саноати дӯзандагӣ

Саноати чарму пойафзол

Саноати истеҳсоли молҳои маданӣ-маишӣ ва таъминоти рӯзгор

Саноати мебелсозӣ ва ғайра.

Таркиби итеҳсоли молҳои ниёзи мардум дорои фарқиятҳои муҳими минтақавӣ, ки бо хусусиятҳои табиӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демографии ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ вобаста мебошанд, алоқаманд ҳаст.

Заминаи иқтисодию табиии ноҳия самти дурусти тараққиёти ҳар як соҳаро муайян мекунад ва ҳамеша афзалият ба он соҳае дода мешавад, ки маҳсулоти он дар бозори дохилию берунӣ мавқеи устуворро ишғол кунад.

                            Ин соҳаҳо, яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ буда, онҳо пеш аз ҳама барои таъмин намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо газвору, либос, пойафзол ва дигар молҳои зарури хизмат мекунад. Бинобар аз тараққиёти пай дар пай ва устувори ин соҳаҳо, дараҷаи некуаҳволии мардум зич вобаста мебошад. Ин соҳаҳо дар комплекси саноати сабӯк мутаҳидшуда дорои хусусиятҳои гуногун мебошанд. Агар шумораи корхонаҳои сабуки мамлакат ооли 1991ба 63 адад мерасид, пас соли 2003 ин мишондиҳанда ба 165 адад расонида шуд. Саноати сабӯк, яке аз соҳаи тахассусии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо солҳои 1991-2003 дар тараққиёти ин соҳа таъғироти муҳим ба амал омад.

Саноати сабук дар солҳои бӯҳрони иқтисодӣ дар натиҷаи канда шудани риштаҳои иқтисодӣ ба вазъияти душвор дучор омад.

Агар соли 1991 ҳиссаи саноати сабӯк дар сохтори соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ 44,2% ташкил мекард, пас соли 2003 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 10,8% ташкил дод.

Дар   солҳои   1991-1994   бисёр   корхонаҳои   саноати сабук аз фаъолияти пурраи истеҳсолии   худ бозмонданд, Ин боиси хело кам шудани маҳсулотҳои ин соҳа гардид. Шумораи    зиёди    мутахассисон    аз    Тоҷикистон    кӯчида рафтанд.     Технологияи     қафомонда,     дараҷаи     пасти азнавсозии фондҳои асосӣ, набудани соҳаҳои мошинсозии дохилӣ    пастравии    иқтидори    истеҳсолии    корхонаҳои

хизматрасони техникӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ    барои саноати  сабук,   нарасидани   мутахассисон,   паст  шудани сифати маҳсулот, кам шудани ашёи хом ва дигар омилҳои ин давра, соҳаи саноати сабукӣ мамлакатро ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ оварда расонд.

Солҳои охир дар натиҷаи гузаронидани ислоҳотҳо дар идоракунӣ, таъмини саноат ба ашёи хом, ҷалб намудани мутахассисони маҳаллӣ, ҳавасмандгардонии коргарон, боиси пешравиҳои саноати сабук  гардид.

Дар байни солҳои 1991-2003-ум 102 корхонаи нави саноати сабук ба кор даромад, ки ин шоҳиди барқароршавй ва рушди иқтисодии соҳа мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ низ афзуд. Агар соли 1991 (бо нархҳои ҷорӣ) ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати сабук 58,2 ҳаз. сомониро ташкил медод, пас соли 2003 ин нишондиҳанда ба 299,8 ҳаз. сомонӣ расид.

Истехсоли маҳсулотҳо дар соли 1995 дар корхонаҳои давлатӣ 96,7% ва ғайридавлатӣ 3,3 ташкил карда бошад, дар соли 2003 ин нишондиҳанда аз 61,2% дар корхонаҳои давлатӣ ба 38,8% дар корхонаҳои ғайри   давлати расид,

Саноати бофандагӣ. Соҳаи калонтарини саноати сабук, аз ҳисоби ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи коргарон ба ҳисоб меравад. Технологияи саноати нассоҷӣ якчанд давраҳои пай дар пайро дар бар мегирад.

Расми 1.

                Инҳо: Тозакунии ашёи хом – нахкашӣ- калобаресӣ -бофтан – гулпартоӣ – матоъи тайёр.

Агар ҳамаи ин давраҳои технологӣ дар миқёси як корхона ба амал ояд, чунин корхонаро комбинати нассоҷӣ меноманд.

Яке аз равияҳои прогрессивии саноати нассоҷӣ аз он иборат мебошад, ки аз пасмондаҳои он (нахҳои бесифат, партовҳои ҳархела) тайёр намудани газворихои нобофтаи газвормонанд, ки технологияи содда дошта, барои ба пуррагӣ ва ба тарзи комплекси истифода бурдани ин ашёи хом имконият медиҳад.

Саноати газвори пахтагин – муҳимтарин соҳаи саноати бофандагӣ ба шумор меравад. Соли 1991 истеҳсоли газвор ҳамагӣ 186 млн.

Соли 1991- истеҳсоли матоъҳои пахтагин ба 102 млн. м2 расида бошад, пас соли 2003 истеҳсоли он ҳамагӣ 18,7 млн. м3-ро ташкил дод, ки ин зиёда аз 18 маротиба камтар мебошанд. Дар ин давра истеҳсоли матоъҳои пахтагин 9,3 маротиба кам шуд. Дар истеҳсолоти дигар маҳсулотҳо низ дар ин давра камшавии молҳо дида мешавад. Ҳаминро қайд кардан ба маврид ҳаст, ки ин аз солҳои 2000 сар карда дар истеҳсоли маҳсулотҳои саноати сабук пешравии, мунтазам дида мешавад.

Дар оянда ба мақсади сарфакорона истифода бурдани ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ, корхонаҳои саноати газворҳои пахтагинро дар шаҳрҳои на чандон калони ҷумҳурӣ, ки ба ноҳияҳои пахтакорӣ наздиканд, ҷойгир намудан ба мақсад мувофиқ ҳаст. Вазифаи асосии саноати газворҳои пахтагин дар солҳои наздик ва оянда пеш аз ҳама таъмин намудани талаботи аҳолии мамлакат ба маҳсулотҳои пахтагин мебошад. Тараққиёти минбаъдаи саноати газворҳои пахтагин ба баровардани маҳсулоти он ба бозори ҷаҳонӣ вобастагии зич дорад. Тоҷикистон дар оянда имконияти бо матоъҳои баландсифати пахтагини худ дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карданро дорад.

Саноати абрешим – соҳаи хеле қадима ва тараққикардатарини    Тоҷикистон    мебошад.    Бӯҳрони иқтисодию сиёси ва канда шудани риштаҳои алоқаҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои ИДМ ба саноати абрешим низ таъсири ниҳоят калони манфӣ расонд. Истеҳсолӣ маҳсулоти шоҳиворӣ аз 69 млн. м2 дар соли 1991 ба 0,3 млн. м2 дар соли 2000 ва дар соли 2003 ба 0,1 млн. м2 расид, ки ин нишондиҳандаи ниҳоят пастарини ин соҳа мебошад. Корхонаҳои саноати абрешимӣ асосан дар Душанбе, Хуҷанд, Конибодом ва дигар шаҳрҳои марказӣ ҷойгир шудаанд. Корхонаҳои коркарди аввалини ашёи хом – пиллапазӣ асосан дар ҳамаи ноҳияҳое, ки ба кирмакпарварӣ машғуланд, ҷойгир карда мешаванд.

Тараққиёти минбаъдаи ин соҳа аз мустаҳкам шудани базаи кирмакпарварӣ, ташкили дурусти меҳнат, истифодаи техника ва технология нав вобастагӣ дорад.

Аз баски истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ бо маҳсулотҳои нахҳои кимиёвӣ, нахҳои сентетикӣ эҳтиёҷ доранд, бинобар дар оянда барқарор намудани алоқаҳои иқтисодӣ ба корхонаҳои саноати кимиёвии давлатҳои ИДМ, ки дорои чунин корхонаҳо ҳастанд, хеле муҳим мебошанд.

Молхои маданӣ-маишй ва таъиноти рӯзгор. Дар истеҳсоли молҳои маданию-маишӣ ва таъиноти рӯзгор мавқеи асосиро молҳои истифодаашон дарозмуддат ташкил медиҳанд. Инҳо: мебел, автомобилҳои сабӯкрав, молҳои радио-телевизорҳо, видеомагнитафонҳо, молҳои электрикӣ (яхдонҳо, мошинаи либосшӯӣ, хонатоза-кунандаҳои электрикӣ, қолинҳо, соатҳо ва ғайра) ташкил мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин молҳо, асосан мебел ва яхдонҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар солҳои охир истеҳсоли телевизорҳо ва асбобҳои рӯзгор дар заводи алюминий ба роҳ монда шудааст.

Талаботи аҳолии мамлакат   аз ин молҳо асосан аз хориҷи мамлакат таъмин карда мешаванд. Заводи яхдоми «Помир»   ва  фабрикаи   калонтарини   мебелсояи  дар   шахри Душанбе ҷойгир шудаанд.

Дар марказҳои нисбатан на он қадар калони мамлакат фабрикаҳои мебелсозӣ буданд, аммо дар натиҷаи нарасидани маблағҳо ва набудани ашё (чубӯ тахта ва ғайра) ин корхонаҳо алҳол фаъолияти пурра надоранд.

Проблемаҳои тараққиёти соҳаҳои молҳои истеъмоли мардум дар оянда аз таъмини техникии корхонаҳо, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва гуногуншавии хелҳои маҳсулот вобаста мебошад.

Дар тараққиёти минбаъдаи ин соҳаҳо мустаҳкам намудани марказҳои ашёи хом, махсусан истеҳсоли пахта, пилла, пӯст, ва ғайра, ки асосан аз тараққиёти соҳаи кишоварзӣ вобаста ҳаст, мавқеи ниҳоят муҳимро мебозанд.

Ташкили корхонаҳои хурд ва миёна, ки ба шароити бозор худро тез мутобиқ карда метавонад, барои афзоищи ҳаҷми маҳсулотҳои ниёзӣ мардум аҳамияти калон доранд.

Хулоса, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар оянда бояд равнақу ривоҷ ёбанд. Барои инкишофи васеъи ин соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат ҳамаи шароитҳо мавҷуданд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.