Захирахои об, замин ва чангалзорхо

Дар Точикистон 947дарё,ки дарозии хар яки он то 10км зиёда аз 200 кул, бо масохати 716км2 (хачми умумии обашон 46,5км2) мавчуд аст. Дар Точикистон якчанд обанборохо сохта шудаанд, ки барои таъмин кардани талаботи хочагии халк ахамияти калон доранд. Инхо, обанборхои сунъии Кайрокум (масохаташ 530м2, хачмаш 4160 млн м3) Катасой (масохаташ 2,04км2, хачмаш 55млн м3) Муъминобод (масохаташ 3,4км2, хачмаш 20млн м3) ва гайра ба хисоб мераванд.

    Дар Точикистон захирахои барки оби хеле зиёд хастанд. Онхоро окилона истифода бурдан лозим аст.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёнаи солона  51,2 млрд. м3 об мегузарад, аз ҷумла аз дарёи  Аму 50,5 млрд м3, дарёи Сир – 0,7 млрд. м3.  Аз ҳаҷми умумии оби дар қаламрави кишвар тавлидшаванда  20% -аш дар дохили мамлакат истифода шавад, 80% берун аз қаламрави мамлакат ба давлатҳои ҳамсоя меравад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз даҳ  км боло мавҷуд буда, ҳамаи онҳо кӯҳиянд. Дарёи Сир дарозтарин дарёи Осиёи Марказӣ  ҳисоб  мешавад, ки дарозиаш 2212 км буда, ҳамроҳи шохобаш Норин 2684 км-ро ташкил медиҳад.  Дарёи Сир дар ҳудуди Тоҷикистон 195 км аст. Дарёи Аму бошад то баҳри Арал 1415 км, ҳамроҳи шохобаш Панҷ 2549 км  дарозӣ дорад.

Дарозии умумии ин дарёҳо 30 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Дар давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон 64 млрд метри  мукааб об ҷорӣ мешавад, аз ҷумла ба воситаи дарёи Аму наздик 53 млрд. м3

Дар ҳудуди Тоҷикистон 8492 пирях мавҷуд аст, ки масоҳаташ 8476,2 км2 ё ин ки 6% масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Пиряхҳо дар худ 400 млрд м3 об дошта, ҳиссаи оби аз пиряхҳо ҳосилшуда 10-12% мебошад. Ба пиряхи Федченко наздик 100 пирях дохил мешавад, ки 26 – тояш шохобҳои пиряхи Федченко мебошад. Пиряхи Федченко калонтарин пиряхи ҷаҳон буда, дар китоби «Рекорди замин» сабт шудааст.

Кӯлҳои Тоҷикистон:   теъдоди умумиашон  1300 адад буда,  43,3 км3 (ё ин  ки 43,3 млрд м3) об доранд. Кӯли калонтарин Қарокӯл мебошад, ки  дар обанбораш 26,6 млрд.м3 об дорад.  Кӯлҳои шириноби1)Тоҷикистон: Сарез – масоҳаташ 88 км2, ҳаҷми обаш 17 млрд. м3 , Зӯркӯл – масоҳаташ 39 км2, Яшилкӯл – 35,6 км2, ҳаҷми обаш  0,45 млрд м3, кӯли  Искандар масоҳаташ  3,4 км2. буда, ҳаҷми обаш 0,25 млрд.м3 об. Ѓайр аз ин обанборҳо мавҷуданд, ки теъдоди онҳо наздик 200 адад мебошад.

Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ақидаи олимон ба  18,7 млрд. мбаробар  мебошад. Аз ин миқдор қисме ба тариқи чоҳканӣ ба мақсадҳои нӯшокӣ ва эҳтиёҷоти маишию техникӣ ба қадри 2,8 млрд м3 ҳоло истифода мешавад.  Шумораи чашмаҳои шифо ва обҳои минералӣ дар кишвар 150 адад мебошад.

Нишондиҳандаҳои истеҳсолии нерӯгоҳҳои барқии обии амалкунанда ва  бунёдшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бузургтарин нерӯгоҳи барқии Тоҷикистон – НБО-и Норак, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст. Иқтидори ин барқгоҳ 3000 мВт буда, соле 11,2 млрд. кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Аз 17,0 млрд кВт-соат барқе,  ки соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст, ҳиссаи барқгоҳи Норак 68,5%-ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳҳои амалкунандаи кишвар – Нерӯгоҳи Бойѓозӣ, ки поёнтар аз сарбанди Норак ҷойгир буда, бо иқтидори умумиаш 600 мВт (4 агрегати ҳар кадом 150 мВт-ӣ ) соле 2,5 млрд. кВт-соат барқ истеҳсол мекунад. Дар дарёи Варзоб силсилаи нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумиашон 25 мВт, дар дарёи Сир НБО-и Қайроққум бо иқтидори 126 мВт, дар Помир  Нерӯгоҳи Хоруѓ ва Помир бо иқтидори умумиашон 22,7 мВт мебошад.

Агар дар ҳамаи дарёҳои кишвар  нерӯгоҳҳои барқӣ сохта шаванд, онгоҳ дар як сол 527 млрд квт-соат  барқ истеҳсол кардан мумкин мешавад. Ин барои кишвари нисбатан массоҳаташ хурд (143 ҳазор км2)  нишондиҳандаи бениҳоят калон мебошад:  захираи ресурсҳои барқӣ ба ҳар як километри мураббаъ  3,7 млн квт-ссоатро дар як сол ва ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ наздик 80  ҳазор квт-соатро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2006 Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аз ҳисоби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар давраи солҳои 2007-2020 тасдиқ гардид, ки мувофиқи он 71 адад нерӯгоҳи хурд бо иқтидори умумиаш 76 мегаватт сохта мешавад. Дар ин нерӯгоҳҳо дар як сол зиёда аз 480 млн. кВт.-соат барқ истеҳсол мешавад. 

Нерӯгоҳҳои барқии обии Роѓун, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2,  ки сохтмони онҳо оѓоз ёфтааст, баъди ба кор даромадан  истеҳсоли нерӯи барқро дар ҷумҳурӣ афзун гардонда то 31-33 млрд. кВт-соат мерасонанд.

Бо дарназардошти талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба қувваи барқ 23-25 млрд.кВт-соат, имконият пайдо мешавад, ки нерӯи барқи зиёдатӣ ба миқдори 8-10 млрд. кВт-соат ба хориҷи кишвар содир шавад.

Нақшаи нерӯгоҳҳои барқи

  Номгӯи нерӯгоҳҳои  барқии  обӣ (НБО) Иқтидори энергетикӣ Истеҳсоли солонаи барқ
1. НБО – и Роѓун 3600 МВт 13,1 млрд.КВт- с.
2. НБО – и Сангтӯда –1 670 МВт 2,733 млрд кВт-с
3. НБО – и Сангтӯда –2 220 МВт 0,9 млрд КВт – с.
4. НБО – и Сарбанд 210 МВт 1,1 млрд КВт – с.

Дарёхо

Ном Ба кучо мерезад Дарози (км) Масохати хавза (км2) Намуди гизогири
  Омударё Бахри Арал 528 24700 Пиряхию барфи
  Барташ Панч 103 2070 Пиряхию барфи
  Ванч Панч 71 1740 Пиряхию барфи
  Варзоб Кофарнихон 524 39100 Пиряхию барфи
  Вахш(Сурхоб) Омударё 296 13700 Пиряхию барфи
  Гунт(Аличур) Панч 877 12300 Пиряхию барфи
  Исфара Конибодом 107 3240 Пиряхию барфи
  Каратог Сурхандарё 387 11600 Пиряхию барфи
  Кофарнихон Омударё 230 8630 Пиряхию барфи
  Кизилсу(чануби) Панч 88 7070 Пиряхию барфи
  Муксу Сурхоб 196 6660 Пиряхию барфи
  Обихингоу Вахш 117 4320 Пиряхию барфи
  Помир Панч 921 114000 Пиряхию барфи
  Сирдарё Бахри Арал 24 3230 Пиряхию барфи
  Фондарё Зарафшон 142 4180 Пиряхию барфи
  Шохдара Гунт 116 1660 Пиряхию барфи
  Ягноб Фондарё 80 1970 Пиряхию барфи
  Язгулом Панч 160 2710 Пиряхию барфи

Кулхо ва обанборхо

№   Ном Баландии мутлак аз сатхи бахр (м) Майдони сатхи об ба хисоби км3
  Карзокул 3914 380
  Сарез 3239 86,5
  Зоркул 4125 38,9
  Яшилкул 3734 35,6
  Искандаркул 2255 3,5
  Шуркул 4000 14
  Рашкул 3780 10
  Ало 3140 0,32
  Булункул 3767 3,4
  Варшуз 4798 0,36
  Дурумкул 3335 1,96
  Маргузор 2139 1,16
  Зарошкул 4518 5,48
  Куликалон 2382 0,52
  Риваккул 3800 1,33
  Туитайкул 4215 9,82
  Хушёр 1701 0,10
  Обамбори Кайрокум 347 514
  Обамбори Фарход 300 46
  Обамбори Норак   98
ПИРЯХХО
 № Номгуй Дарози (км) Масохат (км)2 Мавкеи чойгиршави
  Бивачи 27,8 197 Кухи Академияи улум
  Савукдараи калон 25,2 69 Кухи Паси Олои
  Гармо 27,5 153 Кухи Академияи улум
  Дарвоз 16,5 44 Кухи Дарвоз
  Зарафшон 26,5 114,9 Кухи Зарафшон
  Мазор 17,3 23 Кухи Дарвоз
  Октябрь 17,6 12 Кухи Паси Олои
  Ракзови як 16,5 41,2 Саршавии дарёи Язгулом
  Сагрон 24,2 48 Кухи Пётри як
  Федченко 71,2 1000 Помири шимоли
  Фортамбек 20 75 Кухи Пётри як
test

Добавить комментарий