Географияи наклиёт

         Наклиёт сохаи махсусу мустакили хочагии халк мебошад. Бо ёрии ин соха алокахои дохилию сохави ва байни сохахои гуногун, инчунин дохили нохияхои иктисоди ва байни онхо ба амал оварда шуда, ташакулли алокахои байнидавлати баркарор карда мешавад. Наклиёт давомдихандаи протсеси истехсоли буда, махсулоти тайёрро ба истехсолкунандагон, бурда мерасонад.

Таъсири наклиёт дар тараккиёти иктисодиёт дар шакли харачотхои наклиёти ифода меёбад, ки беназардошти ин харачотхои наклиёт чойгиршавии самараноки истехсолотро таъмин кардан мумкин нест. Харачотхои наклиёти арзиши махсулотро баланд ё паст карда метавонанд. Таносуби мачмуи харачотхои наклиётиро нисбат ба арзиши пурраи махсулот коэфесенти наклиёти номида мешавад. Чи кадаре, ки ин коэфесент кам бошад, хамон кадар махсулот кашондани он осон мебошад., аз ин чо бештар озодона нисбат ба истеъмолкунанда наздик чойгир намудани истехсолот фоиданоктар мебошад. Барои хелхои гуногуни махсулот    хиссаи    харочотхои    наклиёти дар    арзиши сузишвори ва масолеххои сохтмони бештар аз 50%, дар арзиши маъдани охан ва масолеххои чубу тахта 20%-ро ташкил мекунад.

Наклиёт аз дарачаи умумии тараккиёти куввахои истехсолкунанда, аз инкишофи техники дар истехсолоти чомъияти вобастаги дорад.

Сохахои асосии наклиёт, рохи охан, бахри, дарёи, автомобили, хавои, кубури (трубопроводи) мебошанд.

Наклиёт, ба наклиёти истифодаи умум ва гайри умум чудо мешавад.

Наклиёти истифодаи умум он намуди наклиётест, ки талаботи хамаи сохахои иктисодиёт ва ахолиро дар боркашони ва мусофиркашони конеъ мегардонад. Намудхои гуногуни махсулотро байни истехролкунандагон мекашонанд. Наклиёти истифодаи гайриумум (идорави) одатан мусофирони корхонаю иттиходияхои (ассосиатсия, консерн ва гайра) худро мекашонад.

Дар хайати системаи наклиёт хар як намуди он доираи истифодабории самараноки худро дорад. Ташаккули хатти наклиёти бо омилхои ичтимои-иктисоди дар як катор бо хам вобастаги доранд: тараккиёт ва чойгиршавии сохахои хочагии халк инчунин сокинони шахрхо, самти боркашони ва иктидорнокии алокахои наклиёти-иктисоди, чойгиршавии объектхои калонтарини курорти ва туристи (ба чадвали №21 нигаред)

Чадвали №21.

Боркашонй аз руи намудхои наклиёт.

хаз.тонна-километр.

  1991 1998 1999 2000 2003
Хамаи наклиёт 30305,0 34585,7 27742,7 27676,3 32605,4
Аз чумла бо наклиётиистифодаи умум 79845,0 16511,6 14454,7 15347,7 13980,4
Аз он чумла: Рохи охан 6432,0 12705,6 11637,7 13101,9 11720,5
Автомобили 73388,0 3802,0 2815,0 2243,8 2256,1
Хавои 11,0 4,0 2,0 2,0 3,8

1)бо назардошти  кори  ашхоси  хусуси бо  наклиёти автомобили

Аз руи факту ракамхои чадвал дида мешавад, намудхои асосии наклиёти Точикистон, дар боркашони наклиёти рохи охан ва наклиёти автомобили мебошанд.

Дар Точикистон ба хазор километри мураббаъ 2,7 м рохи охани истифодаи умум рост меояд. Барои мукоиса ин нишондиханда дар Руссия 5,1 км-ро ташкил мекунад.

Ба воситаи хамаи намудхои наклиёт дар мамлакат соли 2003 1788,1 млн тонн./км бор кашонида шуда аст, аз он чумла ба воситаи наклиёти рохи охан 1085,5 млн тон/км (60,7%) ба воситаи наклиёти автомобили 35,7 млн.тони/км (2,0%) ва ба воситаи наклиёти хавои – 8,1 млн тонн./км (0,45%) бор кашонда шудааст.

Мусофиркаши тавассути намудхои наклиёт чунин аст:

Хамаи наклиёт-265,3 млн нафар мусофир

аз он чумла бо воситаи наклиёти

истифодаи умум-123,4 млн. нафар

аз он онхр:

бо автобусхр-99,0 млн. нафар

ботролейбусхр-21,1млн. нафар

бо рохи охан-0,5 млн. нафар

бо рохи хавои – 0,4 млн. нафар

бо таксомотори сабукрав-2,4 млн. нафар

Ин нишондихандахо аз он гувохи медиханд, ки хар як намуди наклиёт дар мусофиркашони дар микёси мамлакат чигуна мавкеро ишгол мекунад. Хачми гардиши бор аз дарачаи тараккиёти иктисодии мамлакат ва ё нохия, чойгиршавии куввахои истехсолкунанда, тараккиёти комплексии нохия, консентратсияи истехсолот, мувозинати байнинохиявии истехсолот вобастаги дорад. Чи хеле, ки факту ракамхои дар боло оварда шуда нишон медиханд, дар гардиши бори мамлакат мавкеи асосиро наклиёти рохи охан мебозад ва дар мусофиркашони бошад, наклиёти автомобили чои аввалро ишгол мекунад.

Таркиби гардиши бор аз тахассуси нохияхои иктисоди, таносуби сохахои хочагии халк дар нохия чойгиршавии сарчашмахои мухимтарини ашёи хом ва сузишвори, дарачаи тараккиёти сохахои саноати коркардабарор дар асоси сузишвори ва ашёи хоми аз дигар чойхо оварда шуда вобастаги дорад.

Наклиёти рохи охан. Дар чумхурии мо рохи охан дар хачми умумии гардиши бор чои аввалро ишгол мекунад. Рохи охан бо харакати мунтазами худ новобаста аз фаслхои сол, бо суръати баланд, хачми зиёди бор ва шумораи зиёди мусофиронро, бо арзиши аслии нисбатан пасти боркашони аз дигар намудхои наклиёт афзалият дорад. Ин афзалиятхо ахамияти наклиёти рохи оханро дар кашондани хамаи намудхри борхои дар алокахои байни нохияви ва дохилинохияви, инчунин мусофиркашонии наздишахои, махалли ва алокахои дур хаматарафа зиёд мегардонад.

ЧАДВАЛИ №22.

ХАМЛУ НАКЛИ БОРХОИ АЛОХИДА ТАВАССУТИ НАКЛИЁТИ POXИ ОХАНИ ИСТИФОДАИ УМУМ (ХАЗОР ТОННА)

  1991 1996 1997 1998 1999 2000 2003
Ангиштсанг 1090 8 3 2 0,3 1,5 0,8
Борхои нефти 98 11 12 28 33 30,0 47,9
Нурухои кимиёви ва маъдани 147 16 1,4 6,0 17,2
Семент 190 6 10 5 3 13 0,1
Галла ва махрулотхри Ордкашй 239 8 19 34 34 30 23,8
Пахта 226 18 125 108 110 88,4 149,9

Наклиёти автомобили. Ин шакли наклиёт бо суръати тараккиёти худ нисбат ба дигар намудхои наклиёт фарк мекунад. Хусусияти асосии наклиёти автомобили аз он иборат аст, ки бор ва мусофиринро (таксихои сабукравии хизмати) аз “дар” ба “дар” мекашонанд. Аз чихати мусофиркашони дар мамлакат чои якумро ишгол мекунад. Бо сабаби он, ки хачми борхое, ки ба воситаи наклиёти автомобили кашонда мешавад, вазни на он кадар зиёдеро ташкил намедиханд ва ба масофахои на он кадар дур кашонда мешаванд, бинобарон дар гардиши умумии боркашони хиссаи наклиёти автомобили нисбат ба наклиёти рохи охан он кадар зиёд нест. Ин намуди наклиёт бо боздихии фонд, мабларрунчриши ва истифодаи зиёди захирахои сузишвори фарк мекунад. Наклиёти автомобили борхоро, ба масофахри наздик, байни шахрхо, байни дехртхр, байни нохияхо аз истехсолкунанда бевосита ба истеъмолкунанда бурда мерасонад.

Аз баски хачми кашондани борхо ва масохати боркашони нисбат ба дигар намудхои наклиёт камтар мебошанд, бинобар арзиши аслии боркашони ба воситаи наклиёти автомобили нисбатан (ба гайр аз наклиёти хавои) кимматар мебошад.

Наклиёти оби. Ба ин намуди наклиёт наклиёти бахри ва дарёи дохил мешаванд. Точкистон аз бахрхо хеле дур аст, бинобар набудани бахр дар территорияи Точикистон, ин намуди наклиёт амал намекунад. Наклиёти дарёи низ дар Точикистон ахамияти мухим надорад, чунки дарёхои Точикистон ин дарёхои куххи мебошанд ва одатан дар чунин дарёхои куххи боркашони ва мусофиркашони аз имкон берун аст.

Дар дарёхои кисми чанубии мамлакат: Аму-Дарё ва дарёи Панч дар солхои Хокимияти Шурави борхои гуногун, аз чумла галла, нурихои минерали, маснуотхои сохтмон ва дигар борхо кашонда мешуд.

Алхол, бо сабабхои бархам хурдани Иттиходи Шурави дар ин дарёхо харакати боркашони кариб, ки катъ шудааст.

Албатта, дар ояанда умед хает, ки ба воситаи бандархои обии Панчи поён, Айвоч ва Файзобод – Калъа алокахри иктисодй ба воситаи дарёхо бо Узбекистон Афгонистон ва Туркманистон баркарор карда мешаванд. Хусусияти наклиёти дарёй ва бахрй аз он иборат аст, ки боркашони бо воситаи ин намудхри наклиёт нисбат ба дигар намудхри наклиёт арзонтар мебошад, чунки дар бахрхо ва дарёхр харачот барои сохтани рох сарф карда намешавад, аммо сохтани бандархои махсус ва нуктахои борбарорию борфарори дар ин бандархо харочоти зиёдро талаб мекунад. Барои кам кардани харочотхои борбарорию борфурори, истифода бурдани тачхизотхои махсус ахамияти калон дорад, бинобарин тачхизонидани техникии ин бандархо бо техникахои махсус боиси камхарочот шудани борхо дар наклиёти оби сабаб шуда метавонад.

Наклиёти хавой. Ахамияти наклиёти хавои дар хочагии халк нихоят калон аст. Дар он чойхое, ки дигар намудхои наклиёт хуб таракки накардаанд аз як тараф ва аз тарафи дигар дар шароити релефи кухи, наклиёти хавои намуди ягонаи наклиёт дар алокахои иктисодии мамлакат мебошад. Ба гайр аз ин хусусияташ, наклиёти хавои инчунин оиди ба тарики таъчили бо суръати баланд кашондани борхои махсулотхои тезвайроншаванда дошта, богочкашони, мусофиркашони ба масофаи дур, намуди ягонаи наклиёт мебошад. Дар солхои Хокимияти Шурави ба воситаи наклиёти хавои Точикистон ба хамаи чумхуриятхои собик, ва берун аз маркази мамлакат алокахои иктисоди дошт. Ба воситаи наклиёти хавои дар дохили мамлакат низ алокахои зичи иктисоди амал мекарданд.

Дар айни замон Душанбе пойтахти Точикистон, Хучанд маркази вилояти Сугд дар алокахои иктисодии худ ба мамлакатхои чахон аз наклиёти хавои васеъ истифода мебаранд. Наклиёти хавои дар кашондани мусофирон дар соли 2000 (3620 миллион одам-километр) пас аз наклиёти автомобили дар чои дуюм меистад. Ин нишон медихад, ки наклиёти хавои дар ояндаи наздик дар ситемаи ягонаи наклиёти Точикистон мавкеи мухимро ишгол хохад кард.

Наклиети кубури (трубопроводй). Наклиёти кубури дар Точикистон ахамияти калон надоранд. Ин намуди наклиёт асосан барои кашонидани гази табии хизмат мекунад. Газопроводи Кизилтумшук – Душанбе (130 км) сохта шудааст, ки як кисми ш. Душанберо бо газ таъмин мекунад. Дар кисми Шимолии Точикистон газопроводи магистралии Муборак-Бекобод-Фаргона мегузарад, ки ба воситаи он ба баъзе шахрхои вилояти Сугд газ интикол карда мешавад. Ба воситаи наклиёти кубури асосан нефт ва газ кашонда мешаванд. Солхои охир дар баъзе мамлакатхо ба воситаи кубурхо маъданхо низ кашонда мешаванд.

Наклиети кубури (трубопроводи) аз дигар намудхои наклиёт бо якчанд хусусиятхои худ афзалият дорад. Масалан, харочотхо барои сохтмони кубурхои газу нефтгузар нисбат ба сохтмони роххои автомобили ва ё роххои охан мутобикан ба кобилияти кашондани бор 2 маротиба кам мебошанд.

Дигар афзалияти ин намуди наклиёт боз аз он иборат аст, ки истифодабарии трубопровода бо эътимодтар буда, чараёни боркашони пурра автоматики кунонида шудааст ва дар кашонидани махсулот сарфакории нихоят баланд таъмин карда мешавад. Кашонидани нефт ба воситаи нефтопровод нисбат ба рохи охан 1,5 маротиба арзонтар мебошад. Наклиёти кубури (трубопроводи) аз фаслхои сол вобастаги надорад. Ба воситаи он хам зимистон ва хам тобистон бе монеагй бор кашонда мешавад. Наклиёти трубопроводи аз чихати арзиши аслии боркашонй нисбат ба дигар намудхри наклиёт, арзонтарин намуди наклиёт мебошад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.