Захирахои маъдани охан ва металхои ранга дар ИМА

 Аз руи хачми захираи маъдани охан ИМА дар китъаи Амрико мавкеи аввалро ишгол менамояд. Дар мамлакат конхои сершумори маъдани охан мавчуд мебошанд,ки талаботи дохилиро пурра бо ин намуди махсулот таъмин менамоянд. Аксари конхои маъдани охан дар шимоли мамлакат, дар наздикии сархадхои Канада чойгир мебошанд. Дар ин хавза 89% захирахои умумии мамлакат чойгир шудаанд. Нисбатан калонтарин конхое,ки захирахои бештарро доро мебошанд, кони Месаби (12 млрд. т маъдани охан), Меномини (5 млрд т захираи маъдани охан), Маркетт (5 млрд. т) ва Куюна (370 млн. т) мебошанд. Дар ибтидои асри 20 аллакай кисми бештари захирахои бойи маъдани охан дар ИМА истихроч гардиданд.                                                                                              Дар ИМА захирахои калони маъдани титан дар конхои илменит ва дар конхои рутил мавчуд мебошанд. Тамоми захирахои рутил ва 60% захирахои илменит дар холати пошхурда дар сохилхои бахру дарёхо ёфт гардидаанд (дар штатхои Флорида, Ню-Черси, Теннеси, Чорчия, Каролинаи Чануби ва Шимоли ва гайра). Кони калонтарин – Трейл-Ридч мебошад, ки дар штати Ню-Черси чойгир буда,  захираи  он зиёда аз 300 млн. т. хокаи илменитро ташкил медихад. Инчунин дар штати Ню-Йорк кони калони титан ки дар дохили маъданхои илменит ва маъданхои магнетит чойгир аст ёфт гардидааст. Дигар конхои нисбатан хурд ва таркиби маъданхояшон аз титан кашшоктар дар худуди штатхои Аляска, Вайоминг,Ню-Йорк ва гайра чойгир гардидаанд.                                                                           Аз руи захирахои конхои тилло ИМА дар чахони Гарб пас аз Чумхурии Африкаи Чануби (ЮАР) мавкеи дуюмро ишгол менамояд. Дар микёси чахон бошад мавкеи сеюмро пас аз ЧАЧ ва Русия ишгол менамояд. Ин нишондод аз ахбороти сарчашмахои Русия гирифта шудааст. Аз руи хисобхои бюрои кухи ва геологии ИМА бошад, захирахои  мавчудбудаи тилло  ба таври зерин чойгир мебошад: 1) ЧАЧ – 38 хазор т. 2) ИМА – 6 хазор т. 3) Австралия – 4,7 хазор т. 4) Русия ва Канада – бо 3,5 хазор тоннаги. Базаи чахонии тилло 72 хазор тонна бахогузори карда шудааст.    Аз руи нишондодхои дигари боз худи хамин сарчашма аз руи захирахои дар табиат мавчудбудаи тилло ИМА мавкеи панчумро ишгол менамояд. Яъне 1) ЧАЧ – 60 хазор т. 2) Русия – бештар аз 25 хазор т. 3) Чин ва Бразилия – бо 7-10 хазор тоннаги 4) ИМА 5-7 хазор т. Конхои дар ИМА мавчудбудаи тилло бо намудхои гуногуни таркиби геологии худ нисбати дигар конхо  фарк мекунанд. Конхои тиллои асил махсусан ахамияти хосаро доро мебошанд, ки захираи ин намуди конхо дар мамлакат 55%-ро ташкил медиханд. Конхои тиллои пошхурда бошад, 8%-ро ташкил медихад. 37% конхои бо дигар намуди металхо омехтаи тилло мебошанд. Нохияхои аз захирахои табиии тилло бой кад-кади сохилхои гарби ва шимоли-шарки (мутобикан 63 ва 2%), дар кисмати марказии мамлакат (19%) ва Аляска (23%) чойгир гаштаанд. Нохияхои асосии истехсолкунандаи ИМА штатхои Калифорния, Невада, Аризона, Юта ва Айхадо мебошанд.                                                                                                                 Аз руи захирахои исботгардидаи мис бошад, ИМА дар чахон пас аз Чили дар мавкеи дуюм карор дорад. Дар инчо зиёда аз 70 кони миси намудхои гуногуни геологи ёфт шудаанд.  Дар штатхои Аризона, Монтана, Юта ва Мичиган чустучуи конхои нави мис идома дорад.                                                                                                                  Захирахои маъдани никел хеле кам буда, асосан ду кони он дар штати Орегон бо номи никел- Маунтин ва  штати Калифорния бо номи Гаскет-Маунтин мавчуд мебошанд. Дар таркиби маъдани конхои номбурда ба гайр аз никел, инчунин кургошим, флюорид, волфрам ва гайра низ мавчуданд.                                                                       ИМА аз руи захирахои нукра дар чахон дар мавкеи дуюм пас аз Полша карор дорад. Кариб 35% конхои нукраи мамлакат бо кургошим ва синк (цинк), 64,5% бо металхои ранга ва 0,5% бо тилло омехта мебошанд.                                    

test

Добавить комментарий