Боигарихои табии ИМА

Боигарихои табии ИМА (Гурухи металхои платинадор)  

Аз руи захирахои кашфгардидаи гурухи металлхои платинадор ИМА мавкеи панчумро дар чахон ишгол менамояд (Пас аз Чумхурии Африкаи Чануби, Русия, Зимбабве ва Канада). Аз руи пешгуихо оиди мавчудияти эхтимолии гурухи металхои платинадор ИМА мавкеи дуюмро дар чахон пас аз ЧАЧ ишгол менамояд (ЧАЧ – 15-25 хазор т., ИМА 9-10 хазор тонна). Захирахои маъдани платина асосан дар конхои мис дар штатхои чануби ва кисми наонкадар зиёди он дар конхои пошхурдаи Аляска мавчуд мебошанд. Калонтарин кони платинадори ИМА – Стиллуотер мебошад, ки дар штати Монтана вокеъ гардидааст. Ин конро ширкати Стиллуотер Мининг идора ва сохиби мекунад. Дар наздикии ин кон боз як кони дигари калон бо номи Ист-Боулдер фаъолият мекунад, ки дар 21 км дури аз кони Стиллуотер чойгир шудааст. Синни маъданхое, ки дар ин конхо мавчуданд ва аз онхо платина истехсол мегардад, то ба 2,7 млрд. сол мерасанд. Дар соли 1999 захирахои мавчудаи кони Стиллуотер 1.764 млн. т мукаррар карда шудааст. 

Захирахои кургошим дар ИМА хеле зиёд буда, аз руи баъзе маъмумотхо мавкеи аввалро ишгол менамояд. Аммо агар аз руи конхои кашфгардида ва амалкунандаи мамлакат гирем, ИМА пас аз Австралия ва Казокистон танхо дар мавкеи сеюм меистад.То хол Кариб 100 кони кургошим дар худуди ИМА кашф гардидааст, ки онхо асосан дар кисми маркази ва гарбии мамлакат чойгир мебошанд. 70% захирахои кургошим дар штати Миссури, 4% дар Кер-д-Ален, 3% дар Миссисипии болои, 10% дар Аляска мебошанд. Дар дохили маъдани кургошим инчунин  синк, мис, омехтахои никел, кобалт, нукра, висмут ва гайра мавчуд мебошад. Аз руи захирахои синк ИМА ва Канада чойхои дуюму сеюмро пас аз Казокистон ишгол карда меоянд. Калонтарин хавзаи истихрочи он дар водии Миссисипи вокеъ гардидааст. Аз руи захирахои симоб бошад, ИМА дар китъаи Америка мавкеи дуввумро баъди Мексика сохиб мебошад. Захирахои калони маъдани симоб дар штати Невада мавчуданд. Маъдани ин конхо ба хисби миёна дар таркиби худ то 0,45% симоб доранд. Дар ИМА конхои нукра аз чихати географи дар штати Айдахо чойгир буда, аз ин конхо на танхо нукра, балки аз маъдани он кургошим, синк ва гайра чудо карда гирифта мешаванд. Дар штатхои Монтана, Айдахо, ва Миссури захирахои начандон калони сурма мавчуд мебошанд. Дар ИМА 6,1% захирахои чахонии фосфор мавчуд аст.  Аз руи захирахои фосфорит дар чахон ИМА танхо аз Марокаш кафо мемонад. Захирахои асосии фосфорити мамлакат, 95%-и он дар нохияхои аз фосфорит бойи шарки Америка (штатхои Флорида, Каролинаи Шимоли ваЧануби) ва куххои Шахдор  (штатхои Айдахо, Юта, Вайоминг, Монтана) чойгир мебошанд.

ИМА дорои захирахои намакхои калий мебошад. Захираи намаки калий дар мамлакат 6 млрд. т. муайян карда шудааст.   Дар худуди ИМА се хавзаи калони намак мавчуд аст: 1) Делавер дар штати Юта 2)Парадокс  дар Колорадо  3) Уиллстон дар наздикии сархадхои Канада, штатхои Монтана ва Дакотаи Чануби. Инчунин аз кулхои обашон шур намак истехсол карда мешавад, ки калонтаринашон кули Калони Шур дар штати Юта ва кули Сорлс дар Калифорния мебошанд.     Хамин тарик ИМА аз чихати захирахои табии хеле бой буда, яке аз омилхои асосии ривчи иктисодии мамлакатро ташкил медихад. ИМА бо нефт, гази табии, уран, маъдани охан, титан, мис, тилло, фосфоритхо, намакхои калий ва гайрахо талаботи дохилии худро пурра таъмин менамояд. Дар баробари ин захираи баъзе намуди онро, аз кабили марганес, хром, боксидхо, асбест ва гайрахо аз хорича ворид мекунад, зеро ин намуди боигарихо дар мамлакат мавчуд намебошанд. Умуман иктисодиёти ИМА аз 68 намуди махсулот танкиси мекашад,ки аз хоричи мамлакат ворид карда мешаванд.      

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.