Давлати Франк

Давлати Франк

Ин далат дар худуди Аврупои Гарби ва Маркази тули асрхои 5 – 11 арзи вучуд дошта, дар худуди империяи Гарбии Рим кабилахои фаункхо якчоя бо дигар кабилахои варвархо дар асри 3 пайдо гардидаанд.  Дар натичаи хучумхои пай дар пайи кабилахои франк аз Карл Мартелла сар карда то набераи у Карли Кабир худуди империяи Франкхо дар давраи мавчудияташ хелн васеъ гардид.                                                                     Аввалин маълумотхои хатти оиди мавчудияти франкхо дар нуткхои сифаткунанда, ки ба  ибтидои асри асрхои 3 рост меоянд. Дар он вактхо ин ном номи худуди географие буд, ки такрибан секунчаи байни Утрехт, Билфелд ва Боннро дар бар мегирифт. Дар худуди номбурда кабилахои олмонии сикамбрхо, салихо, франкхо, бруктерхо, хамавхо, ампсеварихо ва хаттуархо зиндаги доштанд. Заминхои баъзе аз кабилахои номбурда, масалан кабилахои сикамбрхо ва франкхои сали ба хайати империяи Рим дохил карда шуда буданд. Ин кабилахои ба хайати империяи Рим воридгардида мачбур бцданд, ки кушунхои наздисархадии римихоро бо сарбоз таъмин намоянд.   Ахамияти мафхуми Франкия баробари васеъ гардидани заминхои франкхо бештар гардид. Баъзе пешвоёни кабилахои франкхо дар назди римихо барои содик буданашон кассам ёд намуданд. Баъзеи дигар бошанд, ба римихо итоат намекарданд. Пас аз вафоти яке аз императорони Рим Иовин дар соли 413 римихо дигар пеши рохи хучуми кабилахои франкро гирифта натавонистанд. Барои тарсонидани франкхо римихо пешвои онхо Теодомерро ба катл расониданд, аммо ин ягон натича надод. Такрибан соли 428 писари у пешвои кабилахои франки сали Хлодион хучумхои пай дар пайи худро зидди римихо огоз намуд. Дар натича якчанд заминхои мустамликавии римихоро ба худуди худ хамрох намуд.                                                                                                             Шохигарии Хлодион  сархадхои навро сохиб гардид ва мафхуми Франкия ба пурраги маънои дигарро касб намуд. Акнун давлати Франкхо дигар «замини варвархои он суи Рейн» ном гирифта намешуданд, балки ба як кувваи калони сиёсии нуфузи зиёд дошта табдил ёфта буданд. Хешовандони Хладион, намояндагони сулолаи Меровингхо, боз хам худуди давлати Франкро ба самти чануб васеътар намуданд. Дар баробари ин аз самти шимолу шарк кабилахои саксхо ба давлати Фрранкхо хамла мекарданд,ки дар натича баъзе кабилахои дар ин чо сокинбудаи франкхо мачбур буданд ба кисмати чанубу гарбии мамлакат сокин гарданд.                                    Сахми таърихии меросхурони Хлодион ба таври возех маълум нест. Тахмин кардан мумкин аст, ки Хилдерики 1 , набераи Хлодион королии Салиро сарвари мекард. Хизмати таърихии Хилдерик дар он аст, ки у заминхои Франкхоро ба писараш Хлодвиг васият намуд. Хлодвиг бошад хокимияти худро аз боли кабилахои дигари франк пахн менамуд ва худудхои хукмронии худро торафт ба самти гарби ва чанубии Галлия пахн менамуд. Королии Франкхо аз тарафи корол Хлодвиг асос гузошта шуд, ки он тулии 3 аср давлати пуркувваттарини Аврупо буд. Хлодвиг дини насрониро кабул карда, дар тули хукмронии 30 солаи худ (481-511) аз болои сарлашкари римихо Сиагрий галаба ба даст овард, кабилахои аллеманхоро шикаст дода ба зери назорати франкхо гирифт, вестготхоро маглуб намуда короли онхоро бо пойтахташ Тулуза ба даст даровард, хамчунин бретонхоро шикаст дода, ба вассали Франкхо табдил дод. Хлодвиг хамаи кабилахои дар хамсояги карордоштаи франкро, кик ад-кади Рейн сокин буданд, ба давлати худ хамрох намуд. Инчунин ба Хлодвиг муяссар гардид, ки кабилахои гуногуни харбигардонидашудаи римихоро, ки дар худудхои Галлия мавчуд буданд, ба худ тобеъ гардонад.             Хукмронии Меровингхо монархияи мероси ба хисоб мерафт. Шохони франк худуди давлати худро байни писарони худ таксим мекарданд. Хатто вакте, ки якчанд шохони меровингхо хукмрони мекарданд, шохигарии ягона хисобида мешуд, ки аз тарафи коллективи шохон идора карда мешавад. Танхо дар холати ба амал омадани якчанд ходисахо шохигари ба зери дасти яке аз онхо медаромад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.