Хусусиятхои иктисодиёти Олмон

Хусусиятхои иктисодиёти Олмон

Иктисодиёти Олмон дар асоси принсипи «иктисодиёти бозории ичтимои» ташкил ёфтааст. Элементи асосии онро бахамоии принсипи озоди дар бозор ва баробарии ичтимои ташкил медихад. Элементхои мухимтарини консепсияи иктисодиёти бозори инхо мебошанд:

– моликияти хусуси ба воситахои истехсолот ва нархгузории озод.

– фарохам овардани шароит барои ракобат ва таъмини ракобат (масалан ба воситаи конунгузории зиддимонополи, конунхо мукобили ракобати бевичдонона).

– сиёсати бошууронаи мустахкамкунии конюктураи болоравии иктисодиёт.

– таъмини пурраи шугли ахоли;

– оздии савдои беруна, озодии ивази асъор;

– сиёсати асъори муътадил (аз чумла бо воситаи бонки озоди эмиссиони);

– бехатарии ичтимои, адолати ичтимои ва прогрессии ичтимои (бо  рохи аз тарафи давлат гузаронидани чорачуихо оиди расонидани кумакхои ичтимои, нафакахои ичтимои, субсидияхо, дотатсияхо ва гайра., ба воситаи системаи таъминоти ичтимои, сугуртаи тибби, сугуртаи бекори, холатхои нохуш; ба воситаи конунгузорихои мехнати ва ичтимои).

Олмон аз чихати кудрати техноллгии иктисоди мавкеи сеюмро  дар чахон пас аз ИМА ва Чопон ишгол менамояд. Мамлакат яке аз калонтарин истехсолкунандаи металл, семент, мошинхо, воситахои наклиёт, дастгоххо, электроника, махсулоти хурока ва нушокихо, махсулоти киштисози, химия, саноати бофандаги дар чахон мебошад. Пас аз муттахид гардидани кисматхои гарби ва шаркии мамлакат дар соли 1990  Олмон ба мамлакати аз чихати потенсиали иктисоди калонтарини Аврупо табдил ёфт. Дар иктисодиёти чахон низ Олмон аз руи хачми ММД мавкеи сеюмро ишгол намуда, яке аз лидерхои чахон махсуб мегардад. Олмон аз захирахои табии бой намебошад. Танхо мавчудияти ангиштсанг ва намакхои калийро кайд намудан мумкин аст. Кариб 55% худуди мамлакатро заминхои кишт ташкил медиханд, 30%-ро бошад, чангалзорхо ихота кардаанд. Захирахои обии мамлакат хеле зиёд буда, аксари дарёхо бо каналхо пайваст карда шудаанд, ки он барои ривочи роххои киштигардии дарёи мусоидат менамояд. Дар байни кулхо нисбатан машхураш кули Боден мебошад, ки дар байни сархади Олмон ва Австрия ва Швейсария чойгир буда, диккати сайёхони зиёдеро ба худ чалб кардааст.

Барои Олмон хама вакт мавкеи асосии давлат дар иктисодиёт хос буд. Модели хочагии бозории ичтимои ин як навъи муросо байни болоравии иктисоди ва таксимоти баробари боигари мебошад. Дар маркази система фаъолияти сохибкории хукумат гузошта шудааст, ки он ба таври бояду шояд боигарихои ичтимоиро байни аъзоёни чамъият баробар таксим менамояд. Дигар хусусияти тараккиёти иктисодии Олмон ин бо ном «Капитализми Рейн» мебошад, ки дар он бонкхо мавкеи калон доранд. Бонкхо дар Олмон аксионерхои калони ширкатхои саноати ва ширкатхои сохаи хизматрасони мебошанд ва аз инру онхо дар вакти кабули карорхо таъсири фаъол доранд. Хамин тарик, мавкеи бонкхо дар иктисодиёти Олмон аз руи таъсири онхо ба сохибкори, нисбати дигар мамлакатхо хеле назаррас мебошад.

Дар иктисодиёти Олмон хиссаи саноат дар истехсоли ММД нисбати аксар давлатхо хеле калон аст. Аз ин чихат нисбати Олмон танхо Чопон, Ирландия ва Португалия индустриалитар мебошанду халос. Ин бесабаб нест, зеро тахассуси Олмон дар истехсолоти чахони – ин истехсоли махсулоти саноати мебошад. Олмон охири соли 2000-ум ба дарачаи баланди инкишофи иктисодии худ ноил гардид, ки холо ба модернизатсия ниёз дорад. Олмонро лозим меояд, ки дар иктисодиёти худ ислохотхои консервативи ворид намояд, ки барои он иктисодиёти Америка намуна буда метавонад. Азсабаби мавчуд набудани дигаргунихои кулли  дар иктисодиёт, Олмон баъзан аз ухдаи локомотиви инкишофи Аврупо ва ИА набаромада истодааст.      Саноат  дар истехсоли бисёр намдхои махсулоти тайёр мавкеи пешсафиро барои Олмон таъмин менамояд, ки инхо:                  

-Автомобилсози;                                                                                                                  -мошинсозии наклиёти (вагонсози, самолётсози); 

-мошинсозии умуми (истехсоли дастгоххо, асбобхои гуногун) ;                    

-саноати электротехники; 

-механика ва оптика;

-химия, формасевтика ва саноати парфюмери-косметики;

-металлургияи сиёх;

Имруз сохахои такягохии иктисодии Олмон мошинсози, химия ва саноати хурока мебошанд. Мошинсози ба бозори беруна нигаронида шудааст ва аз инру бисёрсоха мебошад. Заводхои автомобилсозї дар сарзаминхои Бален-Вютемберг («ауди», «даймлер-бенс»), Саксонияи Поён («фолсваген»), Гассен («опел»), Рейн-Вестфалияи Шимоли («форд», «опел»),Бавария (БМВ) ва Саарленд («форд») чойгир шудаанд.

Дар саноати Олмон истехсоли механикаи аник ва оптика мавкеи махсусро ишгол менамояд. Саноати заминхои шаркии немис кулан дигаргун карда шуданд, зеро то муттахидгардии Олмон иктисодиёти ин худуд ба корхонахои саноатии ИЧШС ва Аврупои Шарки вобастагии зич доштанд.                                                                            Олмон дар хочагии чахони дар хизматрасонихои молияви, бонки ва туризм махсус гардонида шудааст. Олмон дорои инфрасохтори пешрафта, аз кабили роххои автомобили, роххои охан, яке аз калонтарин дар чахон фурудгох ва бандархои бахри мебошад. Дар сохаи наклиёт технологияхои замонави истифода мегарданд. Бандархои калонтарини мамлакат: Берлин, Бонн, Бремен, Бременхафен, Кёпн, Дрезден, Гамбург, Карлсруе, Кил, Любек, Магдебург, Манхайм, Росток, Штутгарт мебошанд.

Алокахои иктисодии берунии Олмон аз он чихат чолиб аст,ки хам содиркунанда ва хам воридкунандаи мухимтарини чахон ба хисоб меравад.    Содироти мошинхо – 31%, дастгоххо _ 17%, махсулоти саноати химия – 13% -ро ташкил медиханд. Мавкеи мамлакат дар содирот ва воридоти сохаи хизматрасони он кадар назаррас нест. Аз руи содироти хизматрасони мамлакат мавкеи чорумро дар чахон бо -75,7 млрд. доллар ишгол менамояд. Аз руи воридоти хизматрасонихо мавкеи дуюмро дар чахон бо -121,8 млрд. доллар ишгол менамояд.       

Кишоварзии  Олмон         

Чумхурии  Федеративии  Олмон  дорои  кишоварзии  пешрафта  буда,  70%  махсулоти  молии  сохаи  хочагии  кишлоки  онро  махсулоти  чорво  ташкил  медихад.    Олмон  мамлакати  фермахои  оилави  мебошад.  Дар  тулии  солхои  1994  –  1997  хиссаи  заминхои  аз  50%  зиёд  аз  11,9%  то  14,3%  афзудааст.  Хочагихои  нисбатан  калон  асосан  дар  Шлезвиг  –  Голштейн  ва  дар  Шарк  Саксонияи  Поён  чойгир  мебошанд.  Фермахои  нисбатан  хурд  дар  Олмони  Маркази  ва  Чануби  чойгир  мебошанд.  Шумораи  ахолии  дар  сохаи  кишоварзи  машгулбуда  сол  то  сол  кам  мегардад.  Масалан  то  соли  1950  шумораи  одамони  ба  сохаи  кишоварзи  машгулбуда  24,4%  буд.  Дар  тули  солхои  1950  –  1997  шумораи  онхо  то  2,4%  кам  гардид.

Дар  заминхои  нохияхои  нисбатан  хосилхез  асосан  чунин  намудхои  зироат,  аз  кабили  гандум,  чав,  чуворимакка  ва  лаблабуи  канд  кишт  карда  мешаванд.  Дар  заминхои  нисбатан  камхосили  Шомоли  ва  кухсор  картошка  ва  махсулоти  хуроки  чорво  кишт  мегарданд.  Характери  анъанавии  хочагии  кишлоки  Олмонро  пешрафти  технологи  дигаргун  кард. Имрузхо  бештар  заминхои  бо  ном  хокашон  сабук  (лёгкие  почвы)  кадр  карда  мешаванд,  зеро  дар  ин  гуна  заминхо  коркарди  мошини  ва  истифодаи  нурихои  сунъи  осонтар  аст;  масалан  чуворимакка, ки  холо  ба  таври  васеъ  дар  хамворихои  Шимолиолмони  киштукор  карда  мешавад  ва  торафт  кишти  картошкаро  дар  ин  худудхо  танг  карда  мебарорад.   

Дар  кишоварзии  Олмон  бештар  ба  махсулоти  хуроки  чорво  ва  лаблабуи  канд  ахамияти  калон  дода  мешавад.  Аз  зироатхои  галладонаги  ба  кишти  чав  диккати  махсус  дода  мешавад,  зеро  баъзе  намудхои  махсуси  киштшавандаи  он  барои  истехсоли  пиво,  ки  дар  Олмон  нушокии  мили  ба  хисоб  меравад  ахамияти  калони  саноати  дорад.  (Ба  хисоби  миёна  истеъмоли  солонаи  пиво  ба  хар  сари  ахолии  145  литрро  ташкил  медихад).  Маркази  калонтарини  истехсолкунандаи  пиво    Халлертау  дар  худуди  Бавария  чойгир  аст.

Иклими  гарми  водии  дарёхо,  дарахои  байникухи  ва  пастхамихои  чанубу  гарбии  Олмон  барои  нашъунамои  чунин  зироатхо  аз  кабили  тамоку  ва  сабзавот  хеле  мусоид  аст.  Дарахтони  мевадиханда  бештар  дар  нишебии  куххои  Олмони  Чануби,  поёнобхои  Элба  наздикии  Гамбург,  нохияхои  кулхои  Хаффели  наздикии  Потсдам  ва  атрофии  Галле  вомехуранд. 

Аз  зироатхои  равгандиханда  рапс  ахамияти  калон  дошта,  кишти  он  нисбат  ба  офтобпараст  10  маротиба  зиёд  аст.                                                                                                        Токзорхо  асосан  дар  водихои  Рейн,  Мозел  ва  дигар  водихои  дарёхои  Олмони  Чануби,  инчунин  дар  водии  дарёи  Элба  дар  наздикии  Дрезден  чойгир  буда,  истехсоли  ангур  нисбати  истехсоли  якчояи  меваю  сабзавот  ба  маротиб  зиёд  аст.                                                                                                Бо  богхои  худ  водихои  Болоии  Рейн,  Майн,  Неккара  ва  Элбаи  поени  машхуранд.    Чорводори  аз  5  –  2  хиссаи  махсулоти  молии  хочагии  кишлоки  Олмонро  ташкил  медихад,  ки  кисмати  асосии  онро  истехсоли  шир  ташкил  медихад. 

Агар  парвариши  чорвои  калон  дар  кишоварзии  Олмон  маквкеи  аввалро  дошта  бошад,  мавкеи  дуюмро  хукпарвари  ишгол  менамояд. Мамлакат  талаботи  дохилии  худро  бо  шир  ва  гушти  гов  100%  таъмин  менамояд,  бо  гушти  хук  бошад  аз  5  –  4  хисса  таъмин  менамояду  халос.  Чарогоххои  сералаф  дар  сохилхои  аз  нами  бойи  наздибахри  ва  нохияхои  алпи  ва  наздиалпи  чойгиранд.  Хукпарвари  дар  хамаи  кисматхои  Олмон  ривоч  ёфтааст,  аммо  бештар  ин  соха  дар  нохияхои  назди  бандархо,  нохияхои  коркарди  лаблабуи  канд,  картошка  ва  дигар  махсулотхои  хуроки  чорво  ривоч  ёфтааст.                                           

Аз  чихати  хачми  истехсоли  махсулоти  кишоварзи,  истехсоли  галла  ва  махсулоти  чорво  Олмон  танхо  аз  Фаронса  кафо  мемонад.  Аз  чихати  хачми  истехсоли  шир  бошад,  дар  байни  мамлакатхои  Иттиходи  Аврупо  мавкеи  аввалро  сохиб  мебошад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.