Давраҳои асосии ташаккул, мархилаҳо ва манъбаҳои асосии инкишофи геполитика

Давраҳои асосии ташаккул, мархилаҳо ва манъбаҳои асосии инкишофи геполитика

Пайдоиши идеяҳои геополитикӣ ҳодисаи  нав набуда  дар  давраҳои қадим онҳо вуҷуд   доштанд. Аввалин  мутафаккирон  Гиппократ, Полибий, Фукидид, Арасту, Ситсерон  акидаҳои  худро  нисбати таъсири иқлим, ҳосилхезӣ, таъсири  баҳрҳо ба  таърих  ва ҳаёти инсонӣ байён  намуда  буданд. Ин  ақидаҳо  давраи  ташаккули гояҳои ибтидоии геополитикӣро  сарогоз шуда   буданд.

Марҳилаи нави ташаккули гояҳои  геополитикӣ давраи кашфиётҳои Бузурги географӣ ва замони маорифпарварӣ  ба ҳисоб  меравад. Дар  ин давра  диққати асоси омили табиӣ дода мешавад.

Давраи дигар, давраи  ташаккули  консепсияҳои илмии геополитикӣ ба  охирҳои асри Х1Х ва аввали асри ХХ рост меояд. Дар ин ҷо омилҳои зеринро овардан мумкин аст:

  1. ташаккули бозори умумиҷаҳонӣ.
  2. таназзули васеъшавии фазогию ҳудудии аврупоӣ.
  3. гузариши мувозинати байни давлатҳои Аврупоӣ ба давлатҳои минтақаҳои дигар.
  4. мавқей худро иваз намудани  давлатҳои  Аврупо.

Ташаккули ва инкишофи  геополитика  дар  Германия.

Дар ташаккул  ва инкишофи  масъалаҳои  илмии геополитика  хизмати  муҳақиқони  Германия  хело  калон  аст.  Манбаи  асосии онро анъанаи ақлони-ратсионалии  Пруссия-  Рейхи Дуюм ташкил  медиҳад, ки истифодаи қувва ҳангоми ба амал  баровардани  муносибатҳои байнидавлатӣ асоси муносибатҳои байналхалқӣ ба  шумор мерафт. Галабаи  зўр  ба нозўр қонуни ҳаёт дониста  мешуд. Ба  давлати пурқувват  табдил ёфтани  Германия дар  асосии идеологӣ ва зўроварии  истифодаи  таҷрибаи  Пруссия аҳмияти калон  пайдо  намуда  буд. Дар  мақоми аввал қаҳрамонӣ, таҷовуз, зўрӣ, ҳукумфармоӣ меистод. Фон Бисмарк артишро  марзи ягонаи самаранокӣ мешуморид. Рақибони  он давраи Германия Руссия ва Фаронса  буданд. Яке аз  бузургтарин  геополитикҳои немис, профессор К. Хаусхофер ҳисоб мешуд. Ў асосгузори  Институти  геполитикии  Мюнхен  ва   аввалин таъсисдиҳандаи журналӣ «Геополитика» буд.   Ў  Шарқро  манъба ва  самти асосии экспансия(васеъшавӣ) ҳудуди Германия  медонист. Нерўҳои пуриқдидорӣ баҳрии Британияи Кабирро дар оянда   ў  қувваи  бузург  номида буд, аммо  солҳои  пеш  аз ҶБВ   ва баъд  аз  он  ин  ақидаи ўро   ба назар  нагирифтанд. Имрўз  ин  ба  ҳодисаи асл  мубаддал  гаштааст.

Дар раванди  ташаккули  геополитика  саҳми  3(се)  тарзи  муносибати илмӣ назаррасанд: консепсияи  «тамаддун»,  назарияи ҳарбию- стратегӣ ва  таълимоти детерминизми географӣ.

  1. 1. Консепсияи «тамаддун». Мафҳуми «тамаддун» дар асри ХУ111 пайдо шуда дар  баробари он  мафҳуми «маданият » истифода  мегашт.  Дар  луготи А.Даль ин мафҳум чунин : «ҳаёти умумӣ, шаҳрвандият, ташаккули ҳуқуқ, ўхдадории инсон  ва  шаҳрванд» дониста мешавад.

Дар асри Х1Х  зери ин мафҳум сатҳи  баланди инкишофи маданияти  моддӣ  ва маънавии мамлакатҳо ва халқҳои  Аврупо  фаҳмида  мешуд.

Барои ҳар тамаддун таъзоди дохилӣ хос аст. Тамоюлҳои  гуногун, унсурҳо ва нерўҳои мухталиф барои пешвогароӣ ё роҳбарӣ мубориза мебаранд. Мубориза бештар соҳаи маънавиёт, захираҳи табиӣ ва инсониро фаро мегирад.  Дар  бораи мавҷудияти зиддиятҳо, ки ҳамчун хосияти асосии  тамаддунҳо баромад  менамоянд маҷмўи гояҳо, идеалҳо, арзишҳо ва  қоидаҳоеро  дарёфт намудан мумкин аст, ки  меҳвари  маънавии иттиҳоди мазкурро  созмон диҳанд.

  1. Назарияи ҳарбию стратегӣ. Таълимотҳои  сиёсӣ ,  ба масъалаҳои стратегию ҳарбӣ нигаронида  шудаанд, ки  бештар ба Н. Макиавеллӣ, К.Клаузевитс, Ф.Энгелс ва Алфред Мэхен мансубанд. Мэхен байни параллелҳои   30 -40- умро  минтақаи махсусро  ҷудо намуда  онро  «минтақаи моҷаро» номид. Дар ин ҷо  новобаста аз манфиятҳои  худ  давлатҳои  пуриқтидор бо ҳам бармехўранд. Олими дигар, адмирал Филипп  Коломб дар асарҳои худ  бурдани ҷангро, усулҳои  пешво гаштан  дар ин ҷангҳоро   баррасӣ  менамяд, аз  он адмиралӣ  Шуравӣ  С. Горшков  истифода  намуда  галаба  ба  даст меорад.

3.Назарияи детерминизми  географӣ  – яке аз  таълимоти паҳнгаштатарини  оид ба муносибаатҳои  байниҳамдигарии табиат  ва инсон  мебошад. Географии  бузурги  атиқа Страбон омили  пуриқтидории Римро дар  мавқей  географии Италия  мехисобид. Таъсири табиат ба  таърихи инсоният дар маркази диққати  олими  араб  Абдураҳмон  Абузайд  Ибни  Ҳалдун(1332-1406) қарор дошт. Ў иқлимро  омили муҳимтарини таъсиррасонӣ  ба ҳаёти  ҷамъиятию  сиёсӣ  медонист. Марҳилаи  бузурги  инкишофи  идеяҳои  детерминизми  географӣро муаққиқи  франсуз Жан  Боден (1577)умри   дубора  бахшид. Ў дар  асараш «шаш  китоб  дар  бораи  ҷумҳурӣ» сабабҳои  асосии  тагийри  сохти  давлатиро  аз  се  қисмат  иборат  медонад: 1. иродаи  илоҳӣ, 2. худсарии инсонӣ, 3. таъсири  табиат.  Ба  ақидаи  ў  дар  шимол одамони  боқуввват  ва  ҷанговар ва  дар  ҷануб  одамони  боистеъдод   зиндагии мекунанд.

Олими  дигар  Ш.Л. Монтескё (1748) «Хокимияти  иқлимро  ҳокимияти  аввалини  замин   меҳисобад».   Ф. Гегель(1770-1831)  детерминизми географиро ба  расизм  мепайвандад. Ў  сохти ҷамиятиро  аз ҷойгиршавии  се «тафовутҳои  географӣ»  вобаста  медонад. Ў сатҳи  Заминро чунин  арзёбӣ  намудааст: паҳнкўххои  беоб бо водиҳо  ва даштҳо; пасхамиҳо, мамлакатҳои  гўзаришӣ, дарёҳои  обёрикунанда; мамлакатҳои  назди соҳил, ки  бевосита  ба  баҳр  мебароянд. Генри Бокл(1821-1862)  таъсири иқлимро  ба ҳаёти  ҷомеа  нокифоя  дониста, тамоми мачмуи шароити  географиро омили  муҳими рушди ҷомеа тавсиф намудааст.

Марҳилаҳои инкишофи геополитика  хосиятҳои худро  дорад: мувозинати  хоси  кувваҳо  дар   арсаи  байналхалқӣ,

  хусусияти сарҳадот ва доираи таъсир.

Тамаддуни  Аҳди қадим  барои натиҷагирӣ  маводи  зиёде  медиҳад, аммо  нуқтаи огозро  дар  таҳқиқу тахлили  муносибатҳои  геополитики  аз  таърихи  басташудани  Шартномаи сулҳи  Вестфал(1648) меҳисобанд ва ин  низом ба принципҳои  асосии  сиёсати муосир  замина  гузошт. Дар  Асрҳои  Миёна  тамоми Аврупоро парокандагӣ  фаро  гирифта буд  ва он  ба  давлатҳои  хурд-  хурди  зиёд  тақсим  гашт. Аврупо  зери  таъсири империяи  Муқаддаси Рим ва  Папаи Рим меистод.  Баъд  аз якунимаср  ин  сиёсати архаистиро реформатсия пароканда  намуда  ба  низоми муайян  даровард. Аз  ин  замон  сар карда  тамаддун  башари

5  мархиларо дар инкишофи  геополитика  аз сар  гузаронид:  вестфалӣ,  венагӣ,  версалӣ,  постдамӣ  ва  беловежӣ.

    1.Марҳилаи  вестфалӣ.  Дар  натиҷаи  чанги  Сисола империяи Муқаддаси Рим  нобуд гашт, раванди  ташаккули  давлатҳои  миллӣ огоз  ёфт. Ташаккули  давлатҳои миллӣ : Франсия, Англия, Испания  Шветсия  принсипи нави бунёди сарҳадотро пешниҳод  намуд, ки он  ба меъёрҳои  табию географӣ ва забонӣ  асос  ёфта буд, ин марҳила  бо шикасти Наполеон , яъне Франсия ба Россия ба охир  мерасад.

   2.Марҳилаи  венпгӣ.  Мақоми нави қувваҳоро дар арсаи байналхалқӣ Конгресси Вена (1814-1815) ба расмият даровард. Системаи  венагӣ огозеро гузошт, ки  асоси онро  принсипи  «империяи назорати  фазои географӣ» ташкил  медод.  Нерўҳои асосии пешбари ҷахонро  империяи Руссия, империяи Австро- Венгрия, империяи  Британияи Кабир, империяи Германия ва империяи Туркия  ташкил  менамуд. Агарчи Руссия  хело бокувват буд  аммо давлатҳои Аврупо   махфиёна  зидди ў  буданд. Ва  ҷанги Қрим  огоз гашт. Руссия  иттифоқчӣ  надошт ва мавқей  байналхалкияшро бой  додан  гирифт. Дар ин марҳила Германия ва ИМА пурқувват гаштанд.  Ва огози  ҷанги  якумӣ ҷаҳонӣ  наздик  мегашт.

    3.Марҳилаи Версал.    Ҷанги  якуми ҷаҳонӣ  оламро  ба кули  тагийр  дод. 18.01 1919 дар Версал  конфренсия кушода шуда, ки  дар  он низоми нави  олам таҳрези гашт. Рузи 28 июни  соли 1919 Шартномаи  Сулҳ ЧЯЧ баста  шуд. Франсия мақоми давлати бузургро  доро гашт ва дигар мамлакатҳои Аврупо  Россияро  мехостанд  бо 14 «банд» хояш  байни худ  тақсим намоянд. Мақоми ҳарбии ШМА-ро солҳои 1922 дар қатори  давлатҳои  пурқудрат ворид  сохт. Аммо Россияи Шуравӣ  низ муттаҳид  гашта  бо Инқилоби Октябр  сулҳи Версалро  ночиз  гардонид. Акнун  ҳаракатҳои  давлатҳои зиддимустамликавӣ ташаккул  ёфтанд, ки ҳомиашон  Иттифоқи  Шуравӣ  буд. Зиддиятҳои  зиёди давлатҳои  Европа  бо Россия ба  ҷанги  дуюми ҷаҳонӣ  оварда  расонид.

   4.Марҳилаи  потсдамӣ. Чанги    дуюми ҷаҳони ба охир расид. Германияи фашистӣ  шикаст  хурд. Соли 1945 аз 17 июл то 2 август  конфронсияи  сеюми давлатҳои  зиддифашизм дар  шаҳри Потсдам  даъват гардид ва низоми нави  оламро   эълон  намуд ва  то соли 1991 он  фаъолият дошт.

   5.Марҳилаи  беловежӣ. Моҳи  декабри соли 1991 дар яке аз деҳаҳои Белоруссия ҳодисае ба вуҷуд  омад, ки давлати абадқудрати СССР  фано сохт,  муносибатҳои оламро низоми онро  таийр  дод. Ин  марҳила  низоми  дуқутбаи  ба вуҷўд омадаро  аз  байн  бурд. Акнун таҳдидҳои нави террористи  ба ҳама  давлатҳои пурқўдрат имкон  намедиҳад, ки  марҳилае қудрат  дошта  бошанд.

2 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.