Консепсияҳои муосири геополитикӣ

 

Мактаби амрикоии геополитика. Давраи навтарини инкишофи таълимотҳои геополитикиро анҷоми Ҷанги дуюми Ҷаҳон огоз мебахшад. Давраи потсдами инкишофи геополитикӣ ба таври барҷаста бузургии ИМА- ро намоиш медод. Дар ин давраи ИМА қариб нисфи маҷмўи масъулоти ҷаҳонро истеҳсол менамуд. Дар геополитикаи баъдиҷангӣ тезиси афзалияти тамаддуни гарби нисбати халоқҳои Евроазия ва минтақаҳои дигари олам нишон дода мешуд. Саул Коэн дар рисолаи «География ва сиёсат дар олами тақсимшуда» ду мафҳуми асосиро истифода менамояд: минтақаҳои геостратегӣ ва геополитикӣ. Минтақҳои геостратегии баҳрӣ 4 минтақаи геполитикиро фаро мегирад:

Англо-Америка- ҳавзаи баҳри Кариб,
Аврупои баҳри ва кишварҳои Магриб, 3. Амрикой ҷанубӣ.
Осиё ва Океания.
Минтақаи геостратегии контенинталӣ аз 2 минтақа таркиб ёфта буд:

1.Хартленди русӣ; Аврупои Шарқӣ.

2.Минтақаи контенинталии Осиёи Шарқӣ

Дар байни ин ду минтақаи геостратегӣ ду қисмати ҷудокунанда вуҷуд дорад: Шарқӣ Миёна ва Наздик; Осиёи Чанубу Шарқӣ.

Муаққиқи амрикой Д. Мейнит бар андешае қарор дошт, ки меъёрҳои геополитикӣ на факат муносибатҳои географии ҳудудҳо ба Хушкӣ ва Баҳриро ба эътибор гиранд, балки онҳо рўоварии функсионалии аҳолӣ ва давлатро низ ифода менамоянд. Бо андешаи У. Кирк бошад дар таърихи инсоният нақши асосиро тамадддуни назди соҳил анҷом медиҳад Он ба тамаддуни континентӣ нерў медиҳад. Дар таърихи навини геополитикам ИМА ва шарикони стратегии он нақши асосиро доктринаи «атлантизм» мебозад. Таълимоти олими дигари амрикой Г. Киссенҷер доктрин дар заминаи методи «қамчин ва кулчаи қандин» ба амал меояд. Пайдошавии нави навтрини аслиха, самалиётҳои стратегии бомбаандоз, ракетаҳо моҳияти тазоди доимии Хушкӣ ва Баҳриро ба куллӣ тагийр медиҳад. Зеро эҳтимолияти истифодаи яроқи ядрои аз байн рафта истифодаи яроқи лазери ба миён меояд. Ин унсурони нав Аэрократия ва эфирократия номида мешаванд.

Дар солҳои охири садсолаи ХХ дар инкишофи геополитикаи амрикоӣ бештар ду равия: «неатлантизм»и С. Хантингтон ва «Хотимаи Таърих»и Ф Фукуяма бартарӣ пайдо намуда буданд. С. Хантингтон доктринаи неатлантизмро др рисолаи «Бархўрди тамаддунҳо»асоснок намудааст. Дар маркази диққат масъалаи муносибатҳои Гарб бо Шарқ ҷой дорад. Арзишҳои асоси Гарбро индивидуализм, бозор, либерализм, демократия, ҳуқуқи инсон ва г. ташкил менамоянд. Арзишҳои Шарқро коллективизм, анъанагароӣ, патернализм ташкил менамоянд Ба андешаи Самуэль Хантингтон галабаи идеологияи Гарб хосияти мувваққати дошта, тантанаи вай қабатҳои амиқи маданияти

Шарқро боло мебардорад. Пеш аз ҳама нақши омили диниро боло мегардонад. Бояд низоми муносибатҳои байниҳмдигарии Шарқ ва Гарб танзим карда шаванд.

Дар таълимоти геополитики асри ХХ ва ибтидоӣ асри ХХ1 мақоми махсусро консепсияи Мондализм( фран. олам) ишгол намудааст, моҳияти асосии онро интегратсияи пурраи сайёравӣ, ташаккули олами ягона созмон додаанд. Има ба маркази асосии идеологӣ ва сиёсии мондализм табдил ёфтааст. Тадриҷан назарияи мондализм мазмуни нав мегирифт. Ба андешаи мушовири назди фармондеҳии олии ҳарбии НАТО А. Стригас ҳалқҳои аксарияти мутлақи мамлакатҳо дар шароити ҳозира тавассути роҳбарияти сиёмӣ ва ҳарбиашон мувофиқи дастурҳои ду маркази глобалӣ – Комиссияи сетарафа ва клуби Билдерберг идора карда мешаванд. Маҳз онҳо сиёсати сайёравии асри ХХ1-ро эҷод менамоянд. Ин ду марказ 93% боигарии байналмиллалиро зери назорат қарор додаанд. Клуби Билдерберг соли 1954 ташкил ёфта марказаш шаҳр Гаага мебошат . Таркибаш аз ду қисмат Протогонистҳо (роҳбарикунанда) ва Супернумерирариҳо( кормандони гаириштатӣ ) иборат мебошад. Холо 33% бойгарии оламро назорат менамоянд. Комиссия сетарафа соли 1973 таъсис ёфтааст. Призиденти он Д. Рокфеллер ва директораш З. Бжезинский мебошад. Он аз се «фазои бузург: амрикрӣ, аврупоӣ ва океаниороми»-ро муттаҳид менамояд. 60% бойгарии оламро назорат менамояд. Агенти амнияти миплӣ онро ҳимоя мекунад ва танҳо ба ин комиссия итоат менамояд на ба ягон давлати ҷаҳон.

Мактаби аврупоии геополитика. Дар аврупои консепсияи «геополитика континентлӣ» инкишоф меёбад. Ин консепсия олимони Фаронса, Олмон ва Англияро фаро гирифта дар он бештар оид ба иттифоқшавии Аврупо бо СССР андешаҳо қарор доранд. Ин иттифоқ бар зидди антлантизм ва мондализм буд. Консепсияи охири асри ХХ «ЕВРОАЗИЯГАРОӣ» низ аз аҳмият берун набуд. Он аз дар се давра инкишоф меёбад: давраи Софиягӣ, парижӣ ва прагагӣ.
Дар олами муосир назарияҳо ва тамоюлҳои инкишофи доктринаҳои геополитики хело гуногунанд. Онҳо шартан ба чунин қисматҳо ҷудо намудаанд:

Тарҳи биполярӣ (Дуқутбӣ) 2. Тарҳи музофотӣ
Тарҳи минтақавӣ Тарҳи мондалистӣ
тарҳи бисёрқутбӣ ва бисёрмарказӣ

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.