Хикояхои точики
Ҳикояи Ду бародар Аз «Гулистон» – Саъдии Шерозӣ
Ду бародар (буданд): яке хидмати султон кардӣ ва дигар
ба зўри бозу нон хӯрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки
«чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ»
Гуфт:
- Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хидмат раҳоӣ ёбӣ,
ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хўрдану нишастан
беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан».
Ба даст оҳани тафта кардан хамир,
Беҳ аз даст бар сина пеши амир.
Умри гаронмоя дар ин сарф шуд,
То чӣ хўрам сайфу чӣ пўшам шито?
Эй шиками хира, ба ноне бисоз,
То накуни пушт ба хидмат дуто!
Аз «Гулистон» – Саъдии Шерозӣ
Ассалому алейкум ,Дубайтиҳои шоирро равон карда метавонед?