Ҳикояе аз Аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

Ҳикоя

Шахсеро ҳамсояе буд. Дид, ки ўро ҷамъияти вофир ва
ҳузуру фароғати мутакосир пайдо шуд. Пурсид, ки:

  • Фалонӣ, аҳвол ва авзои ту маълум буд, ин молу манол
    туро аз куҷо ҳосил шуд?

Гуфт:

  • Ба мулозимоти подшох, шитофтам ва нону чургот хурда

ҷоҳу сарват ёфтам.

Ин шахс низ пеши подшоҳ рафта, нону ҷурғот талабид
Подшоҳ ин мардро мисли марди пешина хасл кард ва
фармуд, ки нону ҷурғот оварданду пеши ў ниҳоданд
Луқмаи нонро дар ҷурғот зада порае бар замин чаконида ва
порае дар канори худ андохт ва ба миқдоре риши худ
олудасохт

Подшоҳ пурсид, ки кор ҳамин аст?

Гуфт:

  • Бале,

Фармуд, ки ўро даҳ гарданӣ заданд ва даҳ шаллоқи дигар
мазид сохта, ўро аз маҷлис берун карданд.

Бӯрёбоф агарчи бофанда аст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.

Аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.