Ҳикояти карами Ҷаъфари Бармакӣ

   Аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки халифа Ҳорунаррашид чун Ҷаъфари вазири Бармакиро бикушт, фармуд, ки ҳар кас аз барои Ҷаъфар гиря кунад ва ё марсия гӯяд ӯро низ бикушанд. Пас мардумон худро аз ин кор боздотанд. Иттифоқо араби бодиянишинро одат ин буд, ки ҳар сол қасидае дар мадҳи Ҷаъфар гуфта ба зиёрати ӯ меомад ва ҳазор динор аз Ҷаъфар гирифта бозмегашт ва то охири сол он ҳазор динор сарф карда, бо қасидаи дигаре меомад.

   Он сол низ ба одати муқаррарӣ ва бо қасидаи нав биомад. Чун ба Бағдод расид, Ҷаъфарро кушта ёфт, ба ҳамон макон, ки ӯро кушта буданд омад ва уштур дар он ҷо бихобонид ва сахт бигирист ва андӯҳнок шуд ва қасидаро иншо карда бихуфт. Ҷаъфари Бармакиро дар хоб дид, ки ба он бадавӣ мегӯяд, ки ту худро ба азоб андохтӣ ва қасида гуфта пеши ман овардӣ ва маро кушта ёфтӣ. Лекин акнун ба Басра равон шав, аз фалон ном мард, ки дар Басра аст ҷӯён шав чун ба ӯ бирасӣ гӯй, ки Ҷаъфари Бармакӣ туро салом мерасонад ва мегӯяд, ки ҳазор динор аз ҳисоби боқила бидиҳӣ.

   Чун бадавӣ бедор шуд ба сӯи Басра равон гашт ва он бозургонро бипурсид. Ба ӯ ҷамъ омада гуфтаи Ҷаъфари вазирро ба ӯ расонид. Он мард чунон фарёд зад, ки наздик шуд ҷонаш аз тан барояд. Пас аз он бадавиро ҳурмат карда дар паҳлуи худ шинонид ва се рӯз дар аднои русуми мезбонӣ чизе фуру нагузошт. Пас аз се рӯз бадавӣ хост аз назди ӯ бозгардад он мард ҳазору пансад динор ба бадавӣ дод ва гуфт:

  • Ҳазор динорро ба ҳукми Ҷаъфар доданӣ будам ва пансад динори дигар худам ба ту додам ва аз ин ба баъд ҳар сол дар сари вақт ҳазору пансад динор аз ман омада гирифтан гир.

   Он гоҳ бадавӣ ба бозургон гуфт:

  • Туро ба Худо (ҷ) қасам медиҳам, маро аз ҳикояти боқила[1] огоҳ кун.

   Бозургон гуфт:

  • Ман дар оғози кор бенаво ва парешон ҳол будам боқила пухта дар кучаҳои Бағдод мегардонидам. Онро фурухта василаи маош мекардам. Иттифоқан рӯзе деги боқиларо бардошта берун рафтам. Он рӯз ҳаво сард буд ва барон меборид. Маро ҷомае, ки аз сармо ва барон нигоҳ дорад, набуд.[2] Гоҳе аз шиддати сармо меларзидам ва гоҳе ба оби борон меафтодам ва ба он ҳолат аз пои қасри Ҷаъфари вазир мегузаштам, ки ногоҳ Ҷаъфарро чашм бар ман афтод ва ба ҳолати ман раҳм оварда, ходиме ба сӯи ман бифиристод. Ходим маро ба назди Ҷаъфар бурд ва Ҷаъфар маро дид, ба ман гуфт: “ Ҳар чӣ боқила туро ҳаст, бо ҳозирон бифурӯш”.

   Ва дигар ҳикояте, ки оид ба Ҷаъфари Бармакӣ ҳаст ин аст, ки зулмдидагон паси ҳам ба ҳузури Ҷаъфар меомаданд ва ӯ онҳоро мепазируфт. Рӯзе ба хайма мардеро оварданд миёнасол, озода. Ҷаъфар пурсид: Эй мард, бигӯ кистӣ ва чӣ зулме ба ту расида?

   Мард гуфт: – Қиссаи ман дароз аст. Чун мебинам шахсони бисёре интизори мулоқот бо вазирро доранд, чанд нуқтаеро арз мекунам. Ман марди олимам, дониши зиёде дар шаҳрҳои Балх, Нишопур, сипас кишвари Ҳиндустон омӯхтаам. Ҳама умедам бар он буд, ки ба мардуми хеш хидмат кунам. Ҳақиқатро ба чашмашон кушоям, то ин ки бидонанд ин ҷаҳон чӣ асроре дорад ва мурод аз илм ва ҳунар дар чист? Чун мебинам илми ман имрӯз ба мамлакатам зарурате надорад ва касе ба қадри дониши ман намерасад, ҳайрон аз онам, ки ояндаи мо мусулмонон ба чӣ анҷом хаҳад ёфт?

   Ҷаъфар гуфт: – Бигӯ, чӣ илмеро аз бар кардаӣ? – Илми нуҷум, илми муҳосаба, илми ҳандаса. Аз мантиқ ва илми ҷамодот ҳам огоҳам.[3]

   Дар мадрасаҳо дарс гуфтаӣ? – Бале, вале дар мадрасаҳо иддаи каме шогирдон ба ин илмҳо шавқ доранд. Аксар тафсир ва Қуръон мехонанд. Мақсуди ман ин аст, ки ҷаҳониён тавассути илмҳои ҷадид кашфиётҳои зиёде кардаанд. Баҳрнавардӣ, заминшиносӣ, илми ҳарбу тир, муҳосаба, ҷаҳоншиносӣ дар онҳо рушд карда, аммо дар кишвари мо эътиборе кам бар ин фунун медиҳанд. Маблағи зиёде барои гузаронидани таҷрибаҳо ва пеш бурдани илмҳо зарурат аст.


[1] Боқила – лӯбиё.

[2] Ҳазор як шаб. Ҷ. 2, с. 416 – 417.

[3] Ёрмуҳаммад Равшан. Китоб: “Бармакиён” – Душанбе, 2005.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru